Бахшҳо

Ҳалолат бод, Мавзуна!



Рӯзи 6-уми август телефони ҳамроҳам ором нагирифт. Дӯстону пайвандон, наздикон, ҳамсабақҳо ва ҳар ки шумораи мобайли маро медонист, дар фурсати барояш мувофиқ тамос гирифт. Манзили электрониям ҳам моломоли паёмакҳо шуд. Бе муболиға давоми 24 соати рӯзи 6-уми август беҳтарин таманиёту хуштарин ҳарфҳои табрикиро шунидам… Аммо беҳтарин тӯҳфаро ба зодрӯзам Мавзуна Чориева аз Лондон тақдим дошт. Бовар намекунед?


Бори нахуст дар таърих сабқати муштзанӣ миёни бонувонро вориди барномаи Бозиҳои олимпӣ карданд. Тоҷикистон ҳам барои ширкат дар ин навъи варзиш намояндаи худро фиристод. Мавзуна Чориева, ки масъулияти бардоштани парчами Тоҷикистонро дар расми ифтитоҳи 30-юмин олимпиада дошт, сабаб шуд, ки байрақи ҷумҳурии моро бори дигар дар Лондон боло бардоранд. Ҳанӯз аз қабл, коршиносони бахши варзиш шонси Чориеваро барои соҳиби медали олимпӣ шудан мусбат арзёбӣ мекарданд. Таҳлилу пешгӯии онҳо дуруст баромад. Аввалин муваффақияти варзишгарони тоҷик дар Лондон ба номи Мавзуна навишта шуд. Нахустин медали олимпиро аз 30-юмин олимпиада ба Тоҷикистон ӯ тақдим кард. Аммо ҳоло дақиқ нест, ки ин нишон аз кадом навъи метали ранга аст-биринҷӣ, нуқра ё тилло? ӯ ҳадди аққал медали биринҷиро соҳиб аст, вале имкон дорад, нуқра ва тилло ҳам ба даст орад.. Нишони биринҷӣ барои Мавзуна бегона нест. Баҳори имсол дар сабқати қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занҳо (Чин) зинаи сеюмро касб кард.

Мавзуна Чориеваро дар Тоҷикистон ҳама дӯст медоранд. Ҳам нафароне, ки боксро меписанданд ва ҳам афроде, ки умуман ба ин варзиш дилбастагие надоранд. Рақобатҳои ин варзишгарбонуи 19 сола дар Лондон аз даври чорякниҳойӣ оғоз шуд. Қади баланд ва сину соли бузургтари ҳариф натавонист монеи комёбиҳои ӯ шавад. Мавзуна аз Ченг Донг, муштзани чинӣ шаш сол хурдтар ва қадаш 17 сантиметр пасттар буд. Онҳое, ки аз бокс чизе мефаҳманд, медонанд, ки қади баланд барои боксчӣ имтиёз аст. Аммо Чориева имтиёзҳои худро дошт-боварӣ, талош ва рӯҳи шикастнопазир. Ҳамин буд, ки барандаи  дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум), ғолиби Бозиҳои осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин (2010) ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2012, Уланбатори Муғулистон) ноком гардид. Доварон натиҷаи чор раунди рақобатҳои Мавзуна ва Донгро чунин баҳогузорӣ карданд: 2:2, 2:1, 4:3, 5:2, ҷамъ  13:8. Тибқи қавоиди Бозиҳои олимпӣ ғолибони даври чорякниҳоӣ, ки ба нимфинал мебароянд, ҳадди ақал медалҳои биринҷиро соҳиб мешаванд.

Дар қисмати нимфинал муштзани тоҷик бо қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон ба ринг мебарояд. Мавзуна бо ин ирландидухтар ҳисоби худашро дорад. Моҳи майи ҳамин сол маҳз Кэти Тейлор нагузошт, ки муштзани тоҷик ба даври ниҳойии мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки дар Хитой сурат пазируфт, роҳхат бигирад. Акнун, Мавзуна имкони хубе дорад, ки Тейлорро дар чунон як вазъияте бигузорад. Аллакай Мавзуна ҳамроҳи устодаш- Мирзо Шамсиев, ки мисли падараш ба вай ғамхорӣ мекунад, наворҳои рақибашро тамошо карда, нозукӣ ва камбудиҳо ӯро меомӯзанд. Худо хоҳад, ин навбат Мавзуна Тейлорро бо медали биринҷӣ ба Ирландия фиристода, худаш барои нишони тилло муборизаро давом медиҳад. Ногуфта намонад, ки қувваозмоии Мавзуна ва Тейлор имрӯз, 8-уми август соати 18:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Бо дастҳои бар дуо назди оинаи нилгун мешинем ё ҷараёни сабқатро аз расонаҳо назора мекунем. Иншоанлоҳ, Мавзуна муваффақ мешавад!   

Мавзуна Чориева баъди нокомиҳои паёпайи варзишгарони тоҷик дар Лондон шӯълаи умедро дар қалбҳо барафрӯхт. Новобаста аз натиҷаи рақобати навбатӣ ӯ барои Тоҷикистон аввалин медали олимпии Лондонро тақдим кард. Шояд ин нишон роҳи паҳлавонҳои дигари тоҷикро, ки ҳанӯз вориди рақобатҳо нашудаанд, барои мувааффақият ҳамвор мекунад. Ба ҷуз ӯ шаш варзишгари дигари тоҷикистонӣ барои нишони олимпӣ мубориза мебаранд. Коршиносони варзиш мегӯянд, Юсуф Абдусаломов, ки дар риштаи гуштии озод (вазни то 84 кг) вориди рақобат мешавад, имкони хуби пирӯзиро дорад. Воқеан, Юсуф аз олимпиадаи Пекин дар соли 2008 медали нуқра оварда буд. Ҳамчунин, дар ҳамин навъи варзиш аз Зелимхон Юсуфов (вазни то 66 кг) низ умедҳо зиёд аст.
Аммо паҳлавонҳои дигар- Фарҳод Неъматову Алишер Гулов (таэквондо), Николай Ноеву Искандари Рустам (гуштии тарзи озод) ҳам аз варзишгарони бомаҳорате ҳастанд, ки ҳатман барои дасовардҳояшон дуо хоҳем кард.     

Ҷои хотирасон кардан аст, ки 16 варзишгари тоҷик ба дарёфти роҳхати олимпии Бозиҳои Лондон-2012 мушарраф гардиданд. Аммо то имрӯз бахт ба рӯи Сергей Бабиков (тирандоз), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов (бокс), Расул Боқиев, Парвиз Собиров (дзюдо), Катерина Измайлова (шиноварӣ), Дилшод Назаров (гурзандозӣ) ва Владислава Овчаренко (давидан) нахандид. Ба ҷуз Расул Боқиев, ки ду даври авали қувваозмоиҳояшро бар нафъи худ анҷом дод, варзишгарони дигар дар нахустин даври қувваозмоиҳо ноком шуданд. Умед аз Расул зиёд буд, аммо бештари онҳое ки ду рақобати дигари ӯро (барои вуруд ба даври чорякниҳойӣ ва баъди нокомӣ барои медали биринҷӣ) тамошо кардаанд, мегӯянд, бо айби доварон паҳлавони тоҷик аз идомаи мусобиқот маҳрум гардид. Ёдовар мешавем, ки Боқиев аз Бозиҳои олимпии Пекин медали биринҷӣ оварда буд.

Дар пасманзари ҳамаи ин шикастҳо, нахустин пирӯзии бонуи муштзани тоҷик дар олимпиадаи Лондон миллионҳо қалби тоҷику тоҷикистониро аз фараҳ лабрез кард. Хабари ғолибияти ӯ дарҳол ба расонаҳо рехт ва дар ҳалқаи фавҷ-фавҷи табрикоту таҳсину офарин қарор гирифт. Зимнан, вақте дар саҳифаи иҷтимоии «Фейсбук» аз пирӯзии Мавзуна Чориева менавиштанду барои муваффақиятҳои баъдияш дуо мекарданд, пешниҳод шуд, ки новобаста аз натиҷаи дигари сабқатҳо рӯзи ба Ватан баргаштани варзишгарони тоҷик аз Лондон бо гулу гулдаста пешвозашон фурудгоҳ биравем. Гумонам, пешниҳоди ноб аст. Ширкат дар олимпиада аллакай ифтихор аст ва ин ифтихор бояд бо муҳаббати самимии ҳаводорони варзишгарон қадр шавад. Чӣ гуфтед?


Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)