20 сол аст масъулини кишвар яксара иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳоли гузариш меноманд, хотима наёфтани ин давраи гузариш ва ба таъхир афтодани он нишон медиҳад, ки иқдомҳо барои гузариши пурра бо суръату пурсамар ҷараён надорад, вале ба ростӣ чи боис шуда то пурра ва ё то андозаи меъёр ба иқтисоди модерн ворид шавем? Ва билохира оё ин гузариши тӯлонӣ барои Тоҷикистон хотима хоҳад ёфт?
Иқтисоди бозории "воқеӣ" чигуна бояд бошад?Дар иқтисоди бозор истеҳсол ва тақсими молҳову хадамот бо механизми бозорҳои озод, ки тавассути системаи нархи озод ҳидоят мешавад, анҷом мегирад. Дар иқтисоди бозор истеҳсолкунандагону масрафкунандагон дар бораи он чӣ, ки тавлид ё харидорӣ менамоянд, мустақилона тасмим мегиранд. Вале дар иқтисоди плании замони шӯравӣ давлат дар хусуси намуд ва теъдоди молҳои тавлидшуда тасмимгирӣ мекард. Инчунин дар иқтисоди бозор ҳеч ҳамоҳангкунандаи марказӣ амалиётҳоро ҳидоят намекунад ва худтанзимии бозор бо таъомули печидаи арзаву тақозо ҳамроҳи шумораи зиёди молу хадамот ба вуқуъ мепайвандад. Тарафдорони иқтисоди бозор мӯътақиданд афроде, ки дунболкунандаи алоқаи шахсии худ дар тиҷоратанд, як назми ба тартиб эҷод мекунанд, ки ин дар таъмини миқдори зиёди мол барои ҷомеа ба коромадтарин шакли мумкин муассир аст. Дар иқтисоди бозор шахс манофеи худро дар назар мегирад ва тавассути "дасти ноаён" (ҳамоҳангкунандаи манофеи шахсиву иҷтимоӣ) ба ҷое меравад, ки бо хостаи ӯ мутобиқат надорад. Ин раванд ҳамеша бад нест, зеро ҳар фард бо дунбол кардани мудовими хостаҳои худ, хостаҳои ҷомеаро ҳам боло мебарад.
Яке аз асоситарин вижагиҳои иқтисоди бозор ин шаклҳои гуногуни моликият аст. Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев дар ин бора мегӯяд, ки дар давлатҳои рушдкарда иқтисоди бозаргонӣ қоидаи тиллоии "20 дар 80" амал менамояд , ки 20 дарсади онро моликияти давлатӣ ва 80 дарсади дигарро моликияти ғайридавлатӣ ташкил медиҳад ва муносибатҳо вобаста ба ҳамин сурат мегирад: "агар 20 дарсади муносибати ҳокимиятҳо дар шакли давлатӣ бошад, 80 дарсади равобит бояд дар асоси қонунияти бозор сурат гирад. Ин қоида дар илми иқтисод ҳамчун қоидаи тиллоӣ қабул шудааст. Аз сӯи дигар худи ташаккулёбии муносибатҳо фарҳанги иқтисодист ва барои ворид кардани тағирот дар ин муносибатҳо бояд равобити касбӣ пурзӯр бошад то мардум бовар карда ҳаракатҳои худро тағир диҳанд. Ба ҷои муносибатҳои кӯҳнаи хоҷагидорӣ , тиҷорат ва ба ҷои равобити иҷ тимоӣ мардум равобити навинеро бояд ҷ ойгузин намоянд. Аммо имрӯз на дар ҳамаи соҳаҳо ба равобити бозаргонӣ ворид шудаем. Ба тавре, ки дар соҳаҳои гуногун иқтисоди нақшавии замони шӯравӣ ҳануз боқист".
Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки иқтисоди бозаргонӣ саросар фарҳанги навинест, ки яке аз омилҳои асосияш ҳокимиятдорӣ дар раҳбарист. Яъне додани ҳокимияти марказонидашудае, ки дар ҳангоми истифодаву тақсими захираҳо ба даст меояд: "додани ин ҳокимиятҳо ба дасти менеҷ ерони корхонаҳо ва ҷорӣ будани ҳокимияти шаҳрвандӣ нақши аслиро дар иқтисоди бозаргонӣ мебозад. Бо касбӣ будани ҷомеа, қабулу истифода аз иттилоот ва донистани ҳокимият, иқтисоди навин шакли дигаре мегирад. Вақте онҳо аз донишҳои касбӣ огоҳ нестанд, аз ҳокимияти аслии худ дур мемонанд. Мутаасифона ин ҳолат дар Тоҷикистон комилан ошкор аст, зеро зиёда аз 75 дарсади мардум дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Агар аз ин шумора 15 дарсадаш аз ҳунару донишҳои касбӣ огоҳ бошанд, бақияи онҳо аз маълумоти касбӣ бехабаранд, ки яке аз рутбаҳои ҳокимият ин дониши касбии ҳуқуқӣ доштан аст, чун танҳо бо огоҳ будан аз донишҳои касбӣ , ҳокимияти муносибатҳо ва ҳокимияти функсионалиро соҳиб мешаванд. Рукни панҷ ум ҳокимияти арзишҳост ва шахсе, ки ин фаҳмишро надорад, ҳокимияти арзишҳоро ҳам надорад. Ҳамаи арзишҳое, ки арзишҳои олӣ ҳастанд, дар мо кам дида мешаванд".
Ҳануз аз иқтисоди бозор фосила доремДар даҳаи 1980 бештари иқтисодҳои нақшавии дунё ба сабабҳои гуногун талош доштанд то худро ба иқтисоди бозор табдил диҳанд, ки дараҷаи муваффақияти онҳо гуногун буд. Дар он сол Чин эҷоди як "иқтисоди бозори социалистӣ" - ро яке аз унсурҳои ислоҳоти иқтисодии худ номид. Ҳачанд Чин бузургтарин кишвари коммунистист, вале чанд минтақаи озоди иқтисодиро дорост, ки ин ин минтақаҳо ба бунгоҳҳои сармоядорӣ табдил ёфта ва давлат бар онҳо контроли мутамарказ надорад. Аммо Тоҷикистон чӣ, оё бо ин ислоҳоте, ки дар ин 20 сол анҷом дод, тавнистааст то ба иқтисоди бозор гузарад ва имрӯз метавонем гӯем, ки иқтисоди Тоҷикистон бозорист?
Иқтисоддон Баҳор Қамаров мегӯяд, ки ҳарчанд Тоҷикистон ба иқтисоди бозаргонӣ ворид шуд, вале ин иқтисоде, ки дар кишвар ҳаст, иқтисоди бозорӣ нест. Чун дар авоили гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ Тоҷикистон ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуду вазъи сиёсӣ дар ин замина таъсири худро расониду боис шуд то диққати давлат ба рушди иқтисод ҷалб нагардад ва бештари вақти давлат барои ҳалли масоили сиёсӣ равона шавад: "яке аз ҳамин ислоҳот ин инкишоф додани бахши хусусӣ ва соҳибкорист. Баъди соли 97 ба рушди иқтисод замина гузошта шуд ва шояд ин муддати сипарикардаи мо барои рушди институтҳои иқттисоди бозаргонӣ кифоя накард ва имрӯз гарчанде ин институҳо дар кишвар ҳузур доранду қавонини зарурӣ қабул шудааст, вале инҳо то андозаи лозима барои рушди иқтисоди кишвар мусоидат накарданд, ки ин ба ҳамагон маълум аст. Зеро тибқи омори расмӣ имрӯз беш аз 40 дарсади аҳолӣ дар сатҳи камбизоатӣ қарор дорад ва ин ҳокӣ аз он аст, ки ҳануз ҳам шароити иқтисоди бозаргонӣ чандон дар мо рушд накардааст ва дар баробари ин сатҳи муҳоҷирти меҳнатӣ низ хеле баланд аст, ки ин ҳам нишон медиҳад иқтисоди бозории мо имконияти фароҳамсозии ҷойҳои корӣ бо маоши арзандаро надораду имкониятҳояш маҳдуд аст. Тибқи омор имрӯз 60 фоизи аҳолӣ дар бахши хусусӣ фаъолият дорад ва боқимонда зарурат ба муҳоҷирати меҳнатӣ доранд. Аз ин рӯ, бо дар назар дошти шароити феълӣ гуфта наметавонем, ки шароити иқтисоди бозаргонии пешрафтае дорем. Вале барои гузаштан ба шароити иқтисоди бозаргонии пешрафта заминаҳо дар мо ҳоло гузошта шуда истодааст, ки инҳо тақозои замонанд". Ба гуфтаи номбурда, он қонунҳое, ки дар асоси ҳамин ислоҳотҳо тағиру такмил дода шуданд, ҳарчанд шароити иқтисоди бозаргониро дар назар доранд, вале мушкил инҷост, ки ҳамин қонунҳои қабулшуда, ки барои рушди иқтисоди бозаргонӣ мусоидат мекунанд, ҳангоми дар амал татбиқ гаштан на ба таври пурра амалӣ мешаванд. Яке аз сабабҳои суст рушд кардани иқтисоди бозаргонӣ дар Тоҷикистон ин аст, ки иҷроиши ин қавонин заъиф аст. Ҳоло ҳам дар бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ монеъаҳои рушд вуҷуд доранд.
Солҳои баъди ҷанг ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёт ба якчанд муваффақиятҳо расид ва мехост то ба сатҳи иқтисоди қабл аз ҷанг бирасанд. Вазоифи масъулин дар он солҳо дар қиёс бо соири давлатҳои ИДМ фарқ мекард. Яке аз он вазифаҳо аз байн бурдани гиперинфляция ва мустақкам кардани пули миллӣ буд. Иқтисоддон Зафар Абдуллоев мегӯяд, ки хусусигардонии он солҳо барои баромадан аз принсипҳои советӣ ва гузариш ба системи бозорӣ кумак расонид: "аз дигар тараф он системаи давлатдории авторитарие, ки мо дорем намегузорад камандаи иқтисодӣ, иқтисоди Тоҷикистонро пеш баранд. Инчунин раванди сармоягузорӣ ва фароҳамоварии шароит барои соҳибкории хурду калон ва дигар иштирокчиёни иқтисодӣ бояд омода ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ бошад. Барои ҳамин то иваз шудани принсипҳои сиёсӣ дар давлат ё роҳбарият ва низ афкори онҳо мо солҳои зиёде қафо мемонем, ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон. Бо идомаи ин раванд вазъият ва сиёсати Тоҷикистон ба хатар меафтад. Сустии кунунии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳамон хотир аст, ки як дар ҳукумат идеологияи муайян надоранд".
Оё гузаришро бо муваффақият паси сар мекунем?Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон барои бозори озоди иқтисод шароити ҳуқуқӣ то андозае фароҳам шудааст, вале дар амал ин тавр нест ва дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ танҳо дар шаҳри Душанбе 48% - ро ташкил медиҳад. Ҳарчанд президент ҳам қаблан гуфта буд, ки бояд саҳми бахши хусусӣ аз 50% бештар шавад, аммо то кунун ин амр рух надодааст. Инчунин дар Тоҷикистон саҳми давлат дар иқтисод хеле зиёд асту наздики 70% - ро ташкил медиҳад. Мутахассисони хориҷӣ ҳам саҳми бозорҳои озодро дар иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба соири давлатҳо кам медонанд ва аксарири корхонаҳои бузурги Тоҷикистон ҳам давлатиянду рушди ин корхонаҳо ончунон зиёд нест. Ҳамин корхонаи "Талко" сол то сол истеҳсоли аломинийро коҳиш медиҳад. "Барқи Тоҷик" ҳам қарзҳои зиёде дорад. Шароити кории хубе ҳам дар кишвар нест, зеро дар тобистон барқ ҳасту дар зимистон не. Табиист вақте додани барқ ба ин корхонаҳо кам мешавад, аз кор мемонанд. Ба ҳамин хотир бозори озоди иқтисод дар Тоҷикистон кам аст. Чун 50 то 70 дарсади маводи ғизоии мавриди ниёзи кишвар аз хориҷа ворид мешаваду таносуби савдои хориҷии мамлакат ҳарсола манфӣ мебарояд. Чунончи таи солҳои ахир содирот нисбати воридот ҳамеша манфӣ будааст. Ин ба он маъност, ки корхонаҳои тавлидии хусусӣ, ки озодона тавонанд фаъолият кунанд, вуҷуд надоранд.
