Бахшҳо
26 июл 2012 11:20Гузориш

Оё ба амнияти худ бовар доред?

Вақте як афсари баландрутбаи ниҳоди амниятии кишвар ҳамроҳ бо чанд тан аз кормандони ин ниҳод, ки албатта мусаллаҳ будаанд, дар рӯзи равшан мавриди ҳуҷум қарор мегирад ва ин генерал ба ҳалокат мерасад, оё аз таъмин будани амнияти шаҳрвандони оддӣ ва бидуни муҳофизи мусаллаҳ метавон сухан гуфт?

Бо таваҷҷӯҳ ба сохти давлатдорӣ дар кишвар ва таъсири хонаводагиву қавмӣ дар ҳама корҳои кишвар вақте шахсе наздик ба хонаводаи рақами якро дар пойтахти кишвар ба осонӣ террор мекунанд, оё мешавад аз вуҷуди амният ҳарф зад? Вуҷуди ин гуна пурсишҳои посухталаб боис шуд, ки "Озодагон" ин ҳафта аз коршиносон чунин суол кард:

Комёб ҶАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятӣ


Боварӣ ба амният ҳамеша бояд бошад. Зеро баъзе қувваҳои сиёсии манфиъатдоре ҳастанд, ки мехоҳанд амнияту оромиро дар Тоҷикистон халалдор созанд. Барои ҳамин эҳтиёт кардан лозим. Умуман қувваҳое ҳастанд, ки ба воситаи террори шахсиятҳо мехоҳанд як тарсу ваҳмеро дар миёни омма паҳн кунанд. Бинобарин бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва органҳои ҳукуматӣ ҳатман ба ин террорҳо ҷавоби дуруст диҳанд. Яъне ҷинояткоронро сари вақт дастгир ва ба муҷозот расонанд. Агар ин ҳолатҳо барои ҷазодиҳӣ кашф нагарданд, ҷинояткорон аз худ мераванд ва мушкилот зиёдтар мегардад. Ин вобаста ба кори органҳои амнияту ҳифзи ҳуқуқ аст. Онҳо ҳатман бояд кӯшиш кунанд то ҷинояткоронро пайдо карда ба ҷазо расонанд. Мардум бояд фаъолият бурдани органҳои ҳифзи ҳуқуқро ҳис кунанд ва бадхоҳе, ки мехоҳад нооромиро дар ҷомеа ҷорӣ кунад, тираш ба ҳадаф намерасаду наметавонад нооромиро эҷод намояд. Ҷумҳурии мо таҷрубаи талх дорад, аз ин рӯ фақат бояд бо халқ кор кард ва сари вақт ҷинояткоронро пайдо карда ҷазояшон диҳанд. Ин ягона роҳи таъмини амният аст.         

Маҳмадалӣ ҲАЙИТ, муовини раиси ҲНИТ

Ман ба амнияти худ боварӣ надорам. Зеро то имрӯз мақомоти қудративу амниятӣ барои амнияти мардум ҳеч коре накардаанд ва нахоҳанд кард. Барои барқарории амният бояд ҳукумат ваҳдати миллие, ки ба ном вуҷуд дорад, таъмин мекард. Баъдан сиёсати кадрӣ ва муносибат бо мардуми минтақаҳо тағйир мехӯрд. Ҳукумат мебояд ислоҳ мешуду вазъи иҷтимоии мардум беҳбуд меёфту онҳо бо ҷои кор ва табобату маорифи ройгон таъмин мешуданд! Имрӯз ҳукумат ин корро анҷом надодааст ва амнияти мардум зери хатар қарор дорад ва ҳукумат танҳо амнияти худашро дар назар гирифтааст.

Парвиз МУЛЛОҶОНОН, сиёсатшинос

На танҳо дар вазъияти сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ, балки дар дигар кишварҳои минтақа як ноамнӣ дида мешавад. Интихобот ҳам наздиктар мешаваду вазъияти иқтисодии кишвар боз ҳам ҳассостар мегардад. Чун бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳам минтақаро фаро мегирад. Ин қатлҳо инъикоси ҳамон ҳодисаҳои дар сатҳи болову ҷаҳонист. Ба ҳамин хотир ҷой доштани амният дар як самт кофӣ нест ва бояд  хоҳиши ҳам ҷомеа ва ҳам ҳукумат дар як самт ҷой дошта бошад. На танҳо бо роҳи зиёд кардани назорату фишор, балки бо роҳи беҳтар намудани вазъияти иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва низ пайдо кардани ҷойҳои корӣ. Ин бояд як сиёсати ҳаматарафаи фарогир бошад.

Султони ҲАМАД, собиқ корманди амният

Бале, куштори генерали мақомоти амниятӣ Абдулло Назаров, Холмӯмин Сафаров, як тан аз мансабдори дигари баландпояи ҳукуматӣ, ки бо сарвари давлат риштаи хешу таборӣ низ доштааст, дар ин авохир нигарониҳоеро дар ҷомеъаи мо ба бор овардааст. Мардум боз дар бораи суботу амнияти ҷомеъа ва фардии хеш бештар фикр мекардагӣ шуданд.  Бешубҳа дар ҳар як кишвари ҷаҳон чунин ҳодисаҳо рух доданаш мумкин аст. Куштори як одам аз ҷониби  одами дигар бадтарин амал, сангинтарин ҷиноятаст, ки як инсон алайҳи инсони дигар мекунад ва он бояд маҳкум ба ҷазо бошад. Вале вақте сухан дар бораи куштори соҳибмансабони сатҳи болои ҳукумат меравад ва ин кушторҳо як навъ вобастагие ба фаъолиятҳои касбӣ ва ахлоқии  ин ашхос ҳам доранд, албатта бояд  боиси ташвиши на танҳо мардум, балки ҳукуматдорон низ бошад. Ҳукуматдорон дар иртибот бо ин ҷиноятҳо дар назди хеш бояд саволҳои зиёдеро матраҳ бисозанд ва барои ҳар яки онҳо одилонаву мунсифона ҷавобҳои воқеӣ биҷӯянд. Ман бо ин гуфтанӣ нестам, ки ҷиноятҳои мазкур бештар характери зиддиҳукуматӣ доранд, то зидди афроди алоҳида. Ҳамчунин аз андешае дурам, ки ҷиноятҳоро ашхосе содир кардаанд, ки аз ду ҷониби даргири солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ намояндагӣ мекарданд ва имрӯз ин корро барои гирифтани қасос аз ҳамдигар кардаанд. Ҳатман ин тавр нест. Шукр, ки  ҳанӯз то ба он дараҷа нарасидаем ва қасосгирӣ то имрӯз дар ҷомеъаи мо дар шакли қатли афроди ҷонибҳои даргузашта ба ҳам даргир матраҳ нест, ҳарчанд фишорҳои равониву танг кардани мавқеи иҷтимоӣ як ҷониби сулҳ ба мушоҳида мерасанд ва ин албатта кори дурандешона нест ва дар сурати идома ёфтан пайомадҳои манфӣ ба дунбол хоҳад дошт.  Ба фикри мо илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ дар амалӣ кардани сиёсатҳои одилонаву мунсифонае, ки дар суханрониҳои президенти кишвар ҳамеша матраҳ ҳаст, пайдо кардан мумкин аст.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси ҲУСДТ

Дар хусуси куштори Абдулло Назаров ва омилу сабабҳояш аллакай дар расонаҳои иттилотии мустақил баъзе матлабҳое нашр шуда истодааст, ки нодида гирифтани онҳо ба манфиати кор нест. Ин ҳодиса бори дигар нишон дод, ки дар Тоҷикистон амнияти шаҳрвандон таъмин карда нашудааст. Алаллхусус шахсиятҳое, ки бо сиёсат машғул ҳастанд ва соҳибкорону журналистон низ. Албатта қонунгузорӣ кафолати амнияти шаҳрвандонро додааст ва мақомоти марбутаи давлатӣ бояд онро таъмин намоянд, вале борҳо шудааст, ки ё журналистон мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Ё дигар шаҳрвандон вобаста ба вижагиҳои фаъолияти касбиашон, инчунин ақидаи сиёсӣ ва эътиқоди диниашон мавриди таъқиб қарор мегиранд. Бешубҳа ин гуна ҳолатҳо эътибори байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам пасттар мекунад. Таъмини амнияти Тоҷикистон ҳамчун давлати  соҳибихтиёр пеш аз ҳама аз сиёсати дохиливу хориҷии он вобаста аст. Ҳар чӣ қадар шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ зиёдтар гардаду низоми ҳокимияти давлатӣ мукаммал бошад ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, алалхусус ҳуқуқҳои сиёсӣ ва  иҷтимоиву иқтисодии онҳо афзун шавад, кафолати амнияти давлат низ бештар мешавад. Дар хусуси ваҳдати миллӣ камтар гап зада, дар амал тадбирҳое бояд андешид, ки воқеан ваҳдати миллиро таҳким бахшад. Маҳз ваҳдати воқеии миллӣ метавонад кафолати муқовимат ба ҳар гуна таҳдиду хатарҳои дохиливу берунӣ бошад.

Ҳикматуллоҳ САИДИЁН, раиси Ҳизби сабти ном нашудаи "Ваҳдат"

Ман, ҳамчун раиси Ҳизби сабти ном нашудаи "ВАҲДАТ" ва ҳамчун як шаҳрванд гуфтаниам, ки амнияти мардуми Тоҷикистон дар ҳолати хуб қарор дорад ва аз ҷумла ҳолати амниятии ман низ. Ба ҳамагон маълум аст, ки кушторҳои номбурда ба мардуми оддӣ ҳеч халал эҷод намекунад, чунки номбурдаҳо (Абдулло Назаров, Холмуъмин Сафаров) бо сабабҳое, ки ҳамагон шоҳиди ҳолашон ҳастем, кушта шудаанд. Хуллас, мардуми Тоҷикистон бо амну амонӣ ба сар мебаранд.

Зафар ҚУРБОНОВ, ҳуқуқшинос

Бояд қайд кунам, ки ман мансабдор нестам ё ягон ақрабои мансабдор низ надорам. Як шаҳрванди оддӣ ҳастам, ки ба додам на ҳукумат расид ва на мақомоти амниятӣ. Аз ин хотир тарки Тоҷикистонро авлотар шуморидам. Барои он ки шахс аз бартариҳои иҷтимоӣ ва амниятии худу аҳли байташ бархурдор бошад, бояд ҳукумат ва ниҳодҳои амниятӣ хуб кор кунанд. Ашхоси тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ аз сохторҳои ҳукуматӣ берун карда шаванд. Кадрҳои болаёқат аз ғарибиҳо даъват ва ба кор қабул карда шаванд. Сиёсати беғаразу бидуни маҳалгароиро ба роҳ монанд. Бояд аз фасод дурӣ ҷӯянд, вале дар шароити феълӣ ин ҳама ба афсонае шабеҳ аст. Зеро кори ҳукумат дар ин самт хеле заъиф аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)