Бахшҳо
27 июл 2012 03:26Сиёсат

Кӣ бадахшонро оғуштаи хун кард

Бар асари амалиёти низомӣ дар вилояти Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ ҳудуди 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд. "Озодӣ" бо такя ба манобеи мустақил менависад, ки аз онҳо  9 нафарро аъзои нерӯҳои ҳукуматӣ ташкил дода, 25 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба навиштаи сарчашма амалиёт  танҳо дар ду минтақаи Хоруғ, маҳаллаи "Хлебзавод" ва маҳали иқомати Толиб Айёмбеков- "УПД"  идома дошта, дар дигар манотиқи шаҳри Хоруғ вазъият ором ва муътадил аст.

Маврид ба зикр аст, ки пас аз зӯҳри 21-уми июл дар деҳаи Ниводаки Бадахшон, Абдулло Назаров, раҳбари раёсати  амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон кушта шуд. Бино бар иттилои расмӣ номбурда бар асари захми корд ҷон додааст. Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати умури дохилаи Тоҷикистон  Толиб Аёмбеков, сокини шаҳри Хоруғ, собиқ қумондони мухолифин ва фармондеҳи Бахши сарҳадии минтақаи Ишкошимро ба марги генерал гунаҳкор эълон карданд. Дар баёнияи мақомоти мазкур, ки шоми 23-юми июл тариқи телевизоини "Ҷаҳоннамо" пахш шуд, омадааст, ки тибқи тафтишоти пешакӣ ҷинояти мазкур аз ҷонибди аъзои гурӯҳи ғайриқонунии Толиб Айёмбеков содир шудааст. Гуфта мешавад мақомоти давлатӣ Толиб Айёмбеков ва пайравон ӯро дар қочоқи ғайриқонунии тамоку ва бандитизм муттаҳам медонанд.

Т. Айёмбеков:
Мо бо Абдулло Назаров муносибати хуб доштем

Ин ҳам дар ҳолест, ки Толиб Айёмбеков, фармондеҳи бахши сарҳадии Ишкошим дар сӯҳбати телефонӣ бо хабарнигорон даст доштани худ ва ҳамроҳонашро ба марги генерал рад кардааст. Т. Айёмбеков гуфтааст, ки бо генерал А. Назаров ҳич муноқишае дар мавриди тамоку надошт ва бо баҳонаи таҳқиқи марги генерал ҳукумат хоҳиши аз собиқ қумондонҳо озод кардани минтақаро дорад. Толиб Айёмбеков гуфтааст, ки рӯзи шанбе, пас аз зӯҳр, дар Ниводак сабукрави генерал А. Назаров бо сабукрави дигаре бармехӯрад. Дар натиҷа генерал аз автомошинаи худ берун омада бо бачаҳо муноқиша мекунад. Ҷавонон ба ҳарфҳои генерал, ки ӯ худро муаррифӣ накарда буд, тоқат накарда ба ӯ ҳамла мекунанд, ки дар натиҷаи ҳамла номбурда ба замин меафтад ва аз захми сар ба санг ҷон медиҳад. Номбурда аз он нигаронӣ мекунад, ки чаро ба ҷойи тафтишоти ҳодиса мақомот нерӯҳои худро ба минтақа ворид кардаанд.
Бино бар иттилои сухангӯи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Нозирҷон Буриев, амалиёт дар шаҳри Хоруғ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Гуф=та мешавад, ки феълан дар шаҳри Хоруғ 3 ҳазор низомиён сафарбар шуда, вазъиятро ҳамчунин чархболҳо назорат мекунанд. Барои анҷоми амалиёт дар Хоруғ низомиёни нерӯҳои зудамал, Горди президентӣ, ОМОН, Алфа, КГБ, ВКД сафарбар шудаанд.
Бино бар гуфтаи Толиб Айёмбеков неруҳои низомӣ аз субҳи рӯзи якшанбе вориди Хоруғ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ то зуҳри сешанбе мегуфтанд, ки ҳеч гурӯҳеро ба Хоруғ сафарбар накардаанд.

Чаро генаралро зердастонаш ҳимоя накарданд?

Гуфта мешавад, ҳангоми ҳамла ба генерал Абдулло Назаров ҳамроҳи ӯ 3 нафари дигар,  ду нафар зердаст ва саввумӣ ронанда будааст. Гуфта мешавад, ки ду нафар зердаст бо ҳам силоҳ доштаанд. Бино бар иттилои расмии мақомоти амниятӣ зимни тафтишот аз онҳо як тапонча ва як автомат мусодира шудааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро зердастон ҳангоми ҳамла ба генерал оташ накушода, худ фирор мекунанд.
Гузашта аз ин ҳамроҳони генерал ба далели бардоштани ҷароҳати сабук аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, ки паси марги Абдулло Назаров сире ҳаст, ки албатта он ба ин зудӣ ошкор хоҳад шуд. Изза=т Аммон, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки кушта шудани мақоми баландпояи ҳукумат бозгӯйи хатари кишвар ва мардум бурда, зарбаи ба имиҷи берунаи кишвар хоҳад буд. Номбурда бо бар ин назар аст, ки ба ҳар роҳе набошад масъулин бояд талош мекарданд, то масъаларо бо роҳи сулҳомезона ва гуфтушунид бартараф мекарданд. Зеро муташаниҷ кардани вазъ пеш аз интихоботи президентӣ ба манфиати сиёсати давлатӣ нахоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол Ҳуриниссо Ғаффорзода, раҳбари созмони "Оштии миллӣ" дар сӯҳбати худ гуфтааст, ки супоришгарони марги А. Назаровро мақомот бояд аз хориҷ пайдо намоянд.

Маврид ба зикр аст, дар робита ба вазъияти Хоруғ шаҳрвандони кишвар гирдиҳамоие дар Русия баргузор намуданд. Гуфта мешавад ҳудуди 300 нафар бадахшониҳо дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ шуда, аз маҳдудияти тамос бо наздиконашон нигаронӣ кардаанд. Муътаризон аз масъулини сафорат талаб кардаанд, то амалиёт дар Хоруғ қатъ карда шавад.
Алим Шерзамонов, раҳбари Ҳизби сотсиал демократҳои Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон дар сӯҳбати телевизонии худ амалиёт дар маркази Бадахшонро як навъ "поккунии қавмӣ", номидааст. Гуфта мешавад, Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳангоми мулоқот бо намояндагони тазоҳурот гуфтааст, ки амалиёт низомӣ дар Хоруғ танҳо бар зидди афроди ҷинояткор мебошад.
Ҳамчунин гуфта мешавад аз шоми 23-июл дастрасӣ ба хабаргузории "Азия плюс" маҳдуд шудааст. Дастрасӣ ба хабаргузории "Азия плюс" бо супориши раҳбари хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров қатъ шудааст.

Тақдири генералҳои Тоҷикистон

Гуфта мешавад генерал Абдулло Назаров нахустин мақомоти баландпояи низомие нест, ки бар асари амалиёт ва ё ҳамлае кушта мешавад.
Соли 2009, дар натиҷаи баргузории амалиёти "Кукнор 2009" генерал Мирзо Зиёев, собиқ қумондон кушта мешавад. Фарзияҳо атрофи марги собиқ раҳбари кумитаи ҳолатҳои фавқулода мухталиф мебошанд. Бино бар гуфтаи коршиносон ҳадафи аслии баргузории амалиёти "Кукнор 2009" бартараф кардани генерал Зиёев ва пайравони вай мебошад.

Соли 2010, генерал Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохила дар натиҷаи баргузории як бозпурсӣ дар манзили зисташ кушта мешавад. Бино бар иттилои расмӣ номбурда ҳангоми боздошт дар манзили зисташ бо истифода аз таппончаи шахсиаш худро парондаааст. Аммо хонаводаи М. Солеҳов ин фарзияи мақомоти давлатиро рад карда мегӯянд, ки собиқ вазири умури дохила ба ҳеч ваҷҳ наметавонист қасд ба ҷони худ намояд.
Бо таваҷҷӯҳ ба шеваи баргузории амалиёт дар шаҳри Хоруғ коршиносон мегӯянд, ки он монандие ба ҳаводиси Рашт дорад.
Тибқи иттилои охирин пас аз зӯҳри рузи сешанбе мақомот ду нафар низомии захмиро ба Душанбе интиқол додааст. Онҳо дар бемористони шаҳри Душанбе бистарӣ шудаанд. Бино бар иттилои ба даст расида, Толиб Айёмбеков, муттаҳам ба марги генерал Абдулло Назаров ба Афғонистон фирор кардааст.
Бояд гуфт, Толиб Айёмбеков ва пайравони ӯро дар ҳоле ба марги генерал айбдор мекунанд, ки то ба ҳол натиҷаи ташхиси марги Абдулло Назаров муаяйн нашудааст.
"Озодӣ" бо такя ба хабарнигори маҳалиаш менависад, ки вазъият дар Хоруғ муташаниҷ буда, дастикам 100 нафар захмӣ шудааст. Ба навиштаи сарчашма гурӯҳе аз мардуми бадахшон дар майдони Хоруғ ҷамъ омада талаби қатъи амалиётро кардаанд.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)