Омор тасдиқкунандаи коҳиш дар содироти нафт аст, аммо афзоиш дар қимати нафт дар ҳамин муддат мунҷар ба ин амр шуда, ки Эрон нафти камтере содир кунад, аммо бо қимате болотар, бидуни ин ки коҳише дар даромадҳои ин кишвар эҷод шавад…
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар мақолае ки бо унвони " Tалошҳои Эрон барои давр задани таҳримҳои нафтӣ" ба қалами Кристофер Ҳормер, дар поӣгоҳи итилорасонии муассисаи мутолиоти ҷанг (ISW) мунташир шуда, ба баррасии таҳримҳои нафтии зидди эронӣ тавасути Иттиҳодияи Аврупо пардохта ва бархе аз роҳҳоеро, ки Эрон таӣи он таҳримҳоро давр мезанад, баррасӣ мекунад. Ин мақола бахусус ба шарҳи ин амр мепардозад, ки Эрон чӣ гуна ва ба чӣ касоне метавонад нафт бифурушад, равишҳои ҷоӣгузин барои ҷараёни пардохти молӣ барои ин нафти содиротӣ ва ин ки чигуна Эрон метавонад нафти худро ба дасти муштариёнаш бирасонад, пардохта аст.
Дар ин гузориш бо ишора ба механизми таҳримҳои нафтӣ ва шеваҳое ,ки Эрон то пеш аз ин таҳримҳо барои дастрасӣ ба бозорҳои нафтӣ истифода мекард, ба танавуи муштариёни нафтии Эрон пардохта ва оварда аст, ки то пеш аз таҳримҳо 22% аз нафти Эрон ба Чин, 18% ба Иттиҳодияи Аврупо, 14% ба Япония, 13% ҳинд, 10% ба Кореяи ҷанубӣ, 7% ба Туркия, 4% ба Африқои ҷанубӣ, 2% ба Шриланка, 1% ба Таӣван ва бақияи 9% ба кишварҳое монанди Покистон, Малазия, Индонезия ва Сингопур ирсол мешавад.
Ин андешкада меафзояд, таҳримҳои Аврупо то ҳадди зиёде ба монанди таҳримҳои Амрико аст, ки раванди ҷарёни молиро барои бонкҳои Эрон, ки аз тиҷорати нафти кишвар ҳимоят мекунанд, душвор месозад, ҳамонтавр ки таҳримҳои Амрико низ мубодилоти молӣ, ки бо истифода аз доллар сурат мегирадро, сахт мекунанд. Бо ин ҳол дар ин гузориш эътироф шуда аст: ба назар мерасад Иттиҳодияи Аврупо бо вуҷуди ин ки ин таҳримҳоро ба иҷро дароварда, аммо дар кул ба он сурате, ки Амрико ба таҳримҳо поӣбанд аст, ба ин таҳримҳо поӣбанд нест, чаро ки иҷрои таҳримҳо барои Иттиҳодияи Аврупо бисёр пурҳазинатар аз Амрико аст. Чандин кишвари Аврупоӣ нафти Эронро ворид мекунанд, ҳол он ки Амрико нафте аз Эрон ворид намекунад. Чандин ширкати бимаи(сугурта) мустақар дар Аврупо ва ширкатҳои киштиронӣ дар ин тиҷорати пурсуди нафтӣ бо Эрон мушорикат доштанд, аммо ҳеч ширкати Амрикоӣ дар ин тиҷорат дахил набудаанд.
Ин андешакада таъкид мекунад: ҳадди ақал кор ин аст, ки Иттиҳодияи Аврупо мутаҳамили харочоти молии қобили тавачҷуҳе барои ин таҳримҳо мешавад, ҳол онки Амрико ин тавр нест.
Эътирофи андешакада
Андешакадаи мутолиоти ҷанг дар идома бо тарҳи ин савол ки нафти Эрон баъд аз бакоргирии таҳримҳо ба куҷо меравад, менависад: сухангуӣ вазорати корҳои хориҷаи Чин замоне ба таври ошкор эълом кард, воридоти нафтии Чин аз Эрон дар тазод бо қатъномаҳои Созмони милал нест ва Чин барномае барои таҳким ба таҳримҳои якҷониба надорад, ки аз суӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ё Иттиҳодияи Аврупо чорӣ шуда аст. Аз ин ру Чин шояд ҳануз интихоб накарда, ба таҳримҳо тамкин кунад ва ё ин ки андаке аз воридоти нафтии худро аз Эрон кам кунад. Аммо феълан ба назар мерасад, ин кишвар тавониста роҳҳоеро барои давр задани таҳримҳо паӣдо мунад.
Дар идомаи ин гузориш бо ишора ба вазъияти тиҷорати нафти Эрон ва Хинд, омада аст: Хинд низ таъкид карда, қасд дорад ба воридоти нафти худ аз Эрон идома диҳад ва роҳкорҳои гуногун ва халлоқонаеро барои давр задани таҳримҳо бар мубодилоти молии долларӣ ироъа карда, ки аз ҷумлаи ин роҳкорҳо, пардохтҳо бо истифода аз воҳиди пули ин кишвар, яъне "рупия" буда аст. Дар зимн ин ки Ҳинд ба фикри истифода аз мубодилаи поёпоӣ (коло ба коло) ба ивази пули нафти Эрон аст, колоҳое ки иборат аз маҳсулоти асоси монанди гандум, суё ва равған ва колоҳои электороникӣ мешаванд. Покистон мувофиқат карда аст, ки ба ивази пули нафти Эрон, бо ин иишвар мубодилаи коло ба коло дошта бошад. Туркия низ эълом карда, танҳо 10% аз содироти нафти худ аз Эронро баъд аз чорӣ шудани таҳримҳо дар аввали июл кам мекунад. Ба назар мерасад, ки Туркия машғули муқовимат дар баробари фишорҳо барои коҳиши беш аз пеши таҳримҳо аст. Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ низ 15% аз воридоти худро кам мекунанд, ки ин мизон камтарин мизоне аст, ки онҳо метавонанд дар ростои таҳримҳои Амрико коҳиш диҳанд.
Дар ин гузориш бо ишора ба таъкиди Хинд, Чин, Покистон ва Туркия дар мавриди тавофуқ накардан ба воридоти нафт аз Эрон, омада аст, шояд ин кишварҳо воридоти худро коҳиш диҳанд, аммо тазмине барои ин нест, ки аз муштариёни Эрон коста шавад, чаро ки бо тавачҷуҳ ба тақозои болое, ки дар бозор барои манобеи энергӣ вуҷуд дорад, ҳатто бо вуҷуди таҳримҳо, барои нафти Эрон то оянда низ муштарӣ вуҷуд хоҳад дошт.
Ин мақола таъкид мекунад, муҳимтарин таъсири ин таҳримҳо дар кутоҳмудат ин аст, ки мубодилоти молии вобаста ба нафт барои мақомоти Эрон дар ин бозор такя ба доллар душвор мешавад ва дигар равишҳои пардохт, монанди истифода аз арзҳои кишварҳо ё мубодилаи коло ба коло низ ба нисбати мубодилоти электроникӣ ба доллар коромад нестанд, аммо ба ҳар ҳол ин таҳримҳо тавонистаанд монеъ аз содироти нафт тавассути низоми Эрон шаванд.
Андешакадаи мутолиоти ҷанг дар ин гузориш эътироф мекунад: таҳримҳо бар мушкилот афзуда ва печидагӣ ва ҳазинаи мубодилоти молиро бештар кардаанд, аммо ба мизони ночизе тавониста, ҳаҷми содироти нафти Эронро коҳиш диҳад. Дар идомаи ин гузориш бо зикри омори ироа шуда тавассути бархе муассисот дар мавриди коҳиши 300 ҳазор бушкаи нафти Эрон ба хотири таҳримҳои чорӣ шуда бар мубодилоти молии Эрон, омада аст: агарчи ин омор тасдиқкунандаи коҳиш дар содироти нафт аст, аммо афзоиш дар қимати нафт дар ҳамин муддат мунҷар ба ин амр шуда, ки Эрон нафти камтере содир кунад, аммо бо қимате болотар, бидуни ин ки коҳише дар даромадҳои ин кишвар эҷод шавад.
Мӯҳр