Бар асари ду садамаи нақлиётӣ ду нафар ҷони худро аз даст доданд.
Тавре Қудратулло Шоев, бозраси шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи БДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, санаи 28-уми июн автомашинаи тамғаи «МУСО» таҳти идораи Ашӯров Абдулатиф аснои ҳаракат дар рустои деҳаи «Хоҷахон»-и ҷамоати «Калининобод» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа мусофири дохили он Бунёд Неъматови 24 -сола ба ҳалокат мерасад.
Ба ҳамин монанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи автамашинаи тамғаи «ЗИЛ 5511» Шокирҷон Камолов, зимни ҳаракат дар ҳудуди деҳаи «Ҷавонон» пиёдагарди ноболиғ Курбонбег Саломови 11 -соларо зер мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷумҳрӣ 7 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, 2 нафар ҷони худро аз даст дода, 6 тани дигар ҷароҳотҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаҳо интиқол дода шуданд.