Ба қарибӣ фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия генерал Владимир Чиркин аз мушкилоти қарордод дар мавриди 49 сол боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд. ӯ гуфтааст, ки мушкилоти зиёде мавҷуд аст, ки тамдиди ин қарордод ба муддати 49 солро ба хатар мувоҷеҳ кардааст. Ин генерал ҳамчунин имкони ба миён омадани ташаннуҷ дар минтақаро пешбинӣ кардааст. Бо назардошти ин "Озодагон" ба коршиносон чунин суол дод:
Комёб ҶАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятӣИн як ҳуҷуми иттилоотӣ аст. Фишор овардану тарсонидани ҷониби дигарест, ки мехоҳанд ба воситаи чунин фишор аз он истифода кунанд. Ман чандин бор гуфтам, ки байни ӯзбакистону Қирғизитон ва Тоҷикистон ҳаргиз дар сатҳи давлатӣ ҷанг нахоҳад шуд. Лекин гурӯҳҳои махсус метавонанд дар сарҳади ин давлатҳо як андоза нооримиро ба вуҷуд оранд. Вале ин вобаста ба сиёсати худи ин кишварҳо аст. Ягон роҳбари ин се кишвар манфиатдор нест, ки байни кишварҳо низоъ хезад. Ин ҳамааш иттилооти гумроҳкунанда аст ва эҳтиёт ҳатмист. Бозингароне ҳастанд, ки мехоҳанд дар минтақаи Осиёи Марказӣ "камони нооромӣ" созанд. Мисоли таърихӣ, ин аст, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон Амрико пойгоҳи ҳарбии худро дар Ҷопон мустақар сохт, тамоми сармояи асосӣ барои рушду тараққиёти Ҷопон пеш аз ҳама аз худи Амрико буд. Бигзор пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бошад, лекин онҳо бояд дар иқтисод бештар сармоягузорӣ кунанд. Ин як шарти ҳамкорӣ аст. Ба ғайр аз он ки амрикоиҳо иҷорапулӣ медоданд, воридшавии сармояи бузург асосан аз они онҳо буд. Беҳтар аст, ки мо барои мондани пойгоҳи ҳарбии Русия аз 10 сол зиёд шартнома набандем. Умуман, мувофиқи меъёрҳои байналмиллалӣ шартнома набояд аз 10-15 сол зиёдтар тамдид шавад. Дар шароити мустамликадорӣ давлатҳо метавонистанд маҷбур созанд, ки барои 99 сол ё 50 сол шартнома банданд. Ҳоло вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон дигар шудааст ва инро бояд ба инобат гирифт. Он чизе, ки генерали рус мегӯяд, як таҳдид ва фишори навбатӣ аст ба ҳукумати Тоҷикистон.
Амният АБДУНАЗАРОВ, муовини раиси ҲУСДТ
Мардуми низомӣ тибқи оинномаи (устав) хеш ҳеч вақт худашон ваколат ва қудрати сухан карданро надоранд. Мардуми низомӣ аслан андешаашонро озод гуфта наметавонанд, аз рӯи оиннома ва супориши ҳукумат амал мекунанд. Ба ин хотир метавон гуфт, ки ин ақидаи ҷаноби генерал нест, балки ақидаи ҳукумати ӯст. Новобаста аз ин ки ин фишор ё таҳдид аст ё не, ман ба ин назарам, ки саранҷом ҳукумати Тоҷикистон ба ҳама шарту шароити Русия розӣ хоҳад шуд. Ба он хотир, ки Тоҷикистон дигар чорае надорад. Роҳбарияти кунунӣ медонанд, ки мардум он қадар ҳукуматро қабул надорад, ба он хотир ки ҳукумат ҷонибдори мардум набуд. Ба андешаи шахсии ман ҳукумат қаблан ҳам манфиатҳои Русияро нисбат ба манфиати мардум бештар дифоъ кардааст. Русия метавонад бо ҳар роҳ мардуми Тоҷикистонро зидди ҳукумат шӯронад. Ҳамзамон метавонад масъалаи муҳоҷиринро пеш орад. Дар охир худи ҳукуматдорон ба хотири аз даст надодани мансабҳо маҷбуранд ба шартҳои Русия розӣ шаванд.
Саидумар ҲУСАЙНӢ, муовини раиси ҲНИТ
Ин масъала ду паҳлӯ дорад, ки яке метавонад таҳдид бошад ва яке шояд ҳушдори оддӣ аст. Яъне як навъ огоҳиест, ки бояд кишварҳои минтақа фикри онро дошта бошанд, ки чунин вазъият дар кишварҳояшон ҳоким аст ва аз эҳтиёт кор гиранд. Вале агар ин генерали рус дар назар дошта бошад, ки бо Русия дар мавриди пойгоҳи низомӣ ба мувофиқа наоянд ва баъдан эҳтимоли чунин низоъҳо ба вуҷуд ояд, дар ин сурат ин таҳдид аст. Изҳороти як генерал изҳороти як кишвар буда наметавонад. Ба он хотир, ки кишварҳо байни худ муносибатҳои сиёсиву дипломатӣ доранд ва тасмими сиёсатмадорон охирин сухан аст. Шахсони низомӣ чунин феълу рафтор доранд, ки ба нафарони аз худашон поён таҳдиду воҳима мекунанд, то имтиёзе ба даст оранд, аммо сухани охиринро сиёсатмадорон мегӯянд. Агар сиёсатмадорон чунин изҳорот пахш кунанд, баъд метавон гуфт, ки масъала ҷиддист.
Сафват БУРҲОНОВ, журналистИзҳороти генерали рус ин фикри як нафар не, ин мавқеи Кремл аст. Ман борҳо гуфтам, ки масъалаи муносибат бо ӯзбакистонро аз Русия бояд хост. Русия моро бо ҳамдигар муқобил монда истодааст ва манфиатҳои худро ҳам дар ӯзбакистон ва ҳам дар Тоҷикистон пиёда мекунад. То даме, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон мустақар бошад, ҳамеша хатари табаддулот ва ҷанг мавҷуд аст. Кадом рӯзе набошад, ҳамин пойгоҳ ба сари мардуми Тоҷикистон боз як ҷанги дигарро хоҳад овард. Дар куҷое низоъ бошад, дасти Русия дида мешавад. Дар низои кишварҳои арабӣ ҳам Русия дахолат дорад. Тоҷикистон имкони рад кардани шарти 49 сол боқӣ мондани пойгоҳи ҳарбии русияро надорад, зеро артиши мо тавони истодагарӣ бо ин пойгоҳро надорад. Артиши Тоҷикистон ҳеч вақт муқобили артиши Русия мубориза намебарад. Агар ҳамин пойгоҳ дар давраи интихоботи президентии Тоҷикистон бошад, аз табаддулот ҷои гурез нест. Ҳукумат қувваҳои оппозитсионӣ кофта истодааст, вале Русия аллакай як қувваи бисёр нерӯманд омода кардааст, ки дар дилхоҳ ҳолат метавонад тағйир диҳад. Хориҷиҳо Русияро таъна мезананд, ки сиёсати диктатуриро дастгирӣ мекунад ва Русия бояд дар ин ҷо як инқилобча анҷом диҳад ва нишон диҳад, ки ҷонибдори режими демократӣ аст.
Рашид Ғанӣ АБДУЛЛОҲ, коршиноси масоили сиёсӣ
Ин генерал танҳо мавқеи худро баён кардааст ва сабабаш ҳам маълум аст, чун пойгоҳ зери тасарруфи онҳост ва ҷавобгари онанд, ки бояд дар бораи ҳолу ояндаи ин пойгоҳ фикр кунанд. Зеро қарори онҳо ҳамчун масъули бевоситаи ин пойгоҳ аз муддати омода будани Тоҷикистон барои пазироии ин пойгоҳ вобаста аст то тасмим гиранд, ки барои рушди зерсохторҳои он маблағгузорӣ кунанд ё накунанд. Ҳузури ин пойгоҳ ба муддати 10 ё 20 сол як чиву то 40 соли дигар чизи дигар аст, ки мувофиқи он ин кишвар метавонад нақшаҳояшоро амалӣ созад. Ҳамчун генерал барои ӯ як ҷавоби мушаххас лозим аст, ки оё ҷониби Тоҷикистон мехоҳад аз пойгоҳи Русияр пазироӣ кунад? Аз онҷое, ки созишномаи пешина соли 2014 ба поён мерасад, ин генерал ҳамчун масъули низомӣ ҷавоби муаянеро дар бораи ҳузури ин пойгоҳ мехоҳад то бидонад, ки ҷониби Тоҷикистон ба кодом қарор омадааст ва ё омаданист. Ҳадафи ҷониби рус ҳам ин муаян кардани таъмини будубоши мардуми пойгоҳ ва будубоши худи пойгоҳ аст то бо ҳузурашон зерсохторҳои пойгоҳро мувофиқи замона ва пешравии технологии он рушд диҳанд.
Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣАгарчи ин изҳорот мавқеи худи генерал аст, аммо мавқеъи Кремлро ҳам дар худ инъикос менамояд ва шояд на ба пуррагии комил ва на ба таври дипломатӣ, аммо дар ҳар сурат ин гуфтаҳо мазмуни умумии норозигии Кремлро дар худ дорад. Аз ин изҳорот маълум аст, ки Кремл ба ҳамроҳи Вазорати дифоъи ин кишвар хеле норозиянд. Онҳо аз мавқеъгирии Тоҷикистон умед доштанд, ки пойгоҳи низомӣ ба таври ройгон ба онҳо дода мешавад. Аммо аз бас, ки ин кор нашуд, боиси норозигии онҳо гардид. Онҳо бо ин изҳорот огоҳ карданиянд ва ин дафъа бевосита ба василаи ин генерал гушзад намуданд, ки аз мавқеи Тоҷикистон нороҳатанд. Дар оянда баъд аз ин гуна гуфтаҳои ҳам одамони ҳарбӣ ва ҳам дипломатӣ, шояд қадамҳои дигаре бардошта мешаванд.
Мусо АСОЗОДА, коршиноси масоили сиёсӣФикр намекунам, ки ин мавзеъгирии ҳукумати Русия бошад. Ин мавқеъи як афсари низомии Русия аст ва модоме, ки мо шарики стратегӣ ҳастем он мушкилоте, ки байни ду кишвар вуҷуд доранд, бояд дар сари мизи музокира ҳаллу фасл карда шаванд. Дар охирин гуфтугӯи роҳбари давлатамон ҳам бо президенти тозаинтихоби Русия Путин, роҳбари давлати мо исрор дошт, ки байни Тоҷикистон ва Русия ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ҳалли худро наёфта бошад.
Мӯҳр