Дар ин авохир чун мавзӯи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон тарҳ мешавад, ҳамагӣ аз як фароянди наздик ба ҷанг ва вазъи хушунатзо суҳбат менамоянд. Вале воқеиятҳои муосир дигар ҳастанд ва зарурати иҷтимоиву сиёсӣ падид омадааст, ки Афғонистон ба унвони як кишвар бояд мустақил бошад ва сулҳ дар он таъмин гардад. Дар суҳбат бо сафири кабири Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби оқои доктор Абдулҳамиди Орзӯ мо воқеияти ҷанг ва сулҳи Афғонистонро ба мубоҳиса кашидем.
-Ҷаноби сафир. Дар ҳоли ҳозир вақте, ки мавзӯи Афғонистон чи дар сӯҳбатҳои коршиносӣ ва чи дар сӯҳбатҳои сиёсӣ тарҳ мешавад, бештар хулоса ин аст, ки бо берун рафтани неруҳои эътилофии НАТО аз Афғонистон вазъ ҳам дар худи Афғонистон ва ҳам дар кишварҳои давру бари он ба ташаннуҷ мерасад. Ҳатто баъзеҳо эҳтимоли сар задани як ҷангро мумкин медонанд. Ба назари Шумо ин наҳваҳо то куҷо метавонанд воқеият дошта бошанд?
- Ба номи Худованди ҷону хирад. Шумо медонед, ки дар соли 2001 ҳамалоти терористии Ал-қойида бар бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк сурат гирифт ва бар асоси ин ҳамлаи террористӣ, ки ҷаҳонро ба ҷунбиш даровард, мубориза бо терроризм ба унвони як тези сиёсӣ дар ҷаҳон матраҳ гардид ва СММ ба ҳимоят пардохт. Ва бар асоси ин шиносоӣ шуд, ки терроризм ва экстремизм, ки аз вобастагони Ал-қойидаанд дар ин минтақа аз қалби Осиё омадаанд ва ин ҳамалот аз ин манотиқ барномарезӣ шудаанд. Мардуми Афғонистон, ки шаш солу анде буд бар муқобили терроризм ва фундаментализм меҷангид, СММ бар асоси файсаланомаҳои Шӯрои Амният барномарезӣ кард, ки дар муборизаи мардуми Афғонистон шарик бошад. Мардуми мо бар муқобили терроризм меҷангиданд, ки дар раъси он Қаҳрамони миллии Афғонистон Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дошт. Бар мабнои ҳамин буд, ки тамоми кишварҳои дунё дар муқобили терроризм қарор гирифтанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иродаи мардуми Афғонистон дар мубориза бар алайҳи фундаментализм ва экстремизм ҳимоят карданд ва вориди Афғонистон шуданд. Дақиқан дар чорчӯби файсаланомаҳои СММ буд. Пеш аз ин Шумо медонед, ки мо дар ҷанг бо Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштем, ки тули 14 сол ин ҷанг тамоми зерсохтҳои Афғонистонро вайрон кард. Дар ниҳоят ҷанги 30 сола боис ба ин шуд, ки урдуи миллии Афғонистон ва дигар сохторҳои амниятии кишвари мо аз байн биравад ва дигар зерсохтҳои мо аз пулу пулчак то роҳҳо ва дигар компаниҳои тавлидӣ аз байн бираванд.
Имрӯз замоне фаро расид, ки Афғонистон метавонад аз ҷуғрофиёи сиёсии худ дар баробари душманон ҳимоят кунад. Ва барнома бар ин шуд, ки конфронси Бонни дувум шакл гирифт ва хулоса шуд, ки неруҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ то соли 2014 аз Афғонистон берун мераванд ва дар миёни солҳои 2014 - 2024 ҳимояти иқтисодӣ, луҷистикӣ ва омӯзишии урдуи миллӣ, пулис ва мардуми Афғонистон идома пайдо мекунад. Хурӯҷи неруҳои байнулмилалӣ ба ин маъно нест, ки Ал-қойида дубора бармегардад. Раисҷумҳури мо борҳо гуфт, ки Алқойида дар Афғонистон нест, Алқойида ва терроризм берун аз марзҳои Афғонистон тамвил мешавад, яъне пул дода мешавад, силоҳ дода мешавад ва баъд ба дохили Афғонистон фиристода мешавад. Ва ин ошӯб, ноамнӣ ва ихтишош ва ҷанг бо ворид шудани террористон берун аз марзҳои Афғонистон аст. Ва бо кушта шудани Усома бини Лодин ва дар ин рӯзҳо яке аз муовинини ӯ дар берун аз Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмид, ки пойгоҳи терроризм дар куҷо аст. Бар бовари тамоми коршинисон Алқойида дигар тазъиф шудааст. Ҳалақоте аз қудрат, ки дар минтақа вуҷуд доранд, агар даст аз ҳимояти терроризм бардоранд, пойгоҳҳои омӯзишиашонро аз байн бибаранд, дар Афғонистон чизе ҷуз амният вуҷуд надорад. Ба далели ин ки мо дар Афғонистон мушкили этникӣ ё қавмӣ надорем, мушкили сиёсӣ надорем. Афғонистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон шояд аз камтаринҳо бошад, мо ҳеч опозитсиюни сиёсӣ ба берун аз марзҳо надорем. Ҳамаи гурӯҳҳои мухолифе, ки бо низоми сиёсӣ проблем доранд ва дидгоҳҳои гуногун доранд дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Ва соҳиби рӯзнома ва телвизунҳои худ ҳастанд. Бинобарин мардуми Афғонистон дар заминаи берун рафтани неруҳои НАТО ташвише надоранд. Берун рафтани неруҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба маънои танҳо гузоштани Афғонистон нест, то боз дубора ба майдони корзори Алқойида ва терроризм қарор бигирад. Чун сулҳ дар Афғонистон мусовӣ бо сулҳ дар мантақа ва ҷаҳон аст. Онҳо (неруҳои ҷаҳонӣ) ба хотири дилсӯзӣ аз мардуми Афғонистон наомадаанд. Бо гиреҳ хӯрдани манофеи миллии Афғонистон бо манофеии ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳо ба Афғонистон омаданд, то аз манофеи худ ҳимоят кунанд. Мардуми Афғонистон, ки дар қарни XIX 85 сол бо Бритониёи Кабир ҷангиданд, аз истиқлол ва озодагии худ дифоъ карданд ва нахустин ҷое ки Бритониё шикаст хӯрд Афғонистон буд. Дар қарни бист ҳам 14 сол бо Шуравӣ ҷангиданд ва Шӯравиро шикаст доданд. Ин мардум тавон ва ҳиммат дорад, ки аз озодагӣ, амният ва сулҳу салоҳ дар кишвари худ дифоъ кунанд. Мо аз ҳамсоягони худ як чиз мехоҳем, ки содиқона бар муқобили терроризм мубориза кунанд.
- Ҷаноби сафир, вақте Шумо мегӯед, ки бо куштани Усома ва муовини ӯ берун аз Афғонистон, собит шуд, ки макони терроризм Афғонистон нест, пас то куҷо мантиқӣ буд, ки неруҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ Усома ва Алқойидаро дар Афғонистон суроғ кунанд? Чаро дар мубориза бо террорзим махсус рӯйи Афғонистон ҳисоб шуд?- Бубинед, баъд аз шикасти Шӯравӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар ин ҷанг бо ҳимоят аз Афғонистон бархоста буданд, мардуми Афғонистонро танҳо гузоштанд. Ин иштибоҳест, ки аксари кишварҳои бузурги ҷаҳонӣ дар ин робита эътироф мекунанд. Натиҷа ин шуд, ки ҷанги дохилӣ дар Афғонистон сар зад ва бегонагон, онҳое, ки сиёсатҳои гегемониталабона доштанд, бар оташе, ки забона зада буд борут бияндозанд. Ва дар пайванд ба ин буд, ки падидаи бо номи Толибон шакл гирифт ва вориди Афғонистон шуд. Сохтори ҳукуматӣ дучори парешонӣ шуд. Ҳалақоте, ки аз экстремизм ҳимоят мекарданд, сабаб шуданд, ки Алқойида битавонад дар Афғонистон дар канори неруҳои вобастаи худ: фундаментализм, эстремизм ва мофиёи маводи мухаддир ворид шавад ва аз ин халоъе, ки аз назари қудрати сиёсӣ эҷод шуда буд, битавонанд истифода кунанд. Неруҳои ҷаҳонӣ омаданд ва аз муборизаи барҳақи мардуми Афғонистон бар алайҳи ин падидаҳо ҳимоят карданд. Аммо то замоне, ки пойгоҳҳои террористон дар мантақа вуҷуд доранд ва ба ин нуруҳо омӯзиш ва силоҳ дода мешаванд, табиист, ки ҷанг идома мекунад. Бояд ин пойгоҳҳо баста шаванд. Бо куштани Усома дар он ҷойе, уи Шумо медонед, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ниҳоят садои мардуми Афғонистонро шунид. Ваҷҳи дигар ин аст, ки касе аз терроризм ва хушунат ҳимоят мекунад худ асири он мешавад. Имрӯз миллати бузург ва ҳамсояву дӯсти мо Покиситон асири терроризм шуда.
- Як чизи дигар дар робита ба омадани неруҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон. Он нақшае, ки онҳо доштанд муваффақ ба он нашуданд. Яъне ҷанг ҳоло ҳам идома дорад, аъмоли террористӣ ҳоло ҳам ҳаст. Коршиносон бар ин назаранд, ки онҳо аз Афғонистон як кишваре сохтаниянд, ки мисли баъзе кишварҳои арабӣ мутеъ ва фармонбардори Ғарб бошад. Ва назари Шумо чист? Оё ин неруҳо ба он барномае, ки доштанд, муваффақ шуданд?- Ба ин суол ман бо як фурмули шимикӣ ҷавоб мегӯям. Вақте ду унсури шимикӣ бо ҳам таомул мекунанд, таомулашон дер аст ва унсури саввум ин бархӯрдро суръат мебахшад, вале худ иштирок намекунад, ки мо инро котолиз мегӯем. Ҳимояти ҷомеаи ҷаҳон аз Афғонистон нақши як унсури котолизурро дошт. Чаро, ки мубориза бо терроризм, мофиёи маводи мухаддир вазифаи мардуми Афонистон ва кишварҳои минтақа ҳаст, зеро инҳо ҳастанд, ки ранҷ мебаранд. Бинобар ин он неруе, ки ба Афғонистон омадааст, як рӯзе бояд мерафт.
Дар торих Шумо медонед, ки мардуми Афғонистон бо озодагӣ маъруфанд, чи дар давраи Афғонистони торихӣ ва ин минтақаи поки Ориёнои кабир буда ва чи дар даврае, ки ин минтақаи ҳувияти Хуросони бузург буда ва чи имрӯз, ки Афғонистон аст. Миллате, ки 14 сол дар баробари Артиши Сурхи Шӯравӣ мубориза кунад, табиист, ки дар асорати ҳеч неруе қарор намегирад ва мустақил ва озода хоҳад монд. Дигар ин ки мо дар қарни 21 зиндагӣ мекунем. Набояд бо мафоҳим ва технулужии асри бист воқеиёти асри 21-ро арзиш бидиҳем.
