Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, яке аз хиёбон ё майдонҳои пойтахт Ваҳдати миллии Тоҷикистон номгузорӣ ва дар он рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар гузошта шавад. Ин нуктаро райисҷумҳур зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавие, ки рӯзи 26-уми июни соли равон ба муносибати 15-умин солгарди имзои Созишномаи умумии сулҳ дар Кохи Борбад сурат пазируфт, изҳор дошт.
Тардиде нест, ки ин пешниҳоди президент низ мисли дигар пешниҳодҳои ӯ қабул мешавад. Таърихи муосири Тоҷикистон ёд надорад, ки баъди ба курсӣ нишастан кадом як пешниҳоди президент аз сӯи мақомоти дахлдор сарфи назар шуда бошад. Дар аксари ҳолат пешниҳодҳои сарвари давлатро ниҳоди қонунгузор "нарезондаву начаконда" қабул мекунад. Зимнан, дар нӯҳ сол қабл низ бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кофарниҳон ба Ваҳдат табдили ном кард. Соли 2003 президент барои Кофарниҳон ду ном пешниҳод намуд- Ваҳдат ва Ваҳдатобод.
Ҳамчунин, дар қаламрави ҷумҳурӣ бахшида ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кӯчаву маҳаллаҳои зиёде номи Ваҳдатро гирифтаанд. Муассисаву ширкат ва корхонаву сехҳоро бо ин ном ҳисоб кардан имкон надорад. Дар ҳар "юбилей" боз чанд иншооту мавзеъ "Ваҳдати миллӣ" мешавад. Аммо дар ин муддат ҳизбе бо номи Ваҳдат муваффақ нашуд, ки сабти ном гардад.
Талошҳои Ҳикматулло Сайидов, раиси Ҳизби ваҳдати Тоҷикистон ҷиҳати сабти ном дар Вазорати адлия натиҷа надод. Мақомот ҳамеша дар асноди таъсисии ҳизб нуқсеро ошкор мекард. Роҳбарияти ҳизб ҳар навбат ҳуҷҷатҳои худро дигарбора пешниҳод мекарданд, вале натиҷа ҳамон буд. Ҳизби Ваҳдат моҳи марти соли 2002 аввалин анҷумани муассисони худро дар шаҳри Душанбе доир кард ва баъди ин асноди онро барои қайд ба Вазорати адлия бурд. Ҳикматулло Сайидов мегуфт, ки мавқеи ҳизби ӯ марказгароӣ буда, дар роҳи мубориза бо фасод, маҳалгароӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо ҳама неруҳои сиёсӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Ба иддаои номбурда дар ҳоли ҳозир талошҳои ҳукумат барои коҳиши фасод дар мақомот ва раҳоии ҷумҳурӣ аз вазъи бӯҳронӣ самараи қаноатбахш надодааст.
Ҳоло ҷаноби оқои Сайидов ва "Ваҳдат"-и ӯро мегузорем ва бармегардем, сари хиёбон ё майдони пойтахт, ки бояд "Ваҳдати миллии Тоҷикистон" номгузорӣ шавад. Агар қуръа сари хиёбон биафтад, бо эҳтимоли зиёд шояд ҷои Рӯдакро бигирад. Аз рӯи мантиқ хиёбони марказӣ бояд ба чунин номе сазовор бошад. Хиёбони Исмоили Сомонӣ номашро ҳифз мекунад, зеро ҳамагӣ чанд соли пеш аз 1100 солагии давлати тоҷикон таҷлил кардаву чанд кӯчаву иншоот ва майдонро ба номи асосгузори он гузоштанд. Исми хиёбони мазкур низ зодаи ҳамин ҷашн аст. Тасаввур нокарданист, ки Исмоили Сомониро бо Ваҳдат иваз намоянд. Агар чунин шавад, пас касе кафолат дода наметавонад, ки бо гузашти чанд соли дигар ҷои Ваҳдатро низ мегиранд. Аммо агар майдонеро баргузиданӣ бошанд, шояд "800 солагии Маскав" интихоб шавад, зеро дар кӯчаи марказӣ воқеъ аст ва маҳалли зебое низ ҳасту ҷои хуби гузоштани рамзи Ваҳдати миллиро ҳам дорад. Варианти дигар метавонад, майдони "Дӯстии халқҳо" бошад. Ва ҳамин тавр ҳам шуданаш имкон дорад, ки ҳеч яке аз ин мавзеъҳо Ваҳдат нашавад, зеро аз таҷрибаҳо медонем, ки 90 дар сади пешгӯиҳои ВАО перомуни тағйироти кадрӣ, ки ҳамасола нашр мешавад, дуруст намебарояд.
