Субҳи имрӯз як гурӯҳ хешовандони Ҳамза Икромов, ки таърихи 20-уми сентябр дар маҳбасхонаи №1 пойтахт фавтида буд, ба назди Изатулло Шарипов роҳбари Cарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия барои таҳқиқи дақиқи марги фарзандашон рафтанд.
Изатулло Шарипов роҳбари Сарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия ба онҳо гуфт: «Хонаш сузад одамера, ки ин корро кардааст, агар дар онҷо шиканҷа бошад ин минуси кори ман мешавад, чунки соҳаи ман аст ва ман аз номи худам ва кормандонам ба шумо таъзия баён мекунам. Ҳукми судаш дар дастам ҳаст. Вайро ҳиҷ кас барқасдона накуштиян тақдираш ҳамин будаст. Дар 1 маҳбасхонаи мо зиёда аз 1200 маҳбус аст. Аз соати 6-и субҳ мехезонем то саоти 10 шаб аз рўи барнома кор мекунанд. Чи хеле, ки боғчаҳои бачагона ҳастанд ҳамон хел кор мекунем. Дар хонаҳомон 4-5 фарзанд дорем, дар як ҳафта як бор кори хатоашонро бинем сарзаниш мекунем. Барои ман ва кормандони ман кадом нафаре набошад чӣ ҷинояте содир накарда бошад одам аст. Ман намегум, ки онҷо камбудӣ надорад. Дар куҷое, ки кор ҳаст камбудӣ мешавад».
Изатулло Шарипов аз Тугаев Абдулҳаким сардори қисми тибии муассисаи С/1 талаб намуд, ки асли воқеаро шарҳ диҳад.
Ӯ гуфт, «Ба мо омада гуфтанд, ки дар камераи хусуси як нафар худашро овезон кардааст. Рафта дидам пулсаш буд баданаш гарм буд ёрии таъҷилиро даъват кардам ёрии таъҷили наомада, барои хун лахта нашудан дар бадани маҳрум «баклашкаба» оби гарм гирифта мондам».
Аммо хоҳари Ҳамза Дилхоҳ Икромзода бар зидди гуфтаҳои табиб баромада афзуд, ки «Агар бақлашка мемонданд ҷойҳои сухтагӣ секунҷа намешуд. Мо 50 шоҳид аз дуруни маҳбас дорем байёнот навиштагианд, ҳамаи онҳо мегӯянд, ки моро азоб дода истодаанд. Наход мо фарзандамонро ба давлат бовар карда супорему фарзандамонро пӯст карда фиристонанд».
Модари Ҳамзаалӣ ҳангоми суҳбат гуфт, ки дар марги писараш роҳбари маҳбасхонаи №1 гунаҳгор аст. Ба гуфтаи ӯ фарзандашро ваҳшиёна куштаанд «Ман модарам ва ба марги писари ман Тоштемуров Рустам роҳбари СИЗО гунаҳгор аст. Аз бачаи ман чанд рӯз пеш аз мурданаш 2 ҳазор доллар талаб намуда буд. Агар набиёри гуфт 5 соли дигар муҳлатат зиёд мешавад. Ман ҳамин хел шикоят дорам, ки бачаи маро аз рӯи пул куштанд. Хонаамро дар банк мондаам қарз кардам соли писарамро кам кардам.
Агар Тоштемуров Рустам гунаҳгор намешуд ман баъди марги писарам наздаш рафта будам 3 соат дар пушти дари маҳбас истодам набаромад».
Изатулло Шарипов мегӯяд, ки Тоштемуров Рустам хақи 2 ҳазор доллар талаб карданро надошт ва на писари онҳоро озод карда метавонист на муҳлаташро зиёд.
Духтур Тугаев Абдулҳаким афзуд, ки бадани марҳум гарм буд ва ёрии тиббӣ расонданд. Ва сабаби зарфи оби гарм монданамон дар он буд, ки хуни баданаш лахт нашавад аммо дар ҳамин ҳол Маҳмудов Илҳом муовини Сарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия афзуд, ки «Вақте ман омада расидам духтурони маҳбасхона ёрии таъҷили расонда истода буданд. Чак-чак монда сузандору карданд баъд духтур гуфт, ки ҳарорати баданаш паст шуда истодааст. Ва гуфтанд, ки бақлашкаҳоба оби гарм биёрен дурӯғгӯ нашавам зиёда аз 20 бақлашкаи об монданд, ки ҳарорати баданро нигоҳ доранд. Худи маҳбусон давида об оварданд. Чанд вақт пас набзаш паст шуд, электрошок монданд. Аммо бе натиҷа баъди 1 соати кашмакашӣ вай фавтид».
Изатулло Шарипов дар мавриди шароити хуби маҳбасхонаҳо гуфт, ки: «Ҳар ҳафта дар духтурхонаҳо маҳбусон аз бемории сил ва дигар бемориҳо фавтида истодаанд, ин аз гуруснагӣ нест. Он хӯроке, ки маҳбусон мехӯранд шумо намехӯред. Ошхона доранд дар онҷо гӯштбирён, картошкабирён ва оши палов мехӯранд. Ман, ки дурӯғ гӯям худо маро занад, хонам сӯзад, он шароите, ки ман барои маҳбусон омода дорам дар берун инхел шароит нест.
Инчунин ӯ ба наздикони маҳрум гуфт, ки ҳоло ба онҳо ҳеч чиз гуфта наметавонад, тафтишот рафта истодааст ҳам аз ҷониби онҳо ва ҳам аз ҷониби прокуратура.
Нилуфари КАРИМ, Ибодуллоҳи ТОИР
Мӯҳр