Бино ба иттилои манбаъ аз шаҳри Хоруғ, ки нахост номаш ифшо шавад, дар шаҳр айни замон мардум интизори истеъфои раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ҳастанд.
Ба дунболи кушта шудани сарвари Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон генерал Абдулло Назаров, 24 -уми июли соли равон, амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба вуқӯъ пайваст. Қодири Қосим, раиси Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳи ҳангоми задухӯрдҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва опозитсионӣ дар ин минтақа ба хабарнигорон гуфта буд, ки баъд аз ором шудани вазъият дар вилоят фавран ба истеъфо хоҳад рафт. Аммо имрӯз вазъ дар Хоруғ нисбатан оромтар ба назар мерасад, аммо аз истеъфои Қодири Қосим ба қавле "дараке" нест.
Бино ба иттилои манбаъ аз шаҳри Хоруғ, ки нахост номаш ифшо шавад, дар шаҳр айни замон мардум интизори истеъфои раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим ҳастанд. Ба гуфтаи манбаъ онҳо якчанд алтернативаи арзандаи худро низ доранд, то битавонад ҷои раиси кунунии вилоятро хеле зуд иваз кунад. Бештари ҳамсӯҳбатони мо дар Бадахшон намояндаи бунёди Оғохон Ёдгор Файзовро номзади арзанда меҳисобанд. Аммо як манбаъ гуфт, Файзов пешниҳоди аҳолиро шунидаву ҷавоби рад додаст. Баъзеъҳо аз Муллопар Бандишоев, муовини директори Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Шодихон Ҷамшедов, раиси ноҳияи Шуғнон, Мерган Шабозов, вакили мардумӣ дар парлумон ва Мамадамин Мамадаминов, вазири меҳнат ва шуғли аҳолии низ тарафдорӣ мекунанд. Дар сӯҳбат бо мо бештари сокинони Бадахшон гуфтанд, ки ба истеъфо рафтани Қодири Қосим ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Аввалан, мардум дигар дар симои ӯ як нафар ҳимоятгарро намебинад, чунки маҳз дар давраи раисии ӯ, хонаводаҳои зиёде наздикону пайвандони бегуноҳашонро аз даст доданду нақзи ҳуқуқи инсон низ зиёд ба чашм расид.
Дуввум, агар ӯ ба қавли додааш вафо накунад ва аз курсии раисӣ ба хоҳиши хеш наравад, дигар то куҷо мардум метавонад ба ӯ итминон ҳосил кунанд?
Манбаъ инчунин меафзояд, гарчанде дар телевизионҳои давлатӣ аз ором будани вазъият дар шаҳри Хоруғ ва таҷлили "бошукӯҳ"-и истиқлолияти давлатӣ барномаҳо намоиш дода мешавад, ин маънои онро надорад, ки мардум аз идомаи фаъолияти ҳукумати маҳаллӣ, хоса раиси вилоят Қодири Косим қонеъ бошанд. Мардуми Бадахшон интизор доранд, бо омадани Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, ки 18-уми сентябр дар назар аст, якбора иваз гардидани раҳбарияти вилоят низ сурат мегирад. Аммо бархе таҳлилгарон мегӯянд, Қодири Қосим ҳарфҳо дар мавриди истеъфоро вобаста ба вазъият эълон кард. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт, дар ҳамон шабу рӯз, ки вазъият дар Хоруғ хеле ҳасос ва душвор буд, Қодири Қосим зарур донист, чунин изҳороте бидиҳад. Ин суханони раиси вилоят танҳо барои ором кардани мардуми Бадахшон буду бас. Чун вазъ ба эътидол омадааст, эҳтимол дорад, раиси вилоят дар бораи ба қавле, ваъдаи додааш барои ба истеъфо рафтан "фаромӯш" кунад. Аммо дар мавриди алтернативаи райиси вилоят ҷаноби Кабирӣ афзуд: "Фикр накунам, ки дар ҷумҳурӣ кор то ҳадде расидааст, ки дигар барои як вилоят ҳам алтернатива пайдо нашавад. Чун мо дар кишвар ин фарҳангро ҷорӣ карда истодаем, ки гӯё барои ин ё он мансаб дигар алтернатива нест, ин идеяи комилан нодуруст аст ва ман аз он ҷонибдорӣ намекунам. Алтернатива дар ҳама ҷо албатта вуҷуд дорад, на як касу ду кас, балки даҳҳо нафарро метавонам мисол биёрам, ки ҷои Қодири Қосимро бигирад. Масалан, шахсе, ки наздик ба ҳукумат аст, Исмоил Орифшоев, муовини раиси ҳамин вилоят, ки воқеан ҳам хеле шахси донишманд аст ва яке аз алтернативаҳои беҳтарин мебошад".
Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аслан мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон президент ҳақ дорад ин ё он нафарро ба ин ё он мансаб, аз ҷумла раисии вилоят пешниҳод кунад. Дар навбати худ тибқи қонуни асосии Тоҷикистон маҳз мардум бояд интихоб кунанд, ки ин ё он нафар ба ин мансаб сазовор аст ё не. Гӯё мардум бевосита набошад ҳам аммо ба воситаи вакилони худ дар маҷлисҳои маҳаллӣ номзадии пешниҳодкардаи президентро дастгирӣ мекунанд ё рад месозанд. Аммо чун Маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон чунин ҷуръатеро надоранд, ки ба гуфтаи "боло" мухолифат кунанд, ба онҳо эътимод кардани мардум низ дуруст намеояд. "Дар масъалаи изҳороти раиси вилояти Бадахшон барои истеъфо рафтанаш бояд чанд паҳлӯи ҳуқукии онро баррасӣ кард. Аввалан, ӯ ин суханони худро дар байни мардум зикр кардааст, вале мо намедонем, ки барои ба истеъфо рафтан ӯ ба унвонии президент ариза навиштааст ё на. Дуввум, агар ӯ воқеан ҳам ариза навишта бошаду вале президент инро рад карда бошад, пас масъалаи дигар ба вуҷуд меояд. Ҳоло чун тафсилоти ҳолатро мо намедонем аз нигоҳи ҳуқуқи баҳо додан ба вазъият душворӣ пеш меорад",-мегӯяд ҷаноби Қудратов.
Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки новобаста ба он ки аз ин пас, Қодири Қосим дар вазифаи худ боқӣ мемонад ё не барои ӯ фаъолият дар ин вилоят осон нахоҳад буд. Раҷаби Мирзо, раиси Маркази тадқиқоти сотсиологии "Бозтоб"
ба ин назар аст, ки то ин замон ҳам тибқи хабарҳо, раиси ВМКБ чандон чеҳраи пурнуфуз ва таъсиргузор дар вилоят набуд. Гуфта мешавад, аз мақомоти ҳукумат дида, ашхоси алоҳида дар ин минтақа пурнуфузтар будаанд ва ҳаводиси ахир инро бори дигар исбот намуд. "Вале агар раиси ВМКБ ҳоло ба изҳороташ дар бораи истеъфо нуқта нагузорад, аввалан ҳамон обрӯи доштаашро низ аз даст хоҳад дод ва баъдан сухани ӯро ҳамчун як шахси масъул ба сифр баробар хоҳад кард. Бинобар ин, ман гумон дорам, Қодири Қосим беҳтар аст ба истеъфо биравад ва ҳарфи мардум низ шунида шавад. Зеро дар пайи ҳаводиси ахир мардуми Бадахшон иддао карда буданд, ки на танҳо раиси вилоят иваз бишавад, балки номзад бо онҳо мувофиқа гардад. Ин як ҳушдори хос барои раҳбарияти мамлакат аст, ки ҳарфи мардумро мешунаванд, ба ваъдаи мақомот аз ин пас бовар мекунанд ё на ва суботи минтақа, дар маҷмӯъ Тоҷикистон таъмин мешавад",-меафзояд Раҷаби Мирзо.
Хулоса, дар назди раиси ВМКБ Қодири Қосим ва ҳукумати Тоҷикистон ду масъалаи ба ҳам печида истодааст. Яке ин аст, ки худ ба истеъфо меравад ё ахиран мардум истеъфои ӯро аз ҳукумат ба зурӣ ва сахт талаб мекунанд ва дуввум номзадии кӣ ба ин мансаб пешниход хохад шуд? Аммо дар хар ду сурат ҳам барои раҳбари нав, фаъолият дар ин вилоят осон нахоҳад буд, мегӯянд коршиносон.
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр