Бахшҳо
08 авг 2012 05:39Гузориш

Ёди некон…

Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯзҳо ба синни 60 мерасид. Оре, оре сухан дар бораи Имомназари Холназар, адиб ва журналисти тавонои тоҷик меравад. Насибҷон Амонӣ, шарикдарс ва дӯсти ӯ дар бораи рӯзу рӯзгори ҳаҷвнигори маъруф қисса мекунад…

Имомназари Холназар аз ҷумлаи адибони ҳаҷвнигори шинохтаи  тоҷик аст ва қудрати сухани пур аз танзу хандаҳои гиряолудаш дар китобҳояш “Ҳар киву ҳар чи”, “Ман ҳамин хел одам”, “Боре набувад гаронтар аз ор”, “Аз хандая мемурӣ” ва “Аҷаб замонаҳое...”  ба гунаи рӯшан намудор аст. Ин адиби шинохта ва рӯзноманигори саршинос,  агар умр вафо мекард, имрӯзҳо ба синни мубораки 60 солагӣ мерасид. Вале Имомназар аз ҷумлаи суханварони ангуштшуморест, ки  на танҳо аз хеш сухан ёдгор гузошт, балки басо озод зиста, озод ин ҷаҳонро падруд гуфт ва бо кору номи некаш дар ёди ҳазорон нафар боқӣ монд.
Мо ёди ин ин адиби шинохта ва инсони наҷибро гиромӣ дошта,  хотироти   Насибҷон Амонӣ-журналист ва дӯсти наздики Имомназари Холназарро чун меҳрномаи ӯву дӯстдорони осораш пешкаши шумо мекунем.

Имоми назаркардаи мо

Мову Имомназар дар донишгоҳ шарикдарс будем. Вале , агар гӯям, ки дӯстии мо дар овони донишҷӯӣ оғоз гардида буд, чандон ба воқеият дуруст намеояд. Мо бо ҳамдигар, чун бо даҳҳо шарикдарсон ва шиносҳоямон  муносибати нек доштем, вале ин муносибат он ҳангом  ба дӯстии  ҳақиқӣ нарасида буд. Зеро дар он айём мо зиндагии орому осуда ва бидуни мушкилоти ҷиддӣ доштем ва чунин мепиндоштем, ки ҳамаи онҳо дӯстонанд. Вале лаҳзаҳои душвори зиндагӣ пасон моро андарзе дод, ки ба фармудаи Шайх Саъдӣ  “дӯстон дар зиндон ба кор меомадаанду дар сари хон ҳама дӯст менамудаанд”... Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1975 ҳам ҳамоно муносибати некхоҳонаи мо идома кард.  Ман дар маҷаллаи кӯдакон “Машъал” фаъолият доштаму ӯ дар рӯзномаи ҳизбии “Тоҷикистони советӣ”. Солҳои 90 -уми садаи гузашта ман сардабири нашрияи озоду мустақили “Сухан” шудаму Имомназар нашрияи Ҳизби демократи Тоҷикистон  “Адолат”-ро поягузорӣ кард. Мегӯянд,ки лаҳзаҳои душвори зиндагӣ одамонро ба сараву носара ва неку бад зудтар ҷудо мекунад ва меҳру муҳаббат ва дилсӯзиву рафоқат ва дардошноӣ маҳз дар чунин гоҳҳо дӯстони ҳақиқиро зудтар падид меорад. Дӯстии мову зиндаёд Имомназари Холназар маҳз зодаи чунин лаҳзаҳои душвори зиндагиамон буд...

Қадри некиро некон медонанд...