Чун яке аз пояҳои асосии даромад ва иқтисоди бозорро биржа аст, давлат бояд биржаи дуввумро роҳандозӣ кунад. Ҳарчанд инак корхонаҳои саҳомӣ дар кишвар ҳаст ба монанди "Барқи Тоҷик", ки саҳмияи онҳоро мардум ва дигар корхонаҳо харидорӣ карда метавонанд, аммо чун дар Тоҷикистон биржаи дуввум, ки дар он нархи саҳмия болову поин меравад, вуҷуд надорад. Ин саҳмияҳо ҳам арзише надоранд ва мардум наметавонанд саҳмияҳояшонро хариду фуруш карда аз он дивидент гиранд, ки дар ин сурат корхонаҳо ҳам фоида мебинанд. Инак мардум 200 млн. доллар саҳмияҳои Роғунро харидааст, вале акнун ин саҳмияҳо дар гардиш нестанду дар бозори коғазҳои қиматнок хариду фурӯш намешаванд. Илова бар ин ҳамин набудани биржаи дуввум ҳаҷми сармоягузориҳоро дар кишвар коҳиш додааст. Бинобарин гузариш ба иқтисоди бозорӣ бо набудани ҳамин биржаи дуввум аслан вуҷуд дошта наметавонад, ки ба ҳамин хотир иқтисоди Тоҷикистонро гузаришӣ меноманд. Ҳамчунин биржа дар ҳоли ҳозир бо тараққиёти технологиву иттилоотӣ пешрафти чашмгире дорад ва даромади зиёд низ.
Олим надорем ё бахши хусусӣ заъиф аст?Бо итмоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон наздики 16000 корхонаҳо хусусӣ шуданд ва интизор мерафт, ки ин бахш саҳми худро ба таври ҷиддӣ дар иқтисодиёти мамлакат мегузорад, аммо шароити кунунӣ акси онро бозгӯ мекунад. Имрӯз аз ин теъдод корхонаҳо ҳудуди 1000 тои он фаъолият мекунад. Ин корхонаҳо ба бахши хусусӣ вогузор шуданд, аммо ин бахш тавони фаъолсозии онҳоро надорад. Яке аз сабабҳояш ҳам ҳамин набудани биржаи дуввум аст, ки боиси гардиш наёфтани саҳоми корхонаҳо гашта кори онҳо ба дурустӣ пеш намеравад ва ҳатто наметавонанд фаъолияташонро тағир диҳанд.
Имрӯз ба назар мерасад таи ин 20 сол, ки иқтисоди бозориро пеш гирифтем, аммо ба ҳеч натиҷаи назаррасе ноил нагаштаем. Иқтисоди бозор ба маънои озодона ва бидуни дахолати беҷои давлат фаъолият бурдани субеъктҳои бозор аст, вале ҳамакнун дида мешавад, ки дар аксари бозорҳои кишвар саҳми бахши хусусӣ ночиз буда аз болои фаъоляити онҳо назорат бурда мешаваду ҳамин омил онҳоро маҳдуд карда маҷбур мешаванд то бо тавофуқи пешина корашонро идома диҳанд. Чунончи дар соҳаи энергетика бахши хусусӣ аслан фаъолият надорад, зеро нерӯгоҳҳо давлативу муштараканд ва танҳо корхонаи муқтадире, ки ба истеҳсол ва фурӯши барқ машғул аст, ҳамин ширкати "Барқи Тоҷик" мебошад. Дар соҳаи алоқа ҳам ҳарчанд фаъолияти ширкатҳои мобилии инфиродӣ ба чашм мерасад, аммо онҳо ҳамвора зери назорати ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" қарор доранд. Дар бахши ҳавопаймоӣ ҳам танҳо як "Сомонэйр" арзи ҳастӣ мекунад.
Дар иқтисод ҳама тиҷоратҳои ҷудогона буда кори идомадодаи ҳукумат кумак ба иқтисод мебошад. Ин иқтисодро худи мардум пеш мебаранд, вале фишори сохторҳои тафтишотиву қудратии давлатӣ ба ҳамин тиҷорат халал мерасонад.
