Бахшҳо
31 авг 2012 10:28Гузориш

Оё ба фиреби фурӯшандагон мувоҷеҳ шудаед?

Болоравии нархи молҳо ба вижа дар айёми иду ҷашнҳо садои ҳамаро даровардааст, зеро дида мешавад, ки замони таҳсилоти мактаббачагон як ҷузвдони 10 сомонӣ ба 50 сомонӣ баробар мешавад ва нархи маводи ғизоӣ аз ин ҳам болотар меравад. Дар робита бо ин "Озодагон" аз коршиносон пурсид:

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Парлумон

Чун дар муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ қарор дорем, ҳолатҳои бисёр ногуворе дар фаъолияти тоҷирони мо, ки бештар ба савдои чакана сару кор доранд, дида мешавад. Онҳо барои зиёдтар ба даст овардани фоида дар савдои чаканаи худ кӯшиш мекунанд то аз 2 омил истифода кунанд. Дар арафаи ҷашнҳо, иди Қурбон, Рамазон ва дар вақтҳое, ки мардум ба ин ё он намуди молҳо ҳаррӯза ниёз дорад ҳатто дар ҷашнҳои Наврӯз ва шурӯъи таҳсилоти макотиби ҳамагонӣ, қисми зиёде аз тоҷирон ҳаракат мекунанд нархи молу колоеро, ки ба мардум пешниҳод мекунанд, боло бардоранд.Ин аз дидгоҳи инсоф ва меъёрҳои талаботи бозаргонӣ ҳам дуруст намеояд. Вале мутаасифона солҳои ахир моле, ки истеҳсолкунанда ба бозор пешниҳод мекунад ва он нафаре, ки онро ба савдо мебарорад, аз нархи истеҳсолии мол зиёдтар мефурӯшад. Имрӯзҳо дар молу колоҳои мактаббачагон ва донишҷуён ин ҳолат ба назар мерасад. Сабаби пайдоиши ин ҳам ба набудани рақобат дар бозорҳои мо рабт дорад ва имрӯз қариб 80 фоизи бозорро фурӯшандагони чакана монополия кардаанд ва ҳатто онҳо имконият намедиҳанд то молистеҳсолкунанда ба бозор моли худро ворид кунад. Соати 5,5 - 6 агар дар ҳолати воридшавӣ ба бозори озуқа назар афканем, нафароне ҳастанд, ки маҳсулоти овардаи деҳқонро бо нархи ночиз аз вай мегиранд. Зеро он нафаре, ки имрӯз молашро ба бозор меоварад, нуқтаи фурӯш надорад ва ин маҳалли фурӯшро ҳамин фурӯшандагони бо ном касбӣ забт карда гирифтаанд ва ҳангоме, ки помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти истеҳсолкунандаи аслӣ 1,5 сомонӣ бошад, қариб аз ин ҳам зиёд барои истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ деҳқон азоб мекашад. Аммо дар як рӯз дар бозор ҳамин фурӯшандаҳо дар як ё 2 рӯз маҳсулоти деҳқонро харидорӣ карда нархи дилхоҳро гузошта ба бозор мефурӯшанду аз ин маблағи ҷамъ кардаашон андози дуруст ҳам намесупоранд. Барои ҳамин ин мавзуъ имрӯз мавзуъи доғи рӯз шудаву ба ҳукми анъана даромадааст. Қисми зиёди онҳо на аз меъёрҳои шариъати ислом, на аз рӯи адл ва на аз рӯи меъёрҳои бозаргонӣ амал мекунанд. Харидор ҳам маҷбур аст бо нархи дилхоҳи онҳо молро харад ва дар тамоми маҳсулоти мавриди ниёзи мардум минҷумла гӯшту маводи қаннодӣ ин ҳолат ҷой дорад, ки ин албтта барои мадум нороҳатиҳои зиёдеро эҷод мекунад. Дар оянда як меъёрҳое таҳия ва қабул бояд гардад, ки набзи бозорро, ки ҷузъи ҷудо нашавандаи ҳаёти мост, ба танзим дарорад. Чун имрӯзҳо дар бозор ҳам сиёсат асту ҳам иқтисодиёту ҳам иҷтимоиёт. Мақомоти дахлдор бояд маҳсулотро бо додани имтиёзҳои андозӣ ва қарзӣ ҳамчун маҳсулоти корхонаи давлатӣ ба бозор бароварда  фурӯашанд. Дар ин сурат агар ба болои мол ҳамчун нархи аслӣ 5% фоида ба фаъолияти фуршандагӣ гузоранду савдо кунанд, дар ин ҳолат байни фурӯщанде, ки нархро ба осмон мебарорад ва истеҳсолкунанда як рақобат пайдо мешавад. Дар ин сурат харидорон мебинанд, ки помидор дар ин ҷо 5 сомонӣ аст дар ҷои дигар 3 сомонӣ ва картошка дар як ҷо 3 сомонисту дар дигар ҷо 1 сомонӣ. Бо ин васила давлат метавонад корхонаҳои молистеҳсолкунандаро идора намояд фақат онҳоро ва на он бозорҳое, ки шахсист. Дар вақти контрол кардани ин нуқтаҳои савдо, ки аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ мешавад, метавон пеши роҳи ҳолатҳои номатлубро гирифту нархро дар бозор танзим кард.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ

Чи илоҷ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон ягон назорат несту ҳуқуқи истеъмолгарон ҳимоя намегардад ва як бесарусомонӣ ҷой дорад. Ҳамин гази табиъие, ки мошинҳо ба ҷои сузишворӣ истифода мебаранд, 2,5 сомонӣ буду шаҳрдорӣ фармон дод то дар рӯзҳои ид инро 2 сомону 30 дирам фурӯшанд. Яъне худ ба бозор дахолат кард. Нархи он ҳам инак то 3 сомонӣ расидааст ҳол он ки дар Хуҷанд ин газ 2 сомонӣ ва дар баъзе ҷйҳо2 сомониву 80 дирам буд.Ин аст ҳосили қадамҳои беандешаи ҳукумат, ки нархҳо беҳуда боло мераванду дигар поин намеоянд.Ин аз як тараф натиҷаи бе амали ҳукумат аст, аз ҷиҳати дигар он фурӯшандагоне, ки дар бозор вазни зиёд доранду мусаллатанд, онҳо худ маслиҳат карда нархҳоро боло мебаранд. Мо як Оҷонсии зиддии инҳисорӣ дорем, ки аслан фаъолият намекунад. Ба ном вуҷуд дораду салоҳият надорад ва коре аз дасташ намеояд ва ширкатҳои бузургтар ба ин ниҳод фармон медиҳанд на ин ниҳод ба онҳо. Моле, ки лозим аст, нархашро боло мебардоранд. Оҷонсии зидди инҳисорӣ, шаҳрдорӣ ва давлат ҳастанду бояд онҳо пеши роҳи афзоиши нархҳоро бигиранд. Ҳеч тоҷиру фурӯшандаеро барои ин кор муҷозот накардаанд то дигараш тарсаду дигар даст ба ин кор назанад. Шояд мақомдорон ҳам дар ин корҳо даст дошта бошанду бо гирифтани маблағ корашонро накунанд. Агар мехостанд инро пешгирӣ кунанд, бояд дар ин 20 сол мекарданд.

Шокир ҲАКИМ, ҳуқуқшинос

Чунин ҳолат аз паст будани сатҳи фарҳанги соҳибкорӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Ин натиҷаи мушкилоти давлатдории муосири тоҷик аст. Раҳму шафқат ва инсоф ба мардуми бофазилат хос мебошад. Ба таърифу тавсифи беҳуда ва сафсаттагуӣ машғул нашуда ба савдогарону тоҷирон фаросатро омӯхтан зарур аст. Албатта ман ҳам мавриди ин гаронфурушиҳо қарор гирифтаам.Вале манн пеш аз харидан ба фурушанда кӯшиш менамоям фаҳмонам агар ба мактаб фарзандон бе ҷузвдону дафтар ё китобу қалам раванд, сифати таълим паст шуда самарабахшии он низ бефоида мешавад. Ё наврасону ҷавонон меваву сабзавот истеъмол накунанд бар зарари инкишофи онҳо мешавад. Яъне зимни муайян намудани арзиши маҳсулот сатҳи зиндагии мардум ва қобилияти харидории онҳоро низ ба инобат гиранд. Дар посух онҳо одатан ба додани пора ба сарҳаду гумруку милисаву кормандони бозор ва мақомоти андоз шикоят мекунанд.

Ислом РАҲИМОВ, таҳлилгар

Ҳамин имсол як фарзанди ман мактаб рафтанист. Аммо мебинем, ки нархи молҳо ниҳоят гарон аст ва он маблағе, ки барои китобу дафтару хонишаш аз буҷаи оилавӣ ҷудо карда будам, кифоя намекунад. Дар ин шабонарӯз гароншавии нарх хеле ба назар мерсаду мо гуфтем як моҳ пештар харид кунем, аммо шароит набуд. Имрӯз пойафзол, ашё ва либос гарон шуданд. Аммо кадом роҳ барои пешгирӣ аз афзоиши нархҳо муассир аст? Танҳо ҳамин кор кардан бар рӯи мағзи фурӯшанда. Зеро то онҳо аз ҷиҳати маънавӣ бой нашаванд, нархҳоро гарон кардан мегиранд ба хотири ба даст оварии моддиёти бештар. Аз нигоҳи маънавӣ бой кардани онҳо худ як муаммост.

