Бахшҳо
29 сен 2012 04:52Сиёсат

Президенти Тоҷикистон коммунист мешавад?

Ду рӯз қабл 24 - и сентябр Шодӣ Шабдолов раҳбари ҲКТ эълон кард, ки бо номзади худ ҳизбаш дар интихоботи президентии соли 2013 ширкат хоҳад кард. Албатта ин ҳизб дар интихоботи соли 2006 ҳам ширкат карда буд, ки ноком монд. Аммо чун Тоҷикистон 70 сол зери ҳукмронии коммунистон қарор дошту шояд 30 дарсади мардум акнун орзуи бозгашт ба он давронро кунанду иддае дигар аз он замон ибрози танаффур намоянд. Дар ҳар сурат ҳукмронии коммунистҳо бурду бохти худро дошт, вале акнун, ки асри 21 ва давраи рушди илмиву техникист, оё бозгашти коммунистон Тоҷикистонро тараққӣ хоҳад дод?

Мардум коммунистонро мепазиранд?

Инак бо гузашти 21 сол оё ҷомеаи Тоҷикистон омодаи пазириши коммунистҳост, ки онҳо мехоҳанд дар интихоботи президентии соли 2013 ширкат кунанд?
Дар ҳамин маврид Абдуфаттоҳ Воҳидов коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки баъди суқути СССР то солҳои 1995 - 98 шояд ягон омодагие барои пазириши коммунистон дар ҷомеаи Тоҷикистон пайдо мегашт, вале имрӯз арзишҳо, ақидаҳо ва сохту таркиби ҷомеа дигар шудааст. Пештар мардум фақат ба ҲКТ эътиқод доштанд, аммо имрӯз таи солҳое, ки ҳукумати нави Тоҷикистон яъне ҲХДТ ҳаст, табиист мардум бештар ба ин ҳизб таваҷҷуҳ доранд. Зеро он одамоне, ки мардум ба онҳо эътиқоду боварӣ доштанд, ҳамаашон ба ҲХДТ гузаштанд. Барои ҳамин фикр намекунам, ки дар интихоботи соли 2013 ҲКТ таъсире гузошта тавонад.           

Нуралӣ Давлат сиёсатшинос бар ин назар аст, ки ҲКТ мавқеъи худро дар ҷомеаи Тоҷикистон аз даст додааст, зеро 20 сол гузашт ва насле ба воя расид, ки на танҳо ҲКТ, балки Ленинро намешиносад. Ба андешаи ӯ, тӯли ин 20 соли гузашта ҲКТ дар ҷомеа коре накардааст, ки мардум онро ҷонибдорӣ кунад ва аксарият ба ҷуз Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбак, ки вакили Парлумон ҳастанд, намедонад, ки дар ин ҳизб чӣ касоне ҳастанду ба чӣ коре машғуланд. Номбурда мӯътақид аст, ки таи ҳамин 20 соли ахир ҲКТ аз Ленину дигар асосгузорони таълимоти коммунистӣ ҳатто ягон китобчае чоп накардааст. Пас инҳо бо кадом роҳ мехоҳанд идеологияи коммунистиро тарғиб кунанд, дар сурате, ки ҳатто як рӯзномаи "Нидои ранҷбар" -ро чоп карда наметавонанд.

СиёсатшиносНуралӣ Давлат мегӯяд: "дар ҳамин пошхӯрии давлати шӯравӣ ҳарчанд ғарб даст дошту пул медод ва муборизаи геологӣ мебурд, аммо дар дохил кӣ корро ба он ҷо расонид, ҳамин коммунистон минҷумла Горбачёв ва Елтсин. Кӣ моликияти давлати шӯравиро барои худу хешу табор хусусӣ кард? Боз ҳам коммунистон. Вақте коммунист демократия месозад, демократияи коммунистӣ пайдо мешавад. Мо имрӯз дар чунин ҷомеа зиндагӣ дорем. Дар миёни коммунистони Осиёи марказӣ низ кадоме интихоботи шаффоф гузаронд? Ҳеҷ кадом. Ҳамаи онҳо коммунизмро барои худу фарзандонашон сохтанд, на барои мардуме, ки 70 сол сарашро бо афсонаҳо дар бораи биҳишти коммунистӣ гаранг карда буданд. Ин коммунистон барои ҳайкали Ленин дар соли 1991 оташи ҷангро барафрӯхтанду як ҳайкали доҳиашонро дар маркази шаҳрҳову нохияҳо ҳифз карда натавонистанд. Пештар дар як кӯчаи марказии пойтахт 6 ҳайкали хурду калони Ленин қомат афрохта буд. Худи ин хиёбон Ленин ном дошт, майдони Озоидӣ ҳам ба номи Ленин буд. Дуруст ҳам аст, ки роҳбарон баъди ба даст овардани истиқлолият иваз шуданд, вале ҳамаи онҳо боз ҳамон коммунистони собиқанд ".

