Саги хидматӣ бо лақаби “Ҷекӣ” дар 9-километрии роҳи мошингарди автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим дар соҳили дарёи Панҷ пинҳонгоҳи маводи нашъадорро кашф намуд.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз Агентии назорати маводи нашъадор (АНМН) иттилоъ доданд. Бобоҷон Шафеъ, як корманди масъули ин ниҳод гуфт, амалиёти кашфи мухаддирот бегоҳии рӯзи 28-июн аз ҷониби кормандони раёсати агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо марзбонони қисми ҳарбии 2848-и сарраёсати нерӯҳои сарҳадии КДАМ роҳандозӣ шудааст. Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии АНМН маводи кашфшуда 19 килову 228 грамм ҳашиш ва 1 килову 858 грамм ҳероинро ташкил медодааст. Аз рӯи ин ҳодиса раёсати агентӣ дар ВМКБ парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишотро идома медиҳад.
Мӯҳр