Иқтисоддон Зафар Абдуллоев дар ин бор мегӯяд: "ҳамвора дар тамоми давлатҳо мехостанд то инро зери назорти худ гиранд ва аз тиҷоратҳои хурди мардум пул ситонанд. Имрӯз дар давлатҳои муосире, ки тиҷорати озод доранд, ҳамин роҳе, ки назоратчӣ онро истифода бурда ба тоҷир ҳуҷум кунад, вуҷуд надорад. Вале ин раванд дар Тоҷикистон зиёд аст. Ҳамин мақомдонрони Тоҷикистон бавоситаи апарати назоратии худ чандин ҳазор маблағҳои тоҷиронро дар даст гирифтаанд, ки ин ба як таҷрубаи нохуб барои мо таблид шудааст. Монанди ҳамин бардоштани штанга, ки онро бар гардани тоҷир бор мекунанд. Дар бораи мушкилоти зиёди тоҷирон аз таҳримҳои иқтисодии ӯзбакистон ва дигар масоил мисолҳо оварда мешавад, вале дар асл агар аз худи тоҷирон пурсида шавад онҳо мегӯянд, ки мушкили мо асосан ҳамин сохторҳои назоратист. Агар ҳамин суиистифодаи мақомдорон набошад, тоҷир дигар мушкилоти хурди худро ҳал карда метавонад. Дар ин ҳолат агар лозим шавад ҳар як бозаргон пули сохтани неругоҳ ва ғайраро меёбаду мушкилоташро ҳал мекунад. Ҳозир ҳам мушкилот ҳамин назоратчиёни давлат аст, ки ҳар рӯз 10 то 15 нафарӣ меоянд. Тоҷиронро гирифтани справкаву муҷаввиз ҳам озор медиҳад. Ҳамин милитсияву БДА - ву ғайра мушкилофаринанд. Инро касе ҳал карда наметавонад, зеро дар системаи авторитарӣ тоҷиронро озор медиҳанд ва ҳар шахсе ҳам, ки кӯшиш кунад коре ба пеш бурда наметавонад ва то он ҳангом, ки ҳукумати мо принсипи идоракуниашро дигар накунад, агар 100 бор ҳам дар "Euronews" - у дигар шабакаҳои ҷаҳонӣ таблиғ кунем, на сармоягузорон ҷалб мешаванд ва на мушкилоти иқтисодии кишвар ҳал мегардад. Бо ин аҳвол ҳечгоҳ тиҷорат дар Тоҷикистон осон намешавад".
Ба гуфтаи иқтисоддон Баҳор Қамаров ҳалли 3 мушкили асосӣ метавонад Тоҷикистонро дар гузариши пурра ба иқтисоди бозор ёрӣ расонад, ки бурунрафт аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворист. Албатта барои рушди иқтисодӣ ҳамин истиқлолияти энергетикӣ хеле муҳим аст. Расидан ба ҳамин ҳадаф албатта мушкил аст, зеро барои он сохтани Роғун зарур аст. Расидан ба ин ҳадаф соҳаи саноатро инкишоф медиҳад.
Нокоромадии корхонаҳои хусусӣ дар кишвар ба вузӯҳ дида мешавад. Чун танҳо дар чор моҳи соли 2012 аз 920 корхонаи саноатӣ 231 корхона кор накардааст ё аз ҳар 4 корхонаи саноатӣ яке аз фаъолият боз мондааст.
Аммо дар ин байн иқтисоддон Холмаҳмад Азимов тамоман назари дигар дорад. Ба гуфтаи номбурда баъди истиқлолият мехостанд дар иқтисоди Тоҷикистон ислоҳот гузаронананд, вале чун барномаи мушахасси ислоҳоти ҳар соҳаи иқтисод мавҷуд набуд, ба ҳамин хотир дар иқтисоди Тоҷикистон ба он натиҷаҳое, ки соҳиб шуданӣ буданд, нарасиданд. Аз соли 1995 дару девори Тоҷикистон бар рӯи ҷаҳониён боз гузошта шуд ва раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳамон рӯзи аввал иқтисоди кишварро ба доми худ кашида буду Тоҷикистон натавонист як тарзу чораҳои баланди ворид шудани глобализмро пешбинӣ намояд. Акнун, ки 20 сол сипарӣ шуд, барои боздоштани ин раванд қудрат намерасад, зеро корхонаҳои саноатие, ки дар замони шӯравӣ роҳандозӣ шуда буданд, аз онҷое, ки дар асоси як барномаи муносиб ислоҳ нашуданд, ҳамаи онҳо нобуд шуданд. Аз тарафи дигар онҳо натавонистанд дар баробари услубҳои молиявии иқтисодӣ рақобати худро нишон диҳанд ва акнун ҳарчанд баъзе корхонаҳо роҳандозӣ шудааст, аммо ба кор даровардани ин корхонаҳо сармоягузории хусусӣ мебошад. Дар маҷмуъ ин корхонаҳои навтаъсис наметавонанд қисми зиёде аз мардумро бо кор таъмин кунанд. Натиҷаи номатлуб барои кишвар дар ин 20 сол ин аз даст додани ҷойҳои кории андешидашуда буд. Қариб 800 ҳазор ҷои кории андешидашуда аз даст рафт. Ба хотири он ки барномаи мушаххасе пешбарӣ карда нашуду ин корхонаҳо дигаргун нашуданд.
Иқтисоддон Холмаҳмад Азимов мегӯяд, "ноӯҳдабароии мо дар он аст, ки ҳама худро иқтисоддон мегиранд ба хусус соҳаи молияву қарзи бонкиро мо медонем гуфта, ҳама машғули ҳамин кор мешаванд ва фақат мехоҳанд фоидаро дар дасти худ бубинанд. Ба хотири ҳамин дар кафи дасти худ дидани фоида метавонанд бо имзо нагузоштан аз баҳри фаъолияти ҳазорон корхона гузаранд. То ҳол як механизми гуногуни матлубро омода накарданд, ҳол он ки дар бозори молиявии ҷаҳон беш аз 4 ҳазор тарҳу механизмҳо ба кор гирифта шудаанд ва бисёре аз роҳбарони мо намехоҳанд то ҳадди ақал 10 дарсади ин механизмҳоро аз бар карда ҷорӣ намоянд. Иқтисоди мо як иқтисоди андешидашуда аст, иқтисоде, ки ба танзим даровардани он мумкин аст ва ҳоло, ки ҳамачиро аз даст додем, иқтисоди мо аз доираи танзим ҳам берун шудааст. Ҳачанд мардум ҳам ба тиҷорату сохтмон машғуланд, вале фаъолияти онҳо танҳо то 2 сол метавонад самараи дилхоҳро диҳад. Иқтисоди мо механизмҳои аз берун ворид гардидаро аз худ дур мекунад, ки дар ин ҳолат сармоягузориҳо ҳам дар мамлакат коҳиш меёбад ҷойҳои корӣ низ. Дар ин 20 сол дар иқтисод метавонистем ба дастовардҳои хубе ноил гардем, вале ин чиз ба мо даст надод. Зеро дар Тоҷикистон дар солҳои 2000 - ум масъалаи иқтисод дар мо масъалаи 12 - ум дараҷа буду масъалаи якуму дуввуму севву дигар масоил буданд. Қариб, ки иқтисод бесоҳиб мемонд ва мардум бо истифода аз имконоти худашон ба тадриҷ сармоя гирд оварданд ва фаъолияти худро бароҳ монданд, ки ин асосан ба манфиъати оилаи худи онҳо хидмат мекунад. Вале дар кул барои ҷавонон, барои нафақахӯрон ва барои онҳое, ки қувваи кориву ақл доранд, вале маблағ надоранд, барои онҳо ҷои кор омода накардем. Аз ҳамин манбаъи зеҳнии аҳолии 20 сола то 60 сола ба дурустӣ истифода набурдем. Онҳое буданд, ки метавонистанд барномаи ислоҳоти иқтисодиро омода созанду онро раҳбарӣ кунанд, вале онҳо дар натиҷаи ҳамин авомил берун аз доира монданд. Иқтисоди мо дар ҳоли ҳозир ба хубӣ андешида нашуда аст ва нишонааш ин аст, ки ҷои кори андешидашуда ҳатто то 2 - 3 дарсад аз ҷои кории андешидашударо ташкил намедиҳад. Вақте ҷои кори андешидашуда дар ҷамъият 40% - ро ташкил накунад, иқтисоди давлат иқтисоди лағжонак мешавад, ки ҳамеша дучори бӯҳрон аст ва берун баромадани иқтисоду давлат аз бӯҳрон имконнопазир мешавад. Барои хориҷ шудани иқтисод аз бӯҳрон ва тараққӣ кардани он бояд ҳамин ҷои кори андешидашуда дар иқтисоди Тоҷикистон 30 дарсадро ташкил бидиҳад. Вақте мо ақлу идрок ва қудрати зеҳнии мардуми Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода наметавонем, иқтисод ҳамеша дар ҳолати валангор мемонад. Дар ҳамин соли 2011 истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон 800 ҳазор тонна буд, ки қариб 3 маротиба аз соли 1990 зиёдтар аст, аммо нархи он дар бозор паст намешавад. Яъне ҳамон услубҳои андешидашудаи риштаи кишоварзӣ вуҷуд надорад".
