Бо ишора ба баргузории нишасти сарони ҷунбиши адами тааҳуд дар Теҳрон, таъкид гардидааст, ки ин нишаст нигаронӣ ва ҳароси Ғарб аз нуфузи рӯ ба рушди Эронро афзоиш додааст.
Нашрияи фаронсавии " Новел Обзерватор" тайи гузорише дар бораи шонздаҳумин иҷлоси сарони адами таъааҳуд дар Теҳрон навишт: “Бо баргузории нишасти NAM дар Теҳрон, нигаронӣ ва ҳароси Ғарб аз нуфузи фазояндаи Эрон афзойш ёфтааст.
Ҳузури намояндагони ҳудуди сад кишвар ва беш аз 30 раисҷумҳур, аз ҷумла раисҷумҳури Миср ва ҳамчунин Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар ин иҷлос метавонад, ин масъаларо исбот кунад, ки Эрон алорағми таҳримҳои ҷомеаи байналмилалӣ, мунзавӣ нест.
Ян Ричард, коршиноси масоили Эрон дар гуфтугу бо ин нашрияи фаронсавӣ дарбораи дурустии ин фарзия эълом кард:" Чаро Эрон худро мунзавӣ бидонад? Қаламрави нуфузи ин кишвар аз Кобул то Димишқ густарда шуда ва аз Бағдод мегузарад, мавқеъи он стротегӣ аст ва таъмини тамомии нафти Аврупои марказӣ ва Қафқоз каму беш ба хостаи ва иродаи эрониён, ки мавриди ҳимояти Русия қарор доранд, бастагӣ дорад.

Эрон ҳамвора равобити худ бо Чин , Русия, Бразил, Венесуэло ва дигар кишварҳои Амрикои ҷанубиро ҳифз кардааст. Баргузории ин иҷлос дар Теҳрон ба вузӯҳ баёнгари ин аст, ки давлати Эрон бо вучуди дар инзиво қарор гирифтан аз ҷониби қудратҳои бузурги ғарбӣ, тавониста равобити худро бо дигар кишварҳо ҳифз кунад. Ман фикр намекунам, ки эрониҳо ин эҳсосро дошта бошанд, ки дар бунбаст қарор доранд."
Вай дар бораи таъсири таҳримҳои иқтисодӣ бар Эрон афзуд:" Ин воқеъият ки банкҳои эронӣ дигар наметавонад бо доллар ва евро муомила анҷом диҳанд, бисёр нороҳаткунанда аст. Таҳримҳо ҳам бисёр шармовар ҳастанд."
Ин коршинос дар идома бо ишора ба сафари раисиҷумҳури Миср ба Эрон, ба унвони нахустин робитаи дипломотӣ байни ду кишвар аз замони гусехтагии равобити онҳо дар соли 1980 то кунун, дар бораи сафари чанд соатаи Муҳаммад Мурси ба Эрон ба манзури таҳвили раёсати ҷунбиши адами таъааҳуд ба ин кишвар, хотирнишон кард: " Ин воқеият ки Мурси нисбат ба аз саргирии равобити Миср ва Эрон алоқаманд аст, муваффақияти бузурге барои давлати Теҳрон маҳсуб мешавад. Миср ва Эрон баъд аз инқилоби Эрон ҳеч гуна робитаи дипломотӣ бо якдигар надоштаанд, фаромӯш накунед, ки шоҳи Эрон ҳам дар Қоҳира даргузашт.Аз суи дигар раисиҷумҳури Эрон бо вусуди изҳороташ алайҳи Исроил дар Миср бисёр маҳбуб аст”.
Ин коршиноси масоили Эрон дар поён дар посух ба ин пурсиш ки " оё ин иҷлос баёнгари он аст ки нақшаҳои геополитикӣ он тавр ки Теҳрон мехоҳад дар ҳоли тағйир аст?" , таъкид кард:" Ҷаҳон дар ҳоли шаклгирии ду ҷабҳаи комилан мухолиф бо якдигар аст ва он ҷабҳаҳои Саъудӣ ва Эронӣ ҳастанд. Ман дар ҳоли ҳозир фикр мекунам, ки эрониҳо ва русҳо мабноро бар муқовимати низомии Башор Асад гузоштаанд ва намехоҳанд ин равобити қаламраве, ки то баҳри Миёназамин пеш меравад, барои онҳо бисёр дорои аҳамият аст, нобуд шавад. Мутаассифона, ман пас аз шунидани суханони ахири Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса дар ҷамъи сафирон, ба ин натиҷа расидам, ки мо дар ҳоли ғарқ шудан дар як мантиқи зидди эронии комилан аҳмақона ҳастем, бе он ки бубинем иттиҳоди инҳисорӣ бо Арабистони Саъудӣ ба бунбаст мерасад.
Дидани шумори зиёде аз салафиҳо дар Димишқ ваҳшатнок аст. Хатар барои Исроил аз Теҳрон намеояд, аз Димишқ аст...Чунон чи мо бихоҳем тавозунро дар минтақа ҳифз кунем, ҳадди ақли манофеи мо, таваҷҷӯҳ ба нуфузи Эрон аст."
Мӯҳр