Бахшҳо
26 июн 2012 03:53Гузориш

Муҳаммадҷон Шакурӣ: Дигар ҳавсалаи навиштан надорам…

Дар ин чанд соли ахир ба сабаби шароити ҷисмӣ натавонистаам дар ҷаласоти фарҳангистон ширкат кунам ва мустақиман аз фурудгоҳ ба бемористон равона шудаам. Аммо дар ин солҳо дигар ҳавсалаи кор кардан ва навиштан надорам ва дӯст дорам бештар истироҳат кунам.

Ба гузориши хабарнигори китоб ва адабиёти хабаргузории Форс, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, узви пайвастаи фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ, ин рӯзҳо даврони пиронсолии худро дар бемористони Дай ба сар мебарад ва қарор аст, ҳафтаи оянда аз бемористон мураххас шавад.
Дилафруз Икромӣ, ҳамсари Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки ба ҳамроҳи вай ба Эрон сафар кардааст, дар хусуси бемории ҳамсари худ гуфт: Шакурӣ наздик ба 6 сол аст аз бемории гурда ранҷ мебарад ва барои дармони худ ба Эрон меояд. Дуктур Фасиҳӣ ва Оятӣ пизишкони ихтисосии вай ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир сангҳои гурдаи эшонро бардоштаанд ва устод даврони шифоёбии худро ба сар мебарад.
-Дар ин шаш солее, ки ба Эрон сафар мекунем, бо афроди ин маҷмуъа ошно шудаем ва онҳо ба хубӣ аз мо пазироӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар муддате, ки ба Эрон сафар кардаем, бисёре аз аъзои фарҳангистон монанди оқоён Ҳаддоди Одил, Шабистарӣ, Насирӣ, Марям Раҳмонӣ, Ғарибӣ, Бахтиёрӣ ва дигарон барои мулоқот ба ин бемористон омадаанд,-афзуд бону Икромӣ.

Муҳаммадҷон Шакурӣ дар посух ба ин савол, ки дар вақтҳои фароғати худ дар бемористон чӣ фаъолияте мекунад, гуфт: Дар ин рӯзҳо ҳамсарам китоби "Сарвари аҳли Бухоро"-ро, ки ба зиндагии падарам Садри Зиё ва китобхонаи вай ихтисос дорад, барои ман мехонад.
-Дар ин рӯзҳо китобе аз ман бо унвони "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон" дар Тоҷикистон мунташир шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба шароити ҷисмӣ тасаввур намекунам, ки дигар битавонам даст ба қалам шавам. Дар ин чанд соли ахир низ ба сабаби шароити ҷисмӣ натавонистаам дар ҷаласоти фарҳангистон ширкат кунам ва мустақиман аз фурудгоҳ ба бемористон равона шудам. Пеш аз ин дар ҷаласоти фарҳангистон ширкат мекардам ва ҳар вожаеро баррасӣ мекардам ва агар нуктае вуҷуд дошт, мегуфтам . Аммо дар ин солҳо дигар ҳавсалаи кор кардан ва навишатан надорам ва дӯст дорам бештар истироҳат кунам,-мегӯяд устод Шакурӣ.

Ҳамсари Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки худ як эроншинос аст дар мавриди вижагии боризи шавҳараш мегӯяд,  ҳамсарам ба Тоҷикистон ишқ меварзад ва дар канори он ба забони форсӣ алоқаи фаровон дорад ва солҳои фаровоне аст, ки аз ин забон дар рӯзномаҳо, маҷаллот, радио ва садо ва симо дифоъ карда аст. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон калимоти русӣ бисёр ривоҷ доранд ва виҷдони ҳамсарам аз ин бобат бисёр нороҳат аст ва ҳамсарам бештар аз ман ба Эрон ишқ меварзад. Дар солҳои ахир эрониҳо талошҳои фаровоне дар ҳаққи ин устод доштаанд.

Икромӣ ҳамчунин аз пахши мустанади "Ҷони дилафрӯз" дар яке аз шабакаҳои телевизиюни хориҷӣ хабар дод ва гуфт: «Дар чанд шаби гузашта мустанаде аз ҳамсарам дар яке аз шабакаҳо пахш шуд, ки бахше аз зиндагии ин дӯстдорри забони форсиро намоиш медод».
Писари Муҳаммадҷон Шакурӣ ки дар донишгоҳи Нюксели Англия аз риёзиёт ва физик дарс медиҳад низ ба Эрон омада аст, то дар канори падари худ бошад.
-Муҳимтарин вижагии падари ман инсоният аст. Вай бо инсонҳо бо таваҷҷӯҳ ба вижагиҳои инсонии онҳо бархӯрд мекунад, на бар асоси сарват ва табақаи иҷтимоии онҳо. Вай аз кудакӣ ба ман мегуфт, ки талош кунам, то дар паи касби вижагиҳои инсонӣ бошам, аз ин рӯ ҳамвора дар зиндагии худ ин шиорро сарлаҳваи кори худ қарор додаам. Ӯ тамоми муддати зиндагии худ ҳеч гоҳ ба касе озор нарасонд ва ҳар рӯзи зиндаги дар пайи ин буд, то ба дигарон кӯмак ва ёрӣ бирасонад.

PS:
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, доктори илмҳои филологӣ ва мутаваллиди соли 1926 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст. Ӯ аз соли 1996 ба узвияти пайвастаи фарҳангистони забон ва адаби форсӣ даромадааст. Шакурӣ маншаи хадамоти арзишманде ба забон ва адабиёти форсӣ ва фарҳанги тоҷик буда ва то кунун беш аз 35 унвон китоб ва чоҳорсаду анд мақола мунташир кардааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)