Бахшҳо
07 июл 2012 03:51Гузориш

Маслиҳати агрономҳо фоиднокии ҳар гектарро 1540 сомонӣ бештар кардаст

Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир тавассути Барномаи кӯмакҳои касбию техникӣ  дастрасии деҳқонҳои вилояти Хатлонро ба маслиҳатҳои агрономҳо васеъ кардаст.

Масъулини ин барнома изҳор медоранд, ки бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ  чандин агрономи маҳаллиро таълим додаанд. Ин агрономҳо дар навбати худ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ  маслиҳатҳои касбӣ  медиҳанд ва охири сол ҳаққи хизматро дар ҳаҷми 40  сомонӣ  аз як гектар мегиранд.
«Дар хоҷагиҳое, ки аз маслиҳати агрономҳо истифода мекунанд, соли гузашта ҳосилнокӣ  аз ҳар гектар 26 фоиз зиёд гардида, имсол дар назар аст, ки боз 15 фоизи дигар бештар гардад. Аз ҳар гектар замин 1540 сомонӣ  маблағи иловагӣ  ба даст омадаст. Ҳаққи хизматрасонии агрономҳо қисман аз ҷониби барнома рӯйпӯш мешавад. Сол ба сол саҳми барнома коҳиш ёфта, оқибат ҳаққи хизматрасонии агрономро пурра худи деҳқон пардохт хоҳад кард. Таи ин муддат деҳқонон фоидаро дида, минбаъд дар киштукор маслиҳатҳои касбиро бештар истифода хоҳанд кард».

Масъулини DFID изҳор медоранд, ки аз соли гузашта то ба ҳол шумораи хоҷагиҳое, ки аз хизматрасонӣ  истифода намудаанд аз 975 то 2026  адад расид.
Дар доираи барнома инчунин имкон дорад, чанд хоҷагӣ  якҷо кооператив ташкил намоянд ва зимни харидории ягон техникаи хоҷагии қишлоқ 30 фоизи арзиши онро барнома мепардозад.
Фирдавс Сафаров деҳқоне, ки худро соҳиби 26 гектар замин муаррифӣ  намуд дар мавриди гирифтани фоида аз барномаи маслиҳатҳои техникию каcбӣ  афзуд:

«Ман ва аксари деҳқонҳои дигар қудрати гирифтани агрономи худиро надорем. Аммо дар шароити мавҷуда, ки вазъи боду ҳаво дар ҳоли тағйирёбӣ  аст, ниёз ба маслиҳати агрономҳо зиёд аст. Барои рафта омӯхтани нозукиҳои агрономӣ  худи мо деҳқонҳо фурсати кофӣ  намеёбем. Кор бояд кунем. Аммо агрономҳое, ки дар доираи барнома таълим гирифта, фаъолият доранд, ҳама вақт маслиҳатҳои касбӣ  медиҳанд. Хабар мегиранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ  бо як занг задан дарав ҳозир мешаванд».

Амралӣ  Азизов, ки худро сарагрономи ноҳияи Бохтар муаррифӣ  кард ва яке аз иштирокдорони барнома аст, усули татбиқи барномаро чунин фаҳмонд:
«Мо дар семинарҳо иштирок мекунем. Таҷрибаи пешрафтаи заминдориро меомӯзем. Баъдан ба хоҷагиҳои деҳқонӣ , ба ивази як миқдор ҳаққи хизмат, ки охири сол пардохт мешавад, маслиҳат медиҳем. Дар баробари ин аз ҳисоби барнома ҳам як миқдор маблағ мегирем. Дар доираи барнома дар назар аст, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ  фоидаи истифода аз хизмати агрономҳоро дида, ба истифодаи он мепардозанд. Хамин тариқ баъди анҷоми барнома ҳам мо аз ҳисоби зиёд шудани истифодабарандагони маслиҳатҳои касбии агрономӣ  бо ҷои кор таъмин хоҳем буд ва ҳам деҳқон фоида хоҳад гирифт. Мо дар ҳоли ҳозир ба ҳудуди 1790 хоҷагии деҳқонӣ  хизмат мерасонем ва муроҷиатҳои нав ҳам шуда истодаанд».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)