Бахшҳо
10 авг 2012 04:03Сиёсат

Ҳамоиш ба хотири кафолати шафофияти интихоботи президентӣ

"Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" ҳаракатест, ки ахиран тасмим гирифтааст таърихи 30-юми август дар шаҳри Душанбе ҳамоише баргузор намояд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш кафолати интихоботи шаффофи президентӣ дар соли 2013 арзёбӣ мегардад. Қиёмиддин Шоев, раҳбари ин ҳаракат дар Душанбе мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд дар ин рӯз ба ҷузъ аз тарафдорони ҳаракат, ҳамчунин рӯзноманигорон ва созмонҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ гирди ҳам оянд. Қарор аст ҳамоиши мазкур аз соати 09-00 то 13-00 баргузор гардад. Дар ин бора сафҳаи ҳаракат дар сомонаи иҷтимоии "Facebook" хабар медиҳад. Аммо масъулин ҳоло макони баргузории ин чорабинии сиёсиро дақиқ накардаанд. Ба гуфтаи Қиёмиддин Шоев, то имрӯз "Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" расман сабти ном нагардидааст, аммо то 30-юм ин масъала ҳали худро хоҳад ёфт. Дар сурати иҷро нагардидани дархости онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор, қарор аст ҳамоиш аз номи дигар созмон доир гардад.

ТАҶРИБАИ ТАЗОҲУРОТИ СИЁСӣ ДАР ТОҶИКИСТОН

"Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" дар ҳоле аз баргузории ҳамоиш хабар медиҳанд, ки то имрӯз ҳизбҳои сиёсии кишвар дар ин маврид ҷиддӣ мавқеъгирӣ накардаанд. Гузашта аз ин аз таҷрибаи маъракаҳои сиёсии кишвар метавон гуфт, ки ҳатто дар сурати мавқеъгирӣ, ҳизбҳо баъди интихобот ба ваъдаашон иҷро намекунанд. Барои мисол интихоботи парлумонии соли 2010 ва натиҷаи он. Қабл аз интихобот ҲНИТ ваъда карда буд, ки дар сурати тақаллуб дар бозшумории райъи мардум аъзо ва тарафдорони ҳизби худро ба хиёбон хоҳад баровард. Аммо, ин амал анҷом наёфт. Ҳарчанд, тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилали ва коршиносони инфиродӣ дар интихоботи мазкур ҲНИТ бештар аз 40 дарсади ороро касб карда буд. ҲУСДТ низ бо вуҷуди "ҳизби ҳуқуқшиносон" унвон шуданаш, барои дифоъ аз ороҳояш дар интихоботи соли 2010 натавонист кореро анҷом дода, муваффақ гардад. Дар мавриди ҳизбҳои дигари сиёсӣ ҳоҷати гап нест. Пас, инҷо суоле матраҳ мешавад, ки як ҳаракати сабти ном нагардида, чӣ гуна метавонад ваъдаи худро амалӣ намояд. Оё барои баргузории ҳамоиш дар Тоҷикистон мардум омода ҳаст? Зеро давоми 15 соли охир боре нашудааст, ки дар Тоҷикистон гирдиҳамоие бо ҳадафҳои сиёсӣ баргузор ва амалӣ гардида бошад.

"ҶУНБИШИ МИЛЛӣ" МУВАФФАҚ МЕШАВАД?

Дар ҳамин маврид, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегӯяд, ки ҳаракати ҷадиди сабти ном нашуда ҳам аз баргузории ҳамоиш танҳо як мақсад дорад. Ин ҳам бошад бо чунин роҳ муаррифӣ намудани ҳаракат миёни шаҳрвандони Тоҷикистон аст.
"Беҳтар буд, агар қабл аз баргузории ҳамоиш раҳбарони "Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" бо гирифтани иҷозат ҷомеаи шаҳрванди ва коршиносонро бо барномаҳояш ошно мекард. Аммо ин ҳаракат ҳоло роҳи дигар интихоб кард. Албатта, даъвои таъмини шаффофияти интихоботи президентӣ хуб аст, вале дар ҷомеаи тоҷик ин як мушкили хеле вазнин мебошад", мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов. Оё ин ҳаракат ба даъвоҳояш содиқ мемонад ё на, инро танҳо вақт нишон хоҳад дод. Сабаби аслии эътимод надоштан ба баргузории ҳамоишро, раҳбари АМСТ дар вазъияти 15 соли охир арзёбӣ мекунад. Мафҳуми "ҳамоиш" барои мардуми Тоҷикистон бегона нест. Вале мутаасифона, аксарият бар ин назаранд, ки гурӯҳи тазоҳуротгарон танҳо як ҳадаф доранд, ки он ҳам халадор кардани амнияти ҷомеа. Ҳарчанд дар асл, таъмини ҳаёти хуби сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ мақсади ҳамагуна намоишҳои эътирозӣ мебошад. Абдулғанӣ Маҳмадазимов бар ин назар аст, ки ҳаракати "Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" бояд қаблан барномаҳои худро ошкоро ба мардум муаррифӣ намояд. Номбурда мегӯяд, ки роҳи пешгирифтаи ҳаракати ҷадид бозгӯйи он аст, ки "Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" бештар сару садо баланд мекунад, то кореро анҷом бидиҳад.  

