Он чӣ дар Сурия рух медиҳад, бо он чӣ дар Миср, Тунис, Либи ва Баҳрайн иттифоқ меафтад, тафовутҳои бисёре дорад. Аз ин сабаб, нигоҳе ба ҳаводиси ҷорӣ дар Сурия хоҳем дошт ва онҳоро то ҷои мумкин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳем...
Ба гузориши хабаргузории Форс беш аз як сол аст, ки ҷаҳони араб шоҳиди инқилобҳое аст, ки ба суқути бархе аз режимҳо мунҷар шудааст. Инқилобҳое, ки дар Миср, Тунис ва Либи ( бо ҳамлаи НАТО) ба натоиҷе расиданд, ҳамакнун дар кишваре чун Баҳрайн идома дорад.
Аммо дар ин байн шоҳиди тағйир ва таҳвавулоте дар Сурия низ будаем, ки бархе онро дар идомаи инқилобҳои арабӣ нисбат додаанд, матлаби зер талош дорад, бо баррасии инқилобҳои ҷаҳони араб ва муқоисаи онҳо бо якдигар ба идаъои ин афрод посух гуяд ва ба ин саволи асосӣ посух диҳад, ки чаро ҳаводиси Сурия аз ҷинси дигар инқилобҳо фарқкунанда аст. Эътирозоте ки ба гуфтаи мақомоти Сурия қонунӣ буда ва мақомоти ин кишвар қавл дода буданд, ки ин матолиботро бароварда кунанд, вале ин эътирозот мавриди сӯистифодаи аносири мусаллаҳе, ки аз суй бархе аз кишварҳои ғарбии мавриди ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ мешуданд, қарор гирифт ва танҳо хостаҳои мардумӣ буд, ки дар ин эътирозот гум шуд.
Минтақаи Ховари Миёна дар айни стротегӣ будан, минтақаи печида аст ки пешбинии таҳаввулоти ҷории дар он ба вижа баъд аз вуқуи инқилобҳои арабӣ, ба роҳати имкон пазир нест, ба ҳамин далел ба назар мерасад, беҳтарин роҳ фаҳми тағйир ва таҳаввулоти ҷорӣ дар ин минтақа ба таври кулӣ ва ба кишварҳои он ба таври хос, ёфтани "муҳарик"ҳои ин таҳаввулот аст.
Бинобар ин шинохти мутағайирҳо барои пешбинии раванд ва фароянди таҳаввулоти ҷорӣ дар минтақа ва кишварҳои минтақа, омили бисёр муҳим аст, аз ин ҷиҳат ки шинохти ин фароянд ба мо собит хоҳад кард, он чи дар Сурия рух медиҳад, бо он чи дар Миср, Тунис, Либи ва Баҳрайн иттифоқ меафтад, тафовутҳои бисёре дорад.
Ба манзури баррасии ин таҳавулоти ҷорӣ дар Сурия бо ончи дар дигар кишварҳои арабӣ рух дода, нигоҳе ба ҳаводиси ҷорӣ дар Сурия хоҳем дошт ва онҳоро то ҷои мумкин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳем дод.
Шаклгири эътирозҳо ва хостаҳои мардумӣ
Ин воқият ки бахше аз мардуми Сурия ҳангоме, ки эътирозҳои худро дар ин кишвар оғоз карданд, хостори анҷоми ислоҳоти асосӣ ва решаӣ дар кишвар буданд, мавзуъе ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо майл ва рағбат ба онҳо посух дод ва борҳо дар суханрониҳояш барои мардуми Сурия ва мусоҳибаи матбуъотӣ ва хабарияш бо расонаҳои мухталифи хориҷӣ ва дохилӣ, таъкид кард ки давлати Сурия ба хостаҳои мардум беэътино набуда ва ба онҳо посух хоҳад гуфт ки дар тули ин муддат шоҳиди ин амр будем, озодии ташкили аҳзоб ки ҳам акнун теъдоди онҳо дар ин кишвар ба 20 ҳизб расида аст ва баргузории интихобот ва анҷоми ислоҳот дар қонуни асосии ин кишвар далели ин мудаъост, дар ҳоле ки мо дар ҳеч як аз эътирозҳои мардуми Тунис ва Миср ва Либи ва Баҳрайн ва Яман шоҳиди чунин ҳамроҳӣ аз суи низом бо мухолифон набудем, на дар Тунис Зайналобидин ибни Алӣ ва на Миср Ҳусни Муборак ва Либи Муъамар Қазофӣ ва Яман Абдулоҳи Солеҳ ва Баҳрайн Оли Халифа надидаем, ки низоми ҳоким бо хостаҳои мардуми худ таваҷҷӯҳ дошта бошад, ҳатто ба шакли зоҳирӣ ҳам шуда, ба ин хостаҳо посух гуяд.
Шиъорҳои мухолифон
Агар чи дар ибтидо ва оғози нооромиҳо дар Сурия мухолифони шиорҳое алайҳи низом сар медоданд ва дар онҳо хостаҳо ва мутолиботи худро матраҳ карданад, аммо ба мурур ин шиорҳо раванд ва шакли дигаре ба худ мегиранд, ба гунае ки шиорҳои миллӣ ва саросарӣ, ки хостори ислоҳот ҳастанад, ба тоифаӣ ва фирқаӣ тағйири моҳият медиҳанд, аз ҷумла ин ки шиори инҳирофӣ ки чаро "алавиҳо", ки ақаллияти кишварро ташкил медаҳанд, бар аксарият, яъне аҳли тасанун ҳоким ҳастанад, ҳол онки аз сарони баландпояи Сурия, Башор Асад алавӣ аст ва тамоми вазифаҳои калидии ин кишвар дар дасти касоне аст ки ҳама аҳли суннат ҳастанад. Дар ҳоле ки мо мушобиҳи чунин шиорҳоеро на дар Миср ва на дар Тунис, Либи , Яман ва Баҳрайн шоҳид набудем, дар тамоми ин кишварҳо шиорҳое ки то замони пирузии инқилоб сар дода шуданад, шиорҳои исломӣ ва миллигароёна ва алайҳи диктотурҳои ҳоким буд.
Ҳатто дар Баҳрайн низ ки ақалияти суннӣ ба раҳбарии Оли Халифа бар аксарияти шиъа ҳоким аст, аксарият мухолифи ҳокимияти ақалият нест, балки хостаи онҳо мушорикат дар раванди тасмимгирӣ ва додани иҷозаи ҳузур дар арсаи сиёсӣ аст. Дар воқеъ шиорҳое сар дода шуда дар инқилобҳои Миср, Яман , Тунис ва Либи вобаста бо хостаҳо ва мутолиботи мардумӣ будаанд.
Сарфи назар аз инки мо дар ҳеч як аз инқилобҳои минтақа шиореро мушоҳида накардаем тавасути мухолифон сар дода шавад, ки баёнгари сиёсати хориҷии кишвар бошад, магар дар ду мавриди мустасно, ки режими саҳюнистӣ ва Амрико намуд пайдо мекунад, ки чарои он ба хубӣ аён аст, дар ғайри ин сурат мо ҳеч гоҳ мушоҳида накардаем, ки мардуми Миср ё Либи ё Яман шиорҳое дар ҳимоят аз масалаи Туркия, Қатар ва ҳатто Амрико сар диҳанд, дар ҳоле ки дар ибтидои эътирозҳои Сурия ва давраи баргузории таҷаммуъҳо ва роҳпаймойҳо мушоҳида мешуд, ки чунин шиорҳое ва дар ҳимоят аз кишварҳои фавқ тавассути мухолифони сурӣ сар дода мешавад.
