Бахшҳо
14 сен 2012 05:51Иҷтимоӣ

Савдогарони "Корвон" инқилоб мекунанд?

Тӯли як моҳи охир воқеъаҳое рух доданд, ки то ҷое аз дигаршавии ҷамъияти кишвар нисбати худудан панҷ соли қабл дарак медиҳад. Дар солҳои қабл боре ҳам тоҷирон пас аз сӯхтор чунин гирдиҳамоӣ накарда буданд. Боре ҳам муштариён барои муддати кӯтоҳ ҳам бошад аз истифодаи алоқаи мобилӣ худорӣ накарда буданд. Ҳеч як сухани курсинишин "латифаи сол" унвон нагирифта буд, аммо имсол мо "тир" ва "суруди миллӣ" дорем.

Ҳамаи ин ва дигар амалҳои дастаҷамъонаи мардум нишондиҳандаи онанд, ки ин мардум дигар он мардуми авохири садаи бист нест. Инҳо аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунанд ва барои ин метавонанд ба ҳам ҷамъ оянд ва садо баланд кунанд. Ин ҳама нишон аз чист? Дар чомеъаи мо чӣ дигаргуниҳо мушоҳид амешавад?
Албата, бояд эътироф намоем, ки митингҳои авоили солҳои навадум дар таърихи Тоҷикистон бузургтарин буданду  то ҳол ҳамто надоранд. Аммо он масъалаи дигар буд. Аввал ин, ки он замон табаддулоти ҳарбию давлатӣ сурат мегирифт ва гурӯҳҳои гуногун бари ҳукумат талош доштанду мардумро гирди ҳам чамъ оварда буданд. Яъне, одамон барои ҳифзи ҳуқуқи хеш садо баланд накарданд, балки барои дар курси нишастани чанд нафар чамъ омаданд. Агар хубтар нигарем, бештари тазоҳуротчиёни он вақт саводи комил надоштанд, чи расад ба фаҳмиши сиёсӣ. Барои чамъияти бесавод чанд калимаи пурэҳсос басанда аст то ба ҳам оянду бидуни созиш ва бо якравӣ ба сӯе равона гардад. Ҳамин ҷиҳати дуюми масъала дар он замон буд: пас аз пошхӯрии давлати Шӯравӣ мо якбора ба ҷаҳони дигар афтодем ва аксари мардум донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ надоштанд, агар ҳам доштанд, он мувофиқ бо фарҳанги сотсиалистӣ буд, на ҷаҳони муосир.

Аммо имрӯз воқеъият дигар аст. Дигар ин мардум барои табаддулот шӯриш намебардоранд. Ҷароҳатҳои ҷанги бародаркуш бар бадани ин мардум мисли ваксинае кора карданд, ки аз табаддулот пешгирӣ мекунад. Аммо танҳо аз табаддулот, на аз таҳаввулот. Имрӯз ҷаҳонбинии одамон дигар шуда аст. Ҳамин тазоҳуроти бозаргонон худ гувоҳи он аст.

Аслан гӯем, тӯли таърих ҷустуҷӯи сарват асоси ҳама гуна пешрафтҳо буда аст. Чи кишваркушоиҳо, чи ихтироъи коркарди фулузот ва чи техникаю технологияи нав - ҳама аз ҳамин сарчашма мегирад. Ва савдогарон ба ҳадде гаҳвораҷунбони тамаддунҳо будаанд. Кашфиёти муҳими ҷуғрофӣ қабл аз олимон ба тоҷирон тааллуқ доштааст. Онҳо буданд, ки дар гуфтугӯи фарҳангҳо ва табодули дастовардҳои қавлу халқҳои гуногун нақши калидиро доштаанду Роҳи Абрешим сохтаанд.
Имрӯз низ онҳо аз дигар мардум фарқ доранд. Онон ҳамарӯза бо садҳо одамон дар иртибот мешаванд, ба хориҷ бор мебаранду меоранд. Ин, албатта, ба ҷаҳонбинии  эшон бетаъсир нахоҳад буд. Ҳамин аст, ки тоҷирони бозори "Корвон" ҷамъ омаданду аз маъмурияти бозору ҳукумат талаб намуданд то ҳуқуқи эшон поймол нашавад.

Бояд гуфт, маҳз ҷаҳонбинии бартари онон буд, ки ҳукумати шаҳр тавонист бо онҳо "маслиҳат кунад" ва кор ба ҷанҷол нарасад. Агар ҷамъе аз мардуми бемақсад мебуд, кор бидуни зӯроварӣ ба анҷом намерасид.