Таҳаввули ҷиддӣ лозим астИқтисоди бозор бе рақобат намешавад ва яке аз авомиле, ки боиси шикасти бозор мешавад, монополия аст. Инчунин таъмин накардани молҳои ғайрирақобатӣ ва нобаробариҳои иҷтимоӣ монанди камбизоатии шадид ҳам бозорро ба самти рукуд бурда метавонанд. Иддае аз иқтисоддонон мӯътақиданд, ки бисёре аз шикастҳои бозор бидуни қавонини давлатӣ ва аз тариқи ифшои иттилоот ҳали худро меёбанд ва давлатҳо метавонанд авомили берунии бозорҳоро бо роҳи интиқоли иттилоот ҳал намоянд на ин ки иттилооти феълиро пинҳон намоянд.
Иқтисоддон Баҳор Қамаров мегӯяд, ки монополия дар соҳаҳои алоҳида дар Тоҷикистон дида мешавад: "махсусан ин ки як намуди маҳсулот дар ҳаҷми зиёд ба кишвар ворид мегардад ва Тоҷикистон вобастаи он мешавад ва бо баланду паст шудани нарх таъсири он ба иқтисодиёт мерасад ва дар ин ҳолат давлат наметавонад он молро аз дигар кишвар харидорӣ кунад чун аз нигоҳи иқтисодӣ хам роҳи дигаре нест ва дар бозори сузишворӣ ҳам монополия бар ҳамагон маълум аст, зеро сузишворӣ аз ҷониби як кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад ва ҳаҷми он он ҳам зиёд нест. Дар соҳаи сузишворӣ тамоман рақобат нест. Дар соҳаи маводи ғизоӣ ҳам ҳама монополия асту ҳатто орду гандум. Бо ин ҳол наметавон интизор дошт, ки ба амнияти озуқавоӣ даст хоҳем ёфт".
Иқтисоддон Зафар Абдуллоев ҳам бар ин назар аст, рақобати комил дар кишвар нест ва на танҳо дар Тоҷикистон балки дар ҳамаи ҷаҳон монополияи табиӣ вуҷуд дорад, ки албатта набояд ҳамаи соҳаҳоро ба дасти хориҷиён дод ба вижа соҳаи саноат: "дар кул рақобати озод ва тоза дар кишвар хеле кам аст ва бе ҳамин рақобат принсипҳои бозор ва тиҷорати озодро наметавон иҷро кард ва ин корро ягон супременеҷер дар Тоҷикистон карда наметавонад. Системаи сиёсӣ ба тарзи авторитарӣ метапад. То он ҳангом, ки президент ҳам роҳбари ҳукумат ва ҳам роҳбари органи иқтисод асту бе ӯ ҳеч коре пеш намеравад. Зеро як одам дар ягон ҷои давлат наметавонад даҳҳо зершохаро ба танҳоӣ пеш барад. Президент бояд як чанде аз салоҳиятҳои худро ба афроди ҳирфаӣ супорад. Иқтисоди мо ҳануз ҳам таранзитист ва муаян нашудааст, ки ба кадом роҳ меравему бо кадом механизмҳо кор мекунем ва ҳануз ҳам дар ҷустуҷӯи роҳи худ ҳастем. Суръати мо зиёд нест ҳарчанд масъулин мегӯянд, ки барои тағир додани вазъият барномаҳои умумӣ дорем. Агар дар сиёсат чизе тағир ёбаду рӯ ба сахтӣ гарояд, ҳамин дастовардҳои феълӣ ҳам боз монанди солҳои 92 - 95 ба ақиб бармегардад ва боз 20 - 30 соли дигар ба ақиб боз мегардем ва агар бори дуввум ин иттифоқ биафтад, дигар иқтисоди Тоҷикистонро ба ақиб баргардонида намешавад".
Озодии иқтисодӣ шарти зарурии эҷод ва ҳифзи маданият ва озодиҳои сиёсист. Озодии иқтисодӣ барои озодии сиёсӣ як зарурат ба шумор меравад. Чунончи агар мардум тавонанд бидуни иҷбор ё фармон аз боло бо ҳам ҳамкорӣ намоянд, доираи амали қудрти сиёсӣ кам мегардад.
Зафар Абдуллоев чунин мешуморад, ки барои гузариши беҳтар ба муносибатҳои бозор ва рушди иқтисодиёт иқтисодро пеш аз ҳам бояд сарвазир идора намояду мустақил бошад. ӯ аз президент вазифа гирад, вале бояд дар фаъолияташ мустақил бошад. Чи тавр ва бо кадом механизм ва команда кор карданашро бояд худаш муайян кунад. Тоҷикистон ягона нест ва дигар давлатҳои хурд ҳам қувваҳои гуногуне доранду намояндагони онҳо нисбат ба ҳукумат норизоятӣ доранд. Пеш бурдани иқтисодиёти Тоҷикиситон сангин аст ва албатта дар инҷо намояндаи ҲНИТ ва дигар аҳзоб, ки агар дар байнашон афроди ботаҷрубаву варзида бошанд, бояд онҳоро ба вазоратхонаҳову дигар шохаҳои ҳукумат овард. Рақобат на фақат дар иқтисод балки дар сиёсат ва идоракунии Тоҷикистон ҳам лозим аст. Рақобат бояд дар боло бошад, зеро вақте аз боло оғоз мешавад, албатта решаҳои поинӣ сад дар сад қувват мегирад. Табиист вақте рақобат ҳаст, тарафи беҳтарин бурд мекунад ва ҳамин иқтисодиётро пеш мебарад ва ин барои мардум ҳам беҳтар аст, зеро онҳо мудирони коромадро интихоб мекунанд. Бояд кадрҳоро аз аҳзоби гуногун ба ҳукумат роҳ диҳанд на ин ки ҳама аз як ҳизб бошанд. Чун дар системаи феълӣ рақобат аз байн рафтааст. Инчунин бояд бо фасод муборизаи воқеӣ бурда шавад, зеро то ҳол дар Тоҷикистон таи чанд сол боз фақат гапу декларатсия аст. Ҷамъиятро бояд бедор кард ва ба ҳар як шаҳрванд имконият доду даъват кард барои мубориза бо нусхаҳои гуногуни фасод. Зеро коррупсия худи шаҳрвандон ҳастанд ва онро касе ба Тоҷикистон содир накардааст ва худи вазъияти Тоҷикистон талаб менамояд ин кор бас карда шавад.
Дар оянда барои иқтисоди кучаки Тоҷикистонро ба эътидол овардан дар бисёре аз масоил гузашт кардан ва одамонеро сари кор овардан лозим, ки иқтисодро донанд. Аз таҷрубаи афроде, ки 40 то 60 сола ҳастанд, истифода намешавад. Холмаҳмад Азимов дар ин бора мегӯяд, аз таҷрубаи ин мутахассисон мо бояд дуруст истифода барем, ки ба ин чиз эътибор намедиҳанд. Бинобарин як услуби овардани донишмандон сарфи назар аз минтақаву маҳалу миллату кишвар бояд бароҳ монда шавад. Зеро дигар давлатҳо аз ҷумла Малайзия танҳо аз ҳамин роҳ пешрафт карданд. Ин кишвар кучак аст вале иқтисодаш пешрафта аст. Аз нигоҳи экологиву ҷойгиршавӣ Тоҷикистон дар ҷойгоҳи хубе қарор дорад ва ин корро танҳо одамони донишманд метавонанд анҷом диҳанд.
Иқтисоддонон мегӯянд, ки мавҷуд будани монополияву фасод ва набудани рақобату техникаҳои нав ва низ набуди мутахассисони варзида дар ин соҳа монеъи гузариши Тоҷ икистон ба иқтисоди бозории модерн гаштааст. Барои гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ беҳтар аст то таҷрубаи соири кишварҳо ба инобат гирифта шавад.
Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр