Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар доираи бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 тимҳои миллии Афғонистон бо Фаластин бо ҳам рақобат намуданд.
Ин дидор бо пирӯзии дастаи Фаластин поён ёфт. Нуралӣ Хоркашов, ёвари президенти федератсияи футболи Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфт, фаластиниҳо муваффақ шудаанд, ки ба дарвозаи ҳарифи худ ду голи беҷавоб зананд. Мурод эл-Эян ва Исмоил ал-Амур муаллифи голҳоянд. Ба иттилои манбаъ, бозии ҷавобӣ миёни ин тимҳо рӯзи 3-юми июл дар Фаластин баргузор хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби Афғонистон ҷиҳати ширкат дар бозии ҷавоби субҳи имрӯз ба шаҳри Кобул сафар намуда, фардо аз Кобул ба Дубай, аз Дубай ба Урдун ва аз Урдун ба пойтахти Фаластин сафар мекунад. Гуфта мешавад, ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ ба даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 роҳхат мегирад.{jathumbnail off}
Мӯҳр