Дахолатҳои хориҷӣ
Дар аксари кишварҳои арабӣ, ба истиснои инқилоби Либи, нақши омили хориҷӣ ба суди режимҳои арабӣ буда аст, масалан дар Миср Ҳусни Муборак ва Тунис Ибни Алӣ ё Яман Солеҳ ва Баҳрайн оли Халифа, кишварҳои ғарбӣ ва дар садри онҳо Амрико ва Англия ошкоро аз диктаторҳои ҳоким ҳимоят карда ва мекунанд ва ҳатто силоҳҳои лозим барои саркуби мухолифонро дар ихтиёри онҳо мегузоранад, ба ҷуз инқилоби Либи, ки ба ҳузури ғарб ба раҳбарии Амрико ва дар қолаби НАТО ва ба зоҳир дар ҳимоят аз мардум, аммо дар ботин барои ҳифзи манофеи худ дар Либи ва тасвияи ҳисобҳои шахсӣ бо Муъаммар Қазофӣ вориди амал шуданад, дар ҳоле ки дар нооромиҳои Сурия ба ҷуз ҳузури камранге аз мухолифони дохилӣ ки ба шиддат тавасути режимҳои минтақа, монанди Қатар ва Арабистони саъудӣ ва кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва режими саҳюнистӣ, ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ дошта, ба идомаи эътирзҳо мешаванд, шоҳиди ҳузур ва фаъолияти террористҳои ҳирфаӣ аз миллатҳо ва ақвом ва кишварҳоимухталиф ҳастем ва ин мавзуъ ба шиддат бар буҳрони ин кишвар соя афканда аст.
Дахолати омили хориҷӣ, танҳо ба ироъаи кумакҳои молӣ ва таслиҳотии мухолифон маҳдуд намешавад, балки дар ҳидояти мухолифони онҳо низ ба шакле асосӣ, нақш иҷро мекунад.
Ва билохира инки ин ҳимояти хориҷӣ нақш ва қолаби расонаӣ ва таблиғотӣ низ дорад, ки талош мекунад ба ҳар тариқи мумкин аз як су ба тахриби чеҳраи низоми Дамишқ бипардозад ва суи дигар ба мухолифон симои обруманд бубахшад, дар ҳолеки ҳеч як аз ин расонаҳо чунин тадорукотеро барои инқилобҳои Яман, Баҳрайн, Тунис ва Миср надиданд ва то ҷои мумкин ё аз аз онҳо бетафовут гузаштанд, ё сукут карданад.
Омили хориҷӣ то охирин лаҳза дар Миср аз режими Муборак, дар Тунис Бин Алӣ, дар Яман аз режими Солеҳ ҳимоят кард ва ҳам акнун дар Баҳрайн аз режими оли Халифа дифоъ мекунанд, то монеъ аз фурупошии ин режимҳо шавад, вале дар Сурия амалкарди ин омили хориҷӣ комилан тағйир карда ва ба самти тағири низоми сиёсӣ гароиш пайдо мекунад.
Афзун бар инки нақши омили хориҷӣ, чи минтақаӣ ва чи фароминтақаӣ дар абъод ва зовияҳои мухталифи рухдодҳои Сурия фаъол ва қобили мулоҳиза аст ва давлати Сурия бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва тавонмандиҳои зотӣ ва дарунии худ ва ҳимояти мутаҳидонаш то кунун тавониста дар муқобили ин фишорҳо муқовимат кунад.
Ҷараёнҳои исломгаро ва салафӣ
Дар инқилобҳои мардуми Тунис ва Миср, ҷарёнҳои исломгаро ва ҳузри онҳо дар батни ҳаводис ва рухдодҳои инқилоб ба хубӣ қобили мулоҳиза буд ва омили хориҷӣ ҳамвора талош дошт, ҷавонони мухолифро аз гуруҳҳои исломгаро ва ҷарёнҳои мазҳабии исломӣ бим дода, дур кунад, мавориде ки намунаҳои он дар инқилони Тунис, бо ба қудрат расидани "ҷунбиши алнаҳзат" ва дар Миср бо ба қудрат расидани " ихвонулмуслимин", ба хубӣ аён ва қобили мушоҳида аст, дар ҳоле ки дар бораи ҷарёнҳои исломгарои Сурия ки дар ихвонулмуслимини ин кишвар намуд пайдо мекунад, шоҳиди ҳамроҳӣ ва ҳамкории ғарб бо ин ҷарён ва ҳимоят аз он ҳастем ва ғарб ин бор дасти ҷарёнҳои салафӣ ва ба истилоҳ исломгароро боз мегузорад, то муртакиби ҳар ҷинояте шаванд ва дигар мухолифони суриро ба иттиҳод ва эътилоф бо ин ҷарёнҳо ташвиқ мекунад.
Ин дар ҳоле аст ки мушоҳида шуда, ин ҷарёнҳои салафӣ ва исломгаро аз ниҳодҳо ва муъасисоти мазҳабӣ суиистифода карда ва онҳоро дар хидмати маънавиёт ва аҳдофи сиёсии худ қарор додаанд.
Ҳаҷм ва мизони эътирозҳо
Дар хезишҳои мардумӣ,ки кшварҳои арабӣ ҳамчун Миср, Тунис, Либи ва Баҳрайн ва Яман мушоҳида шуд, тазоҳуротҳои мардумӣ густарда ва мутамаркиз буд, ба иборате саросари кишварро фаро мегирифт, дар ҳоле ки ҳам акнун аслан тазоҳуроте дар Сурия мушоҳида намешавад ва дар замони оғози ин тазоҳурот ва фаъолиятҳои эътирозии мухолифон бисёр маҳдуд, кучак, пароканда ва кам ҳаҷм буд ва то кунун мухолифони сурӣ натавонистаанд, ҳаҷми қобили таваҷҷуҳе аз ҳаводорони худро сафарбар ва ҷамъоварӣ кунанд, дар ҳоле ки дар аёми мушаххасе шаҳрҳои бузурге моннади Дамишқ ва Ҳалаб ва дигар устонҳои Сурия роҳпаймоиҳои садҳо ҳазор нафарӣ ва дар кули Сурия роҳпаймоиҳои милиюнӣ дар ҳимоят аз низоми Сурия, баргузор карданд.
Сарфи назар аз инки дар тамоми кшварҳое ки шоҳиди инқилобҳои арабӣ буданд, хезишҳои мардумӣ аз шаҳрҳо ва ба вижа калоншаҳрҳо, монанди пойтахти кишварҳо оғоз шуда, дар ҳоле ки эътирозҳои Сурия на танҳо аз пойтахт ва шаҳрҳои бузург оғоз нашуд, балки борҳо ва борҳо шоҳиди ҳимояти пойта
хт нишинон аз низоми Сурия ва шахси Башор Асад будаем ва дар тамоми тули ин муддат мухолифони сурӣ муваффақ ба баргузории таҷамуъоти эътирозомез дар Димишқ, Ҳалаб ва калоншаҳрҳои Сурия нашуданад ва бе шубҳа ҳамин омил ва адами ҷойгоҳи мардумии онҳо байни мардуми Сурия буда, ки онҳоро водошта руй ба ворид кардани террористҳои байналмилалӣ ба Сурия кунанд.
Ин мухолифон борҳо ва борҳо эътироф карданад ки дар расидан ба Дамишқ, пойтахт ва Ҳалаб, ба унвони қалби иқтисоди Сурия номувафақ будаанд, бинобар ин конунҳои эътирозҳо ва фаъолиятҳои онҳо ағлаби манотиқи марзии ҳамҷавор бо Урдун, Ироқ ва Туркия ва дар шаҳрҳои кучак ва атрофи калоншаҳрҳҳо мутамаркиз буда, ки дар навъи худ ҳамон гуна ки гуфта шуд, бо дигар таҳаввулот ва рухдодҳои кишварҳое чун Тунис ва Миср, Баҳрайн ва Яман фарқкунанда аст.
Мавзеъгирии нухбагони ҷомеъа
Дар кишварҳои арабӣ, ки шоҳиди инқилобҳои мардумӣ будаанд, монанди Миср, Тунис ва Баҳрайн, нухбагони ҷомиъа муҳаррики хезиш ва иқдоми инқилобии мардум будаанд, дар ҳоле ки дар Сурия ҷарёни мухолиф ҳануз муваффақ ба ҷазб ва ин қишр аз ҷомиъа нашуда ва ҳатто қишри бозигарон ва ҳунармандон, ки дар ин мавқеҳо басуръат алайҳи низом мавзеъ мегиранд, дар Сурия ҳунармандони мухталиф аз низоми Сурия ҳимоят мекунанд ва борҳо ва борҳо ҳимояти худро аз низом эълом карданд ва ба ҳамин далел мавриди ҳамлаи мухолифон қарор мегиранд.
Нақши авомили идеологӣ
Аз ҷумла муҳимтарин нишондиҳандаҳои инқилобҳои Яман, Миср, Тунис ва Баҳрейн ҳокимияти омили идеологӣ, яъне ислом бар ин инқилобҳост, ба иборате дар тамоми инқилобҳои фавқуззикр мардум хоҳони барқарори ҳукумати исломӣ дар кишварҳои худ будаанд, дар ҳоле ки мухолифони сурӣ ҳечгоҳ номе аз барқарории ҳукумати исломӣ дар Сурия набурдаанд, агарчи ҳукумати Сурия ҳукумати исломӣ ё ба наҳваи идораи кишвар аз ҷанбаи исломӣ хурда нагирифтаанд, шояд ба ҷуръат битавон гуфт, на танҳогуфтумони ҳоким бар мухолифони сурӣ гуфтумони тоифаӣ аст, ки моҳияти ҳаводиси Сурияро аз дигар таҳаввулоти шумоли Африқо ва кишварҳои арабӣ ҷудо мекунад.
Пас аз инфиҷори ахир дар Дамишқ, Шимон През, раиси режими саҳюнистӣ эълом кард, ки дар сурати суқути мақомоти кунунии Дамишқ, Исроил беҳтарин равобитро бо мухолифон барқарор хоҳад кард.
Гурӯҳбандии ҷараёнҳои мухолиф
Дар инқилобҳои мардумии Миср, Тунис, Либи ва Яман рангу буи ғолиб бар мухолифон, ранг ва буи идеологӣ ва мазҳабӣ ва ҳамон гунае ки гуфта шуд, мухолифон дар садади барқарории ҳукумати исломӣ ба ҷои ҳукуматҳои диктаторӣ буда аст, вале дар намунаи Сурия ҳамон гуна ки гуфта шуд, гуфтумони тоифаӣ гуфтумони ғолиб аст.
Дар таърихи муъосири ҷаҳони араб ду ҷарёни ихвонӣ ва салафӣ бо гиройшҳои мухталифи он ба далелҳои ақидатӣ аз ҳам ҷудо ва ҳамвора дар ҳолати руёруӣ будаанд, аммо дар Сурия ҷарёни ихвонулмуслимин ва ҷарёни слафӣ дар ҷабҳаи этилофи муштарак алайҳи низоми сиёсии Дамишқ фаъолият мекунанд, ки ба шиддат мавриди ҳимояти ғарб ва режимҳои арабии минтақа, аз ҷумла Қатар ва Арабистон ҳастанд.
Сиёсати мухолифон
Дар тамоми инқилобҳои арабӣ ки дар Миср, Тунис, Яман ва Баҳрайн рух дода ё дар ҳоли вуқуъ аст, шева ва сиёсати муборизаи мухолифон мусолиматомез ва сиёсӣ буда ва дар ҳеч як аз инқилобҳо, ба ҷуз Либи мухолифон ба силоҳ руй наёварданд, дар ҳоле ки мухолифони сурӣ аз ҳамон оғоз муборизоти худро ба самту суй барандози низом, бо такя бар сиёсати низомӣ ва хушунатомез ҳаракат додаанд ва дар ин роҳ аз ваҳшиёнатарин ҷиноятҳо дар ҳаққи ҳамватанони худ бок надоштаанд.
Тамоми мавориди фавқузикр боис мешавад, то дар бораи моҳияти инқилобии нооромиҳо ва ҳаводиси Сурия, шак кард ва натавон онро дар қолаби инқилонҳои арабӣ ҷой дод.
Мӯҳр