Президент ҳа
мчунин пешниҳод намуд, ки рамзи Ваҳдати ҷовидонаи мардуми кишвар низ гузошта шавад. Ҳоло рӯшан нест, ки ин рамз муҷассамае хоҳад буд ё кадом як символи дигар. Рамзи Ваҳдати миллӣ ду дастест, ки ҳамдигарро мефишорад.
Раванди номгузорӣ дар Тоҷикистон чанд соли ахир мавзӯи гарме дар доираҳои мухталиф будааст. Масалан ҳамин шабу рӯз номи қумондонҳои ҷанги шаҳрвандиро доштани кӯчаву хиёбонҳо баҳс мешавад. Зимнан, ба гузориши расонаҳои хориҷӣ ахиран бархе сокинони ҷануби кишвар аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки дар шиносномаҳояшон ҷои истиқомати онҳо Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев ва дигар қумандонҳои собиқ Фронти халқӣ навишта шудааст. Номи қумондонҳо баъди имзои Созишномаи сулҳ гузошта шуд, вале дар чанд соли ахир он чандон роиҷ нест. Ҳоло Ваҳдат, Истиқлол ва Роғун дар "мӯд" ҳастанд. Ин номҳоро аз оби нушокӣ то нимтанаву кулоҳ ва корхонаҳо дидан мумкин аст. Аммо гуфта мешавад, ба оҳистагӣ шӯру шавқи "Роғун" паст мешавад. Истиқлол низ ҳамчунин. Ба гумон аст, ки то замони ҷашнгирии 25 солагии он хиёбон ё кӯчае Истиқлол номгузорӣ шавад. Вале ҳоло навбати Ваҳдат аст…
Гуфта мешавад, ин расмро аз Шӯравӣ ба мерос гирифтаем. Он замон низ кӯчаву хиёбонҳои зиёде исми Ленину Сталин ва коммунизму Октябр ва ба ин монандҳоро доштанд. Бо гузашти ҳар панҷу даҳсола шумораи онҳо меафзуд….
Дар робита бархе соҳибназарон мегӯянд, ки эҳтимол баъди панҷ соли дигар, дақиқтараш соли 2017 аз сӯи роҳбарияти давлат пешниҳод мешавад, ки шаҳр, хиёбон ё ҳади аққал кӯчае 20 солагии Ваҳдати миллӣ номгузорӣ шавад. Ёдовар мешавем, 27-уми июни соли 1997 ду тарафи даргири Тоҷикистон дар Кохи Кремли Маскав бо миёнҷигарии созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои дӯст зери Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд ва аз он замон ҳамасола ин сана ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Тасвиби созишномаи сулҳ дар 15 соли пеш ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ дар Тоҷикистон хотима дод, ки бино ба омори тахминӣ беш аз 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошта ва ҳудуди 7 миллиард доллар хисорот ворид кардааст.
Чорабиниҳои асосии рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳар сол дар як минтақа баргузор мешаванд. Ба гунаи мисол Рашт (2006), Ваҳдат, Ҳисору ва Кӯлобу Хуҷанд (2009), Хоруғ (2010) маросимҳои аслии Рӯзи Ваҳдатро мизбонӣ кардаанд. Имсол шаҳри Душанбе макони аслии чорабиниҳо буд. Мақомот ҳам хабар доданд, ки соли равон дар қиёс ба солҳои сипаришуда рӯзи Ваҳдати миллӣ бошукӯҳтар таҷлил мешавад.
Аз рӯзи Ваҳдат дар ҳоле ҷашн мегиранд ва телевизионҳои давлатӣ барномаи ҷашниро такрори ҳам пахш мекунад, ки ҷониби дигари сулҳ мегӯяд ҳукумат онро яктарафа намоиш медиҳад. Дар ҷашнгириҳои гузашта нигарониҳо ҳам буд, ки онҳоро ба маросимҳои ҷашнӣ даъват намекунанд. Зимнан, чанд соли пеш рӯзномаҳо навиштанд, ки телевизионҳои давлатӣ вақте лаҳзаҳои имзогузорӣ зери Созишнлмаи сулҳро намоиш медиҳад, имзогузории пешвои собиқи Иттиҳоди оппозитсиюн марҳум Саид Абдулоҳи Нурӣ нишон дода намешавад. Вале соли сипаришуда зимни намоиши силсилафилме бахшида ба Ваҳдати миллӣ гӯйё ин камбудӣ ислоҳ шуд...
Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр