Таҷрибаи ин кишвари авторитарӣ нишон медиҳад, ки ислоҳот дар шакли авторитарӣ нисбат ба ислоҳот дар шакли демократии идораи давлат ҳам метавонад натиҷаи беҳтаре дошта бошад.
Мо 2 фоизи даромади аҳолии ин кишварро надорем
Аз барҳамхурии Иттиҳоди шӯравӣ ва истиқлоли кишварҳои пасошӯравӣ 20 сол сипарӣ шуд. Беш аз 20 сол аст, ки ин кишварҳо аз тарзи идораи иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ рӯ овардаанд, вале ҳанӯз нишондиҳандаҳои иқтисодии ин давлатҳо, ба хусус ҷамоҳири Осиёи Марказӣ (ба истиснои Қазоқистон) дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар зинаи хеле поён қарор дорад. Ислоҳоте, ки дар бахши иқтисод роҳандозӣ шуда буд, натиҷае ба бор наовард. Чаро?
Сабабҳои бенатиҷа мондани ислоҳот то ҳол мавриди баҳсу баррасии таҳлилгарон қарор дорад. Бисёре аз коршиносон ҷанги шаҳрвандиро омили аслии таназзули иқтисод дар Тоҷикистон медонанд. Аммо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ, ки дар он ҷойҳо ҷанги шаҳрвандӣ набуд, низ ислоҳот тақрибан бенатиҷа анҷом ёфт. Аксари кишварҳои мазкур низоми нақшавии идораи иқтисодро нигоҳ доштанд ва танҳо дар баъзе соҳаҳо нархҳо озод гузошта шуд. Ба бовари раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бондаренко аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ танҳо ҷамоҳири назди Балтика то андозае ба натиҷаи назаррас ноил шуданд. Аммо барои ин аз қабл то ҷое замина фароҳам буд. Зеро Латвия, Литва ва Эстония кишварҳое буданд, ки то соли 1940 бо низоми капиталистӣ ба андозае ошноӣ доштанд ва баъди он ба ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ шомил шуданд. Аз ин рӯ гузариши онҳо ба иқтисоди бозорӣ нисбатан осонтар сурат гирифт. Аммо дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар бораи иқтисоди бозорӣ тасаввуроти аниқ надоштанд ва ислоҳоти онҳо бо дасти собиқ коммунистон ва нафароне амалӣ шуд, ки аксар аз тарзи идораи иқтисоди планӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва мекунанд. Ба ин хотир ҳоло ҳам марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозориро паси сар накардаанд.
Кишвари авторитарӣ ва ислоҳоти иқтисоди бозорӣ
Дар ҳамин ҳол баъзе кишварҳо, ки дар гузашта номи онҳоро бисёриҳо намедонистанд ё аҳолии онҳо хеле қашшоқ буданд, якбора дар давоми 30-40 соли ахир аз кишвари қафомонда ба кишвари хеле пешрафтаи ҷаҳон табдил ёфтанд. Аз ҷумла, Сингапур, шаҳр-давлате, ки аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум гузашт. Рушди ММД солона 14 фоиз аст ва ҳаҷми он дар соли 2010 ба 208 миллиард доллар баробар буд. Аз рӯи рейтинги озодии иқтисод ва роҳандозии тиҷорат дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Ин ҳама дар ҳоле, ки дар ин кишвар низоми авторитарӣ ҳукмфармост. Барои риоя накардани оддитарин қоидаҳо одамон ҷарима медиҳанд. Сингапур тозатарин шаҳр дар тамоми Осиё дониста мешавад, аммо ин на танҳо натиҷаи таблиғоти маданиятнокии аҳолӣ, балки режими сахти Ли Куан Ю, собиқ сарвазири Сингапур (ҳоло пешвои барҷаста) буд. Масалан, агар дар кисаи ягон шаҳрванд ё сайёҳ жвачка ёфт шавад, барои ин "ҷинояти вазнин" 1000 доллар ҷарима баста мешавад. Як хел чиноятҳо бахшиш надорад. Агар дар кисаи касе 15 грам героин ёфт гардад, ӯро ҳукми қатл интизор аст.
Таҷрибаи ин кишвари авторитарӣ нишон медиҳад, ки ислоҳот дар шакли авторитарӣ нисбат ба ислоҳот дар шакли демократии идораи давлат ҳам метавонад натиҷаи беҳтаре дошта бошад. Дар Тоҷикистон, ки мо онро кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ меномем, ислоҳот на дар шакли демократӣ ва на дар шакли авторитарӣ натиҷае надод. Бист сол шуд, ки таъми истиқлолро мехоҳем чашем, вале ҳанӯз намедонем, ки маззаи он талх аст ё ширин. Чун оддитарин шароити зистанро, ки пеш аз истиқлол соҳиб будем, то ҳол надорем. Мардум ҳанӯз ҳам орзӯи бозгашт ба даврони шӯравиро доранд. Зеро аз он даврон ва шароити зисту зиндагӣ хеле хотираҳои хуб доранд. Маоши муаллиму духтур барои рӯзгузаронӣ кофӣ буд, милисаҳо сари роҳ нишаста аз ронанадаҳо пул талаб намекарданд, ҷои кор буд, фасоди сартосарие, ки аз мактабу донишгоҳ оғоз мешаваду ба дигар соҳаҳо сироят мешавад, тақрибан ҷой надошт. Бо расидан ба истиқлол мардум умедвор буданд, ки зиндагияшон ба пояи зиндагии аврупоиҳову амрикоиҳо хоҳад расид, аммо ба ҷои он ки шароити зиндагӣ беҳтар шавад, баръакс расидан ба нишондиҳандаҳои пеш аз истиқлол ҳам душвор ба назар мерасад. Пас чӣ гуна метавон гуфт, ки ислоҳот буд? Константин Бондаренко бар ин назар аст, ки Сингапур ба ислоҳоти авторитарӣ даст задаст. Яъне озодиҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро бештар карда, принсипҳои демократиро маҳдудтар сохтааст. Аммо дар мо на демократия ҳаст ва на ислоҳот. Дар мо авторитаризми нарм ва ислоҳот бо таноқуз ба вуҷуд омад.
Роҳбарӣ ба дасти киҳо расид?
Омилҳои бенатиҷа мондани ислоҳотро таҳлилгарон дар интихоби нодурусти шакли идора ва бюрократия маънидод мекунанд. Ба андешаи Константин Бондаренко сабаби то ҳол дар марҳилаи гузариш боқӣ мондани иқтисод дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ нахуст саволеро ба миён меорад, ки идораи иқтисод дар ин ҷамоҳир ба дасти кӣ афтод? Ба гуфтаи вай ба ҷуз аз ҷумҳуриҳои назди Балтика дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ асосан собиқ коммунистон, роҳбарони ҳизби коммунистӣ, раисон ва ҷонибдорони иқтисоди нақшавӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда омаданд. Дар Эстония роҳбарӣ ба дасти элитаи комилан зидди коммунистӣ расид, аммо дар Русия ва дигар кишварҳои собиқ, ба хусус ҷамоҳири Осиёи Марказӣ роҳбариро собиқ коммунистон ба даст гирифтанд. Борис Елсин кӣ буд? Собиқ роҳбари ҳизби коммунистони Русия. Дар Тоҷикистон низ бештар собиқ аъзоёни ҳизби коммунистӣ роҳбариро ба ӯҳда доранд. Дар Қазоқистон ва ӯзбакистон ҳам чӣ хеле, ки солҳои 80-уми асри гузашта роҳбарон иқтисоди планиро пеш мебурданд, ҳанӯз ин "анъана"-ро идома дода истодаанд. Танҳо парчамҳо иваз шуданд. Функсияи қудратӣ заъиф гашт ва нақши идора бештар шуд. Системаи судӣ ва милиса заъиф шуд, ҳуқуқи мулкдорони хусусӣ ҳимоя намешавад, вале дар акси ҳол дахолат ба иқтисод бештар гаштааст.
Охирҳои барҳамхурии Иттиҳоди шӯравӣ кишварҳое, ки аз шакли иқтисоди планӣ пайравӣ мекарданд, ба бӯҳрони сахт дучор шуданд. Иҷозатдиҳиву коғазбозии зиёд ба рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекард. Дар Ҳиндустон то замони ба вазифаи вазири молия таъин шудани Манмохан Сингх чунон нобасомонӣ буд, ки ҳатто барои як иҷозатгирӣ то 40 маротиба ба марказ муроҷиат мекарданд. Аммо ин системаро вазири нави молияи Ҳиндустон барҳам дод ва ба низоми бозорӣ рӯ овард.
Директорони дирӯз ва роҳбарони имрӯз
Дар аксар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ ислоҳотро касоне анҷом медоданд, ки аз механизми иқтисоди бозорӣ чандон огоҳ набуданд. Аз ҳамин рӯ ислоҳот як раванди дурустеро ба худ касб накард. Иқтисод на бозорӣ шуду на нақшавӣ ва дар шакли омехта боқӣ монд. Аммо боз суоле пайдо мешавад, ки чаро Хитой бо шакли иқтисоди омехта пешрафта шуду ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди шӯравӣ қафо монданд? Константин Бондаренко дар ин бора чунин гуфт: "Соли 1979 дар Чин ба сари қудрат Дэн Сяопин омад ва ӯ изҳор дошт, ки идеологияи коммунистиву Ҳизби коммунистиро ҳифз мекунад, аммо дар дохили кишар механизми бозориро амалӣ менамояд. Хитой шурӯъ аз солҳои 80 капитализми коммунистӣ месозад. Лекин агар ба озодии иқтисодӣ назар афканем, ин унсур дар Чин нисбат ба кишварҳое, ки ба таври суннатӣ кишвари сармоядорӣ шинохта шудаанд, бештар аст. Масалан, шакли давлатдории Чин коммунистӣ аст, аммо хароҷоте, ки ба бахши иҷтимоӣ сарф мекунад, хеле ночиз аст. Дар кишварҳои сохти сотсиалистӣ дастгирии аҳолӣ аз ҷониби давлат зиёд аст, аммо дар Чин чунин сиёсат ҳаст, ки "то дами марг кор кун!". Хароҷоти давлатияш ҳам назар ба он ки артишаш азим аст хеле кам аст ва 23 дар сади ММД-ро ташкил медиҳад. Асосан таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шаҳрҳои бузурги соҳилҳои Шарқи Чин омили такондиҳандаи рушди иқтисоди ин кишвар гашт. Қарзи давлатии Чин чандон зиёд нест ва 17 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Дар фаҳмиши иқтисодӣ Чин хеле кишвари озод аст. Чин як проблема дорад, ки дар он ҷо ду системаи гуногун ба ҳам якҷоя шудаанд, аммо ин то охир дар чунин шакл боқӣ намемонад. Дер ё зуд дар Чин тағйирот мешавад, касе гуфта наметавонад, ки чӣ гуна тағйирот. То имрӯз вазифаи онҳо чунин буд, ки аҳолӣ аз гуруснагӣ раҳоӣ ёбад ва ба ин ҳадаф бо истифодаи якчанд механизми бозорӣ расиданд. Акнун ба пеш ҳаракат кардан даркор аст".
"Муъҷизаи иқтисодӣ" натиҷаи ислоҳот аст
Ислоҳот дар баъзе кишварҳо рушди иқтисодиро суръат бахшида, то ба марҳилаи "муъҷизаи иқтисодӣ" (экономическое чудо) расонидааст. Масалан, Амрикои асри 19 ва Сингупури асри 21 "мӯъҷизаи иқтисодӣ" эътироф шудааст. Нишонаи "муъҷизаи иқисодӣ" аз рушди беш аз 10 дар сади ММД-и дар давоми чандсолаҳо ба даст омада мебошад. Дар Сингапур рушди ММД то 14 дар сад расидааст. Ҳоло дар Чин рушди ММД солона аз 10 дар сад боло аст ва ҳамин раванд чанд соли ахир идома дорад. Рушди ММД дар Тоҷикистон ба 7 фоиз мерасад, ки ин нишондиҳанда дар қиёс бо дигар кишварҳо паст нест, аммо беҳтаршавии шароити зиндагии мардум чандон ба назар намерасад. Дар Сингапур, ки ҳатто оби нӯшокӣ аз хориҷ ворид мешавад, акнун маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар сари аҳолӣ 40 ҳазор долларро дар як сол ташкил медиҳад. Дар ҳоле, ки ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ҳудуди 800 доллар аст. Аммо аз рӯи рейтинги мубориза бо коррупсия Сингапур ҷои 7 ва Тоҷикистон ҷои 152-юмро ишғол мекунанд. Дар масъалаи озодии иқтисодӣ ва тиҷорат низ Тоҷикистон дар охирҳои ҷадвал қарор дорад ва Сингапур дар мақоми аввал аст. Аз ин рӯ нишондиҳандаҳои иқтисодии ин ду кишвар қиёснашавандаанд. Чун мардуме, ки дирӯз намедонистанд бо гуруснагӣ чӣ гуна мубориза баранд, имрӯз солона 40 ҳазор доллар даромад доранд, ки мо 2 фоизи даромади онҳоро надорем.
Вале бо ин ҳама наметавон гуфт, ки шакли идораи иқтисодӣ ё ислоҳоти Сингапур ё кишварҳои дигар идеалӣ аст. Чун дар Сингапур ҳам проблемаҳои иқтисодӣ вуҷуд доранд ва такя ба сиёсати содиротӣ дар ин кишвар ҳангоми мавҷзании биржаи ҷаҳонӣ дар бештари ҳолат корхонаҳоро барои дар дохили кишвар фаъолият кардан ҳавасманд намесозад. Сиёсати иқтисодии ИМА низ солҳои ахир аз ҷониби таҳлилгарон мавриди интиқод қарор мегирад ва пулчопкунии Амрикоро беназардошти қурби тилло кори иштибоҳе маънидод мекунанд. ИМА қурби далларро на бо тилло, балки ба бовари мардуми ҷаҳон таъмин карданӣ аст. Аз ин рӯ ба "кишвари қарзҳо" табдил ёфтааст. Аммо муҳим он аст, ки мардум дар он ҷо сатҳи зиндагиашон беҳтар аст ва мақсад аз ислоҳот ҳам ҳамин аст. Аммо дар Тоҷикистон ба ғайр аз ислоҳоти иқтисодӣ, боз чанд ислоҳотҳои дигар, аз ҷумла ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ, хусусигардонӣ, соҳибкорӣ ва ҳатто 200 рӯзи ислоҳот ҳам амалӣ шуду натиҷа маълум нест. Зеро маълум нест, ки кай мардум бо кор дар кишвар таъмин мешаванду кай сафи камбизоатон коҳиш меёбад ва оё бо чунин ислоҳотҳои бозориву нақшавӣ беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ имкон дорад ё хайр?
Исфандиёр Халлилӣ
Мӯҳр