Бахшҳо
07 сен 2012 07:36Иқтисодӣ

Бозори орди Тоҷикистон дар дасти кист?

Дар давоми ду моҳи ахир нархи як халта орд (50 кг) аз 100 сомонӣ ба 150 сомонӣ расид. Аз рӯи маълумоти масъулини Вазорати иқтисод ва савдо ҳама сола дар моҳҳои июл ва август нархи бисёре аз маҳсулот боло меравад, вале баъди чанд муддат боз ба эътидол меояд. Вале то куҷо метавон ба эътимодбахш будани ин маълумот итминон кард?

Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан нархи орд рӯ ба афзоиш аст ва тақрибан аз нархи моҳи июл барои 50 кило 50 сомонӣ фарқ мекунад. Баландтарин нарх барои орд дар соли охири 2010 ва соли 2011 ба назар мерасид, ки он вақт 160-170 сомониро ташкил медод ва дар оғози соли 2012 аллакай нархи орд хеле паст шуда, нархи як халтаи 50 килоии орд то 85 - 90 сомонӣ паст шуд. Вале як ҳафта пеш аз моҳи Рамазон (июл) дубора нархи орд боло рафта, арзиши як халта орд ба 120 сомонӣ баробар шуд. Феълан нархи 50 кило орд дар бозорҳои пойтахт аз 135 то 150 сомонӣ арзиш дорад. Сабаби аслии дар соли 2011 ба ҳадди рекордӣ боло рафтани нархи ордро коршиносон аз сӯхтор дар ҷангалу майдонҳои кишти ғалла дар Русия ва манъи содироти орд аз Қазоқистон ба дигар кишварҳо арзёбӣ карданд. Аммо имсол дар майдонҳои ғаллаи Русия сӯхтор ба назар нарасидааст ва Қазоқистон низ дар содироти орду гандум ҳеч мамониате эҷод накардааст. Ҳоло суоли аслӣ ин аст, ки чаро нархи орд ба таври рекордӣ боло меравад? Чӣ омиле ҳаст, ки барои боло рафтани нарх боис мешавад?

Дар ҳоле, ки соли 2011 кишти ғалла 20 ҳазор гектар кам шуда буд ва ин нишондод дар соли 2012 ба 2 588 паст гардид.  Соли ҷорӣ дар маҷмӯъ дар майдони 283 360 га кишти ғалладона гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли 2011 (285 948)  ду ҳазору 588 гектар кам аст. Соли гузашта нисбат ба соли 2010 кишти ғалладона 20 ҳазор га кам карда шуда буд. Соли 2010 як миллиону 261,3 ҳазор тон ғалла ҷамъоварӣ шудааст, ки аз он  911 ҳазору 821 тонро гандум ташкил додааст. Аммо соли 2011 дар маҷмӯъ ҳосили ғалла ба 890,5 ҳазор тон расидааст, ки ҳатто аз ҳосили гандуми соли 2010 камтар аст. Ин дар ҳолест, ки соли 2009 ҳосили ғалла 1,4 млн. тонро ташкил додааст. Ба ақидаи коршиносони соҳаи кишоварзӣ ҳосили гандум ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон 700-800 ҳазор тонро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯи маълумоти собиқ вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ҳанӯз соли 2011 воридоти гандуму орд 50 дар сади талаботи аҳолиро ташкил медод. Яъне, агар аҳолӣ ба 1 миллиону 300 ҳазор тон орд ниёз дошта бошад, 650 ҳазор тон орд аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Соли 2010 истеҳсоли гандум ҳудуди 700 ҳазор тонро ташкил додааст. Агар дар соли 2010 700 ҳазор тон гандум дар дохил истеҳсол шуда ва ҳамин миқдор ворид гашта бошад, дар маҷмуъ ба 1 миллиону 400 ҳазор тон мерасад. Як сола ниёзи мардум ба гандум 1 млн. 600 ҳазор тон баробар аст. Вале бо вуҷуди он ки истеҳсол ва воридоти орду гандум андаке аз талаботи аҳолии кишвар кам аст, нархи орду гандум ба ҷои паст шудан 50 дар сад боло рафт.

