Имрӯз низоми иқтисодии тамоми кишварҳои пешрафтаи дунё дар худ биржа дорад ва ба ҳамин хотир ин мамолик ба сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон табдил шудаанд аз Амрико гирифта то Англия ва соири давлатҳо. Вақте биржа ҷалбкунандаи сармояҳои субеъктҳо, афзунгардонандаи дороии миллӣ ва ҷузъи асосии низоми молиявии ҳар кишварест, чаро дар Тоҷикистон биржа надорем?
Таърихи биржа дар ҷаҳон
Густариши мубодилоти пулу мол дар бозорҳои ҷаҳон ниёз ба эҷоди маҳаллеро, ки дар он таҳти шароити хоси хариду фурӯш, табодули коло, пул ва дигар васоили пардохт сурат мегирад, иҷтинобнопазир месохт. Дар қарнҳои миёна бозаргонон дар майдонҳои вижае гирди ҳам ҷамъ шуда ба доду гирифт мепардохтанд ва ба тадриҷ намоишгоҳҳо барои колоҳои мухталиф ба вуҷуд меомад, ки дар онҳо муқаррароте мутобиқи урфият амалӣ мегашт. Мубодилоти чандҷонибаи пулу коло дар намоишгоҳҳои қарнҳои миёна ва дарёфти вом дар ивази зимонати тиҷоратӣ ва санадҳои қарзӣ дар пайдоиши биржа нақши муҳиме доштанд ва ба хотири он ки ингуна муомилот ба замону макони намоишгоҳҳо маҳдуд намешуд, оҳиста - оҳиста инкишоф ёфт. Дар соли 1409 майдонҳои мубодилаи мол, пул ва дигар васоили пардохт дар маркази Финландия ба вуҷуд омад. Сарофон ҳамарӯза дар майдон дар муқобили хонаву хонаводаи бозаргони маъруф дар биржа барои доду гирифти пул ҷамъ мешуданд ва ба ҳамин муносибат ба ин гуруҳҳо номи биржа дода шуд. Баъди он ки иддае зиёде аз бозаргонони биржа ба бандари "Ановрс" дар Белгия куч карданд, аввалин биржаи воқеиро дар соли 1460 дар он шаҳр ба номи биржа ба вуҷуд оварданд ва кам - кам биржаҳои маҳаллӣ низ дар минтақаҳои дигар ба вуҷуд омаданд.
Амрикоро биржа сарватманд кардБиржа бозори расмиву созмонёфтаи сармоя мебошад, ки дар он хариду фурӯши саҳмияҳои ширкатҳо ва коғазҳои қиматнок, тибқи қонуну муқаррароти махсусе анҷом мешавад ва таъини нархи саҳмия дар биржа дар асоси арзаву тақозо сурат мегирад. Дар биржа як сармоядор метавонад бо андаке сармоя дар ширкатҳои қайдгашта дар биржа сармоягузорӣ намояд. Хариду фурӯши саҳмияи сармоягузорон дар биржа бавоситаи ширкатҳои миёнарав сурат мегирад. Биржа пешрафтатарин роҳи афзунгардонии сармоя аст. Биржа маконе барои иваз намудани дороиҳои воқеӣ ба сарвати коғазист, зеро дар ивази дороиҳои воқеӣ (пул, пулҳои ғайринақдӣ, амвол ва ғайра), ки саҳомдорон барои хариди саҳмия ироа медиҳанд, варақае коғазӣ ба онон дода мешавад, ки намоёнгари сарвати саҳмияҳои онҳост. Биржа ҷойгоҳи сармоя ва зарфиятҳои тавлидии як кишвар аст. Ҳаҷми муомилоте, ки дар биржа анҷом мешавад ба ҳамроҳи ҳамаи фоидаву бозгашти саҳмияҳо мисли ойинае тамомнамо вазъияти иқтисодии як кишварро мушаххас мекунад. Дар маҷмуъ биржа бозорест, ки ҳамаи ақшори ҷомеа метавонанд дар он ширкат кунанд.
Ағлаби мардум намехоҳанд, ки дар биржа сармоягузорӣ кунанд, зеро нигаронанд, ки бо поинравии арзиши саҳмия, сарвати худро аз даст медиҳад. Ҳарчанд саҳмия бештарин мизони миёнаи баргашти пулро дорад ва дар ҳолати бе ҳаракат будани биржа, метавон миқдоре аз зарарро бо дар даст нигоҳ доштани он барои болорафтани нарх дар оянда ҷуброн кард. Ба таври миёна дар як сол дар биржа эҳтимоли то 25% зарар дидан вуҷуд дорад, вале чунончи ин сармоягузорