Интифоза
Пас аз руй кор омадани ҳукумати дурӯғини Исроил ки бо ҳимоятҳои бедареғи қудратҳои истеьморӣ рух дод, қиёмҳои бисёре аз сӯй Фаластиниён ба вуқуь пайваст, ки метавон аз миёни онҳо ба ҷадидтарини онҳо ки интифоза бошад ишора намуд.Интифоза ё ҳамон инқилоби санг ҷунбиши навин ва зиди саҳюнистӣ аст ки бо имконоти кам ва дар посух ба шикасти милигароии арабӣ ва иқдомоти саркубгароёнаи саҳюнистҳо ба вуқуь пайваст.Дар таьрихи муосири Фаластин ҳеч гоҳ ҷунбише ба густардаги ва пойдории интифоза ба сабт нарасида аст. Интифоза дар ҳақиқат ҳаракате аст худҷӯш ва муборизае аст аз дарун, ки ба мурур ба инқилоб мегарояд.Интифозаи мардуми мусулмони Фаластин тавонист дар мудати кутоҳ зарабҳои ҷуброн нопазире бар пайкари Исроил ворид кунад ки метавон ба мавориди зайл ишора кард:1- Адами тавонойи Исроил дар саркуби муасири қиём боиси гаройшҳои тарафдори сулҳ дар миёни яҳудиён гардид.2- Равишҳои саркубгароёнаи Исроил дар бархурд бо ин қиёми мардуми ва ғайри мусалаҳона, фишори афкори умуми ҷаҳонро барои Исроил ба армуғон овард ва бори дигар машруияти Исроилро зери савол бурд.3- Ихтилоф ва шикоф дар миёни тасмимсозони режими саҳюнистиро ифзойш дод.4- ҳазинаи газофро бар уҳдаи саҳюнистҳо таҳмил кард; ба гунае ки ҳазинаи ҳар рӯз саркуб чизе болиғ бар як милиёну шашсаду панҷоҳ ҳазор доллар тахмин зада шуд ва коҳиши пули Исроил, таназзули тавлиди нохолиси миллӣ, зарбаи туризм, афзойши сатҳи бекорӣ ва афзойши сатҳи ҳазинаҳои низомиро бар Исроил таҳмил намуд.Дар натиҷаи ин масоил, Исроил бо худгардонии бахше аз сарзаминҳои ишғоли мувофиқат намуд ва пазируфт бо Соф(Созмони озодибахши Фаластин) вориди музокира шавад ва ба ин васила бархе аз аҳдофи Фаластиниён ки дар тули солҳо орзуе беш талақӣ намешуд, ба ҳақиқат пайваст. Гуфтани аст интифоза аз соли 1987 мелоди шуру гардид ва дар даври ҷадиди худ ки ба интифозаи масҷиди Ал-ақсо машҳӯр гардида аст, ҳамчунон пӯё ва сарзинда ба мубориза идома медиҳад.
Гуруҳҳои сомондиҳандаи Интифоза
Муҳимтарин гуруҳҳои сомондаҳандаи Интифоза, ду ҷунбиши ҷиҳоди исломи Фаластин ва Ҳамос мебошанд ки ҳар ду таҳти таьсири ҷунбиши Ихвон-ул-муслимини Миср аз авохири даҳаи бисти асри бистум, фаъолияташро ба Фаластин густариш дод ва пас аз он саҳми умда дар муборизоти зидди саҳюнистӣ ба худ ихтисос дод; аммо ба мурур аз саҳнаи муборизоти сиёсӣ ба ҳошия рафт ва бар кадрсозӣ ва фаьолиятҳои омузишӣ ва фарҳангӣ таькид намуд. Ҳамин амр ба тадриҷ боиси ҷудоии ҷавонони инқилобӣ аз он шуд.
1. Ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин
Ин ҷунбиш ки дар забони араби "ҳаракат ал -ҷаҳод ал- исломи фи Фаластин" хонда мешавад, нахустин иншиьобот аз Ихвонулмуслимини Ғазза ба шумор меравад. Ин ҷудоӣ ба раҳбарии доктор Фатҳи Шақоқӣ дар соли 1980 ба вуқуь пайваст ва таҳти таьсири инқилоби исломии Эрон ба таблиғи шиори "Фаластин минҳой ислом ва ислом минҳои Фаластин" пардохт ва бо баҳраҷуӣ аз ҳувияти исломӣ бар ҷиҳоди исломи ки равиши исломи дар баробари таҷовуз аст пой фишурд.Дар ҳар ҳол агарчи ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ бо интихоби ин равиш саҳме дар таваллуди Интифоза дошт, аммо худ таҳти таьсири ин ҷунбиш қарор гирифт, ҳаминак низ ин ҷунбиш пас аз шаҳодати Фатҳи Шақоқӣ дар Сурия ба раҳбарии доктор Рамазон Абдулло ба ҳаракати хеш идома медиҳад ва дар ҳамсуйии ошкор бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз ҷунбишҳои пешгом дар судури андешаи инқилоби исломӣ ба муборизаи худ идома медиҳад.Бар ҳар ҷиҳат ҷунбиши ҷиҳоди исломиро метавон ҳаракате дар баробари "муборизаи бидуни ислом ва исломи бидуни мубориза" ба шумор овард ки таҷрибаи муваффақро пушти сар ниҳода аст.
2. Ҳамос
Ҳамос мухаффафи " Ҳаракати ал-муқовимат ал-исломия фи Фаластин" мебошад ки дар соли 1987 мелоди пас аз ҳафт сол аз таьсиси ҷунбиши ҷиҳоди исломи таьсис гардид. Ҳамос дар воқеь ҳамон Ихвон-ул-муслимини Фаластин аст ки дар бознигарии ҷадид ба шеваҳои нав руй меоварад ва бар ҷанбаҳои дигари дин монанди ҷиҳод таькид мекунад ва дар марҳалаи такомули дар пайи ба коргирии неруҳои хеш дар арсаи ҳаёт муборизоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ бар меояд, ҳар чанд дар ин миён низ ҳамчунон бар руйкарди фарҳангӣ.
Мӯҳр