Бахшҳо
31 авг 2012 08:22Иҷтимоӣ

Чаро дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ вуҷуд надорад?

Яке аз аркони сиёсатҳои давлат ин таъмини адолати иҷтимоист, ки ҳукумати Тоҷикистон аз оғози кори худ иҷрои ин сиёсатро ваъдамедод ва акнун бо гузашти 20 сол то куҷо ҳукумати кишвар муваффақ ба таъмини адолати иҷтимоӣ шудааст ва оё метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ вуҷуд дораду ҳифзи иҷтимоии мардум дар сатҳи баланде қарор дорад?

Дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ нест

Яке аз шохисҳои баҳодиҳии адолати иҷтимоӣ сатҳи камбизоатист. Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, ки афроди ба кор машғул буда бояд даромаде болотар аз меъёри камбизоатӣ дошта бошанд ва камбизоатӣ худ чанд ҳудуд дорад. Ҳудуди поинӣ (камбизоатии мутлақ) 1,8 доллар ё 5 сомонӣ барои аъзои як хоҷагӣ дар як шабонарӯз. Ҳудуди дуввумӣ "нисбатан" камбизоат, ки дар як шабонарӯз даромади камтар аз 2,5 доллар. Ҳудуди севвумӣ 4,3 доллар, ин табақаи камбизоат буда даромадаи бештар аз ин афродро ба ин гурӯҳ шомил намекунад. Агар 5 нафар дар як хонавода зиндагӣ кунанд, бояд дар 2 рӯз даромадашон аз 200 сомонӣ бештар бошад. Аз ин поинтар камбизоатӣ ҳисобида мешаваду ба ҳамин хотир одамон кӯшиш мекунанд манбаъи иловагии даромад пайдо намоянд, то ба ин гурӯҳ дохил нашаванд. Профессор Муним Ҳасанов таъкид мекунад: "Нафаронеро, ки аз сабаби беморӣ ва ё пиронсолӣ қобилияти кор кардан надоранд, бояд давлат бо нафақа таъмин кунад ва ё дигар имкониятҳоро фароҳам оварад то онҳо аз сатҳи камбизоатӣ бештар нафақа гиранд. Дар ин ҳангом метавон аз мавҷудияти адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфт. Вале мутаасифона нафақаву кумакпулиҳое, ки гурӯҳҳое аз мардум дарёфт мекунанд, аз ҳадди ҳамон камбизоатӣ бисёр камтар аст".

Иқтисоддонон мегӯянд, ки сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар дараҷаи пасте қарор дораду теъдоди аҳолии камбизоат то 60 дарсад мерасад ва танҳо 5 фоизи мардуми кишвар метавонанд зиндагии хуб дошта бошанд, онҳо ҳам соҳибонии бонку корхонаҳо ва тоҷирони наздик ба ҳукуматанд. Моҳонае ҳам, ки ин 60 фоиз мегиранд ба сабади истеъмолияшон намерасад. Синфи миёна ҳам, ки пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаро таъмин мекунад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Мавҷудияти адолати иҷтимоӣ ва ё таъмин будани мардум аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоиро дар кишвар зиёд будани табақаи мутавассит муаян мекунад. Дар Тоҷикистон синфи миёна ҳамон нафарест, ки моҳонаи аз 3 ҳазор доллар бештар мегирад. Танҳо дар ин сурат имкони тасдиқи мавҷудияти табақаи мутавассит дар мамлакат ҳаст. Вале чунин табақае вуҷуд надорад, ки дар як моҳ 3 ҳазор доллар моҳона дарёфт намояд.
Ҳатто ҳамин мардуме, ки бознишаста мешаванд, давлат бояд онҳоро ҳаматарафа таъмин намояд, вале дар Тоҷикистон худи ҳамон нафақае, ки ба мардум медиҳанд нокофист ва таъминоти иҷтимоӣ монанди табобат вуҷуд надорад. 5 фоизи аҳолии Тоҷикистон гуфта метавонад, ки зиндагии хуб дорад ва 15 фоиз камбизоатии худро рад намояду бигӯяд барои хӯрдан чизе дорад. Аз 80 фоизи боқимонда ҳам 20 фоизаш онҳоеанд, ки барои рӯзгузаронӣ зиндагӣ мекунанд. 60 дарсади мобақӣ мардуме ҳастанд, ки камбизоатанд ва аз ин теъдод 14 дарсад ба фақри шадид гирифторанду бидуни кумаки беруна зиндагӣ карда наметавонанд ва ба ин 14 фоиз камбизоатии шадид Созмони миллалу фондҳои хайриявии байналмилалӣ кумак менамоянд.                                                   

Дигар шохиси баҳодиҳӣ ба адолати иҷтимоӣ ин чигуна тақсим шудани даромадҳост. Дар робита доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, вақте ҳар як шахс ба дараҷаи меҳнат кардан мерасад, хоҳ нохоҳ ӯ аз даромадаш андоз месупорд ва ин маблағ бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ пардохта мешавад. Нишондиҳандаи дуввуме, ки будан ё набудани адолати иҷтимоиро тасдиқ мекунад, ин қонунияти хоси рушди инсон аст ва инсон танҳо дар як давраи муайян метавонад судоварӣ дошта бошад. Ин судоварӣ бояд то 3 давраи зиндагияш таъсир дошта бошад. Муовфиқи қонуни равоншиносон то 21 солагӣ ӯ бояд таълим гирад то замоне, ки судовар шавад ва баъд аз 63 солагӣ мувофиқи қонун истироҳат кунад. Аз синни 23 то 63 наздики 40 сол фаъолият мекунад ва баъди он ки ба нуқтаи судоварии иқтисод расид, 30 соли дигар ӯ ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дораду ин адолат бояд нигоҳ дошта шавад. Аммо дар кишвар падарон ин андозро месупоранд ва худ хароҷоти таҳсилу табобати кудаконро мепардозанд. Дар кулл то вақти меҳнатӣ маблағи пардохтӣ барои ҳифзи иҷтимоӣ равона мегардад.
Оё инмаблағҳое, ки барои таъмини адолати иҷтимоӣ равноа мегарданд, моро ба он мақоми худ мерасонад? Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки ин аз сатҳи фаҳмиши кормандони соҳа, характери ҳифзи иҷтимоӣ доштани давлатдорони кишвар вобастагӣ дорад: "дар баъзе ҳолатҳо мебинем, ки додани маош ба кормандон аз рӯи адолат несту устодони донишгоҳу макотиби миёна маоши хеле паст мегиранд. Агар дар ин ҷо ҳадаф боло бошад, онҳо ҳам бояд маоши баланд гиранд.Ин ноадолатист вақте устод ин қадар заҳмат мекашаду ҳақмузди ночиз мегирад, ки ин таъмини адолати иҷтимоӣ шуда наметавонад ва беадолатӣ дар тақсимоти захираҳо вуҷуд дорад".

Адолати иҷтимоӣ рӯи коғаз аст

Пештар ҳукумат бо мадади созмонҳои байналмилалӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон барномаеро ба мақсади дар ҳар оила ҳисоб кардани камбизоатон ва кумаки молӣ расонидан ба онҳо гузарониданӣ буд, ки дар он маблағе барои онҳо дода мешавад то тиҷорат ё фаъолияти соҳибкориро оғоз кунанд, ҳазинаи ин лоиҳа 1,3 млн. долларро фаро мегирад. Аммо дар кулл оё ҳукумат барои ҳифзи иҷтимоии мардум чӣ қадар ҳазина мекунад ва аслан барномае дар ин самт дорад?
Иқтисоддонон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳатто барои таваллуди фарзанд ва занони бешавҳар маблағе ихтисос намеёбад, ҳол он ки дар дигар кишварҳо барои таваллуди фарзанд то 100 ҳазор доллар пардохт мекунанд.Вале дар Тоҷикистон барои мардуми камбизоат баҳри хариди ғизо ҳам кумак расонида намешавад. Аз ин рӯ дар Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Зеро касе, ки 40 сол барои давлат кор кардаву андози иҷтимоӣ супорида аст, имрӯз наметавонад зиндагияшро аз ҳисоби давлат пеш барад. Ҳуқуқи мардуми бознишаста агар имрӯз дар Тоҷикистон 600 долларро ташкил медод, дар ин сурат мешуд гуфт, ки давлат воқеан дар бахши иҷтимоӣ тавонистааст пешрафте намояд. Аммо нафақаҳои имрӯзаи мардум аз 80 оғоз шуда то 150 ва 200 - 300 сомонӣ фаротар намераваду давлат барномаи дурусте дар ин замина надорад ва ба ҷои он ба сохтани қасру кушок машғул аст.
Аз масоили муҳим дар таъмини адолати иҷтимоӣ ин бо кор таъмин намудани шаҳрвандон аст. Чун дар ин сурат онҳо кор карда ҳар моҳ ба давлат андоз месупоранд ва буҷет ҳам афзоиш меёбаду қисми дигари ҳамин буҷет барои ҳифзи иҷтимоӣ равона мегардад. Инҳо ҳама силсилаест, ки бо кор кардан ва ё накардани мардум дар иртибот аст ва кор кардану моҳонаи хуб доштан мушкилоти зиндагиро кам мекунад. Дар хориҷа кори шахс талаботашро ҷуброн мекунад, аммо дар Тоҷикистон ин тавр нест ва маоши кам фикреро дар зеҳни фард падид меорад, ки барои пули бештар чӣ кор бояд кунад. Ин ҳам нишонаи дигаре аз набудани адолати иҷтимоист.                            

Инчунин барои иҷтимоӣ нишон додани давлат дар Тоҷикистон низоми маорифу тандурустиро бепул унвон мекунанд, аммо оё ҳақиқат чунин аст? Ба гуфтаиТабаралӣ Ғаниев бо вуҷуди сохта шудани сохтмонҳо дар соҳаи маориф, боз ҳам падару модар барои хондани фарзандон пул медиҳанд. Устодони аслӣ ҳам аз дарсдиҳӣ боз мондаанд, дар макотиби миёна низ муаллими солҳои 70 - 80дигар намондааст. Вақте  беадолатӣ дар ҳифзи иҷтимоии коркунони соҳаи маориф мавҷуд аст, пас ҷомеа ҳам худ маҷбур аст барои дониши иловагӣ гирифтани фарзанд устоди алоҳида гирифта ба ӯ маош диҳад. Ба ғайр аз кумаки ҳар моҳаи 50 сомонӣ дар мактаб, маблағҳои дигаре сарф мегардад то фарзанд аз дараҷаи дигаре аз илм огоҳ гардаду оянда дар чорроҳаи зиндагӣ ҳайрон намонад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон аҳвол хеле ташвишовар асту ин бесаводмонӣ худ як хатарест барои ояндаи миллат.
"Дар соҳаи тандурустӣ ҳам вақте мутахассисони пурқуввати мо аз кишвар берун рафтанду табиби касбӣ дар дохил ёфт намешавад, маҷбурем, ки тақдири худро ба дасти табиб бидиҳем ва агар он табиб ҳунари баланд дошта бошад ҳозирем пули илова ба ӯ пардохт намоем, аммо 100 афсус дар дохили Тоҷикистон барои табобати бемориҳои қалб аз дигар давлатҳо омада мераванду аммо табибони мо ба хотири камбизоатияшон ин соҳаро тарк гуфтаанд. Ҳатто дар беморхонаҳои шаҳри Душанбе коратон ғалтад, пизишке ёфт намешавад то ҳадди ақал ташхиси бемории шуморо диҳад.

Як беморро 10 намуди касал меноманду оқибат баъди як моҳи табобат мегӯянд, ки бубахшед шумо ин навъ касал набудед ва бемориятон дигар будаст. Ин нишонаи он аст, ки ба хотири рушд наёфтани соҳа табибони босавод дигар дар ҷумҳурӣ намондаанд. Вақте як корманди соҳаи маориф ё тандурустӣ меҳнат мекунаду маоши ночиз мегирад ва фарзандатон мебинад, ки ҳамсояи шумо як хонаи 3 ошёна месозад, ӯ дигар ба муаллимӣ эътиқодашро аз даст медиҳад ва фарзандашро ҳам ҳечгоҳ намегузорад ба ин соҳа равад. Дар ин ҳол мардум аз рушду хондан мемонанд ва ин барои ояндаи миллат бисёр даҳшат аст. Ҷомеаи рушдёфта лозим бошад, бояд устодону муаллимон аз ҳама маоши болотарро гиранд то рушди инсониро дар ҷомеа таъмин намоянд" мегӯяд, Табаралӣ Ғаниев ва меафзояд:
"80 дарсади ояндаи дурахшони давлат вобаста аз он аст, ки чи касоне дар он кишвар зиндагӣ мекунанд. Оё ин мардум донишманданд, мутахассиси касбиянд ва ё рушд наёфтаанду донишеву ҳунаре надоранд. Имрӯз дар шароити рушди техникиву илмӣ як соҳибҳунар баҷои садҳо ҳазор беҳунар судоварӣ дорад. Аз ин ҷиҳат адолати иҷтимоиро на ҳамчун як моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ, балки сиёсӣ бояд қабул кард чун умри одамӣ кутоҳ аст. Соле дар Тоҷикистон 200 ҳазор кудак таваллуд шавад дар як 10 сола агар ба ин чиз диққат дода нашавад, 1 млн. нафар бесавод мемонанду дар ду 10 сола 2 млн. лашкари бесаводон, ки ҳунари касбӣ надоранд дар ҷомеа ҳамчун истеъмолгар муаррифӣ мешаванд на тавлидгар ва ин паҳлуҳои дигар ҳам дорад монанди беморшавиву наъшамандӣ. Имрӯз андеша бояд кард, ки рушд ёфтани одам бо василаи белу каланд нодуруст аст ва фақат ғуломи асри 21 метавонад дар ин ҳол зиндагӣ кунад. Ҳатто имрӯз дар бахши кишоварзӣ фақат бо белу каланд дигар меҳнат карда наметавонанд ва барои кишоварзиву чорводорӣ ҳам дигар мардуми бесавод нолозиманд ва агар барои саводнокиву соҳибҳунарии фарзандон андеша нашавад, онҳо ба ғулом баробар хоҳанд шуд".

