Бахшҳо
31 авг 2012 10:41Гузориш

Ҳосили рекордии ғалла. Дар Данғара

Кишоварзони  ноҳияи Данғара барои имсол беш аз 100 ҳазор тонна ҳосили гандум рӯёндаанд, ки барои  ҳар як сокини ноҳия тақрибан 1 тонна рост меояд.

Ноҳияи Данғара 126 ҳазор аҳолӣ дошта, сокинон усулан ба ғаллакориву чорвопарварӣ шуғл доранд. Гузашта аз ин, замони ахир бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ин ҷо даҳҳо корхонаву ташкилотҳои саноативу сохтмонӣ бунёд ёфта, аҳолиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, мушкили бекориро то андозае коҳиш медиҳанд.
Тибқи иттилои Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси вақти ноҳия, соли равон кишоварзони ноҳия дар якҷоягӣ бо заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ дар майдони наздик ба 40 ҳазор гектар кишти ғалладона гузаронида, ҳосили фаровон ба даст овардаанд. То рӯзи 30-юми август ҳосили умумӣ беш аз 100 ҳазор тоннаро ташкил дод. Вале Сайдалиев мегӯяд, ҳоло гандуми нокӯфта зиёд аст ва шояд зиёда аз 10-ҳазор тонна гандуми дигар ба даст биёяд: «Кормандони идораи кишоварзӣ дар якчоягӣ бо намояндагони ҳукумат бо деҳқонон вохӯрда, моҳияти истифодаи замин ва корҳои таблиғотиро бештар мекунанд. Банда ҳам бо кишоварзон иртиботи доимӣ дорам, барои дастрасӣ ба тухмии хушсифат, техникаи корӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвориву обёрии замин ҳамеша ба онҳо кӯмак менамоям».
Гуфтанист, кишоварзони ин минтақа аз тухмиҳои кишвари Русия истифода мебаранд ва ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Сайдалиев мегӯяд, бо ташвиқоти ҳукумати маҳаллӣ хоҷагидорон аз вилояти Краснодари ин давлат тухмиҳои суперэлитаи навъҳои Ясавул, Первитса, Дратсия, Гром ва Краснодар-99 харидорӣ намуда, кишт мекунанд.  

Ба саволи хабарнигори Озодагон, ки чаро аз тухмии худӣ данғарагиҳо истифода намебаранд, ҷаноби Сайдалиев гуфт, «ин ҷо танҳо як сабаб аст, он ҳам бошад сифати паст ва ҳосилнокии паст. Мо ҳам бисёр мехоҳем, ки аз тухмии худамон кишт намоем, вале он самараи дилхоҳ намедиҳад. Дар ин маврид институтҳои тухмипарвариро зарур аст сари ин масъала ҷиддӣ кор кунанд».
Дар ҳоли ҳозир арзиши 1 кило тухмии аз Русия харидорӣ мешуда бо ҳама харчҳояш то ба ноҳияи Данғара 3 сомониву 80 дирамро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ бошад аз ҳар гектар то 50 сентнер ва дар баъзе маврид беш аз 60 сентнерро дар бар мегирад. Ба иттилои аз идораи кишоварзии ноҳия расида, имсол 12 хоҷагӣ ҳосили аз 60 то 66 сентнерӣ гирифтаанд. Ин ҳам бошад дар заминҳои лалмӣ. Воқеан, қисмати зиёди заминҳои ғаллакории ноҳия заминҳои лалмӣ мебошанд.  Ба гуфтаи мутахассисон, аз тухмии воридшуда танҳо 5 сол истифода бурдан мумкин аст. Баъди ин муддат, ҳатман онро иваз намудан даркор будааст то боз ҳам ҳосили бештар ба даст овард.

Раиси ноҳия мегӯяд, тайи солҳои дароз кишоварзони ноҳия инчунин ҳосил нагирифта буданд. Танҳо соли 2008-ум низ боду ҳавои мусоид омада буду деҳқонон наздики 100 ҳазор тонна гандум  ҷамъоварӣ карда буданд. Аммо соли равон бо истифода аз коркарди хуби замин, шудгори саривақтӣ ва таъмини нуриҳои минералӣ ҳосили гандум аз 110-ҳазор тона боло рафт.
Бояд гуфт, ҳукумати маҳаллӣ баҳри беҳбуди кори кишоварзӣ дар ноҳия ва андӯхтани таҷрибаи кории дигар, бо кишоварзони давлати Чин ва Ҳиндустон  дар ҳамкорӣ мебошад. Тайи 2 сол кишоварзони хитойӣ дар заминҳои Данғара кишти помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти полезӣ, инчунин истеҳсоли таги плёнкагии ин маҳсулотро гузаронида, ба ҳамтоҳоёни тоҷики  худ нозукиҳои онро омӯзонидаанд. Дар идораи кишоварзӣ гуфтанд, ки шартномаи корӣ бо чиноиҳо ба анҷом расида, ҳамакнун дар ин заминҳо деҳқонони тоҷик кор мекунанд. Ҳиндуҳо низ шартномаи 2 сола ба имзо расонида, дар ҳоли ҳозир дар якчоягӣ бо деҳқонони маҳаллӣ ба ниҳолшинониву картошкапарварӣ машғуланд.

Аслиддин Достиев












Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)