Соли нави хониш ҳам сар шуд. Ҳазорҳо нафар бори аввал ё барои бори дигар по ба остонаи мактаб ё донишгоҳ гузоштанд, то роҳи донишро паймоянд ва садҳо нафари дигар рафтанд, то роҳи онҳоро ҳамчун устод равшан намоянд. Бешубҳа, ояндаи мо аз онҳо бастагӣ дорад.Сад афсӯс, ки имрӯз ҷавонон аз роҳи илму маърифат дур мондаанд. Имрӯз ҳар кӣ тавонад ҷавонону наврасонро гунаҳгор медонанд, ки рӯ ба компютер ва филму вақтгузаронии беҳуда овардаанд ва бо чунин "ояндагони миллат" ин миллат ояндаи хубе нахоҳад дошт. Чунки барои ояндасозӣ фикре рӯшан ва созанда лозим аст.
Масъалаи рӯшанфикрӣ ва донишандӯзӣ, алалхусус кӯшиши ҷавонон баҳри расидан ба он чи шахси босаводу пешрафта номида мешавад, мавриди баҳсу муҳокимаҳои зиёдест. Аксарият бар онанд, ки сатҳи донишу ҷаҳхонбинии ҷавонони Ватан паст шудааст. Ва дар маҷмӯъ рост ҳам мегӯянд. Аммо чаро чунин аст?
Дар солҳои аввали пас аз пош хӯрдани Шуравии собиқ, ҳатто пештар аз он, "пардаи оҳанин" кам-кам дарид ва фарҳанги ғарб дар шаклҳои гуногун ба сарзамини бузурги Шӯро сар халондан гирифт. Аввал тарзи либос (аз сабаби безории мардум аз якрангии дилгиркунанда) ва мусиқӣ (афсӯс, на ҳама мусиқии касбии академиро ба хубӣ дарк мекунанд, ва гузашта аз ин, мусиқии ғарб интихоби бештаре пешниҳод карда буд), сипас филму барномаҳои телевизионӣ ва дар маҷмӯъ ВАО шакли ғарбиро гирифт. Бархе маҳз ҳаминро сабаби асосии аз дониш дур шудани ҷавонон медонанд: тамошои филмҳои шавқангез, аммо бидуни моҳияти тарбиявии ғарб, ки аксаран аз хушунат ва зӯроварӣ ғанӣ буданд (ва ҳастанд) ҷавононро аз сари китоб ба назди телевизион кашид. Шояд дуруст ҳам гӯянд, аммо…
Ҷавонони имрӯз зодаи замони ахири ҳукумати Шӯравӣ мебошанд. Пас, дар он, ки пардаи оҳанин аз ҳам даридаю стандартҳои маданию маърифатии он замон фурӯ рехта, айбу гуноҳе надоранд. Касе бояд он маърифатдӯстию донишгароиро ба онон мунтақил мекард, то ҳамон меҳри илму рӯшанфикрӣ дар дилу мағзи эшон ҷойгир бошад. Масъулин ҳарчи аз ғарб омад, нагузоштанд дохил шавад, аммо дар охир ҳамаи он мисли сел якбора вориди "кишвари хонандатарин" гардид ва онро ба куллӣ фаро гирифт. Масъалаи дигар рушди адаб ва фарҳанги халқу миллатҳои худи Шӯравӣ, аз он ҷумла тоҷикон буд, ки аз классикони худ фарсахҳо дур монд ва миллате, ки дар мадраса Ҳофизу Бедил, Саъдию Румӣ мехонд, рӯ овард ба соддабаёнию дурӣ аз алифбои ниёгон, ки албатта русгароию ғарбкешӣ дошт. Бигзор ин ду масъала мавриди баҳси зиёиёну аҳли фарҳанг бимонад. Мақсад ин аст, ки бигӯем: ҷавонони имрӯз дар ҳамаи ин даст надоштаанд.
Сипас ба сарзамини мо муборизаи байни гурӯҳҳо ба хотири ҳукумат, ҷанги хонумонсӯз бо тохтутози гурӯҳҳои гуногун ба деҳоту шаҳрҳо, қаҳтию гуруснагӣ ва дигар офоти ҷанг расид. Ин сабабгор шуд, ки гурӯҳе наврасон, ки маҳз дар он айём шахсияташон шакл мегирифт, бидуни тарбия ва таълими солим монданд. Он вақт вазифаи аввалиндараҷаи хар нафар зинда мондан буд. Ҳама барои зинда мондан мубориза мебурд, на барои зистан. Ин низ дуруст аст, аммо…
Дар замони ҷангу ҷидол ҷавонон аз гурӯҳҳои гуногун тарафдорӣ карда, ба даст силоҳ гирифтанду хуни бародар рехтанд. Ба ҷои ин, ки аз муаллим дарс гирад, бо яроқу маводи тарканда назди устоди донишгоҳ даромада, таҳдид намуданд, ки "агар баҳора намонӣ, мекушамат". Бале, хато карданд ва аксарашон имрӯз сазои онро мебинанд. Аммо чаро чунин карданд? Ин гурӯҳҳо кӣ буданд? Оё онҳоро ҷавонон ташкил намуданд? Ва оё дастандаркорон чӣ коре карданд, то аз ин ҳолат пешгирӣ шавад? То ҷавонон бекор намонда, ба даст аслиҳа нагиранд? Нагӯед, ки замони ҷанг буду аз дасти касе коре намеомад ва ҳама дар фикри зинда мондан буданд. Агар ин баҳонаро пеш меоред, пас онро барои ҷавонон низ ҳақ бишмаред. Худ шоҳиди он будам, ки чигуна ҷавонеро, ки аз аслиҳа гирифтан саркашӣ мекард, назди хешонаш ба қатл расонданд, ё чи бадтар, наздиконашро назди ӯ таҳқир намуда, ба қавле, аз мурда бадтараш намудаанд. Боз ҳам, ҷавонон даст дар он қазия надоштаанд, агар ҳам доштаанд, зери мили яроки нафаре.
Пас аз сулҳи деринтизор, соҳибкорӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлоли мо рушд кардан гирифт. Қисме низ ҳамоно бар он бовар буданд, ки Русия метавонад онҳоро "хӯронаду пӯшонад" ва гурӯҳҳои зиёде озими ин кишвари бузург шуданд, то қуте барои худу наздиконашон пайдо кунанд. Ҳарду раванд то ҳанӯз дар даромади аҳолӣ нақши асосиро мебозанд. Ин сабаби дигаре шуд, то аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, рӯ оранд ба раҳоӣ аз қаҳтӣ ва камбуди ғизою лозимоти оддии ҳаёт ва боз ҳам дур монданд аз андӯхтани донишу маърифат. Гунаҳкори ин қазия ҷавонон буданд?
Пас аз ҷанги ҳаштсола Эрони тозаистиқлол тавонист дар даҳ сол ба яке аз абаркишварҳои минтақа табдил гардад ва ҳатто кишварҳои дигареро, мисли Тоҷикистони худамон, дастгирӣ намояд. Узбакистон ва Қазоқистон тавонистанд мавқеъияташонро дар минтақаи Осиёи Миёна ба мавқеъи марказӣ табдил диҳанд. Русия, ки дар ҳадди пош хӯрдан буд ва аз он кишвари бузургу пуриқтидор барои чанд соли оғози даҳаи навад ҷуз ном чизе намонда буд, бо вуҷуди ҳама ҷангу ҷидолҳои дохилӣ ва фишори хориҷӣ, тавонист худро барқарор намуда, ба ҳаштгонаи бузург шомил шавад. Аммо Тоҷикистон ба ҷуз шартномаи сулҳ ва баргардондани гурезагон чи иқдоми бузурге кард, то қадами устуворе баҳри пешрафти миллату кишвар шавад? Боқӣ ҳарчи буда, қадамҳои кучак ва баъзан ноустувор буда. Ҳатто ҳамин "иншооти аср", ки "наҷоти Тоҷикистон" аз мушкилоти энергетикӣ ва иқтисодӣ номаш мебаранд, мероси замони Шӯравист. Ва дар ҳақиқат як иншооте беш нест. Маълум нест, ки истифодаи он чигуна хоҳад буд, вақте бо вуҷуди истгоҳҳои зиёди дигар то ҳанӯз натавонистаем ҳатто шаҳрҳои бузург, аз он ҷумла пойтахтро ба таври комил бо барқ таъмин намоем. Вақте натавонистаем аз қудрати Норак ба таври комил баҳра гирем, вақте корхонаи кимиёи Ёвонро тақрибан аз даст додем, мисли чандин корхонаҷоти дигар. Он чи боқӣ монда, агар дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта ва ё замони шӯравӣ гирем, на дар ҳадди завод, балки дар ҳадди корхона - сех истеҳсолот дорад. Ҳатто дар солҳои аввали ҷанг маҳсулот ва даромади буҷаи кишвар бештар аз сатҳи солҳои 2000-2005 буда. Пас, ҷои кор барои ҷавонон дар куҷост? Агар бимонанд, куҷо бимонанд? Ҳама рӯ оварданд ба хамон Русия. Рафтанд то Русияи навро созанд, дар ҳоле ки Тоҷикистон вайрона гашта буд. На, ватандӯстии ҷавонон дар муқоиса бо ҷавонони даҳаи ҳаштод ва пештар кам набуд, балки имконияти қути лоямуте пайдо кардан кам буд. Ҳанӯз ҳамагон дар талоши ҷону нон буданд ва камтар касе ҳаваси илму дониш мекард, магар ин ки бахт ба рӯяш хандида бошаду як луқма нони ҳаррӯзашро осонтар ёбад ва вақту тавоне барои мутолиа низ дошта бошад. Боз ҳам, ҷавонон он ҳолати поинравии иқтисодро насохта буданд, балки маҷбур буданд дар натиҷаи дар ҳам рехтани сохтори иқтисод рӯ оранд ба хориҷ, рӯ оранд ба савдо.
Бархе низ бар он ақидаанд, ки ҷавонон дар айёми истиқлол, ки имкон дод соҳаҳои алоҳида, ҳамчун технологияхои компютерӣ ва телефонҳои ҳамроҳ рушд намоянд, ба бозию дилхушӣ дар ҷаҳони рақамӣ дода шуданд ва аз ҷаҳони реалӣ дур шуда, аз илм бебаҳра монданд. Инҷо ҳам бозиҳои интернетӣ, ҳам сӯҳбатҳои бардавому беҳудаи телефонӣ (ки ба қавли давлатмандон пули бештари буҷаи аҳолиро масраф намуда, ба саломатӣ ва муҳит зарар ҳам доштааст) ва ҳам мӯътодии интернет ва шабакаҳои ҷамъиятӣ дар назаранд. Аммо то ба кадом ҳад? Ин суоли дигарест барои идомаи гуфтор.
Сараввал, бояд гӯем, ки касе набуд ба ҷавонон омӯзад, аз ин технологияҳои навин чи гуна бояд истифода бурд. Тарзи равшан ва хомӯш кардани мошин, ирсоли нома, кушодани пӯша ва файл ва ғайра дониши техникӣ буда, моҳият ва имконоти истифодаи ин техникаи пешрафтаро шарҳ намедихад. Талабот низ ба донандагони техникаи рақамӣ тақрибан набуд. Ин сабаб шуд, то дар аввал ин "чоркунҷа бо телевизор" ва як мушаку як тахта бо чанд тугма ба бозичае пешрафта табдил гардад.
Модарам шӯхиомез мегуфт, аҷабо, замоне мушро шикор мекардем то ба хоҷагӣ зарар нарасонад, имрӯз он дӯсти ҷавонон шудаю барои рушди хоҷагӣ ёрӣ ҳам мерасонад! Бале, ӯ, ки худ аз ҷумлаи зиёиён буд, моҳияти истифодаи компютерро ба хубӣ дарк мекард, аммо сад афсус дигар имкони ёдгирии инро надошт. Боз кӣ буд? Чанд нафаре мисли ин зани муштипар, ки ба онҳо берун аз оила камтар касе гӯш мекард. Барои омма касе нафаҳмонд, ки компютер барои чӣ лозим аст ва чаро мо бояд аз он истифода барем, на аз усулҳои замони Шӯравӣ. Ин буд, ки -мисли филмҳои ғарбӣ - бозӣ барои ҷавонон шуғли ҷолибтаре буд аз омӯзиши амиқи бозичаи нав. Телефони ҳамроҳ низ аз ҳамин қабил аст, ки якбора ҳама ҷо пахш шуд ва мардуми қаблан онро надида табиатан саргарми "бозӣ" бо он шуданд. Чуноне бармеояд, на технологияи нав сабабгори пастравии маърифати ҷавонон шуда, балки камбуди раҳнамоӣ аз тарафи бузургтарон.
Ва аммо имрӯз чи? Давлат ва ҳукумат корҳои зиёде баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон мекунад ва имконоти техникӣ ва дастрасӣ ба маълумот ва васоити донишандӯзӣ бештару беҳтар аз пештар аст. Аммо то ба ҳол пешравии қобили мулоҳизае нест. Сабаб дар чист?
Баъзан равшанфикрон худро хос ҳисобида аз ом ҷудо мешаванд ва аз сӯҳбати ҷавонон дурӣ меҷӯянд. Намегӯям, ки аз ҷавонон безорӣ меҷӯянд - на, кам нестанд ҷавононе, ки дар сӯҳбати эшонанд ва худ низ дар роҳи онон равонаанд. Аммо чунин ҷавонон қисми андаки ҷомеаро ташкил мекунанд. Он ҷавононе, ки ба омӯзишу раҳнамоӣ ва панду насиҳат ниёз доранд, аз зиёиёну рӯшанфикрон дур афтодаанд.
Шояд гӯянд, олами ин ҷавонон ба олами мо, ба фаҳмиши мо рост намегирад ва ҷавонон бештар дар фикри лабъу бозӣ буда равшанфикрию зиёиёнро зиёд қабул надоранд. Аммо агар инон худро зиёӣ медонад, чаро воситаи раҳёбӣ ба дили ҷавононро ҷӯё нестанд? Нодон бо пархош ҷудоӣ меандозад, аммо доно раҳи ваҳдат ва ҳамдастию ҳамдилиро ҷӯёст. Пас, Дигар ҷавононро айбдор нашмарем ва дар ҳамдастӣ аз паи ислоҳ шавем, то аз ин бад нашавад.
Рустам МАҶИДОВ
Мӯҳр