ХУРДТАРИН ИШТИБОҲ ДАР ТАЗОҲУРОТ ВАЗЪИЯТРО НООРОМ МЕСОЗАД

Ин ҳам дар ҳолест, ки Парвиз Муллоҷон мегӯяд вазъият дар Тоҷикистон ва минтақа хеле ҳассос буда, баргузории ҳама гуна ҳамоиш метавонад бо пайомадҳои дигаре анҷом ёбад. Ҷаноби Муллоҷонов бар ин бовар аст, ки воқеаҳои Хоруғ ва вазъияти Афғонистон сабабгори аслии дар марҳилаи ҳассос қарор гирифтани Тоҷикистон мебошад.
"Албатта, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд фикру андешаи худро дар робита ба сиёсат ва вазъияти Тоҷикистон ба таври озод баён намоянд. Аз ин хотир ҳар гурӯҳе, ки имрӯз даъвои баргузории ҳамоишеро дорад, қабл аз ҳама бояд масъулиятшинос бошад. Зеро вайрон сохтани субот дар ҷомеа кори осон буда, барқарор кардани он басо мушкил мебошад", гуфт Парвиз Муллоҷонов.
Пурсиши дигар ин аст, ки агар ҲНИТ бо ин нерӯ, тавон, имконият ва таҷриба аз баргузории намоишҳои эътирозӣ даст кашид, пас  як ҳаракати тозатаъсис, ки ҳанӯз расман сабти ном нашудааст, чӣ гуна метавонад ба ҳадафҳои худ бирасад? Дар посух Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки ҲНИТ масъулиятро дар он маврид эҳсос намуд. Аммо ин ҳаракат таҷрибаву имконият надорад. Шояд онҳо таҳлил накардаанд, ки ҳатто намоишҳои хурдӣ оммавӣ дар марҳилаи феълӣ метавонад ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонад. Дар робита Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ки дар оғози соли 2012 бар ин назар буд, ки интихоботи президентии соли 2013 бидуни мушкилоти ҷиддӣ баргузор хоҳад шуд.

"Аммо ин ҳаводиси Хоруғ, мубориза бо қумондонҳо, авҷи фасод, камбизоатӣ вазъият ва бардоштро дигар кард. Ин ҳама аломати он аст, ки интихоботи президентии соли 2013 бо рақобати шадид сурат мегирад. Ягона роҳи таъмини шаффофияти интихоботи президентӣ ин фаъол будани ҷомеаи шаҳрвандӣ аст". раҳбари АМСТ дар идома гуфт, ки маъмулан ҳизби ҳоким имокниятро бар фоидаи худ истифода мекунад. Ҷониби мухолифин бошад, бо дар назардошти ҳассосияти вазъият аз иқдомҳои ҷиддиаш худдорӣ мекунад. Аз ин хотир ягона умед бар ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ин навбат ҷомеаи шаҳрванди тамоми назорат аз баргузории интихоботи президентӣ ва натиҷаи онро бояд бар зимма бигирад.

Таҳлилгарон аз он нигаронӣ доранд, ки барои рақобат имконияти ҷонибҳо дар Тоҷикистон баробар нест. Тавре маълум аст, ҳизби ҳоким аз вазъияти мавҷуда ва тамоми захоири давлатӣ барои тарғиби идеологияаш истифода мекунад. Ҳол он, ки барои истифода аз имокониятҳои давлативу молӣ бояд ҳизбҳо баробар бошанд. Гузашта аз ин, барои каме мусоид намудани фазои интихоботи президентӣ баъзе аз санадҳои ҳуқуқӣ низ вуҷуд доранд. Вале, агар рақобати ҳизби ҳоким бо мухолифин сурат бигирад, пас он дар ҳеч чаҳорчӯбае ҷойгир нахоҳад шуд. Борҳо шоҳиди он будем, ки рақобати номзадҳо ва гурӯҳҳо барои ба даст овардани боварии мардум солим баргузор намешаванд. Ва барои ислоҳ кардани он ҳеч як нома ва изҳороту нотаи давлат ва созмони байналмилалӣ ҳам ёрӣ нарасонидааст.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)