Пас аз оғози нооромиҳо  дар солҳои аввали 90-и садаи гузашта  дар Тоҷикистон  мондани мо, намояндагони аҳзоб ва ҷунбишҳои озодихоҳ ва мардумсолор( демократ) хатари ҷиддие ба ҷонамон дошт. Аллакай баъзе аз ҳампешагону  ҳамандешони мо аз дасти силоҳбадастони Фронти халқӣ ва зархаридони ӯзбакистонӣ кушта шуда буданд. Ва Имомназар бо сад азоби алиме ва ёрии дӯстон аз Тоҷикистон худро берун кард ва дар шаҳри Маскав  паноҳанда шуд. Ман аз ин воқеа огоҳ шуда, ду- се бор аз ҳоли  фарзандон ва ҳамсараш, ки низ шарикдарсам буд, хабар гирифтам ва гуфтам, ки агар ягон ёрие зарур бошад, бирасонам...Ҳарчанд бо ин ман кори арзишмандеро ҳам барои хонадони Имомназар накардам, вале ӯ онро  чун дастгирии  бузурге пазируфта, пас аз гузашти солҳо  аз ин воқиа бароям чунон ёриву ғамхорӣ намуд, ки он на танҳо ба зиндагии пасини  ман, балки ба сарнавишту осудагии даҳҳо нафари дигар, ки  қаробате  бо ман доштанд,  нақши амиқ гузошт...

Хирадмандон мегӯянд, ки ду тоифа одамон накӯбахту арзандаи ситоишанд: гурӯҳи нахуст некӣ мекунанд ва гурӯҳи дигар ба қадри некӣ мерасанд. Имомназар аз ҷумлаи инсонҳои ангуштшуморе буд, ки ба даҳҳо нафар  ҳам некии  зиёду бузурге карда буду ҳам ба қадри камтарин некии дигарон мерасид ва аз ин нигоҳ ӯ ду карат инсони накӯ ва арзандаи ҳазорон ситоиш буд...
Ман шурӯъ аз соли 1993, пас аз чаҳор соли сарсониву саргардонӣ  дар ноҳияаамон  ва ҷумҳуриҳои Ӯзбакистону Русия ва Қирғизистон  барои дарёфти пораи нон барои хонадон бо амри сарнавишт ва далолати дӯстон ба Қазоқистон рафтам. Шомгоҳ он ҷо маро бародари ҳамнабардам Дӯстмуҳаммади Дӯст пазируфт ва пас аз гуфтугузори тӯлонӣ аз ӯ дарёфтам, ки дар шаҳри Алмаато чандин бародарони мо  паноҳанда будаанд. Чун ӯ аз онҳо ва, аз ҷумла, аз Имомназар ном бурд, хоҳиш кардам, ки маро нахуст назди ӯ бибарад. Қаблан ман  шунида будам, ки  Имомназар муддате пас аз паноҳандагӣ дар Маскав, сипас ба Эрон ҳиҷрат карда он ҷо чанд сол зиндагӣ мекунад.Вале дар бораи бозгашташ ба Алмаато хабар надоштам ва яке аз хостаҳои ман ин буд, ки зудтар ба дидори ин шарикдарс ва ҳампешаи деринам  бирасам...

Бомдод чун мо ба коргоҳи Имомназар  расидем, дидем, ки ӯ ҳоло  наёмадааст ва чанд гоҳе ӯро интизор шудем. Ниҳоят , пас аз лаҳзае интизорӣ  ӯ аз дари коргоҳ-- анбори бузург  даромад ва бо Дӯстмуҳаммад ҳолпурсӣ кард  ва ҳамроҳи ӯ ба дафтари кориаш роҳӣ шуд.Ман дар канорае истода озмуданӣ будам, ки ӯ маро мешиносад ё на.  Ӯ аввал,  ба гумони ин ки  ягон харидор ё корафтодае  бошам, ба ман таваҷҷуҳ  накарду чанд гоме пеш ниҳод ва  ба гунаи ин ки чизеро ба ёд оварда бошад, пас гашт ва сӯям нигарист ва якбора:

-  Ӯҳ, Насибҷон... - гӯён сӯям шитофт . Дар он лаҳза ҳарду ҳам ба риққат омада, ашк аз дидагонамон ҷорӣ гашт...Он албатта,  ашки шодии дидор буд. Вале бо гузашти солҳо Имомназар он лаҳзаи дидорро ба ёд оварда, нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфта буд:
-Он лаҳза ашки шашқатори ман ба ҳоли зори ту буд...
Воқеан, чаҳор  соли азоби муҳоҷират ва ғарибӣ дар кишварҳои бегона маро чун даҳҳо ва садҳо ҳазор тоҷики дигар рангзарду афсурда карда буд.Зеро сангинтарин азоб барои инсон азоби ғарибист. Вале пас аз дидани дидори Имомназар ва хонадони шарифаш зиндагии ман ва гурӯҳе аз ҳамдеҳагонам ранги дигар гирифт ва оҳиста -оҳиста ранги зардамро  ҳам аҳли дард гирифт ва ба гуфтаи Имомназар, пас каме рангу рӯи дуруст пайдо кардам...

Имомназар пас аз лаҳзае сӯҳбат кори дафтарашро ба бародаронаш вогузошту гуфт:
-Акнун зудтар бояд ба хона биравем, вагарна агар Зебо фаҳмад , ки дар ин сармо туро ман ин ҷо нигоҳ медорам, ба пӯстам коҳ ҷой мекунад...
Дар хона Зебо ва фарзандони хонадон  маро чун шахси басо қарин пазируфтанд  ва дар меҳмонхона пас аз хӯрдани хӯрок Имомназар гуфт:
-Ана ҳамин меҳмонхона хонаи туст . Як моҳ бояд туро нигоҳубин кунем, то каме одамсурат шавӣ...
Ман дур рӯз меҳмониро пазируфтам, вале дар  рӯзи сеюм  ба дӯстам арзи сипос карда гуфтам:
-Медонам, ки маро ту як моҳ неву бештар аз он ҳам меҳмон карда метавонӣ.Вале ман бояд кор кунам  ва чанд танга барои хонадонам пайдо кунам...
Нахуст Имомназар пофишорӣ кард, ки кор гурехта намеравад ва аввал каме ба худ оям ва баъд аз паси кор шавам. Вале чун хостаи қотеъонаи маро дид,  розӣ шуд.

- Ин гуна бошад, Шералӣ ва мошини “бӯлка”- аш дар ихтиёри туст, -ба бародараш ишора карда гуфт ӯ.
-Ба он аз ширкат бор мегириву  дар бозор мефурӯшӣ. Ҳама судат аз худат...
Вале  се рӯзи кор дар сармои қаҳратуни моҳи январи соли 1997 кори маро кард. Ман сахт сармо хӯрдам  ва се рӯзи тамом аҳли хонадон аз пайи доруву дармонам  шуданд ва боз маро ба пой рост карданд... Ҳамин тавр, моҳе бо ёриву сарварии Имомназар ва бародаронаш дар бозор кор кардам ва ҳамчунин дар ин мудат  меҳмони гиромии хонадони ӯ будам. Сипас, пас аз дарёфти дастмузде ба Тоҷикистон баргаштам ва  пас аз се моҳ, ба гунае, ки бо Имомназар мувофиқа карда будам, ҳамроҳи як ҳамдеҳаам дубора ба Алмаато омадам. Имомназар барои оғози тиҷорати амволи оҳангарӣ, ки деҳаи мо бо он ҳунар машҳур асту  падари  шодравонам  ҳам бо чунин бозаргонӣ шуғл варзида буданд,  маблағи зарурӣ вом  бидод ва метавон гуфт, ки оғози ин тиҷоратамро дар Алмаато поягузорӣ кард.Мо дар ибтидо ду нафар будем ва пасон ба гурӯҳ боз се ҳамдеҳаамонро ҳамроҳ кардем  ва ҳамин  гуна дар он лаҳзаҳои душвор барои ҷойи кор ва маблағ пайдо кардани онон ёрӣ додем, вале поягузори ҳамаи ин корҳо ва тиҷорати муваффақи мо, ки ҳоло ҳам наздики 15 сол дар ду даста идома дорад,  Имомназар буд, ки маро на танҳо бо маблағ таъмин кард, балки ҳамеша маслиҳатгар ва  раҳнамои ман ва дигар ҳамдеҳагонам буд ва хонаи ӯ ҳам хонаи мо гашта буд...

Хонаи Умед ва ҷойи сархасти ҳамдиёрон

Мо чун одат шоми сешанбе, ки рӯзи истироҳатамон буд, дастаҷамъӣ ба хонаи Имомназар меомадем ва ду рӯзро он ҷо гузаронида, субҳи чоршанбе аз он ҷо рост ба ҷойи кор-бозор мерафтем.  Дар ин муддат , агар дар ҳавлии Имомназар коре бошад, анҷом медодем ( Имомназар дар ин бора дар китобаш  “Аҷаб замонаҳое...” чанд ҳикоят  ҳам дорад) . Вале бештар  дар ин ду рӯз Имомназару Зебо ва фарзандонашон дар хидмати мо буданд.Зебову фарзандон ба мо хӯрок омода мекарданду Имомназар паҳлуямон нишаста моро бо латифаву базлагӯиҳояш шод мекард. Ҳарчанд  мо ҳар рӯзи истироҳат  “меҳмон”- и худӣ ва сабти номшудаи онҳо будем, вале боре ҳам ягон сухани ноҷо ва ё ҳаракати малоловари онҳоро нашунида ва ё надида будем. Баръакс, онон моро чун бародарони хеш пазироӣ мекарданд  ва ҳама ёфтаву доштаашонро рӯи дастурхон мегузоштанд. Вале агар мо, панҷнафарон, бо амри тасодуф ба хонаи Имомназар  наравем, рӯзи дигар  ӯ ба суроғамон меомад.

- Ҳа, аштиҳои “несчастний”, чӣ гап шуд, ки наомадед? Боз мабодо бемор шуда бошед, ё милиса ғаматон дода бошад, гуфта,кофта омадам, - бо ошуфтагӣ мегуфт ӯ.( Ҳарчанд  Имомназар аз маҳал гап заданро дӯст намедошт, вале гоҳо сухан биёяд , чунин шӯхиҳо мекард). Ва мо ҳам гӯё барои  меҳрубонии ӯро қадрдонӣ кардан ва дигар   парешонҳол   накардани дӯстам ҳамеша баробари расидани рӯзи истроҳат сӯи хонааш мешитофтем...
Ҳавлии  Имомназар дар мулки ғарибӣ  хонаи уммед, ҷойи сархаст ва метавон гуфт, як  Тоҷикистони хурдакаке  буд барои мо. Дар он ҷо мо ҳам  навори садои дилангези Зафар Нозиму Ҷӯрабек Мурод ва Одина Ҳошимро мешунидему  ҳам аз хондани  ашъори шоиронамон Лоиқу Бозор Собир  ва ҳаҷвияҳои адибони маъруфи тоҷику рус, ки бештар Имомназар барои мо мехонд, лаззат мебурдем.  Он ҷо, ба ҷуз мо, ҳамчунин дигар ҳамдиёроне, ки Имомназарро мешинохтанд ва ё дар борааш шунида буданд, борҳо меҳмон шудаанд. Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон бо ширкати  Аслиддин Соҳибназарову Ҷумъабой Ниёзов дар солҳои нооромӣ он ҷо доир шуда буд  ва Имомназар ба шарафи қадам ранҷа кардани ҳамнабардҳояш як маҳфили   хоссае  ороста буд, ки то имрӯз онро дӯстонаш бо як ҷаҳон сипос ёд мекунанд. Ҳамчунин рӯзноманигори шинохта, Дориюши Раҷабиён, дӯсти ҳамнабардаш Абдулвоҳид, ки ҳарду ҳам дар Аврупо зиндагӣ доранд, ҳафтаҳо дар хонаи дӯсти худ лаҳзаҳои гувороеро сипарӣ кардаанд.Дар он солҳо ва ҳоло ҳам на ҳар кас ҳиммат мегузорад, ки касеро нон бидиҳад, чӣ расад, ки ҳафтаву моҳҳо меҳмондорӣ намояд...  Вале Имоми мо ҳатто бегонагонро дар хонааш ҷой медод ва онҳоро арҷгузорӣ мекард.

Ёдам меояд, боре пас аз ҳафтаи меҳмондорӣ шиноси дури хонаводаи Имомназар  аз эшон сипосгузорӣ карда гуфт:
-Ака, ба Душанбе оед, албатта, моро хабар диҳед, Худо хоҳад, мо ҳам дар хидмати Шумо мешавем ва ҷавоби некии шуморо мегардонем.
Имомназар бо ҳамон зарофату хушгӯие,ки барояш азалист, онҳоро ҷавоб медиҳад:  
-Дар ҳамон ҷо ҳам худатон осуда бошеду  моро осуда гузоред, ҳамин некии Шумо мешавад...
Чун Имомназар бо бародарони эронӣ фаъолияти муштарак дошт ва соҳиби анбори бузург ва ширкат ҳам буд, он лаҳзаҳо чунин мепиндоштем, ки ӯ басо бозаргони муваффақ аст ва ин дасткушодию дастурхондориаш ҳам пайванд ба вазъи хуби молии ӯст. Вале бо гузашти солҳо дарёфтем, ки чунин набудааст ва басо дӯстони хасакие будаанд, ки аз соддагиву  хушбоварии ӯ истифода карда, бо фиребу найранг молашро  ба  сирқат бурдаанд ва ӯро варшикаста  ва вазъи молиашро басо бад кардаанд. Вале одамгариву инсондӯстӣ ва дасткушодиву меҳмоннавозиаш кирдори Худодод будаст, ки Яздони пок чунин хислатро  танҳо ба бандагони назаркардааш арзонӣ медоштааст. Ва мо пасон, баъди гузашти солҳо, фаҳмидем, ки гоҳо ҳангоми  хӯрокхӯрӣ ба хонаи онҳо омадани мо лутфу меҳрубонии Зебо ба шавҳараш ва косааашро гирифта ба ӯ “боз хӯрок кашиданаш”, ҳама барои мо,меҳмонони доимӣ, будааст: ӯ косаи Имомназарро бурда аз он гӯшташро гирифта барои мо тақсим мекардааст...
Боре дар аснои суҳбате ман ин ҳама некиҳояшро , ки ба ман кардааст, ёдоварӣ карданӣ шудам ва чун лаб ба сухан кушодам, ӯ имкон надод, ки суханамро баохир расонам.

-Ту ҳамон солҳои душвор ба хонадонам ёрии бемисл карда будӣ ва ин заррае ҷавоби ман ба он некӣ,--даст ба китфам гузошта гуфта буд  ӯ.
Аслан некиро дар тарозу барнамекашанд,вале ба гунаи одӣ он кори муқаррарии манро, ки ҳама ҳам карда метавонистанд, бо  некии бемислу тӯлонии дӯстам  ба мо баркашем, ба гуфтаи шоир “ин куҷову он куҷост”.
Вале Имомназар ба ҳама чунин меҳрубону ғамхор ва хушмуомила набуд. Ҳама муносибати ӯ бар дигарон бештар на бар пояи суди шахсӣ, балки бар асоси манфиати миллӣ буд. Ӯ инсонҳоеро, ки дар андешаи миллат ва меҳан буданду дар ин роҳ ҷон мекоҳониданд¸дӯст медошт ва онҳоеро, ки худхоҳ, ҷоҳталаб ва маҳалгарову   зидди андешаҳои миллӣ буданд, чашми дидан надошт...

Дидори ёри номутаносиб...

Имомназар аз ҷумлаи ашхоси ангуштшуморе буд, ки қавлу амал ва гуфтору кирдораш яке буд. Ӯ аз ин нигоҳ шабеҳ ба шодравонҳо устод Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддини Соҳибназар буд ва шояд аз ҳамин сабаб онҳоро басо дӯст медошт.Вале боз як вижагии дигари кирдори ӯ ин буд, ки беибо суханашро ба ҳар касе бошад-хоҳ шоҳу хоҳ дарвеш,мегуфт.
Ёдам мояд, чун боре  шомгоҳ  ҳамроҳи  ҳамкорони бозориам  ба хонааш рафтам, ӯро,ғайриинтизор, ошуфтаҳолу озурдахотир дарёфтам. Бояд гуфт, хеле кам иттифоқ меуфтод, ки ӯ чунин ғамгину парешонҳол бошад. Чун сабабашро пурсидам, ӯ нахуст мисраи вирди забонҳо гаштаи  Устод Лоиқ ва пас мақоли машҳури мардумамонро ба забон овард:
- Ту напурсу ман нагӯям,- ва даст афшонда афзуд, -дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст...
Ба гуфтаи ӯ, ҳамон рӯз аз Душанбе  ба Алмаато як ҳамдиёраш--қумондони Фронти Халқӣ омада хостааст, ӯро бубинад. Чун Имомназар  баъди занг дарвозаро боз мекунад, он “меҳмон” худро ба оғӯши ҳамдиёраш андохтанӣ мешавад. Вале Имомназар худро канор мегирад ва мепурсад:
-Ту кистӣ?
-Э, акаи Имом мара нашнохтӣ?! Ман фалонӣ командирам, - мегӯяд ӯ.
Чун Имомназар   аз “ корнамоиҳои”  “меҳмон” ва ӯ барин  командирон  бисёр шунида ва ҳатто худ ҳам аз дасти онҳо ранҷ дида буд, бо ғазаб:
- Ман ту барин командирҳоро  намешиносам ва шинохтан ҳам намехоҳам,-  мегӯяд ва дарвозаро ба рӯи ӯ мебандад...
Шабеҳи чунин воқиа  ҳангоми ҷашни арӯсиву домодии фарзанди ҷаҳонпаҳлавонаш Толеъ рух дода буд. Ҳангоми оши наҳор яке аз пайвандони Имомназар, ки аз дастандаркорони баргузории  ҷашн буд, даъватномаеро  аз дасти Имомназар гирифта, мегӯяд, ки  фалон мансабдори баландпояи додситониро бояд ба ҷашни арӯсӣ  даъват кард ва онро ба яке аз хидатгузорон медиҳад то ба он “фалонӣ” бирасонад.
Вале Имомназар қатъан эътироз мекунад:
-Ман ӯро хуб мешиносам. Ба чунин тамаллуқкорону хушомадгӯён ва ҷоҳталабон, ки фақат худу мансаби худро медонанд, дар маъракаи ман ҷой нест, - мегӯяд ӯ ва даъватномаро аз дасти худматгузор мегирад...

Қадри зар заргар бидонад...

Чун Имомназару Зебо ҳарду аҳли сухан буданд( Зебунисо Холназарова номзади илми суханшиносӣ ва ҳоло пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи  забон ва адабиёти Тоҷикистон аст) ғолибан сухан ва баҳси хонаводагии онҳо на  аз бузу бузғолаву гову гӯсола¸балки аз сухан ва суханварон ва ҷойгоҳи онҳо буд. Ва ҳарду шоирони дӯстдоштаи худро доштанд. Имомназар бештар шефта ва дӯстдоштаи ашъори шоири тавоно Бозор Собир буду Зебо ба шеърҳои шоири номдор Лоиқ дилбастагии зиёд дошту дорад ва баҳси онҳо ҳам бештар пиромуни ашъори ин ду шоири маҳбуб буд.Ҳарду ҳам барои таъйиди андеша ва дидгоҳи хеш  аз шеърҳои онон пораҳои зиёдеро азёд мехонданд  ва бо ин роҳ шоири хешро дифоъ мекарданд.Борҳо шудааст, ки мо ҳам ба ин баҳси хонаводагӣ , ҳарчанд ҷоиз набуд, ҳамроҳ шуда, гоҳо аз Имомназар ва гоҳо аз Зебунисо  пуштибонӣ кардаем. Бояд зикр кард, ки ҳарду ҳам аз шоирони дӯстдоштаашон шеъри зиёдеро азёд медонистанд. Вале муҳаббат ва дӯстдории онон танҳо бо омӯзиши ашъори ин шоирон тамом намешуд. Онҳо бо ин ду шоир аз наздик ошно буданд.Имомназар ба ҷуз ин ки худ ҳаҷвнигор ва адиби хушзавқе буд ва китоби нахустинаш аз ҷониби нависандаи  машҳур  Фазлиддин Муҳаммадиев  баҳои баланд  гирифта, ӯ дар доираи адабии Тоҷикистон ҳам чун қаламкаши боистеъдод эътироф  гардида буд, ҳамчунин бо устод Бозор Собир дар арсаи сиёсӣ ҳамнабард буд--онон аз чеҳраҳои шинохташудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон буданд. Аз ин нигоҳ онон ҳамеша бо адибони дӯстдоштаашон дар иртибот ва ба истилоҳ ба шодиву ғами онон шарик буданд. Ба гунаи рӯшан, устод Бозор Собир  он солҳои аввали 90 пас аз ранҷу азиятҳои зиёди зиндон дар Тоҷикистон кишварро тарк гуфт ва ба Амрико рафт.Устод Лоиқ дар Тоҷикистон буд ва дар он солҳои нооромӣ ва пас аз он ҳам чун бисёр суханварон ва мардуми кишвар ҳоли хубе надошт. Ази ин нигоҳ, зану шавҳар машварат  мекунанд, ки дар ин лаҳзаҳо қадри тавони хеш шоири миллатро дастгирӣ намоянд то ҳадди ақал рӯҳу равони устод осудаву болида гардад.