Сабади итеъмолии мардум холист  
Оё имрӯз маошу нафақаи мардум сабади истеъмолии онҳоро мепушонад то битавон аз ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сухан ба миён овард?
Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки ҳамон 360 сомонӣ нафақае, ки устодон мегиранд барои сабади ситеъмолии як одам ҳам намерасад.Ба андешаи номбурда сабади истеъмолӣ имрӯз моҳе аз 60 доллар ҳам зиёдтар асту характери иҷтимоии Тоҷикистон ҳам дигар аст. Чунончи дар як хона 7 нафар зиндагӣ менамоянду танҳо 2 нафар меҳнат мекунанд. Аз 7 нафар ду кас 700 сомонӣ ҳам кор кунанд, ба 7 нафар 100 сомонӣ ва дар 30 рӯз бар сари ҳар як нафар 3 сомонӣ рост меояду 1 доллар ҳам намешавад. Бо 3 сомонӣ ҳатто шикам сер намешавад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2011 сабади истеъмолиро ба сари ҳар як нафар дар 1 моҳ 40 доллар тахмин зада буданд, аммо оё ин дуруст буда метавонад? Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки сабади истеъмолӣ ба 360 сомонӣ ё 175 доллар расидааст.Вале аз онҷое, ки 1 кило гушти гов ба 35 сомонӣ ва ва як халта орд ба 150 сомонӣ расидааст, баҳри рафъи эҳтиёҷоти як нафар бо маводи ғизоӣ дар 1 моҳ минимум 1000 сомонӣ лозим аст.
Пас вақте мардум сабади истеъмолияшонро пушонида наметавонанду ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар дар ҳадди поинест, суоле ба миён меояд, кичаро давлати Тоҷикистонро иҷтимоӣ меноманд? Табаралӣ Ғаниев далели онро ба равона шудани 50 фоизи маблағҳои буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ марбут дониста мегӯяд, ки солҳост чун сохтмони мактабҳову табобатхонаҳо зиёд мегардад, маблағҳои зиёд ҳам барои онҳо ҷудо карда мешавад. Аммо ин бевосита барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маошу нафақа ҳоло ҳам кофӣ нест. Вақте маоши ҳадди ақал 200 сомонист, ин худ якуним халта орд мешавад. Агар дар як рӯз як одам дар Тоҷикистон тахминан 700 грам истеъмол кунаду дар як оила 5 фарзанд бошад, ин маблағ танҳо барои чойу нон мешаваду бас ва ин барои рушди инсон нокифоя шуда дар натиҷа ин гурӯҳи мардум ноқис мемонанду ба бемории ғизоӣ дучор мешаванд. Дар Тоҷикистон мавҷудияти 48 дарсади мардум камбизоат низ ба хотири набудани ҳифзи иҷтимоии онҳост.
Қаблан президент гуфта буд, ки дар ин 20 сол моҳона 200 баробар зиёд шуд ва агар як хориҷӣ бошад пеши худ хоҳад гуфт, ки аҷаб дар 20 сол маош 200 маротиба афзоиш ёфтааст. Вале ӯ ҳақиқатро намедонад, ки агар пештар моҳона 1 сомонӣ буд, имрӯз 200 сомонӣ шудаст.      

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)