Аммо афсӯс ин ҷаҳонбинии савдогарон барои рушди миллат басанда нест. Имрӯзҳо бадхоҳони миллату давлат аз ҳар имкон истифода мекунанд то вазъи мамлакат нопойдор бошаду "дасти сеюм" ҳамоно муассир бимонад. Имрӯз, ки таҳия ва пахши ахбор монополияи рӯзноманигорон несту бо истифода аз имконоти техникӣ ҳар кас, новобаста аз кор ва маҳалл, метавонад аз он чӣ шоҳидаш аст хабар созаду пешниҳоди ҷаҳониён намояд, ба ҳар маводи дар ВАО ва ба хусус Интернет буда бояд бо эҳтиёт буд. Таҷзияи ахбор, ба хусус тавассути "филтр"-ҳои давлатӣ, дар ин равия муассир нест. Ҳар кас бояд дониши кофӣ барои таҳлили ахбор дошта бошад. Аммо оё аҳолии кишвари мо ин донишро дорад?

Ин ба мушкили ҳамешагии кишвар -низоми омӯзиш ва парвариш, ё ҳамон системаи маориф бармегардад. Борҳо гуфтаанд ва мегӯянд, ки сатҳи дониши донишҷӯёни мо аз талаботи замон ба маротиб паст аст. Тибқи як пурсиш миёни хатмкардагони макотиби миёна, ҳудуди 80 фисади пурсидашудагон мехостанд ба Русия барои мардикорӣ раванд. Миёни он бист дарсади боқимонда низ на ҳама метавонанд мактаби олиро бо дастовардҳои хуб хатм намоянд. Дипломҳои моро дар Русия ва Аврупо дар ҳоле пазируфтаанд, ки дар дохили кишвар ба хатмкардагони то соли 92 авлавият дода мешавад. Ҳатто раиси шаҳри Душанбе дар мулоқот бо фейсбукиён иқрор шуд, ки миёни хатмкардагони макотиби олӣ касеро мувофиқ ба талаботи шаҳрдорӣ барои кор дар он пайдо накардааст.

Албатта, гап фақат сари дониш намеравад. Аз раванди таълиму тарбия, дуюмӣ ҷо афтода аст. Дарсҳои "Одобнома", "Одоби оиладорӣ", соатҳои синфӣ ва дигар соатҳои ҷудошуда барои тарбияи кӯдакон бе ҳадаф истифода мешаванд, ё худ умуман вуҷуд надоранд. Аз кӯдакистонҳо, ки макони асосии шаклгирии шахсият ва тарбияи кӯдак аст, ҷои гап ҳам нест. Танҳо мегӯем, ба ҷои таълиму тарбия, кӯдакон дар он ҷоҳо танҳо вақт мегаузаронанду тамом. Барои муқоиса, дар ИҶШС дарсҳои этика ва эстетика дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳама сатҳҳо буданд. Имрӯз кӯдакони Ҷопон тӯли се моҳи аввали таҳсил дар мактаб, танҳо одоби муошират меомӯзанд.
Чуноне як ҳамсӯҳбатам гуфт, низоми арзиш ва сатҳи фарҳанг дигар шуда. Имрӯз дар Душанбе фаҳшу ҳақоратро бештар аз ҳар чизи дигар мешунавему он ба навҳе як чизи оддию рӯзмарра гашта аст. Дигар мардум танҳо аз даромаду пул фикр мекунанду омодаанд аз дигарон зина сохта рӯи сари онҳо қадам гузошта "боло бароянд". "Аз чунин ҷамъият ман метарсам", - мегӯяд ҳамсӯҳбатам.

Танҳо дастрасӣ ба техникаю технологияи нав, мисли Интернет, компютер, мошинҳои нав ва ғайра нишондоди пешрафти миллат нест. Ба хусус, ки ҳеч яки онҳо дар кишвари мо ихтироъ ва ё истеҳсол намешавад. Мо бояд аз тафаккури масрафкунанда дур шавем. Имрӯз диссератсияю рисолаҳои номзадӣ зиёд қабул мешаванд, аммо натиҷаи ин ҳама рутбаҳоро намебинем.

Миллат бояд тарбия шавад. Агар мо аҳолии кишварро тарбия накунем, ояндаи неке нахоҳем дошт. Агар дастрасии мардум ба илму дониш хуб бошаду фарҳанги онҳо дар сатҳи баландтар бошад, дастовардҳои беҳтаре хоҳем дошт. Дар ҳар сурат, ҳамкории ҳукумат бо аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Мулоқоти рӯ ба рӯи раиси шаҳри Душанбе Убайдуллоев қадами хубе ба ҳамкории ин ду тараф бидуни миёнаравҳо буд. Агар чунин раванд идома ёбаду дигар амалдорон низ натарсида бо халқ гуфтугӯ кунанд ва аз мушкилоти мавҷудаю роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо хабардор нашаванд, ҳаёти "боло" ва ҳастии "поин" ба ду ҷаҳони гуногун ва дур аз ҳам монанд мешавад, ки дар охир ба шикасти кулли низом меорад.

Танҳо тағйироти куллӣ дар ҳама низомҳои кишвар ва ҳамкории ҳукуматдорон бо аҳолӣ метавонад ба таҳаввулот расонад ва аз табаддулоту инқилоб пешгирӣ намояд. Бошад, ки баҳори тоҷик сарсабз бошад ва кишвари азизамон ободу зебо гардад.

Рустам МАҶИДОВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)