Бахшҳо
29 сен 2012 04:45Иқтисодӣ

Тоҷикистон то кай "тайёрхӯр" боқӣ мемонад?

Дар ҷаҳони имрӯз ҳар кишваре, ки содироташ аз воридоташ бештар аст, иқтисоди бартару мустаҳкамтаре дорад ва агар ин раванд идома ёбад, рушди иқтисодии он кишвар афзоиш меёбад. Вале ҳамакнун Тоҷикистон бо гузашти 21 сол натавониста  воридоташро кам кунаду содироташро афзоиш диҳад. Пас аз онҷое, ки Тоҷикистон ҳануз ҳам кишвари воридотист, оё метавонад ба як мамлакати содиркунанда табдил ёбад?

Кишвари содиркунанда мешавем?

Дар моҳи декабри соли 2010 тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ба -1 462,5 млн. доллар баробар шуду дар моҳҳои октябр, ноябр ва декабри соли 2011 тарози савдои хориҷии кишвар боз ҳам манфӣ баромада ба тартиб ба - 1 566,7, - 1 726,8 ва - 1 929,5 млн. доллар баробар гардид. Аммо дар 8 моҳи соли 2012 савдои хориҷии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 232,9 млн. доллар расид, ки 11,4% бештар аз муддати мушобеҳи соли 2011 мебошад.Тибқи маъмул тарози савдои хориҷии Тоҷикистон  манфист ва 1,4 млн. долларро ташкил мекунад. Айни ҳол Тоҷикистон бо 95 кишвари ҷаҳон савдо дорад, ки 10 тои онҳо мамолики Иттиҳоди давлатҳои мустақил(ИДМ)   ва мобақӣ 85 кишвари хориҷист.

Дар кишварҳои ИДМ ҳаҷми муомилоти хориҷӣ 44,1%, ва ё беш аз 1,4 млрд. долларро ташкил медиҳад. Ба кишварҳои хориҷӣ бошад, 55,9% ва ё зиёда аз 1,8 млрд. доллар рост меояд.Касри тарози савдои хориҷии кишварҳои ИДМ беш аз 1,1 млрд. доллар ва мамолики хориҷӣ 368 млн. долларро дар бар мегирад. Дар таи ин муддат содироти мол беш аз 867,8 млн. ва воридот бештар аз 2,3 млрд. долларро ташкил мекунад. Маврид ба зикр аст, ки шарикони тиҷории аслии савдои хориҷии Тоҷикистон аз кишварҳои ИДМ Русия бо 647,7 млн. доллар. Қазоқистон 440,3 млн. доллар ва Туркаманистон 106,2 млн. доллар ва аз кишварҳои хориҷӣ Чин бо 413,5 млн. доллар. Туркия370,1 млн. доллар ва Эрон бо 154,6 млн. доллар меистанд. Камтарин гардиши мизони молӣ дар давраи гузашта бо Урдун буд, ки 0,2 ҳазор долларро ташкил дод.
Аммо воқеан чаро 21 сол боз ҳамчунон Тоҷикистон кишвари воридкунанда боқӣ мондааст ва касри тавозуни савдои хориҷияш ҳамеша манфӣ мебарояд?

Дар робита ба ин Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣмегӯяд, замони шӯравӣ ҳангоми тақсимот Тоҷикистон барои маҳсулоти кишоварзӣ бештар махсус гардонида шуду бо суқути СССР ва канда шудани равобити истеҳсолӣ бо ташкилотҳое, ки дар собиқ давлати шӯравӣ монда буданд, вазъият дар истеҳсолот хеле бад гашт. Бо назардошти он ки вазъият хароб гашту робитаҳо канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон хеле коҳиш ёфт ва ин коҳишёбии маҳсулот боис гашт то гирифтани андозҳо ва ҳаргуна фоида ба буҷети давлатӣ кам гардад. Ин амр имконияти давлатро барои ташкил кардани истеҳсолоти нав маҳдуд гардонид. Инчунин равандҳое, ки бо хусусигардонии моликияти давлатӣ роҳандозӣ гардид, имкон надод то ин ташкилотҳо барқарор шаванд: "ҳамаи инҳо иҷоза надод талаботи мардумро аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ роҳандозӣ намоем. Фақат дар солҳои ахир бо зиёд шудани маблағгузорӣ аз хориҷа ва интиқоли маблағҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон талаботе, ки ҳамакнун бо пул таъмин аст, ташаккул ёфт ва аз баски қобилияти дохилӣ суст буд, ин талабот аз ҳисоби ворид намудани маҳсулоти беруна ба роҳ монда шуд. Акнун таи 2 соли ахир ҳукумат барои ривоҷ додани истеҳсолкунандагони ватанӣ дорад кушиши зиёде мекунад минҷумла роҳандозии соҳибкории истеҳсолӣ барои талаботи халқ, ки бо пул таъмин аст, дар соҳаҳое, ки барои ин замина фароҳам аст бояд аз ҳисоби ашёву дигар имкониятҳо роҳандозӣ гардад".

Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев низ мегӯяд, ки қисми глобалии иқтисоди Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро вайрон кард, пас хоҳ нохоҳ ба  моле, ки талабот асту дар дохили Тоҷикистон истеҳсол намешавад, ҳатман бозори худро меёбаду ба кишвар ворид мегардад ва харидори худро дорад чун тибқи қонунияти бозор дар куҷое, ки харидор бошад мол пайдо мешавад ва имрӯз дар Тоҷикистон бисёр молҳо харидор доранд: "ҳамин маводҳои истеъмолии ғизоӣ низ ба хотири он ки дар Тоҷикистон чунин молҳое тавлид намегардад, бозори кишварро тасхир кардаанд. Аз сӯи дигар худи низоми воридоту содироти Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки чи қадар имкони баровардани молҳои ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро дорем то ин низомро баробар намоем. Зеро ба берун баровардани мол нишонаи тавозуни низом аст. Аз ин дидгоҳ мутаасифона имрӯз Тоҷикистон вобаста ба технологияи кӯҳна, рушд наёфтани менеҷерони корхона ва тафаккури эҷоди моли наву соҳибкорӣ ҳануз рушд наёфтааст. Мо наметавонем харидори моли худро дар бозори ҷаҳонӣ аз нигоҳи моли тавлидӣ пайдо намоем. Аз ин рӯ хоҳ нохоҳ тарози савдои хориҷӣ яктарафа мешавад".    

"Тоҷикистон зери хатар аст"

Ба як кишвари воридкунанда табдил шудану мондани Тоҷикистон чӣ хатароте барои иқтисоди кишвар дорад?
Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки ин раванд хатарнок аст, зеро дар ҳолате, ки мол дар дохили Тоҷикистон истеҳсол намешаваду ин тавозун 70 бар 30 аст, чунин ҳолат хеле ташвишовар асту он гоҳ, ки вобастагии рушди бозори Тоҷикистон ва худи кишвар аз берун зиёд мешавад, дар ҳар лаҳза хатари беқурбшавии пули тоҷикӣ ва болоравии нархҳо инчунин бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон баъид нест.

Баҳром Шарипов коршиноси умумри бонкӣ ҳам мегӯяд, ки ин раванд ба иқтисодиёти Тоҷикистон хатароти зиёдеро ба миён меоварад дар он ҳолат, ки воридот назар ба содирот бо маблағҳои калон фарқ карда меистад: "ин боиси пайдоиши хавфҳои бузурги соҳибкорони хориҷӣ ва монеъи вуруди сармояҳои хориҷӣ мешавад. Барои ҳамин ба ин мушкил диққати ҷиддӣ додан лозим аст ва бештар аз имкониятҳои дохила, ки дар Тоҷикистон ҳаст бояд истифода бурд.Додани имтиёзҳо ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузориҳое, ки тоҷикон дар хориҷа доранд, бояд ба роҳ монда шавад. Ин як мушкили бузург аст".
Пас акнун, ки воридотӣ будани Тоҷикистон ин ҳама хатар дорад, роҳи раҳоӣ аз ин вазъият чист?

Табаралӣ Ғаниев бар ин назар аст, ки асри кунуниро асри рушди нерӯи инсонӣ ва ақлҳо меноманд ва фақат тавассути эҷоди моли нави ба талабот ҷавобгӯ тавассути технологияи пешқадами камхарҷ ва фикрронии васеъи ҷаҳонӣ, баромадан аз доираи маҳдуди маҳаллгароиву назари паст доштан ба мутахассис ва ниҳоят дар ҳолати барпо кардани ҷомеаи иттилоотии касбӣ, Тоҷикистон метавонад мавқеъи худро дар бозори ҷаҳонӣ пайдо кунад.

Молҳоямон рақобатпазир мешавад?

Аз онҷое, ки молҳои содиротии Тоҷикистон бештар дар шакли ашёи хоманд, оё фурӯши ингуна маҳсулоти коркарднашуда дар бозори ҷаҳонӣ харидоре дорад?
Бино ба гуфтаи иқтисоддонон дар шароити кунунӣ дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба ашёи хом кам шудан мегирад ва баръакс ҳиссаи маҳсулоти коркардшуда зиёд мегардад. Гузашта аз ин масъалаи дигаре, ки аҳаммияти зиёде дар фурӯши молҳо дорад, ин зиёд гаштани фурӯши колоҳо тавассути интернет аст, вале давлати Тоҷикистон дар бахши иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ тараққӣ накардааст.Дар ҳамин бозори ҷаҳонии қисмҳои автомобил сеяки маҳсулот тавассути шабакаҳои интернет фурӯхта мешавад. Ин технология аз он ҷӣҳат муҳим аст, ки дар замони ҳозира технологияҳои ҳозиразамон, донишҳои техникиву дигар иттилоот ба моли вижа табдил гаштаанд ва талабот ба онҳо рӯз то рӯз меафзояд. Ҳамчунин тақозо ба маҳсулоти электротехникӣ ва саноъати электронӣ дар ҳоли афзоиш аст. Аммо Тоҷикистон дар ин соҳаҳо пешрафта нест, ки агар мебуд, метавонист даромади миллии худро афзоиш диҳад.

Аммо оё ҳамин ашёи хоми Тоҷикистон ҳам дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазиранд? Иқтисоддонон мегӯянд, ки рақобатпазирии молҳои меҳнатталаб ва ашёи хом аз ду омил бастагӣ дорад: сифат ва хароҷоти истеҳсоли он. Дар натиҷаи рақобати нархӣ талабот ба молҳои меҳнатталаб ва ашёи хом зиёд мегардад, ки моли ҳосилнокияш боло, хароҷоташ кам ва сифаташ баланд ҳамеша харидор дорад.Ба гуфтаи Табаралӣ Ғаниев дар сурати коркард арзиши ашёи хоми Тоҷикистон 7 то 10 маротиба зиёдтар мегардад.

Дар ҳамин робита Баҳром Шарипов мегӯяд, ки соли 2008 ҳукумат маҷбур шуд ба молҳои содиротӣ таваҷҷуҳи зиёд диҳад. Чун танҳо 2 маҳсули асосӣ аломиниюм ва пахта буду ин имкон намедод, ки воридоти маблағҳои асъорӣ ба Тоҷикистон ба таври муназзам ва зиёдшаванда роҳандозӣ гардад. Яъне дар ҳолати бӯҳрон ҳам талабот ба ин маҳсулот маҳдуд гашт ва ҳам нархашон поён рафт, ки ин ташвиши ҳукуматро зиёд гардонид. Аз ин сабаб барои зиёд кардани молҳои содиротӣ, ривоҷи боғдорӣ, коркарди маҳсулоти меваву сабзавот, нахи пахта ва баровардани маҳсулоти таёр аз он дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Дар корхонаи аломиний ба роҳ мондани исчтеҳсоли ноқилҳо роҳандозӣ шуда, ки ин коркарди маҳсулоти нимтайёрро зиёд мегардонад. Аз ин ҷиҳат ҳам ҷойҳои кории нав эҷод гашту даромадҳо ба буҷет дар ҳоли зиёдшавист. Коркарди маҳсулот дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, вале барои равнақи он ҳоло вақту маблағ лозим аст. Акнун вазъияти Тоҷикистон аз назари ҷалби сармоягузорӣ ба он дараҷае, ки дар дигар давлатҳост, арзёбӣ карда намешавад ва инро индексҳои давлат, ки доиман чоп мегарданд, инъикос мекунанд. Тоҷикистон дар радаи 102 - и рейтингҳо ҷо шудааст.

Беҳтар аст то масъулин барои сангин кардани кафаи тарозу ба нафъи содироти кишвар талош кунанд, зеро ҳар қадар молҳои воридотӣ зиёд бошаду колоҳои ватанӣ кам, ҳамон қадар нархҳо афзоиш меёбанд. Гузашта аз ин даромади миллии Тоҷикистон ҳам аз содирот афзун мегардад ва гирифтани андози барзиёд аз мардум коста хоҳад гашт.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)