Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои дарёфти ҷойи кор ва ризқу рӯзии хеш дар Федератсияи Русия ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.
Ахиран, Хадамоти муҳоҷирати Русия эълом дошт, ки аз соли оянда муҳоҷирони ба ин кишвар воридшаванда ба таври ҳатмӣ аз забони русӣ имтиҳон хоҳанд супорид. Дар робита ба ин масъала, Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аснои як сӯҳбат ба Озодагон гуфт, гирифтани иҷозатнома, надонистани забон, мушкили иқомати муҳоҷирон, надоштани ихтисос ва касб аз зумраи мушкилоти асосии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳисоб рафта, аксарияти онҳо баъди гузаштан марзи Русия бинобар надонистани қоидаву қонунҳои ин кишвар дар ҳолати ғайрирасмӣ қарор мегиранд: «Ба ин сабаб, муҳоҷирон ҳамчун вайронкунандагони қонуни ин давлат аз ҳама гуна ҳуқуқу ҳимоя маҳрум мегарданд».
Номбурда бар ин бовар аст, ки агар шаҳрвандони хориҷӣ дар мӯҳлати ҳафт шабонарӯз аз вуруди худ ба Русия ба Хадамоти муҳоҷирати Русия хабар дода, худро ба қайд гиранд, мушкиле дигар нахоҳанд дошт. Ба замми ин мӯҳлати буду бош бо ин санад барои шаҳрвандони кишвари мо се моҳ муайян гардидааст.
Ба қавли Абдуллоҳи Қодирӣ, феълан чанд мушкиле вуҷуд дорад, ки аксари муҳоҷирон наметавонанд, соҳиби асноди зарурӣ гашта, бе монеаъ фаъолият намоянд: «Азбаски ба Русия теъдоди аз меъёр зиёди муҳоҷирон мераванд, ҳамаи онҳо наметавонанд соҳиби иҷозатномаи расмӣ барои кор гарданд. Гузашта аз ин ҷониби корфармо барои насупурдани андози бештар аз коргарони хориҷӣ, муҳоҷиронро ба расмият нагирифта, онҳоро кор мефармояд, ки дар баъзе мавридҳо сабаби фиреб додани муҳоҷирон мегардад. Қаллобон иҷозатномаҳои кориро бо омода кардани санадҳои қалбакиву сохта ва бо нархи гарон (зиёда аз 15 ҳазор рубли русӣ, ё муодили 500 доллари амрикоӣ) мефурӯшанд, ки аксар ба хариди он имкону тавон надоранд. Бинобар ин, муҳоҷирон барои ба қайд гирифтан бо мушкилот рӯ ба рӯ шуда, аксарияташ наметавонанд, ки ҷониби бақайдгирандаро (муассиса ё хонаи шахсӣ) пайдо намоянд ва аз ин ҷиҳат ҳуҷҷатҳои лозимаро аз қаллобон харидорӣ менамоянд. Агар муҳоҷирон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба даст афтанд, ба кормандони полис пул дода, раҳо мешаванд, дар сурати ғайр боздошт ва аз кишвар ронда мешаванд».
Бозорбандӣ ҳам мушкили дигар барои муҳоҷирон аст
Ҳарчанд дар мактабу донишгоҳҳои олии Тоҷикистон таълими забони русӣ ба роҳ монда шудааст, вале аксарияти муҳоҷирони тоҷик ба қадри зарурӣ забони русиро намедонанд. Ин мушкилест, ки сари он ҷиддӣ бояд андеша кард. Абдуллоҳи Қодирӣ мегӯяд: «Дар миёни дигар мардуми кишварҳои собиқи шӯравӣ сатҳи забондонии муҳоҷирони тоҷик дар зинаи паст қарор дорад. Хуб мешуд агар масъулини Вазорати маориф оиди ин масъала диққати махсус дода, доир ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва немисӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд». Ба андешаи ӯ, надонистани забони русӣ тоҷиконро ҳамчун мардуми нодону бефаҳм муаррифӣ намудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дигар мушкилоте, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба он рӯ ба рӯ мешаванд, ин пайдо намудани ҷойи зист аст. Даромади муҳоҷир ӯро имкон намедиҳад, ки манзили бароҳатро иҷора гирад. Ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, барои пасандоз намудани қисми даромад чанд нафар якҷо шуда, манзилеро ба иҷора мегиранд: «Гаронии қимати иҷора ва надоштани даромади доимӣ сабаби "тӯда" зистани муҳоҷирон дар хонаҳо мегардад». Ба назари ин масъули Хадамоти муҳоҷират сабаби ба корҳои каммузд даст задани муҳоҷирони тоҷик, надоштани ихтисос ва касби муайян буда, ин падида вожаи тоҷикро бо истилоҳҳои «коргари кироя», «мардикор», «коргари беихтисос» ҳаммаънно гардонидааст: « Ҳатто дар барномаҳои телевизионӣ ин вожа бо ҳамин маъно аз забони чеҳраҳои маъруфи ҷамъиятии Русия даҳҳо ва аз забони мардуми дигар кишварҳо садҳо маротиб шунида мешавад. Беҳуда нест, ки дар он кишвар кори «заминканиву шикастапартоӣ»(копать - ломать)-ро фақат ба тоҷикон нисбат медиҳанд. Албатта, беҳунариву беихтисосии тоҷикон, чуноне ки меандешанд, хосияти табиияшон набуда, балки фаро нагирифтани донишу касбу ҳунар ва забондонии онҳо дар ватан мебошад».
Бояд қайд намуд, ки на ҳамаи тоҷикон дар хориҷи кишвар аз надонистани забон ва беихтисосӣ азият мекашанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Абуллоҳи Қодирӣ иброз намуд, миёни ҷавонони тоҷик ҳастанд нафароне, ки мустақилона дар шаҳри Маскав биноҳои баландошёни замонавиро сохтаанд: «Ин ҷавонон дар ибтидо дар сохтмонҳо ба ҳайси коргари оддӣ кор мекарданд ва расман соҳиби маълумоти миёна буданд. Тайи чанд сол дар натиҷаи кор дар ин намуди бинокорӣ таҷриба омӯхта, худ устод гаштанд». Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бастани бозорҳо дар Маскав (Черкизовский, Лужники ва ғайра), ки паноҳгоҳу ҷойи кори теъдоди зиёди муҳоҷирон буданд, сабаби бекории онҳо гардид, ки ҷуз аробакашӣ коре аз дасташон намеомад. Номбурда ба ин назар аст, ки аз миёни ин бекорон чандин гурӯҳҳои радикалӣ ташаккул ёфт, ки баъдан «қаҳрамони манфӣ»-и матбуоти даврии Русия гаштанд.
Алишер Зарифӣ
Мӯҳр