Агар истеҳсоли дохилии гандум ва воридоти он 50 ба 50 бошад, пас метавон гуфт, ки агар имсол 700 ҳазор тон истеҳсол дар назар бошад ҳамин миқдор воридот мегардад. Ин нишондод тақрибан ба талаботи аҳолӣ баробар аст ва дар ин сурат набояд нархи он ба дараҷаи хеле зиёд афзоиш ёбад. Аммо сабаб дар чист, ки нархи орду гандум якбора 50 % боло рафт?
Ба гуфтаи Гулчеҳра Бозорова, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо нархи воридоти 1 тон гандум нисбат ба соли гузашта то 60 доллар паст гардидааст. Ҳамчунин тибқи иттилои ӯ нархи воридоти 1 тон орд низ ба андозаи 42 доллар нисбат ба соли 2011 пойин рафтааст. Дар нимсолаи 2012 воридоти орд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 ҳазор тон зиёд шудааст. Инчунин дар ин нимсола 174,5 ҳазор тон гандум ворид шудааст ва дар маҷмӯъ воридоти орду гандум ва маҳсулоти тайёр аз инҳо наздики 400 ҳазор тон аст.

Ба андешаи вазири иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода имрӯз соҳибкорон озоданд ва ҳар кореро, ки суди бештар дорад, анҷом медиҳанд. Ҳоло дар Тоҷикистон низ реэкспорт (содироти дубора)- и гандуму орд мисли кишварҳои дигар вуҷуд дорад ва соҳибкорон аз Қазоқистон ворид мекунанду ба Афғонистон интиқол медиҳанд.
Аз ин рӯ ҳаҷми орду гандуме, ки дар дохили кишвар ҳаст, аз талаботи аҳолӣ камтар мебошад. Зеро он орду гандуме, ки ба ном баҳри таъмини талаботи аҳолии Тоҷикистон аз Қазоқистон оварда мешавад, дар асл ба бозорҳои Афғонистон интиқол меёбад ва аз сабаби норасоии маҳсулот дар бозорҳои кишвар нархи орд боло рафтааст. Ин гуна соҳибкорон ё монополистоне, ки тиҷорати орду гандумро дар даст доранд, зери пӯшиши шиорҳои "иқтисоди бозорӣ" ва "савдои озод" воридот ва фурӯши орду гандумро инҳисор кардаанд ва ба хотири фоидаи шахсӣ тамоми мардуми кишварро ба мушкили норасоии ин навъи маҳсулот дучор сохтаву дар бозорҳо дефитситро ба вуҷуд овардаанд.

Вазири иқтисод Шариф Раҳимзода бар ин назар аст, ки реэкспорт дар ҳамаи мамлакатҳо вуҷуд дорад ва тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон роҳ боз аст ва соҳибкорони хориҷӣ метавонанд аз ин имконият истифода баранд ва ба воситаи Тоҷикистон ордро ба ин кишвар баранд. Вай аз ҷумла гуфт: "Ман медонам, ки ширкатҳои қазоқӣ чандин бор муроҷиат карданд, ки биёед ба воситаи Тоҷикистон ба Афғонистон орд кашонем. Ин тиҷорат аст ва ҳар касе тавонад анҷом медиҳад".
Аммо яке аз авомили асосӣ дар ин авохир боло рафтани нархи гандум дар Қазоқистон аст, ки Тоҷикистон асосан аз ин кишвар орду гандум ворид мекард ва ин боис шуда то дар кишвар қимати ин навъи маҳсулот ба маротиб боло равад. Бар замми ин гуфта мешавад, ки тоҷирони тоҷик дар навоҳии кишвар орду гандумро ба афғонҳову ӯзбакҳо мефурӯшанд. Ахиран мақомоти вилояти Хатлон содироти гандум ба Афғонистон ва ӯзбакистонро манъ карданд. Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон барои ворид кардани 100 ҳазор тон гандум ва 5 ҳазор тон ҷуворимакка аз Покистон гуфтушунид кардаанд, то нархи он дар бозорҳои дохилӣ муътадил гардад. Аммо вазъ то кунун тағйир наёфтааст. Аз сӯи дигар ҳукумати Тоҷикистон дар стратегияи худ таъмини амнияти озуқавориро ба нақша ги рифтааст ва ҳатто шӯрое ҳам бо чунин ном таъсис ёфтааст. Вале ба ҷои он ки дар содироти гандум маҳдудият ҷорӣ шавад, ширкатҳои алоҳида дар зери шиори иқтисоди бозорӣ бозори орду гандуми Тоҷикистонро ба дефитсит рӯ ба рӯ кардаанд ва мақомот низ аз фаъолияти онҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки кишварҳоои ҷаҳон ба хотири муътадилии бозори худ ва таъмини мардум бо маҳсулоти ғизоӣ аз маҳдудиятҳои зиёд кор мебаранд. Масалан, Русия ду соли пеш барои таъмини бозори дохилии худ бо гандум ба ин иқдом даст зада буд.  
Аммо ба қавли Шариф Раҳимзода қимати болои орду гандум на аз ҳисоби реэкспорт ё воридоту содирот аст, балки аз ҳисоби хушксолӣ ва камшавии ҳосили ғалладона сарчашма мегирад. Вай мегӯяд, ки дар тамоми ҷаҳон феълан дар бораи хушксолӣ бонги хатар мезананд. Зеро агар хушксолӣ шавад, истеҳсоли ғалладона ва орд кам мегардад. Ба гуфтаи ӯ имрӯз дар бораи кам шудани истеҳсоли ҷуворимакка ҳарф мезананд ва дар бозори ҷаҳонӣ гандуму орд он қадар аҳамияте дар баробари ҷуворимакка надорад. Чунки ҷуворимакка бисёр маҳсулоти серғизо буда, ба нархи орду ҳиссаи маҳсулот дар хуроки ордӣ таъсири бештар дорад. Барои ҳамин дар бозори ҷаҳонӣ нархи орд боло рафта истодааст. Аз ин рӯ бояд мардум ба захираи орд дар давоми ду сол аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, мегӯяд ӯ.

Гуфта мешавад, ки 75 %-и маҳсулоти ордӣ дар ҷаҳон аз ҳисоби ҷуворимакка аст ва дар ҳоли ҳозир истеҳсоли ин навъи маҳсулот аз ҳисоби хушксолӣ то 15 % коҳиш ёфтааст, ки ин метавонад ба нархи маҳсулоти ғизоӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Аммо мавзӯи таъмини амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз мушкилтар мешавад. Бо вуҷуди он ки ахиран Шӯрои амнияти озуқа бо сарварии Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар таъсис шуд, вазъ ба ҷои беҳ шудан баръакс нигаронкунанда мешавад. Зеро агар қаблан танҳо бозори сӯзишворӣ монополия буду ба устувории иқтисодии Тоҷикистон таҳдид мекард, имрӯз камбуди ғизо ва номуназзамӣ дар бозори гандуму орд ба беҳбудии шароити зиндагии мардум таҳдид мекунад. Аҷаб тазоде ин ҷо ба назар мерасад, ки аз Покистон гандум ворид карданием, вале ба Афғонистон мефурӯшем. Аҷаб мантиқе, агар ин корро афғонҳо анҷом диҳанд, осонтар аст. Аммо чунин ба назар мерасад, ки иқтисоди бозорӣ тоҷирони моро дар ин 10-15 сол хеле корчаллону зирак сохтааст, ки тиҷорати минтақавиро зери даст гирифтаанд. Ё эҳтимоли дигар ин аст, ки ҳукумат аз ӯҳдаи стратегияи таъмини озуқаворӣ намебарояд ва талошҳои Оқил Оқилов ҳам баҳри таъмини озуқа бенатиҷа анҷом меёбад.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)