Абдураҳими УМАРИЁН, журналист

Воқеан дар арафаи иди моҳи шарифи Рамазон тавре ҳамагон шоҳиди ҳол будем нархи маводи ғизоӣ, аз чумла мева ба таври нигаронкунанда боло рафт. Барои мисол худи ман як килограм ангуре, ки қабл аз арафаи ид то 8 сомонӣ буд, 15 сомонӣ харидам. Шафтолу бошад то 40 сомонӣ боло рафт. Дар ин радиф себу дигар намуди мева аз ҳамроҳони худ ақиб намонданд... Бо ҳар вуҷуд мардум онро ҳарисона харидорӣ мекард, зеро ид аст ва бояд дастархони идона пурнозу неъмат бошад. Аз ин ба баъд ман фикр мекунам, ки чунин масрафоти зиёдатӣ, ки ба боло бурдани арзиши маводи ғизоӣ таъсир мерасонад, бояд ба танзим дароварда шавад ва нархҳо на ба таври намоишкорона, балки ба таври воқеӣ аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдор таҳти назорати қатъӣқарор бигирад.   

Константин БОНДАРЕНКО, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон

Аз як тараф ин раванди мӯътадиласт, натиҷаи талабот ва пешниҳоди мол дар бозор мебошад. Дар рӯзҳои идона талабот ба молҳои зарурӣ баланд мешавад вафурушандагон имконияти бонарх иқиммат фурухтани молҳояшонро истифода мебаранд. Ҳамин тариқ онҳо зараре, ки дар вақтҳои оддӣ мебаранд, пур мекунанд. Аз тарафи дигар дар Тоҷикистон ҳоло маданияти хариду фурӯш пеш нарафтааст. Ҳал кардани ин мушкил бо роҳи танзим имконнопазир аст. Бояд ба муносибатҳои бозорӣ мусоидат кард то рақобат ва рушди маданияти пешбарии соҳибкорӣ ба роҳ монда шаванд. Танҳо рақобати тараққикардаистода қобилияти самаранок ҳимоя кардани манфиъати истифодабарандаро дорад. Аммо давлат тез-тез аз як тараф ба рушди рақобат халал мерасонад, аз дигар тараф хоҳиши ҷазо додан ва мустаҳкам кардани танзимро дорад. Ин роҳи сарбаста аст. Ҳамин гуна рафторҳо ҳамавақт ба коҳиши молу маҳсулот оварда мерасонад ва дар натиҷа манофеъи фурӯшанда ва харидор азоб мекашанд.

Эшони Бурҳониддин ХАЛИЛУЛЛОҲ

Албатта барои моҳи рамазону барои ба мактаб рафтан бояд мардум харид намоянд. Вале дар шариъат асосан чизи зиёдатӣ ҳукми риборо дорад ҳаром аст. Агар ним баробар бошад, мумкин аст. Вале дар худамон аз Туркияву дигар ҷоҳо мол меоранду дар болояш 20 баробар нарх гузошта ба фурӯш мегузоранд, ки ин дар шариъат ҳаром аст. Чунончӣ дар вақти ҳазрати Умар (р) агар касе аҳкоми шариъатро намедонист, ӯро дар бозор роҳ намедод. Зеро агар ӯро ба бозор роҳ диҳанд, аз сабабе, ки аҳкоми шариъатро намедонад,  ба роҳи ҳаром мераваду ба мардум зулм мекунад. Тавре паёмбар мегӯяд, бояд бародар бародари муъмин бошаду чизе, ки барои худ меписандад бояд барои бародараш низ бипасандад. Дар моҳи рамазони одам бояд пок шавад. Аммо мо мебинем, ки дар мамлакати худ мардум дар рӯзҳои иду моҳи рамазон ба хурсандӣ мӯҳтоҷ мешаванду аммо хурсандии онҳоро бо ҳамин гаронфурӯшиҳои худ талх мекунанду онҳо дигар хурсандӣ карда наметавонанд. Дар мамолики араб хусусан дар моҳи рамазон савдо вуҷуд надораду ҳама хайру саховат аст. Ҳатто молҳое ба монанди "adidass" - ро барои он ки мардум харанд, то 75% арзон мекунанд. Моли наваш то 50% арзон асту моли кӯҳнаро низ 75% арзон мекунанд то мардуми мусалмон дар рӯзи ид хушҳолӣ намоянд. Молу саховатро байни мардум тақсим мекунанд ва дар Мадина ҳам аз дасти мардум гирифта таъомҳои худро ба онҳо пешниҳод мекунанд. Дар моҳи рамазон ба бозорҳои Тоҷикистон ворид мешавӣ пур аст аз ҳақорат аз ҳар сӯ. Дар маҷмуъ гаронфурӯшӣ дар шариъат вуҷуд надораду ин нишонаи рафтани раҳмат аз дили банда аст. Ҳатто анбошта кардани мол ва дар вақти дилхоҳ фурӯхтани он низ ҳаром аст.Мо худ як кило шафтолуро 20 ва 1 кило пистаро 60 сомонӣ мехарем ва як харбуза то 50 сомонӣ боло рафтааст. Мо ҳам монанди мардум бо чунин нарх мехарем. Роҳи пешгирӣ аз сардорони ҳукумат вобастагӣ дорад то назорат карда ним баробар ва ё 20 баробар афзоиши нархҳоро назорат баранд. Ин бераҳмиву бемеҳрии инсон аст, ки ба бародарони худ гарон мефурӯшад. 
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)