- Ҷаноби сафир, тавре Шумо ишора кардед ва мо ҳам медонем, мавқеи геополитикии Афғонистон сабаб шуда, ки ҳамеша дар меҳвари таҳоҷум ва манфиатхоҳии қудратҳо қарор бигирад. Акнун ҳузур пайдо кардани ИМА дар Афғонистон ва боқӣ мондани он дар доираи кумакҳои иқтисодиву луҷистикӣ ва низомӣ то соли 2024 то куҷо метавонад ба сулҳу субот дар минтақа ва амалкардҳои Афғонистон ба унвони як кишвари мустақил таъсиргузор набошад?- Бубинед, Афғонистон бо бастани паймон ва созишномаҳои истртежик бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон вориди марҳалаи дуввум шуд ва садояш ин буд, ки биёед бо ҳамдигар гап бизанем. Биёед манофеи ҳамдигарро ба расмият бишносем. Сулҳу субот як амри минтақавист. Ҳаргиз мумкин нест, ки Афғонистон асири терроризм, мофиёи маводи мухаддир бошаду мардум бо ин падидаҳо биҷанганду Тоҷикистон, Покистон ва Узбакистон ором бошанд. Сарнавишти торихии мо бо ҳам гиреҳ хӯрдааст. Бинобарин паёми Конфронси вузарои хориҷии кишварҳои Қалби Осиё ин буд, ки вориди марҳалаи дуввум шудем. Агар кишварҳои минтақа бидуни гегемониталабии сиёсӣ ва нобаробаробариҳо ҳамгироӣ дошта бошанд, минтақа ором мешавад. Оромиш дар Афғонистон маънои рушди тиҷорат дар кишварҳои Осиёро дорад. Дар соли гузашта аз тариқи Афғонистон 20 ҳазор тон качоли (картошка)-и Покистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.
- Дар ҳоле ки Афғонистон барои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон паём медиҳад, ки омодааст амният ва сулҳро дар кишвараш таъмин кунад, то куҷо заминаҳо ва пояҳои эътимодбахш вуҷуд доранд?- Якум. Бархе аз кишварҳои минтақаи мо шиорашон ин буд, ки неруҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон бароянд. Ҳоло мебароянд. Дувум. Ҳеч кишваре намехоҳад, ки дар он терроризм ва мофиёи маводи мухаддир фаъол бошад. Барои ин ки мофиёи маводи мухаддир дар Тоҷикистони азиз набошад ва ҳамчунин терроризм вориди кишвари Тоҷикистон нашавад, зарурат аст, ки ин ду кишвар ҳамкории самимона дошта бошанд. Хоҳем нахоҳем Покистон ва Ҳинд ба гази Туркманистон ниёз доранд. Афғонистон бо шумули Эрон ва Покистон ба барқи КАССА 1000 ниёз доранд. Барои ҳамин ҳар кишвар бар мабнои манофеи худ маҷбур аст, ки ба якдигар эътимод кунанд. Дар ин авохир террористҳо ба Кобул омаданд ва пулиси Афғонистон 18 соат бо онҳо ҷангид ва онҳоро маҳор карданд ва дар рӯзномаҳои ғарбӣ омада буд, ки ин ҳамла мисли ҳамлаи террористие, ки ба Ню-Йорк шуд, хатарнок буд. Пулиси Афғонистон тавони худро нишон дод. Амалиёти террористӣ ва интиҳорӣ дар ҳар кишваре метавонад ба вуҷуд биояд. Вақте Толибон даст ба амалиёти интиҳорӣ ва худкушӣ мезананд, ин дигар нуқтаи заъфашон аст, ки дигар тавони ҷанги рӯёрӯйро надоранд. Аз ҷониби дигар аз соли 2001 ба ин сӯ тавсеаи иқтисодии Афғонистон ба маротиб боло рафтааст, аммо мутаассифона рӯзномаҳои ғарб ба ин хулоса намерасанд, ки дар ин кишвар чи қадар зерсохтҳо ва фикру фарҳанг сохта ва тавлид мешавад. Ҳамин лаҳза дар рӯз 1300 рӯзнома чоп мешавад. Яъне тавонмандии Афғонистон ва мардуми Афғонистон бояд эътимодсозӣ шавад ва сулҳ дар кишвари мо ниҳодина шавад.
- Ҳоло як тарафи дигари қазияи Афғонистон прусаи сулҳ аст. Аммо як қисм аз коршиносони дохили Афғонистон ва байнулмилалӣ ин прусаро интиқод мекунанд. Идаояшон ин аст, ки Афғонистон дар ин пруса зери бори Амрико рафтааст ва маҷбур шудааст, ки бо Толтибон сулҳ кунад. Ҳукумати Шумо дар ибтидо иброз дошта буд, ки бояд гуфтугӯ дар дохили Афғонистон бошад. Аммо макони муколама рафт Қатару бар пайи он конфронси Истамбул доир шуд. Ин наҳва ба вуҷуд омад, ки прусаи сулҳ бештар зери таъсири кишварҳои узви НАТО рӯйи даст гирифта шудааст ва наметавонад ба манфиатҳои миллии Афғонистон тамом шавад. - Гоҳе воқеиятҳо таҳриф мешавад, сонсур мешавад. Гоҳо ҷилвае аз воқеият гуфта мешавад ё не. Мисли ҷараёни "Фил ва кӯрон"- Мавлоно. Кӯроне, ки рафтанд филро даст заданд, яке гӯшашро даст зад гуфт, ки фил мисли бодбизан аст, яке пояшро даст зад гуфт, ки мисли сутун аст, яке пушташро даст зад гуфт мисли тахт аст. Аммо фил фил аст. Мо бояд воқеиятро аз чорсӯй бубинем. Ҳамин воқеияти сулҳ ин гуна нест. Табиист, ки дар натиҷаи ҷанг иддае аз мардум ба далоили масоили қавмию этникӣ, иддаои иҷтимоӣ, хусуматҳои шахсӣ ба сафи душман пайваста. Ҳар кишваре сайъ мекунад, ки неруҳоеро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ фиреб хӯрдаанду ба сафи душман пайвастаанд, ба сафи худ баргардонанд. Ин як асл аст. Сулҳ ва ҷанг ду ҳалқаи ба ҳам васл ҳастанд. Ин мусолиҳа ва сулҳ дар канори ҷанг ҳамеша дар Афғонистон буда. Шумо асири ҷанги шаҳрвандӣ будед. Аз як тараф ҷанг миёни давлат ва опозитсиюн ҷараён дошт ва аз ҷониби дигар дар шароити бисёр сахт муколама барои сулҳ давом дошт. Мо ҳам ҳамин корро мекунем. Чун садои мо сулҳ аст ва дар ислом ҳаст, ки "Ас-сулҳ хайр".
- Дар ҳамин замина тарҳҳои гуногуне барои сулҳ дар Афғонистон пешниҳод мешавад. Масъалан Узбакистон бо ба ҳисоб гирифтани нақши кишварҳои ҳамсоя тарҳи "6+2"-ро пешниҳод намуд. Қатар як барнома дорад. Тарҳи Афғонистони федеролӣ аст. Тарҳи Ато Муҳаммади Нур аст. Тарҳи "Афғонистони воҳиди"-и Абдунабӣ Сатторзода аст ва тарҳҳои дигар. Аммо саранҷом чӣ тарҳе метавонад Афғонистонро ба як кишвари ором, рушдёфта, ки фикр мекунам орзуи тамоми мардумаш ва ҳамчунин мо низ ҳаст, бирасонад?
- Замоне ки кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто Қатар як барнома барои сулҳ дар Афғонистон доранд ба ин маъност, ки сулҳ як зарурати минтақаист. Аз ин рӯ мо ҳам шартҳоямонро пеши мухолифини кишвари худ гузоштем, агар ин шартҳоро қабул доранд дари гуфтумон боз аст.
- Агар қабул накунанд чи?- Табиист, ки ҷанг давом мекунад. Аммо 99 дар сади мардуми Афғонистон сулҳ мехоҳанд. Ин иродаи мардуми Афғонистон бисёр муҳим аст.
Нуктаи дигар иборат аз ин аст, ки кишварҳои воқеъ дар қалби Осиё бояд байнашон эътимодсозӣ шавад, то бар мабнои ба расмият шинохтани манофеи миллии худ, сулҳу салоҳро дар минтақа биоварем. Афғонистон як геополитикае дорад, ки кулли манофеи миллии кишварҳои минтақа дар он гиреҳ мехӯрад. Ба унвони мисол интиқоли поплойни нафту гази Туркманистон аз тариқи кишвари мо ба Ҳинду Покистон. Покистон ба шиддат ба энержӣ ниёз дорад. Интиқоли барқи КАСА 1000-и Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ва ҳатто Эрон боз манофеи миллии кулли минтақаро ба ҳам меорад.
Мусоҳибаи Иршод СУЛАЙМОНӣ
Мӯҳр