Зуҳури Дажхимро ҷаноби Рӯҳонӣ фоли нек ангошт ва пешонии васеъашро нишони бузургӣ, осоиш, созандагӣ, шукуфойӣ, хушӣ ва шодмонии кишвари Кашмар таъбир карда буд. Вале ҷаноби Рӯҳонӣ хато рафт. Дарк ва гумон ҳам намекард, ки зоҳири мӯҳтарам тинати гадойи тоза ба даврон расидаро ифода намекунад. Ҷаноби Рӯҳонӣ намедонист ва дониста ҳам наметавонист, ки табъи гушнамаст ҳамеша моили эҳтиёҷманд нигоҳ доштани ҳамватан ва ба ин васила дасти худро дароз доштан аст.
БАДТАР аз ин, ҳатто замоне, ки ҷаноби Рӯҳонӣ бо Дажхим дар як кобина кор мекард, нафаҳмид ва тафаҳус ҳам накард, ки ин зот ақлашро, зиндагиашро, имрӯзу охираташро бо дуди чароғҳои бенубуғ рӯшанӣ дода, муддаиёни танбал бо шикамҳои пур аз боқило ва лабони нимабоз такягоҳи ӯ будаанд…
Дажхим барои кишвари Кашмар садаи табоҳӣ, вайронӣ, ситам, марг, ҳарос ва торикиро ҳадя овард. Дажхими ситамгари се пӯза, се калла, шаш чашм бар Кашмар чира шуд. Вай офаридаи Аҳриман ва фармонбардори Аҳриман буд. Деви тезчанги ҳаросангез ва газанда нафсаш ақлу ҳуш ва шарофати мардумро мебалъид. Андешаҳоро ба табоҳӣ ва нобудӣ мекашонид. Дажхим зӯрмандтарин дурӯғе буд, ки Аҳриман ба подёрии ҷаҳони моддӣ ва барои ҷаҳони рӯҳонии ростӣ офарид ва ба сокинони кишвари Кашмар ҳадя кард. Он Дажхими се пӯзаи секалллаи шашчашми коҳандаи нишонаҳои рӯшнойӣ дорандаи ҳазор чӯстӣ дар бадӣ буд. Ин зот бо дарёфте кунд, виҷдоне тира, андешае суст, сабуксор, зиёнангез, табоҳанда, вайронгар, нотавон ва бедодгар сарнавишти чанд насли кишвари Кашмарро тира сохт. Он найрангбози ҳазорфиреб, девчашму кин ва дуруғу табоҳандаи хубиҳо ва рӯёнандаи ҳамаи зиштиҳо, равогар ва парварандаи девҳои оз ва палидӣ, ҷоду ва дурӯғ, ранҷу мастӣ, тиҳидастиву хушксолӣ, хашм ва дастёзӣ, тороҷгарӣ, худписандӣ, баддинӣ, тарсу ҳарос ва вайрониву табоҳӣ.
Дажхим сармои сахтеро ҳадя овард, ки ҳамаи дастовардҳои маънавию моддӣ ё ях баст ё аз миён рафт. Берун шудани Дажхим аз роҳи Худо, фармуди паёмбари акрам(с), аз роҳу равиши додгарӣ, равиши дурусти кишвардорӣ ва таҳмили ахлоқи норавойи худаш ва хонаводааш болои ҷомеа зиндагии рӯҳонии мардуми кишвари Кашмарро бо таваҳҳуми маргбор даромехт. Ин ҳол мардумро, қавмҳоро чандпора карда миёни онҳо ҷудойӣ андохт. Дажхим шароитеро фароҳам овард, ки рӯзорӯз меҳри мардум ба гузашта, ба ойини аҷдодӣ суст ва то ҷое гусаста гардид. Барпо шудани дугонагӣ дар сиёсат, ҷангу ситез бо қавмҳои ҷудогона, рӯйдоди шуми рӯ кардани бархе аз ҳамрикобон ба душмани бегона, хушкандешӣ ва ситамгарии девониён, нотандурустӣ ва нотавонии тану равони ҳамватан намоёнгари чеҳраи аслии Дажхими хиёнаткор аст. Ситамгарӣ, дастёзӣ, зургӯйи ва табоҳии давлатмардони итоаткор заволи кишвари Кашмарро наздик месозад.
Дажхим аз таҷриба дарёфт, ки мешавад дар ин тӯдаҳои ақлбаставу дасткушода чарид. Гоҳо бо либоси генералии дурӯғин назди ойина қад мекашид ва ба муроқиба мерафт: ҳай рамаи хушбовару аҳмақ ва сазовори фиребу дасисаро сарвараму мечарам! Рамае, ки ақлаш фақат дар чашмаш аст! Дунё хар таҳи хар аст! Агар ман аз ҳамоқати ин рама истифода мекунам гуноҳи ман нест. Гунаҳкор аҳмақу кӯру кару дандаҳоянд, ки тамаллуқ ақлашонро тира сохта…Рӯшанфикронаш низ ҳампойи тӯдаҳоянд, чоплусанд, дайюсанд. Пас, чӣ гуна ман бо ин табаа ҳар коре, ки хоҳам накунам…
Ҳаргоҳ ки ҷаноби Рӯҳонӣ Дажхимро сояи Худо дар рӯйи замин мегӯяд, ӯ беш аз пеш ҳақбаҷониб мешавад ва боз ҷасадашро пойи оина мекашад ва худ ба худ ба гап медарояд: "Мустаъмара дар асорати худаш масъул аст. Чун ки рамае, ки соҳиби он аст, ҳокимиятеро мепазирад, ки хиёнат мекунад ва аз ҳаққи дифоъ маҳрум мешавад. Истеъморгар барои тавзеҳи аъмоли худ ҳуш ва заковаташро ба рӯйи мухолифин мекашад ва баҳрабардориашро маҷҷонӣ медонад: "Охир, мо ҳам бекор нанишастаем ва бо қиссаи "Бибигӯзак" сарашонро гарм хоҳем кард. Чунон онҳоро маҷбур ба гузашт, фақр, фоқа, сӯфигарӣ, мурдапарастӣ, гиря ва фиреб мекунем, ки даст рӯйи даст бигзоранду бигӯянд: Бояд дасте аз ғайб берун ояд ва коре бикунад… аммо ин даст танҳо дасти ман хоҳад буд"".
Оре, Дажхим тавонист ва метавонад бо баҳонае дасисае дуруст кунад ва касони нофорашро аз байн бубарад. Чанд нафари ақлаш дар шикамашро ба номи…. Ва меҳан ҳай ба рақс оварад, сина бизанад… худро нигаҳбони қонун муаррифӣ кунадва ба ин василаҳо рамаи колониъомро бо уштулум ва бим бифиребад. Дасисаеро ба роҳ меандозад, ки рӯҳи ин рамаи колониъомро чун хӯра мехӯрад. Коре бояд кард, ки ин рама тан диҳад… сияҳбахтӣ аз дунёи мовароуттабиа сарчашма намегирад. Ин ҳамоқатҳо, разолатҳо ва ҷиноятҳо дунболадор аст ва онро дар зери ливои қонун метавон амалӣ сохт ва тадриҷан беш аз ин рамаи колониъомро хору залил сохт. Шиканҷаи рӯҳӣ коротарин силоҳи замони султаи Дажхим буд ва ҳаст.
Шояд дар таърих ҳеҷ фармонравое чун Дажхим садоқаташро ба дину оин ва суннатҳои аҷдодӣ пурифтихор ҷилва надода бошад. Вале ин ҳама ҳарфҳоест, ки дабирони даюси занбамузд навиштаанду китоб кардаанд. Дар асл Дажхим ба чоплусони дайюси занбамузди дастёрони фарҳангиаш ҳамеша дастур медиҳад, ки теппаи бобоиро пас назананд. Ифтихори забонӣ аз гузашта кофист. Агар лойи боми ин таърихи қотишударо беш аз ин пас бизанӣ Маздак, Муқаннаъ ва худо медонад Муҳаммади дигар аз табори Сарбадорон берун меояд, ки хатарзост. На, ҳар дарси таърих ба омӯхтан меарзад. Таърихро чун Дажхим барои истинботи дурӯғ, фиреб, вақоҳат, зургӯйӣ ва ситам бояд ба кор гирифт. Ҷойи ҳуш ва рӯшанадеширо барои ин мазҳаб холӣ кард, дигар ҳеч!!!
Бо ин назар Дажхим тавонист "андешамандон", "рӯшанфикрон"ва "ҳунармандонро"-ро бовар кунонад, ки то замоне, ки онҳо дар олами нафс ба сар мебаранд, қадр ва манзалат доранд. Ин тоифаро чун гурбаи анқара, саги дайду медонист. Бинобар ин навозишашон мекард, ҷоиза медод, бо зинаҳои тамаллуқ ва фиреб болояшон мебурд, вале медонист ва андоза мегирифт, ки ҳеҷ саге ба соҳибаш бесабабе меҳрубон намешавад. Ба ин далел ҳар гоҳе дасисае ба роҳ меандохт ва бо баҳонаи "Амалиёти …"-200…." ва… маҳкумияти чунин афродро бо дасти худашон имзо ё сартир мекард. Ба ин хаёл, ки хоҳед нахоҳед рама сари сарнавишти ин чанд ёғӣ ба фикр меафтад ва ба таҳаррукоти онҳо ғӯтта мезанад ва боз ба муҳофизаш тасанно хоҳад хонд. Ин аст усули таблиғ ва роҳкушоӣ ба зӯргӯёни аҳмақ….
Дар тӯли асрҳо гаҳ-гоҳ фақат Сурудгӯйи озода тавонист ба гӯши рама ва таҳмиқкунандагонаш бигӯяд: эй шикамборагон, дил ба Дажхим мадиҳед, ки бегона бегона аст ва ҳаргиз ба шумо роҳи саодатро намепӯяд. Дажхим чун бар рӯҳи шумо тасаллут ёфт, мағзҳои шуморо барчид, имонро аз шумо салб кард. Эй накбатзодагон, дар доми худбинӣ, ҷоҳҷӯйӣ ва ному овоза афтодан то кай ва то чанд!? Ин роҳ роҳи саъодат нест. Сарзамини худро барои ҳамеша ба бод мадиҳед. Фарзандонатонро ба дарюзагӣ, пастӣ ва нагунбахтӣ таслим насозед…
Сурудгӯйи озода Дажхимро менакӯҳид ва кори ӯро дар раддабандии неруҳои пешрав ва шикастани мӯҳраи эътимоду имон асафангез мехонд. ӯ мегуфт: "Дареғо! Мардумоне, ки рӯзе ҳама дар канори ҳам буданд ва суруду ниёиш ва офаринандагони онҳо ҳамдилӣ ва ҳамёрӣ буд, инак дар раддаҳои гуногун аз ҳам ҷудо шуданд, ки ҳеҷ чиз монанди ҷудойиии мардумон аз ҳам андеша, маниш, зиндагӣ ва рафтори одамонро аз роҳи дуруст бознамегардонад. Ҷудойӣ хушкӣ меоварад ва ба дил мерасад ва андеша ва дили хушк зиндагиро бар одамӣ талху тира ва ногувору заҳролуд мекунад. Он куҷо ки дар дидорҳо, нигоҳҳо ба ҳам битобад ва дилҳо ба ҳам биҷӯшад ва дастҳо ба ҳам бипайвандад ва хуни ҷӯшон паёми ширини дилро аз сарангуштҳо ба ҳам бирасонад ва аз ин ҷӯшиш ва расониш офтоби меҳр дар осмони ҷон битобад ва гармиву рӯшаниро ба зиндагӣ бипароканад. Ва он куҷо ки девори оҳанини ҷудоии дилҳоро аз ҳам ҷудо кунад, нигоҳҳо аз ҳам бигрезанд ва дилҳои сардшударо дар ҷудоӣ, сардӣ дар паси девори оҳанинсинае зиндонӣ гарданд. Равонҳо тира шаванд, абрҳои безорӣ борони ғам ва танҳоиро бар он биборонанд. Андешаҳои ҷудо аз ҳам аз ҳамсиголӣ ва ҳамгомию ҳамнавоӣ боз бимонанд, бипӯсанд ва биганданд…"
Рӯзе, ки паёми Сурудгӯйи Озода нашр шуд, Дажхим ҷаласаи изтирорӣ доир кард. Дар ҷаласа сареҳан дар бораи Сурудгӯйи Озода ва он ҷаноби Рӯҳонӣ, ки дар атрофи номи ӯ дастҳҳои Дажхим маҳшаре барпо карданд, чизе гуфта нашуд. Вале ҳарфҳои таҳдореро ба забон овард, ки аз шунидани он ҳамрикобонаш тарсиданд.
Дажхим гуфт: "Бо хун омадаам ва бо хун хоҳам рафт. Онҳое ки аз худ дарак медиҳанд ва домҳои бешумор дар пеши пойи мардум густурданианд, гумноме беш нестанд дар ин дунё. Кишвари Кашмар ҷойи ҳақталошон нест. Онҳо бояд сар ба зер аз долоне, ки дар он дармондаанд, бигзаранд. Мо онҳоро боздошт хоҳем кард. Маҳкумияти сарбастае ононро дунбол мекунад. Мо қонунҳоеро, ки онон ба рӯйи мо мекашанд, намешиносем, хоҷагонашонро низ ба як пули пучак намегирем. Касе ҳам нест, ки онҳоро раҳнамоӣ кунад. Мо бо онҳо чӣ карданро медонем. Ба касе паноҳ баранд хоҳад пурсид: "Шумо ҳастед?" ё ба тарзи мубҳаме хоҳад гуфт: ин гуноҳи вуҷуди шумост. Онҳо аз дандонаҳои чархи додгустарӣ наҷот нахоҳанд ёфт. Муҷозоти ниҳоияшон ин аст: касе, ки ба номи қонун онҳоро боздошт кард, корди зангхӯрдаеро ба қалбашон фурӯ хоҳад хаст ва сагкуш хоҳанд шуд. Дажхим ва қурбонӣ то абад хомӯш хоҳанд буд. Ин нишонаи султаи ман аст, ки дар он шахсияте вуҷуд надорад. Гуфтан гиранд, султаи Дажхим монанди қонунҳояш нокасона ва сангдилона аст. Ҳарчанд он чи ман анҷом медиҳам хеле ва хеле саҳмгин аст, ваъда медиҳам, ки ба тарзе кушта мешаванд, ки хун аз қалбашон берун намерезад. Ҷои захми шамшер низ дар паси гарданашон ношинохта мемонад…"
Матни суханронии Дажхим субҳи дигар интишор ёфт. Вале қабл аз он абрҳои сиёҳ осмони кишвари Кашмарро пӯшида буд. Рамаи интизори борон бехабар аз он ки тобути барраҳояш аз корзор меояд. Дажхим ҳам хомӯш, қурбонӣ ҳам….
Кароматуллоҳи Шопур
Мӯҳр