Чанд нафар аз масъулини раёсат ва идораҳои мухталифи «Амонатбонк» аз сафари Пекин- пойтахти Чин баргаштанд.
Ин гурӯҳ аз 20 то 26 июни соли равон бо намояндагони дигар бонкҳои аъзои Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ дар семинар оид ба мавзӯъи «Масулияти иҷтимоии корпоративӣ» иштирок намуданд.Тавре Одинашо Муродов, масъули дафтари матбуотии «Амонатбонк» иттилоъ дод, семинари мазкур бо ибтикори Бонки Давлатии Рушди Чин (БДРЧ) бо мақсади ташкил намудани шароити муфиди мубодилаи маълумотҳо дар самти масулияти иҷтимоии корпоративӣ байни бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ва муқаррар намудани механизми мубодилаи маълумотҳо баргузор гардид. Ҳамзамон, дар семинар мавзӯи додани қарзҳо ба корхонаю ташкилотхои ба истеҳсолот машғул ва дар ин замина таъмин намудани ҷойҳои кории нав, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи ҷойгиршавии СҲШ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ба иттилои манбаъ ширкаткунандагон дар мавзӯҳои «Шиносоӣ бо таҷрибаи истеҳсолӣ ва сабку услуби фаъолияти БДРЧ», «Баррасии масоили ҳалталаб вобаста ба масъулияти иҷтимоӣ», «Идоракунии хавфҳои иҷтимоии институтҳои молиявӣ», «Шартномаи глобалӣ, стандартҳои ҷаҳонӣ оид ба масъулияти иҷтимоӣ», «Баррасии лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ва технологӣ», «Муҳокимаи бонкҳои аъзои ИББ СҲШ оид ба рушди иқтисодиёти миллӣ ва рушди иҷтимоӣ дар мамолики аъзо» маърӯзаҳо доир намуданд.
Дар анҷоми семинар барои иштирокчиён ҷамъомади муаррифии «Ҳисоботи солонаи БДРЧ дар соли 2010» гузаронида шуд. Иштирокунандагон дар рӯзҳои ширкат дар чорабиниҳои номбурда, аз корхонаҳои истеҳсолии монитор, микрочип, ҳисобкунакҳои барқ, газ ва об, ҳамчунин гармхонаҳо ва корхонаҳои рустанипарварии ҷумҳурии мардумии Чин дидан карданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр