Шахсиятсозии Раббонӣ
Устод Бурҳониддини Раббонӣ, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи Кобул, риштаи илоҳиёти Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ва доктори фалсафаи ислом (аз Ал-Азҳар) буд, ҳанӯз аз замони кудатои Довуд (дар соли 1973) даст ба муборизоти сиёсӣ зад. Бо таъсиси Ҷамъияти исломии Афғонистон густураи муборизоти худро тавсеъа бахшид ва дар замони таҷовузи неруҳои СССР ба сарзамини мардхези Афғонистон, дар саргаҳи ҳаракати ҷиҳод ва муқовимати Афғонистон истод кард. Ин ҳаракат дар ин замон бештар аз 20 ҳазор размандагони муҷоҳидро дар ихтиёри худ дошт. Дар соли 1992 раиси идораи муваққати Ҳукумати Афғонистон ва дар декабри ҳамон сол Раиси Ҷумҳури интихобшудаи Афғонистон гардид.
Меъмори Афғонистони исломӣ
Аммо замони салтанати Раббонӣ дар Афғонистон бо мудохилаи душманони ин кишвар ба умури дохилии давлаташ оғоз гардид. Дар шароити набуди кадом зерсохтҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ҷангҳои бенизому пайдарпай ва вазъи ногувори минтақа Раббонӣ бо шахсият ва донише, ки дошт тавонист давлати Афғонистонро ҳифз кунад. Дар чунин шароити шадид ӯ низом ва шакли давлатдории Афғонистони исломиро асос гузошт, ки имрӯз пояи ҳукумати Карзай низ ҳисоб мешавад. Ин нуктаро Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Душанбе таъкид мекунад: "Устод профессор Бурҳониддин Раббонӣ шахсияте буд, ки ҳам дар илм, ҳам дар сиёсат ва ҳам дар зиндагӣ ботавозуъ буд. Баъди хатми Ал-Азҳар устоди Донишгоҳи Кобул буда, чандин осори илмӣ таълиф кард. Инчунин "Тафсир-уз-зилол"-и Сайиди Қутбро ба порсӣ тарҷума кард. Аммо замони нооромиҳои Афғонистон ӯ яке аз пешгомони ҳаракати озодихоҳӣ ва муқовимати Афғонистон буд. Худ як чеҳраи исломӣ буд, низоми Ҷумҳурии Исломиро бо интихобот ва райъи мардум дар Афғонистон бунёд гузошт, имрӯз ҳам ин ҳукумат дар сари низоми устод Раббонӣ устовор аст".
Яке аз муҳандисони сулҳи тоҷикон
Шахсияти устод Раббонӣ аз ҳар ҷиҳат бемисл буд. Замоне, ки Афғонистон саропо мушкил дошт ва дар кашмакашҳои дохил гирифтор буд, ҳамин ҳукумати Раббонӣ буд, ки барои бештар аз 150 ҳазор фирории тоҷик паноҳгоҳ шуд. Шахсият ва ҳайсияти Раббонӣ дар раванди сулҳи Тоҷикистон низ таъсири зиёд дошт. Дар музокироти сулҳи тоҷикон, ки мулоқоти Хустдеҳ асосӣ ҳисоб мешавад таъсири устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бузург аст. Устод Раббонӣ аз оғоз то анҷом ҳар ду тарафи сулҳро маҷбур мекард, ки бо ҳам зудтар ба созиш бирасанд. ӯ барои тарафҳои муқовимати Тоҷикистон вазъи Афғонистонро мисол мезад ва ба унвони як тоҷик бо ҳиммат, қудрат ва ҳукумати худ ба сулҳи тоҷикон нақш гузошт.
Азхудгузаштагии Раббонӣ
Замони муборизаи ҳукумати Раббонӣ бо нируҳои манфиатдор ва душмани хориҷии Афғонистон, ки дар либоси Толибон ба майдон омаданд, замони озмоиши шахсият ва қудрати ӯ буд. Дар ин муддат, ки бештари пешвоёни низомӣ ва сиёсии Афғонистон ба беруни кишвар фирор карданд (аз ҷумла Дустум ба Туркия, Гулбиддин ба Ирон) ва қисмати дигар таслим шуданд, танҳо Раббонӣ ва гуруҳҳои таҳти нуфузи ӯ буданд, ки мардонавор ва ба таври шикастнопазир барои ҳимояи манфиатҳои миллии Афғонистон ва мардуми кишвар мубориза ва муқовимат карданд. Ҳаракати таҳти роҳбарии Раббонӣ на танҳо Афғонистонро аз ваҳшоният ва тааррузи Толибон нигоҳ дошт, балки хатари сиёсӣ ва амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ ва фаротар аз онро низ пешгирӣ кард. Бо шакл додани Иттиҳоди Неруҳои Шимол дар сартосари Афғонистон ба сифати як ҳаракати низомии неруманд, собит кард, ки дар мубориза ҳақ ҳастанд ва ҷомеаи ҷаҳониро низ эътимод дод, ки барои ҳақиқат ва озодӣ меҷангад.
Тавре ҷаноби Орзу мегӯяд шахсияти Раббонӣ бисёр шикастанафс ва заминӣ буд: "ӯ дар фикри молу сарвату курсӣ набуд. Ҳангоми Конфронси аввали Бонн танҳо ва танҳо барои оромиву истиқрори сулҳ дар кишвар аз қудрати сиёсӣ даст кашид ва онро ҷавонмардона ба Карзай супорид. Ин амалкарди устод Рабонӣ дар таърихи сиёсии ҷаҳон назир надорад, ки соҳибқудрате ба хотири ормонҳо ва манфиатҳои миллат аз ҳукумат даст бикашад. Хусусан дар кишварҳои суннатии Шарқ ва минҷумла Афғонистон".
Шаҳиди сулҳ
Баъди ҳадяи қудрати сиёсӣ устод Раббони аз сиёсат ва мубориза канор нарафт ва ҳамчун мушовири ботаҷруба дар ҳукумати Афғонистон боқӣ монд. Аммо чун дид, ки раванди сулҳ дар Афғонистон ба як нуктаи торик мерасад, боз бо ҳамон нуфуз ва шахсияти босалобати худ ба майдон омад ва бо Толибоне, ки ҳеч гуна фарҳанги гуфтугӯ ва сулҳро қабул надоштанд ба музокира бинишинад. Вақте ки Раббонӣ раиси Шӯрои Сулҳ интихоб шуд, то ҳатто баъзе аз чеҳраҳои собиқи ҳаракати таҳти ӯ розӣ набуданд. Аммо устод Раббонӣ ҳамагии онҳоро қаноъат дод, ки: "Афғонистон роҳе ба ҷуз сулҳ надорад". Ва ҳатто Аҳмад Валӣ Масъуд дар рӯзи шаҳодати Устод такроран таъкид, ки "музокира ва сулҳ бо Толибон бефоида аст ва куштори ваҳшиёнаи Устод ин сабақро ба мо дод, ки толиб сулҳро ба унвони як фарҳанг намедонад". Танҳо хосияти шахсияти хориқулиродаи Раббонӣ буд, ки ба хотири анҷом додани музокироти тарҳрезинашуда, бо хоҳиши Карзай сафари худро дар Дубай мутаваққиф кард (баъди Дубай бояд ба Душанбе меомад ва дар анҷумани ҲНИТ ширкат меварзид) ва омаду аз дасти бо ном намояндаи Толибон дар манзили худ терор шуд. Ва мешавад гуфт, ки устод Раббонӣ шаҳиди сулҳ шуд, агарчи шаҳидон бештар дар майдони ҷанг мешаванд.
Куштори устод Раббонӣ то имрӯз як муаммои сарбастаест, ки мисли куштори Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар пешвоёни сиёсии Афғонистон, бахусус чеҳраҳои барҷастаи тоҷикон нокушода боқӣ мондааст. Ҳатто Толибон масъулияти куштори устодро напазируфтанд ва изҳор доштанд, ки террористи қотили Устод онҳоро намояндагӣ намекардааст. Акнун маълум нест, ки ин кори гуруҳҳои манфиатдори қудрати сиёсӣ дар Афғонистон буд ё фармоиши кишварҳои хориҷӣ, ки ба ҳеч сурат ҷонибдори воқеии сулҳу оромӣ дар ин кишвар нестанд.
Як сол бе Раббонӣ
Набуди устод Раббонӣ дар майдони сиёсии Афғонистон имрӯз бисёр эҳсосшуданист: ҳам ба таври физикӣ ва ҳам ба таври маънавӣ. Пеш аз ҳама устод Раббонӣ як пешвои тоҷикон ва дигар ақвоми камнуфузи Афғонистон дар минтақа шинохта мешуд. То ҳатто паштунҳои Шимол ҳам аз ӯ пуштибонӣ доштанд. Раванди сулҳи Афғонистон, ки дар замони Устод як ҷараёни мусбат гирифта буд, имрӯз бо вуҷуди будани фарзанди ӯ дар раъси ин Шӯро чандон дастовардҳои қобили таъкид надорад. Пеш аз ҳама мешавад гуфт, ки имрӯз тоҷикон дар Афғонистон бе Раббонӣ дар ҳолати пареш қарор доранд. Ҳарчанд, ки чеҳраҳои пурнуфузу таъсиргузоре мисли Устод Ато Муҳаммади Нур, Абдуллои Абдулло, маршал Фаҳим ва Муҳаммадюнуси Қонунӣ ҳастанд, аммо ҷойгоҳи ӯ холист. Набудани устод Раббонӣ барои Тоҷикистон ҳам бисёр эҳсос шуд. Имрӯз аст, ки аз вазъи ногувори амниятӣ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон хабар мерасад. Бешак Афғонистон ва Тоҷикистон як сафири сулҳ, як шахсияти барҷаста, як пайкараи виқору муборизаро дар симои устод професор Бурҳониддин Раббонӣ аз даст доданд, ки мешавад, гуфт, ки ин талафот ҷуброннопазир аст. Ба гуфти Сафири кабири Афғонистон дар Тоҷикистон, доктор Орзу ҳар арзише лағжиш дорад ва дар кору пайкори устод Раббонӣ лағшиҳҳо ҳам ҷой дошт: "Аммо хидматҳо ва арзишҳои гаронбори Устод Раббонӣ чунон бузурганд, ки ин лағшишҳояш пеши онҳо чизе нестанд". Ва дуруст ҳам ҳаст!
Аъзамшоҳ Қуқаншоҳ
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |