Амирхон Исмоилов, сардори шӯъбаи эпидемиологии Маркази мубориза алайҳи СПИД дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бештари онҳо сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб, Восеву Фархор ва Ҳамадонӣ будаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расмии аз ин Марказ расида, дар ҳоли ҳозир дар ҳамаи минтақа 503 нафар сироятёфтагони вируси ВНМО расман ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин рақам 120 тани онҳо занон мебошанд. Ҳамчунин, 12 каси дигарро кӯдакони то 14 сола ташкил медиҳад. Исмоилов мегӯяд, ҳамасола теъдоди наве аз афроди бо ин вирус зиндагидоштаро кашф мекунанд:«Агар соли 2003-юм дар ҳамаи навоҳии минтақа барандагони ин вирус ҳамагӣ 8 нафар будаанд, аммо соли 2012-ум теъдоди он то 503 расидааст».
Маркази мубориза алайҳи СПИД мегӯяд, теъдоди гирифтори вируси норасоии масъунияти одам бештар дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ошкор гаштааст. Аз теъдоди умумии сироятёфтаҳо 365 нафар ба ин мавзеъ рост меояд. Ба андешаи коршиносон, дар шаҳр, ки теъдоди нашъамандон зиёд аст, гирифторни ВНМО/СПИД ҳам зиёд гаштан мегирад, зеро қисмати бештари дорандагони вируси мазкур ашхосе будаанд, ки нашъаманданду бештар аз сӯзандору истифода мебаранд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 50 нафар аз сироятёфтагони нави ин вирус кашф гардидааст. Аммо ба хабари ғайрирасмӣ, гирифторон ва сироятёфтагон аз ин навъи бемории сироятӣ даҳҳо маротиба зиёд мебошанд. Тибқи гуфтаи коршиносони соҳа ва табибон, барои маълумоти дурусттаре ёфтан, шумораи расман ба қайдгирифташудаҳоро то ба даҳ маротиба бардоштан зарур будааст. Зеро, сабабҳои маълуму номаълум ва менталитети шарқиёна садди он мешаванд, ки нафари бемор аз касалии худ дарак диҳад.
Тақрибан дар ҳамаи навоҳӣ нуқтаҳои боварӣ ва ҳуҷраҳои дӯстона барои кашф ва дарёфти гирифторони вируси мазкур фаъол бошанд ҳам, вале ҳамоно теъдоди дақиқи онҳо номаълум боқӣ мемонад. Мутахассисон ба ин назаранд, ки маризон аз ошкор намудани худ шарм медоранд. Коршиносон низ мегӯянд, «пинҳон» мондани онҳо ба ҷомеа зарар дорад. Дар аксари маврид, ҳамин сироятёфтаҳо бо ҳар баҳона аз табобат сарпечӣ мекунанд. Ба ростӣ, ҳайрон мешавӣ, дар ҳоле ки бо як нафари бемори ВИЧ ва ё СПИД ин қадар меҳрубониву дилсӯзӣ мекунанду вай бошад, боз табобат гирифтан намехостааст.
Ашхоси сироятшуда низ дар мавридҳои зиёд пинҳон мемонанд, зеро барои аз ташхис гузаштан ҳазар мекунанд. Ҳамин аст, ки баъдан бонувон ва ахиран, тифлону кӯдакон мубтало ба ин беморӣ мегарданд.
Тибқи иттилои Маркази мубориза алайҳи СПИД-и минтақаи Кӯлоб, 261 нафар бо истифода аз сӯзандору (ҳамагӣ нашъамандон), 121ҳолати дигар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва 10 тифли дигар аз модарашон сироят ёфтаанд. Мантиқан, нест нафаре, ки таҳти хатар намонад. Ин дар аввал содда аст, вале баъдан моҷарои бузурге хоҳад гашт. Пеши роҳи ин сироятшавиро ҳар чӣ тезтар ва бо ҳар роҳу восита, бигзор бо азоби алим ҳам бошад, бояд гирифт, вагарна дер мешавад. Бале, дери дер. Хеле дер…
Тавре мефармоянд:
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил…
Аслиддин Достиев
Мӯҳр