Сӯҳбати ихтисосӣ бо сафири Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Мехмет Мунис Дирик
- Мӯҳтарам сафир, равобити байни Тоҷикистон ва Туркияро феълан чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Тавре медонед, Туркия 16 декабри соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро, ки 9 декабри ҳамон сол ба даст оварда буд, ба расмият шинохт ва 29 январи соли 1992 бо кишвари шумо муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд. 22 марти ҳамон сол сафорати Туркия дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти худ оғоз кард. Сафири нахустини мамлакати мо эътиборномаи худро 3 апрел супурд. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия бошад дар шаҳри Анқара 16 октябри соли 1995 ба кори худ ифтитоҳ кард.
Ҳамагон шоҳиданд, ки сафорати мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ фаъолияташро идома медод. То ҳанӯз сафари 9 -умин Президенти Туркия Сулаймон Демирел ба Тоҷикистон дар он давра ба хотир меояд. Ин замоне буд, ки дигар намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ва ширкатҳо осемасар Тоҷикистонро тарк мекарданд. Аз он замон то имрӯз, хушбахтона, муносиботи сиёсии Туркияву Тоҷикистон дар асосҳои дӯстиву рафоқати баробар роҳандозӣ шудааст.
Аз ҷониби дигар, мавқеи мо дар масоили минтақаиву байналмилалӣ, дар маҷмӯъ, бо ҳам мувофиқанд. Бо истифода аз ҳолати мувофиқ мехоҳам зикр намоям, ки иродаи сиёсии ҳарду ҷониб барои тақвияти равобит ва ҳамкорӣ басандагӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ ҳамзамон баҳри субот, рушд ва ваҳдат дар минтақа мусоид меояд. Қобили хурсандист, ки дар баробари муносиботи сиёсӣ ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ низ байни ду кишвар хеле самараноканд. Масалан дар соли 2011 гардиши ҳаҷми савдо бо Тоҷикистон 16 фисад афзоиш ёфта, ба 497 миллион доллар баробар шуд. Аз ҷумла воридот 20% афзуда, 172, 7млн доллари ИМА -ро ташкил дод. Содирот бошад 14% зиёд шуда, ба 324, 3 миллион доллар расид. Ҳамин тавр, Туркия соли гузашта дар рӯйхати кишварҳои шарики савдои хориҷии Тоҷикистон мақоми дуюмро касб кард. Бар илова, дар ин давра Тоҷикистон содироти бештари худро бо Туркия анҷом дод, ки ба ҳисоби фоиз 43,3% -ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми савдои дуҷониба аз ҳисоби миқдори алюминий ва пахтае, ки Туркия аз Тоҷикистон ворид мекунад, тағйир меёбад. Соли 2011 миқдори алюминие, ки аз Тоҷикистон харида шуд, ба 275 миллион доллари ИМА наздик шуда, 85% -и воридоти Туркия аз Тоҷикистонро ташкил дод (соли 2010 он 76% буд). Дар ин давра Туркия аз кишвари шумо ба маблағи беш аз 40 миллион доллар пахта харид, ки ин ба 12% ҳаҷми савдои умумӣ баробар аст (соли 2010 ин рақам ба 21% баробар буд). Аз кишвари мо бошад ба Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни ғизоӣ, либос ва маҳсулоти кимиёӣ ворид мешавад.
Сармоягузории бевоситаи ширкатҳои туркӣ ба Тоҷикистон ба 11,5 миллион доллар баробар аст. Ширкатҳои пудратчии туркӣ дар Тоҷикистон беш аз 30 лоиҳаҳоро амалӣ месозанд, ки ҳаҷми пулиашон наздик ба 435 миллион доллар мебошад. Ҳамзамон бо ин, аз 35 ширкати туркии дар Тоҷикистон фаъол, ки бо сармояи туркӣ дар бахшҳои хизматрасонии пудратӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти қолинӣ, истеҳсоли мебел, ғизо ва савдо амал мекунанд, моҳи апрели соли 2006 ба ҳам омада, Ассотсиатияи соҳибкорон ва саноатчиёни Тоҷикистону Туркия (ТАТСИАД)-ро созмон доданд.
Аз сӯи дигар, Туркия то имрӯз ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздик ба 90 миллион доллар дастгирии молиявӣ ва кӯмаки билоиваз намудааст. Аз ҷумла қарзи "Эксимбанк"-и Туркия, кӯмаки ТИКА ( Раёсати ҳамкорӣ ва рушди Туркия) ва дигар ширкатҳои туркиро дар назар дорем, ки кӯмакҳои худро дареғ надоштаанд. Ба ғайр аз ин, мо иқтидори бузурги ҳамкорӣ дар бахши маорифро дорем. Фикр мекунам ба мо зарур аст, ки ин имкониятҳоро ҳадафмандона истифода намоем. Феълан наздик ба 1000 шаҳрванди Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки дар Туркия маълумоти олӣ бигиранд, омӯзишашонро дар магистратура ва аспирантура ба сифати стипендиатҳои Туркия ё нерӯи худ идома диҳанд. Ҳоло 200 донишҷӯи тоҷик дар кишвари мо таҳсил мекунанд.
Дипломатҳои ҷавони тоҷик ба таври мудовим дар "Барномаҳои таълимӣ барои дипломатҳои ҷавони хориҷӣ", ки аз ҷониби Маркази таълимии Вазорати корҳои хориҷии Туркия баргузор мегарданд, ширкат менамоянд.
Дар назди сафорати Туркия дар Душанбе Маркази омӯзиши забони туркӣ (ТОМЕР) фаъол аст. Дар он 4 муаллим аз Туркия дарс дода, ҳоло беш аз 250 нафар забони туркӣ меомӯзанд, ки ба онҳо пас аз хатм сертификат дода мешавад.
Литсейҳои муштараки тоҷикӣ -туркии фирмаи таълимӣ - тиҷоратии "Шелале" бошанд дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Тоҷикистон 6 литсей ва як Мактаби байналхалқӣ кушодааст. Дар назди ин фирма ҳамчунин хобгоҳи донишҷӯён, маркази компутарӣ ва забономӯзӣ фаъол аст. "Шелале" фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ба роҳ монда, хонандагонро аз синфи 6 қабул мекунад. Хонандагони литсейҳои туркӣ, ки аз соли 1996 теъдодашон аз 3000 нафар зиёд аст, дар озмунҳои байналмилалии зиёде ширкат намуда, барои Тоҷикистон медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии зиёде овардаанд.
Ба ғайр аз ин набояд фаромӯш кард, ки Душанбеву Анқара бародаршаҳр ба ҳисоб мераванд.
- Ташаккур, ки хеле муфассал доираи ҳамкориҳоро шарҳ додед. Бо ин вуҷуд, оё гуфтан мумкин аст, ки айни замон хамаи имкониятхои ҳамкорӣ самаранок истифода мешаванд? Агар не, Шумо сабабро дар чӣ мебинед?-Ҳарчанд равобити дуҷониба қаноатбахш арзёбӣ мегардад, гуфтан душвор аст, ки сатҳи ҳамкориҳои фаъоли иқтисодии байни ду кишвар иқтидори воқеии мамлакатҳоро ифода мекунад. Пеш аз ҳама бояд имкониятҳои нақлиётии байни ду кишварро рушд дод. Махсусан афзоиш додани хатсайри ширкати "Туркиш авиалинии" дар самти Истамбул-Душанбе ба мақсад мувофиқ аст.
Бар илова, аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии реҷаи бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия (соҳибони шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ) на танҳо барои ҳамгироии ду халқ, ҳамчунин барои ҷалби тоҷирони туркӣ мусоидат мекунад.
- Бубинед, дар бахши иқтисод мо танҳо дар бораи ширкатҳои сохтмонии туркӣ дар Тоҷикистон баъзан хабарҳо мехонему бас. Ба андешаи Шумо боз кадом бахшҳое вуҷуд доранд, ки дар муносибати байни ду кишвар метавонанд афзалиятнок ҳисоб ёбанд? - Таҳкурсии муносибатҳои мо бегуфтугӯ дар решаҳои қавии таърихӣ, занҷираҳои фарҳангии ҷомеаҳо ва қаробату муҳаббати ба ҳам ифодакунандаи мардумон ифода ёфтааст. Аз ин рӯ барои мо ҳамаи бахшҳо афзалиятнок ҳисоб меёбанд. Иловатан, тавре болотар ман зикр кардам, иродаи сиёсии ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамкориҳо басанда аст.
- Туркия аксари барномаҳои худро тариқи ТИКА роҳандозӣ мекунад. Мехостам дар бораи ин барнома маълумот медодед…- ӯҳдадориҳои ТИКА (Агентии рушд ва ҳамкории Туркия), ки пеш аз ҳама бо мақсади интиқоли таҷрибаи Туркия дар роҳи рушд ба кишварҳои ҳамсоя ва туркзабон нигаронида шудааст, аз мусоидат ба рушд ва додани кӯмакҳои техникӣ иборат мебошад. ТИКА дар солҳои аввали фаъолияташ бештар ба Қафқоз ва Осиёи Марказӣ равона шуда буд, пас аз соли 2002 ҷуғрофиёи фаъолияташро барои роҳи рушд васеъ намуда, ҳоло ҳамаи кишварҳои Балкан, Шарқи наздик ва Африқоро дар бар мегирад.
Аз лоиҳаҳои муҳими амалинамудаи ТИКА дар Тоҷикистон метавон аз ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ ва пахтакорӣ, корҳои барқарорсозии шабакаи обҳои нӯшокӣ дар ноҳияи Ҳисор, таъмири мактаб дар н. Данғара, азнавсозии як корпуси касалхонаи онкологии кӯдакона дар шаҳри Душанбе ёдоварӣ кард. Ба ғайр аз ин, то охири соли равон дар ин доира хеле пружаҳои муҳими дигар амалӣ хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар доираи барномаҳои таълимии ТИКА дар Туркия барои беш аз 100 нафар мансабдорони тоҷик курсҳои касбии соҳаҳои омор, молия, стандартизатсия, журналистика, туризм, авиатсияи шаҳрвандӣ, нақлиёт, тиҷорати хурд ва миёна таъсис дода шуд. Соли 2006 ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ваксина барои пешгирии касалии сурхчаи кӯдакон пешниҳод карда шуд. Бо ҳамдастии ТИКА ҳамчунин мактаб - интернати деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо маблағи 1, 3 миллион доллари ИМА азнавсозӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Умуман то имрӯз ТИКА дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 12, 4 млн доллари ИМА лоиҳаҳоро амалӣ намудааст.
-То ҷое медонем туризм яке аз сарчашмаҳои асосии буҷаи кишвари шумост. Шумо аллакай медонед, ки дар Тоҷикистон минтақаҳои зиёди туристӣ вуҷуд доранд. Бо ин ҳама теъдоди сайёҳон чандон зиёд нест. Барои рушди ин соҳа аз таҷрибаи Туркия ба мо чӣ тавсияҳо медодед?
-Дар ҳақиқат Тоҷикистон бо табиати зебои худ ва дигар имкониятҳояш метавонад як мамлакати таваҷҷӯҳбарангези туристӣ бошад. Биноан, дар ин бахш асосан ба вуҷуд овардани шароитҳо барои зист ва ҷобаҷокунӣ ва таҳияи тадбирҳо барои мусоидат ба сармоягузорони хориҷӣ зарурат дорад. Ҳамчунин тавре дар боло ишора кардам, зиёд намудани хатсайри тайёраҳо манфиатнок аст.
- Туркия аз ибтидои барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ ба назар мерасад, ки ба бахшҳои маориф ва фарҳанг бештар тамаркуз мекунад. Литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ воқеан ҳам дастовардҳои беназир доранд. Аммо аксарияти таҳлилгарони тоҷик саволеро доим пешорӯ мегузоранд, ки Туркия мақсаднок бахши маорифу фарҳангро интихоб кардаасту намехоҳад имкониятҳои иқтисодии кишварашро дар Тоҷикистон истифода кунад. Шумо ба ин гуна масъалагузорӣ чӣ гуна посух медиҳед?
- Посухи ман ба пурсишҳои қаблӣ бепоя будани ин гуна иддаоро нишон медиҳад ва онҳое ки чунин масъалагузорӣ мекунанд, нияти хуб надоранд. Ё ҳади ақалл ин гуна одамон ба умқи муносиботи ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Туркия сарфаҳм намераванд. Аз ин рӯ, аз Шумо барои саволатон миннатдорам ва аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар таъкид менамоям, ки таҳкурсии равобити байни ду кишвар решаҳои амиқи таърихиву фарҳангӣ дорад.
- Охирин хабаре, ки дар Тоҷикистон вобаста ба Туркия паҳн шуд, ин манъи филмҳои туркист, ки воқеан ҳам бинандаи зиёде доштанд. Аммо, масалан сафорати кишвари шумо ҳатто як маротиба ҳам дар ин бора изҳоре накард. Оё гуфтан мумкин аст, ки Шумо ба мавқеи ҳукумати Тоҷикистон мувофиқ ҳастед?
- Бо Тоҷикистон моро осори фарҳангии шахсиятҳои бузурге чун Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ пайванд медиҳад. Қобили хурсандист, ки дар кишвари шумо филму сериалҳои туркиро бо таваҷҷӯҳи зиёд тамошо мекунанд. Ҳарчанд мамлакатҳои мо дар масофаи дури ҷуғрофӣ қарор доранд, аммо ин филмҳо дӯстиву бародарии халқҳои моро таъмин карда, барои шиносоии мардуми тоҷик бо халқи турк мусоидат мекунанд. Дар баробари ин дар ҳар кишвар салоҳият ва ӯҳдадориҳое вуҷуд доранд, ки назорати филмҳоро дар назардошт бо махсусияти миллӣ ва қонунгузории байналхалқӣ таъмин менамоянд. Айни замон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ягон қарори манъкунандаи филму сериалҳои туркӣ вуҷуд надорад. Сухан танҳо дар бораи пешгирии 3 -5 филме меравад, ки дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд дошта бошанд ҳам, аз нигоҳи сифат ва қонуният ба меъёрҳо мувофиқ нестанд. Ин тадбир бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва барҳам задани фиреби тамошочиён гирифта шудааст.
Мусоҳиб Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр