Бахшҳо
28 авг 2012 03:32Гузориш

Кори «бепул» дар Кӯлоб

Аниқтараш, Иззат Давлатов, сардори Раёсати молия, бо сабабҳои гуногун  зиёда аз 9 моҳ мешавад, ки ваъда медиҳаду аммо маблағгузорӣ намекунад. Ин дафъа ҳам ваъдаи пардохт кардааст, аммо…

Зафар Давлатов, сармуҳандиси ширкати «Руд» мегӯяд, ҳанӯз соли гузашта табақаи 3-юми бинои коллеҷи омӯзгориро дар шаҳри Кӯлоб таъмиру тармим ва барқарор карда будем. Ба қавли ӯ, сафари райисҷумҳур ба минтақа суръати корҳоро афзоиш дода буд ва аз сохтмончиён тақозо мегардид, ки ҳар чӣ зудтар корро анҷом диҳанд: «Ширкати мо ҳам дар ин маврид ҳар чӣ тавонист корҳоро босифат ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонид. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 115 ҳазор сомониро ташкил дод, ки фармоишгар қисмати зиёди онро пардохт намуд. Аммо чун корҳо ба анҷом расиданд ва сафари кории президент низ сурат гирифт, дигар маблағи боқимондаро, ки 18 ҳазору 640 сомонӣ мебошад,  Раёсати молияи минтақа пардохт кардан намехоҳад. Аниқтараш, Иззат Давлатов, сардори Раёсати молия, бо сабабҳои гуногун  зиёда аз 9 моҳ мешавад, ки ваъда медиҳаду аммо маблағгузорӣ намекунад».

Ба гуфтаи Амирхон Хидиров, сардори ширкати «Руд», боз ҳам дафъаи навбатӣ сардори Раёсати молия ваъдаи пардохти маблағро кардааст, аммо медонем, ки боз фиребамон медиҳанд. Зимнан, Ҳабибуллоҳ Валиев, сардори ширкати сохтмонии «Сайёр» мегӯяд, ки ҳанӯз моҳи марти соли гузашта бо фармоиши ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар қабристони масеҳиёни шаҳр корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд. Вале Бахтиёр Назаров, сардори идораи молияи шаҳр бо баҳонаи набудани маблағ дар буҷа, беш аз яку ним сол аст ҳаққи ҳалоли корашонро намедиҳад. Ба қавли ҷаноби Валиев, тайи ин муддат ӯ зиёда аз 20 маротиба барои гирифтани маблағи корашон, ки ҳамагӣ 16 ҳазор сомонӣ аст, ба Назаров муроҷиат намудааст, вале бенатиҷа: «Ба монанди мо даҳҳо корхонаҳои сохтмонӣ муддатҳои зиёд наметавонанд маблағашонро аз идораи молияи шаҳр гиранд. Дар ин ҳолат, корхонаҳо низ аз пардохти  андози давлатӣ баромада наметавонанд. Наход тайи яку ним сол маблағи кориро пардохт карда натавонанд?  Аммо мо ба хубӣ медонем, ки ягон «тағо» ва ё нафари миёнарав пайдо шавад, маблағгузорӣ низ мешавад».

Суоле кушода боқӣ мемонад: Оё Раёсат ва идораҳои молияи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд, ки ҳаққи меҳнати ташкилоту идораҳои сохтмониро баъди анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ, ки дар аксари маврид ба қавли роҳбарони ин ташкилотҳо масолеҳи сохтмониро ба таври қарз  аз мағозаҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ мегиранд, пардохт нанамоянд?  Ва гузашта аз ин, ба кадом хотир ва бо чӣ ҷурм маблағгузорӣ аз ҷониби идораи молия ба дарозо мекашад, ҳатто пардохти ҳаққулзаҳмати эшон 2 ва 3 сол тӯл мекашад?  Вале аҷибтар боз он аст, ки баъди ҳар санҷишу тафтиш то ҳанӯз ягон ревизор ин камбудиҳоро дар идораҳои молия ошкор накардааст ва бегумон  нахоҳад кард. Ё шояд ин сирри «сирф молиявӣ» аст, ки ревизор медонаду сардорони идораҳои молия?!

Дар ҳамин ҳол, иллати муроҷиат накардани ташкилотҳои сохтмониро ба додгоҳ Валиев шарҳ дода мегӯяд, сохтмончиён аз он дар ҳаросанд, ки «дигар объекти корӣ пайдо карда наметавонанд». Ва танҳо интизори он мемонанд, ки рӯзе маблағҳояшонро идораи молия пардохт хоҳад кард ва ё ягон нафари миёнараве меёбанду маблағашонро мегиранд.  Дар ин сурат, боз ҳам умеди дарёфти иншооти нави корӣ хоҳад монд. Дар акси кор, сохтмончии даъвогари ҳаққи ҳалол, роҳбарони идораҳои молияро хуш намеояд ва дигар ба ҳеч ваҷҳ  «даъвочиро» барои ҳамкорӣ даъват нахоҳанд кард.

Аслиддин Достиев











Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)