--Зебоҷон, беҳтараш худат ба Душанбе рав, ҳам пайвандонро мебиниву ҳам устодамонро хабар мегирӣ.Устод, ки ҷинси латифро дӯст медоранд, аз хабаргирии ту бештар шод ва илҳомашон зиёда мегардад,-- бо зарофати ба худ хос мегӯяд Имомназар ва бо табассум  илова мекунад.-- Ба ҳар ҳол Толеъро ҳам ҳамроҳат гир...
--Ман агар равам, устодро ба Варзоб мебарам ва як видео ҳам тайёр мекунам, --бо ҳамон лаҳн ба шавҳар ҷавоб медиҳад Зебо.
Ин тасмими ҳамсараш ба Имомназар хеле писанд меояд.
--Кори хубе мекунӣ. Ҳар як лаҳзаи зиндагии устод барои мо гиромӣ аст ва мо аз устод  ҳадди ақал наворе барои худ дошта бошем.
Ин нукта ва дӯстдории рӯзафзуни Имомназар ва хонадонаш ба шахсият ва эҷодиёти устод Лоиқ баёнгари он буд, ки дигар баҳси зану шавҳар пиромуни шоири дӯстдоштаашон ҳусни хотима пайдо карда буд: акнун  устод Лоиқ ба Имомназар ва устод  Бозор ба Зебо шоири дӯстдошта  гардида буданд-- ба гунае, ки барои ҳамаи мо, тоҷикон, ин ду шоир ва эҷодиёташон маҳбубу арҷманданд...
Дере нагузашта бар пояи он машвара Зебо ба Душанбе  меравад ва бо саъю талоши зиёд устод Лоиқро ба Варзоб мебарад ва он ҷо меҳмондорӣ мекунад ва аз ин дидори шоир ва дӯстдоштаи ашъори ӯ навори видеие ба ёдгор мондааст, ки шояд охирин наворе бошад аз ин шоири номвар( Дар бораи ин дидор  Зебунисо дар матлаби басо ҷолибаш “Равонае ба ҷовидон” ҳикоят мекунад. Ин матлаб  дар китоби сӯгномаи устод Лоиқ  “ Марсияи Хуршед”, ки бо саъю кӯшиши донишманди шинохта Сафар Абдулло омода гардидааст, ба чоп расидааст).
Ҳамчунин вақти бозгашт  Зебунисо устодро аз номи хеш ва шавҳару дигар дӯстони тоҷики  муқими Қазоқистон ба Алмаато  даъват мекунад.  Вале сад дареғ, ки пас аз як моҳ, дар остонаи сафари Алмаато бо амри мухолиф буд ё қудрати яздонӣ шоири номвари миллат ин ҷаҳони пуртазодро падруд мегӯяд ва дилҳои шикаста ва реш решу хотири пареши   миллионҳо дӯстдоронашонро боз ҳам рештару парешонтар месозад.

Насибҷон Амонӣ,
Алмаато, Қазоқистон


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)