Ҳукмронии 70 сола ширин буд ё талх?

Коммунистҳо дар Тоҷикистон наздики 70 сол ҳукмронӣ карданд, аммо таи он даврон то кадом ҳадд ҲКТ муваффақ амал карду корномааш дурахшон буд?  
Абдуфаттоҳ Воҳидов коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки дар авоили таъсисёбии ҳукумати советӣ ҲКТ воқеан ҳам аз назари он арзишҳое, ки барояш мубориза мебурд, ҳизби пешқадами ҷомеа буд. Вале рафта - рафта дар солҳои 1970 - 80 ҲКТ ба ҳизби коррупсионӣ табдил шуд.Ин ҳизб чун фасодзада шуда буд, на барои ақидаву андеша балки фақат ба хотири сарватманд гардидани як гурӯҳи одамон мубориза мебурд. Фасодзадагӣ боис шуд то на танҳо эътимоду эътиборашро дар байни мардум аз даст дод. Ҳамчунин як давлати абарқудрат, ки дар ихтиёраш буд аз даст дод. Чун аз бас, ки ин ҳизб ҳизби ягонаи раҳбарикунанда буду дигар аҳзоб наметавонистанд ба ҷарёни сиёсии мамлакат таъсир гузоранд барҳам хурд."Бинобарин фикр намекунам, ки ҲКТ имрӯз дар ҷомеа таъсире дошта бошад.

Аммо Нуралӣ Давлат дар ин бора назари дигаре дорад. Номбурда мегӯяд, ки дар давраи шӯравӣ онҳо 70 сол мардумро гаранг карданд, онҳо биҳишти коммунистӣ ваъда карданду муваффақ нашуданд ин ваъдаашонро амалӣ созанд ва ҳоло ҳам доранд биҳишти демократӣ ваъда мекунанд. Инҳо ҳамон коммунистҳоянду ҳеч фарқе надоранд.
Аммо новобаста аз интиқодоти зиёде, ки ба ҲКТ ворид мешавад ва ҷудо аз он ки онҳо иштибоҳоти зиёдеро муртакиб мешуданд ва ҳарчанд замони коммунистон намозхонӣ манъ буду маҳдудиятҳои гуногуне дар ҷомеа ҷорӣ буд, вале ба ҳар ҳол таҳлилгарон мегӯянд, ки онҳо аз нигоҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва барқарории адолати иҷтимоӣ то андозае муваффақ шуданду ба ҳар сурат барои мардуми Тоҷикистон аз лиҳози ҳифзи иҷтимоӣ зиндагии хубе фароҳам карда буданд ва мардум аз бебарқиву беобиву бегазӣ мисли имрӯз азоб намекашиданд.   

Интихоботи 2013 охирин шонси ҲКТ?

Новобаста аз амалкарди муваффақ ва ё номуваффақи коммунистон, онҳо тасмим гирифтаанд то дар интихоботи соли 2013 ширкат кунанд, аммо шонси ҲКТ барои пирӯзӣ дар баробари Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар аст?
Коммунистоне, ки ҳайкалҳои буташонро ба монанди Ленин ҳимоя карда натавонанд, таълимоти ӯро тарғиб карда натавонанд, маблағ надошта бошанд, бо кадом барнома мехоҳанд дар интихобот ширкат кунанд, мегӯяд Нуралӣ Давлат ва меафзояд, ки онҳо ҳеч шонсе барои комёбӣ дар интихобот надоранд чун коммунистонро касе дар дар ёд надорад.

"Акнун насли ҷавон беш аз 60 фоизи Тоҷикистонро ташкил мекунанд, вале аз тамоми насли ҷавони имрӯза мумкин касе "Капитал" - ро нахонда бошаду на Ленинро дар ёд дошта бошаду на Маркасро ва на аз таълимоту китобҳояшон огоҳӣ дошта бошад. ҲКТ барои муаррифӣ кардани Маркс, Ленин, Энгес ва таълимоти марксизм барои ҷавонон коре накарда аст. 20 - 30 фоизи дигари ҷавонон ҳам дар Русия ҳастанду на ба интихобот коре доранду на аз он суроғе мекунанд. Ҳамин 60 фоизи ҷавонон умуман ҲКТ - ро дар ёд надорад ба вижа бунёнгузоронашонро. Насли пешин, ки охирҳои давлати шӯравӣ донишгоҳ хонданд, коммунистонро ҳамчун фиребкор мешиносанд. Вақте худашон давлати шӯравиро аз байн бурданду меросашро байни худ тақсим карданд, чаро бояд насли собиқ ва насли ҷавон ба онҳо овоз диҳанд?Насли ҷавон инҳоро намешиносад ва насли пешин ба онҳо боварӣ надорад".
Аммо аз онҷое, ки Шодӣ Шабдолов раҳбари конммунистон номзадашонро барои интихоботи президентии соли 2013 ба хотири масоили амниятӣ ҳануз муаррифӣ накардааст, оё номзади пинҳони онҳо шонси пирӯзиро дорад?

Дар посух Нуралӣ Давлат мегӯяд, ба худи Шабдолов овоз намедиҳанд ва аслан худи коммунистон аз мероси даврони шӯравӣ дил канда наметавонанд. Дар сурати гирифтани вазифае мехоҳанд, ки то мурданашон раис бошанд. Фарқе ҳам надорад, ки президент аст ё раиси ҲКТ. Як одати бади коммунистон ҳамин аст. Худи Шабдолов чаро вазифаашро вогузор намекунад? Ин мероси бади коммунистист. Пас вақте ба худи Шабдолов овоз намедиҳанд, чигуна ба як ҷавоне, ки дар ҷомеа на муаррифӣ шудааст ва на мешиносандашу на ҷонибдор дорад, овоз медиҳанд ва онҳо чигуна ӯро мехоҳанд пешниҳод намоянд.Одаме, ки барои ширкат дар интихобот меояд, бояд амалан дар сиёсат ворид бошаду фақат назарияро надонад, зеро оне, ки назаряиро медонад сиёсатшинос ном дорад. Як одами бо таҷрубаи омода барои идора кардани давлат лозим аст. Як одами ношиносро меоранд, вале кай имкон меёбанд то ӯро муаррифӣ намоянд ва ӯ кай дар амал исбот мекунад, ки аз ӯҳдаи идораи ақаллан як колхоз мебарояд. Давлатдориро одаме ба ӯҳда мегирад, ки таҷрубадор асту зинаҳоро гузаштааст, ҳамин Раҳмонов аз раиси совхоз якбора омад, оқибат чӣ шуд? 20 сол шуд ҳеч не, ки аз бӯҳрон бароянд. Ҳоло мебароем, мебароем, ҳоло мебароем.Ин тавр намешавад ва одам бояд тамоми зинаҳоро гузашта бошаду ба қуллаи баландтарин, ки расид донад чӣ мушкилоте вуҷуд доранд чигуна онҳоро ҳал кардан лозим. Одами муосиру модерн ва дунёдида зарур аст, ки тарзи тафаккури шарқиву ғарбиро донаду бо давлатҳои шарқиву ғарбӣ муносибат карда тавонаду дар ҷалби онҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон муваффақ шавад, зеро касе ҳамту омада пул намедиҳад, афзуд Нуралӣ Давлат.

Абдуфаттоҳ Воҳидов  ҳам бар ин бовар аст, ки ҲКТ ба сари ҳукумат омада наметавонад. Чун мардуме, ки ба ҳизби коммунист эътиқод доштанд, имрӯз дигар надоранд. Дар Душанбе агар 1000 одам ҷамъ гардад, аз ин теъдод шояд то 100 нафар ба тарафдории ҲКТ овоз диҳанд ва 900 одами дигар овоз намедиҳад.
Аз сӯи дигар агар аксарияти коммунистон ба ҲХДТ пайвастаанд, пас фарқияти ин ҳизб бо ҲКТ дар чист? Ба гуфтаи Абдуфаттоҳ Воҳидов дар ҲХДТ одамони дар шароити нав ба воя расида хеле зиёданд ва сатҳи ин ҳизб аз ҷиҳати маънавӣ тағир ёфтааст. Албатта дар ин ҳизб коммунистони собиқ низ ҳастанд, вале дар фаъолияти ҲХДТ таъсири он қадар зиёде намегузоранд.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)