Тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои варзишии Федератсияи байналмилалии гӯштини самбо аз 6-ум то 10-уми моҳи июни соли равон, бо иштироки варзишгарони 24 кишвари Осиё, мусобиқаи имсолаи қораи Осиё дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии ӯзбакистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа ҳайати мунтахаби гӯштини самбои Тоҷикистон таҳти роҳбарии Маҳмадшариф Сулаймонов, қаҳрамони ҷаҳон миёни собиқадорони гӯштӣ, устоди варзиши Итиҳоди Шӯравӣ, барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии тими мунтахаби самбои ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Маҳмадшариф Сулаймонов, мураббии эшон зимни як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳои зиёд варзишгарони тоҷик тавонистанд, дар ин чорабинии варзишӣ ҳунари хуб нишон диҳанд. Дар байни дастаҳои мунтахаби давлатҳои Осиё, ҳам миёни наврасон, ҳам ҷавонон, ҳам калонсолон ва инчунин дастаҳои духтарон ҳам дар ин се синну сол ширкат доштанд. Дар мусобиқи мазкур намояндагони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон байни мардон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Дар байни калонсолон бошад, Акмалиддин Каримови тоҷикистонӣ баромад намуда, сазовори ҷойи аввал гардиду унвони қаҳрамони Осиёро соҳиб шуд. Дар байни ҷавонпаҳлавонон- Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комрон Устопиров дар вазнҳои худ ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Бобоҷон Зоиров ва Зайналобуддинов зинаи сеюмро ба даст оварданд. Дар байни наврасон бошад, Қиёмиддин Авазов, Нозим
Охиров, Азизи Ризвон ва Қандилҷони Рустамзода сазовори ҷойи аввал шуданд.
- Дар ҳисоби даставӣ миёни наврасон ҷумҳурии мо ҷойи аввалро гирифт. Зеро аз 9 вазн дар 4-тои он ҷои аввалро ишғол намудем, ки дар таърихи гӯштини самбо ин гуна муваффақият аввалин бор ба даст омадааст. Мо ба ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии гӯштини самбои Осиё даъват шуда будем. Барои иштирок дар ин мусобиқа Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ва Мактаби маҳорати олии варзишӣ кӯмак карданд. Вале бо вуҷуди ин мо бо ҳайати нопурра дар ин сабқат ширкат кардем,-афзуд Маҳмадшариф Сулаймонов.
Мураббии паҳлавонписарон аз ҳунарнамоии шогирдонаш ва аз натиҷаи ба дастовардаи онҳо изҳори хушҳолӣ намуда изҳор дошт, ки шаш шогирдаш, Хушқадам Хусравов, Қандилҷони Рустамзода, Акмалиддин Каримов, Нозим Охиров, Қиёмиддин Авазов ва Умед Раҳматуллоев, ки дар ин мусоби медали тилло ба даст оварданд новобаста аз оне, ки шароити хуби тамринро надоранд пайваста машқ мекунанд ва нисбат ба тамринҳояшон ҷиддӣ рафтор мекунанд. ӯ мегӯяд, барои тими мунтахаби самбо дар толори варзишӣ машқ бе пул аст, аммо шароити пурраи тамрин дар сатҳи муосиру замонавӣ вуҷуд надорад: "Масалан, шогирдони ман дар истироҳатгоҳ ё худ машқгоҳҳои берун аз шаҳрӣ тамрин накардаанд, толоре, ки инҳо тамрин мекунанд тобистону зимистон як хел шароит дорад: дар тобистон гарм асту дар зимистон хунук. Ба ҳар сурат, мо кӯшиш мекунем, ки шогирдонамон рӯҳафтода нашаванд ва умедворем, ки рӯзе мерасад, ки меҳнати эшон ҳам қадр карда мешавад".
Бозгашти қаҳрамонон ба Ватан. Мисли муҳоҷир…
Дар ҳамин ҳол, ҷавонпаҳлавонон аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки меҳнати онҳо қадр карда намешавад. Хушқадам Хусравов, барандаи нишони нуқраи чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар соли 2011, қаҳрамони дукаратаи Осиё миёни наврасон ва ҷавонон, қаҳрамони гӯштии Наврӯз-2012 дар вазни 60 кило ва чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон дар гӯштии миллӣ ва самбо, ки ҳамагӣ 19 сол дораду донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст, иброз дошт, ки дар ду чемпионат, соли 2011 дар чемпионати ҷаҳон ва соли 2012 дар чемпионати Осиё бомаблағи худ ширкат кардам. Зеро барои иштирок дар ин мусобиқаҳо касе ба ман дасти ёрӣ дароз накард: "Гузашта аз ин вақте аз мусобиқа бо медал ба ватан бармегардем, меҳнати мо қадр карда намешавад, аз ҷониби масъулин ягон ҳавасмандкуни дида намешавад".
Акмалиддин Каримов, устоди шоистаи варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони дукаратаи чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, барандаи ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ду карат чемпиони ҷаҳон байни ситораҳои ҷаҳон, ҷойизадори нишони нуқраи Ҷоми ҷаҳон миёни калонсолон, дар солҳои 2011-2012, ду карат чемпиони Осиёи миёни ҷавонон ва калонсолон ва ду карат чемпиони Осиё миёни наврасон…
Мавсуф хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, феълан дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа адои хизмат мекунад.
-Аз ҳама мушкили асосие, ки пешорӯи мо аст, ин дастгирӣ наёфтани мо аз ҷониби масъулин аст. Бубинед, ки қаҳрамони ҷаҳон ё қаҳрамони Осиё шуда ба ватан бо медалҳои тиллову нуқра бармегардем касе меҳнати моро қадр намекунанд. Вақте дар мусобиқаи имсолаи қораи Осиё, дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии ӯзбакистон дар миёни варзишгарони 24 кишвари Осиё шаш медали тилло ба даст овардем, умедвор будем, аққалан вақти бозгашт моро пешвоз мегиранд. Мутаасифона, вақте аз фурудгоҳи пойтахт берун шудем аз масъулин дараке набуд. Ба қатори муҳоҷирон ҳар кас ба хонаи худ рафтем, ки ин боиси рӯҳафтодагии мо шуд"
Ин дар ҳолест, ки президенти кишвар зимни як вохӯриаш бо варзишгарон ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода буд, ки ба варзишгарон шароитҳои хубтар фароҳам оранд. Ҳоло дар пеш сабқати ҷаҳон байни наврасону ҷавонон аст. Моҳи октябри соли равон дар Булғористон ва баъдан дар Беларус ду мусобиқаи ҷаҳонии гӯштӣ дар назар буда, барои ширкат дар ин мусобиқаҳо омодагии ҷиддӣ зарур аст.
Варзишгарону мураббиашон ба ин назаранд, ки аққалан то оғози чемпионатҳо як ду машқи дастаҷамъӣ баргузор шаваду дастгирии молӣ расонида шавад, пас натиҷаи хубро ҳам интизор шудан мумкин аст.
-Муҳим ин аст, ки мо дар сабқатҳои байналмилалӣ ширкат кунем ва нуфузи кишварамон- Тоҷикистони азизро боло бардорем,-мегӯянд варзишгарон.
Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр