Барои ҷилавгирӣ аз талафоти бештар дар шаҳри Хоруғ даъват менамоем, ки ҳарчи зудтар задухӯрдҳо қатъ гашта, барои баргардонидани субот ва оромӣ дар минтақа талошҳо ба харҷ дода шаванд…
Амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ вокунишҳои зиёдеро дар ҷомеъаи Тоҷикистон ва берун аз он вуҷуд овардааст.
Бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ бо таваҷҷуҳ ба қатъи комили иртиботот ва дар инзиво қарор гирифтани мардуми ин минтақа шеваи гузарондани амалиёти низомӣ дар маркази вилояти Бадахшонро ғайри қобили қабул мегӯянд. Кулли коршиносон бар ин назаранд, ки афроди мазнун дар қатли генерал Абдулло Назаров бояд мавриди боздошт ва тафтиш қарор бигиранд, аммо эъзоми нерӯҳои низомии зиёд бар ин минтақа агар сурат намегирифт чӣ беҳтар.
Дар ҳамин ҳол, зодагони шаҳри Хоруғ, ки алъон дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистону берун аз он ба сар мебаранд, бо сабаби қатъи ҳама намуди алоқа аз вазъи пайвандону наздиконашон изҳори нигаронӣ мекунанд.
То ин замон ду ҳизби сиёсии кишвар, ҲУСДТ ва ҲНИТ дар мавриди амалиёти низомӣ дар Хоруғ изҳорот пахш карда, қатъи амалиёти низомиро тақозо кардаанд. Сотсиал-демократҳо дар баёнияаашон аз ҷумла навиштанд, ки амалиёти низомӣ дар Бадахшонро маҳкум мекунем. Онҳо аз мақомоти расмии Тоҷикистон тақозои қатъи амалиёти низомӣ ва берун овардани нерӯҳо аз қаламрави вилоятро намудаанд. Ҳамчунин ҳизби мазкур, дархост кардааст, ки долоне барои ирсол ва расонидани кӯмакҳои хайрия, тиббӣ ва беҳдоштӣ ба шаҳр боз шавад. Зимнан, дар изҳороташон онҳо хостори расидагии қонунӣ ба ҳодисаи қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати КДАМ бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон шудаанд.
Ба ҷуз ин, ҲУСДТ аз созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои поён додан ба амалиёти низомӣ дар Бадахшон иқдомеро рӯйи даст бигиранд.
ҲНИТ ҳам баёния пахш кард…
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ шоми рӯзи гузашта (24-уми июл) дар ҷаласае вазъи феълии минтақаро ба баррасӣ гирифта ва қатли генерал Абдулло Назаровро маҳкум кард.
ҲНИТ дар изҳороти худ навиштааст: "Бояд зикр кард, ки мақомоти кишвар талоше барои ҳалли қазия ва пайдо намудани афроди ҷинояткор аз усулҳо ва имконоти ниҳодҳои мулкӣ ва шахсиятҳои шинохтаи минтақа истифода карданд. Ҷониби дигарро низ лозим буд, ки бо мақомот барои ёфтани роҳи ҳал ҳамкорӣ нишон медод."
Дар идомаи баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ омадааст, ки тарафҳо бояд эҳсосотро канор мегузоштанд ва бидуни шитобзодагӣ барои пайдо кардани роҳи ҳалли муносиб талоши бештаре ба харҷ медоданд: «Ҷои таассуф аст, ки ҳамкорӣ накардан бо мақомоти кишвар ва шитобзадагӣ зоҳир кардани ситоди муштарак боиси амалиёти низомӣ гардид, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти сангинеро ба бор дошт ва сабаби нооромии як гӯшаи ватанамон гардид.
Барои пешгирӣ аз талафоти бештар, Шӯрои сиёсии ҲНИТ даъват намудааст, ки ки ҳарчи зудтар задухурдҳо қатъ гашта, барои баргардонидани субот ва оромӣ дар минтақа талошҳо ба харҷ дода шаванд.
Мӯҳр