Баррасии навбатии лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», ки дар таҷрибаи Тоҷикистон чизи ҷадид аст, рӯзе пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон ва ҳамзамон муаллифи лоиҳаи қонуни мазкур мегӯяд дар паи ташкили иттифоқҳои қарзӣ дастрасии мардум ба маблағҳо бештар шуда, аз ҳисоби гардон шудани пулҳои «таиболиштӣ» суръати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бештар мегардад.
Талбаков афзуд:
«Айни ҳол дар дасти мардум 5 миллиард сомонӣ хобанд, ба истиллоњ таи болишт нигоҳ дошта мешаванд. Ин миқдор маблағ аз гардиш берун аст. Имкон дорад мардум ин маблағро тавассути ташкили иттифоқҳои қарзӣ ба гардиш дароранд, ки дар натиҷа самаранокии он дучанд мегардад, маблағҳо ба рушди истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ равона мешаванд».
Талбаков бартарият ва фарқияти иттифоқҳои қарзиро аз ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо дар он медонад, ки иттифоқ бо маблағи худи шаҳрвандон ташкил мешаванду қарзгирӣ аз онҳо осону бо фоизҳои паст сурат мегирад:
«Фарз кардем дар як дења 200 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. 60 – 70 нафар маблағҳояшонро ҷамъ мекунанду иттифоқи қарзӣ ташкил менамоянд ва барои додани қарзҳо ба ивази фоизҳои муайян истифода мебаранд. Маблағҳо барои хариди техника, тухмӣ ва ғайра равона мешаванд, - ба гардиш медароянд, дар истеҳсолот истифода мегарданд, дивиденд меоранд ва самаранокиашон ба маротиб зиёд мегардад».
Исмоил Талбаков, мегӯяд иттифоқҳои қарзӣ ҳамчун субъект аз қайди вазорати адлия мегузаранд ва аз имтиёзҳои зиёд бархурдор хоҳанд шуд:
«Фарз кардем, ман бо маблағи маошам дар иттифоқи қарзӣ саҳм мегузорам. Ин пули кулан қонунӣ аст, аз он аллакай ҳамаи намуди андозҳо, аз ҷумла андоз аз даромад супорида шудааст. Андозбандии иловагӣ нахоҳад шуд. Қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ ба андешаи мо санадҳои муҳиме мешавад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ташкилӣ ва молиявии иттифоқи қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ба миён меоянд, ба танзим медарорад. Манфиатҳои иштирокчиёни иттифоқи қарзиро ҳифз намуда, самаранок истифодабарии манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Тоҷикистон таъмин менамояд».
Ташкили иттифоқҳои қарзӣ ва қабули қонуни дахлдорро Талбаков таҷрибаи маъмули ҷаҳони муосир гуфта, афзуд, ки кишвари мо дар раванди ҷаҳонишавӣ аз дигаргуниҳои молиявию қарзӣ дар арсаи байналмилалӣ берун буда наметавонад: «Ҳанӯз дар солҳои 20 – 30 –юми асри гузашта иттифоқҳои қарзӣ таъсис ёфта буданд. Ҳоло дар 92 давлати дунё 42 ҳазору 616 иттифоқи қарзӣ фаъолият доранд ва дар сафҳои худ 200 миллион аъзоро муттаҳид сохта, сандуқи қарзии онҳо бештар аз як триллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад».
Талбаков мегӯяд иттифоқҳои қарзии Тоҷикистон метавонанд маблағҳои иттифоқҳои хориҷиро ҳам ҷалб намоянд:
«Чанд иттифоқи қарзӣ ҷамъ шуда дар дохили кишвар Асосиатсияро ташкил менамоянд. Асосиатсияи тоҷикистонӣ ба Асосиатсияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, маблағҳои онҳоро ҳам ҷалб менамоянд».
Айни ҳол оиди лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» кумитаҳои парлумону вазоратҳои ҳукумат хулосаи худро пешниҳод намуда, омӯзишашон аз ҷониби комиссияи корӣ идома дорад.
Мӯҳр