Мунира, як сокини 24- солаи шаҳри Исфара бо роҳи худовезӣ дар манзили зисташ даст ба худкушӣ задаст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз идораи умури дохилии Суғд иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, Мунира Бозйигитова дар рӯзи 28 -ум ба 29 - уми июн дар манзили истиқоматиаш даст ба чунин амал задаст. Зимнан, ин қазия ва сабабҳои сар задани он аз сӯи додситонии шаҳри Исфара таҳқиқ мешавад.Ҳодисаи даст ба худкушӣ задани Мунира аз аввалин ҳодисае нест, ки барои бори аввал рух дода бошад. Тибқи омори расмии идораи умури дохилии Суғд дар тӯли панҷ моҳи соли равон 93- ҳодисаи даст ба худкушӣ задани сокинон дар шимоли мамлакат ба қайд гирифта шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр