Шакли идораи бархе аз кишварҳои минтақа аллакай арзиши худро аз даст дода, эътимоди мардумро барҳам зад ва онҳоро барои худшиносӣ такон бахшид.
«Насли ҷавон» ва пазирандаи шакли муосири ҷомеаи исломӣ барои пайвастан ба арзишҳои ғарб бо роҳи мутобиқгардонии онҳо бо анъаноти мусулмонӣ ва бо ин тариқа дуршавӣ аз шакли архаистии тамаддуни исломӣ талош хоҳанд кард.
Ҷаҳонишавӣ ва пайдоиши таҷҳизоти муосиру дастрасӣ ба интернет барои мардумони кишварҳои гуногун имкон дод, то аз вазъи кишварҳои минтақаву ҷаҳон ошоноӣ пайдо намоянд. Мардум нобаробариҳову тафовути зиёдро дар сатҳи зиндагӣ, тақсимоти сарватҳои милливу неъматҳои моддӣ мушоҳидаву эҳсос намуданд. Аз ҳама муҳим сатҳи нобаробари озодиҳои мардум буд, ки боиси сар задани ошӯбҳо дар Шарқи наздик гардид ва бояд сабабро низ аз ҳамин доира ҷуст.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки андешаҳои озодихоҳии мардум нисбати таъминоти модии онҳо дар кишварҳои бойи арабӣ боло гирифтанд ва сарони ин кишварҳо бо фасодкориву қурбон кардани арзишҳои исломӣ пеши кишварҳои аврупоӣ ба хотири нигоҳдории қудрат, пайдо кардани пуштибониву аслиҳа ва макони пинҳон кардани сарватҳояшон вазъро он гунае карданд, ки мо дидем.
Имрӯз вазъияти Башор Асад ба чӣ меанҷомад, танҳо тахмин хоҳем зад ва аммо агар ба омилҳои таърихӣ назар андозем, тағйири ин қудрат ва ба ҷойи он омадани модели дигари идоракунии исломӣ, яъне ислом бо чеҳраи дигарро интизор бояд шуд, мисле ки дар Миср.
Воқеан, Осаф Баёт, профессори Донишгоҳи Иллинойса, воқеоти ҷаҳони арабро “Рефо - лютсияи баъдиисломӣ” номидааст, яъне омехтаи реформа ва револютсия, ки ташбеҳи аҷиб ва қобили қабул аст.
Шакли идораи кишварҳои араб аллакай арзиши худро аз даст дод ва эътимоди мардумро барҳам зад ва мардумро барои худшиносӣ такон бахшид. Георгий Мирский, пажӯҳишгари рус дар ин мавзӯъ мегӯяд, “насли ҷавон ва пазирандаи шакли муосири ҷомеаи исломӣ барои пайвастан ба арзишҳои ғарб бо роҳи мутобиқгардонии онҳо бо анъаноти мусулмонӣ ва бо ин тариқа дуршавӣ аз шакли архаистии тамаддуни исломӣ талош хоҳанд кард. Аммо барои муқобилият ба ин раванд, дигарон ва шояд ҷавонони дигар талош меварзанд арзишҳои исломиро тақвият бахшанд, мактабҳои фиқҳии навро гардон намоянд. Агар ин кор барояшон даст бидиҳад, тамаддуни исломӣ аз ҳолати гарангӣ ва лоғарӣ хоҳад баромад.”

Аммо имрӯз мебинем, ки тартиби исломии инқилобҳо ба гунаи дигар чеҳра мекушоянд. Феълан тазоҳургарону инқилобчиёни араб бештар аз озодиҳои шаҳрвандиву инсонӣ сӯҳбат мекунанд, на ин ки аз арзишҳои исломӣ. Агар ҷо-ҷо баландшавии ягона шиори “Аллоҳу акбар!” - ро ба ҳисоб нагирем, мебинем, ки дар контексти исломӣ ин инқилобҳо қариб ки чезе надоранд. Аз ҳама муҳим баъди ба сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ дар кишвари аҳромҳо, вазъи ҷаҳонгардӣ ва даромади кишвару мардум аз ин чи хоҳад шуд, номафҳум боқӣ мемонад.
Кӣ ва ё чӣ бояд иваз шавад?
Инқилобҳои баҳори араб нишон доданд, ки инқилобчиён аз берун наомадаанд ва аксари онҳоро ҷавонон ташкил медоданд, ки маҳз дар кишварҳои беруна донишу касб андӯхтаанд. Маҳз шиносоӣ бо вазъи зисти ҳамсолони кишварҳои мутараққӣ, мухобироти интернетӣ боиси ин таркиши иҷтимоӣ дар кишварҳои арабӣ гаштанд. Акнун барои ин мардум ду роҳ мавҷуд буд, яке ивази низоми давлат ва дигаре тағйири роҳбар. Табиист, ки на ҳамаи ҷавонони як кишвар имкон доштанд тарки кишвар намоянду Ватанро гузошта бираванд. Ва роҳи дуввумро пеша карданд. Агар баъзеҳо таъсири нерӯҳои берунаро дар ин равандҳо, ки имрӯз раҳбарияти кишварҳо ҳангоми эътирозоти мардум расм шудааст, ки дарҳол эълон бидоранду ислоҳотхоҳонро олуда ба хиёнату ватанфурӯшӣ бикунанд, бубинанд, ин ҳақи онҳост, аммо мушоҳидаҳову таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин раванд муддати тӯлонӣ дар мағзҳои мардум тавлид гаштаву камол ёфтааст ва косаи сабри онҳо муддати тулонӣ чаккаҳои беадолативу фасодро бардошт кардаву ниҳоят лабрез шудааст.
Дар ҳолати бӯҳронҳои доманадори сиёсиву иқтисодӣ қарор доштани ҷомеа, поймол шудани ҳаққи инсон дар Ватани худ ва ҳимояту пуштибон наёфтанаш дар кишварҳои хориҷ аз сӯи давлатдорон, муҳайё набудани озодиҳои шаҳрвандӣ акнун барои сарварони ҳукуматҳо суолҳоро матраҳ мекунад, ки наандешидани чораҳои қатъиву саривақтӣ барояшон оқибатҳои ногувор дорад, ки дидем...
Муҳаммад Рашод
Мӯҳр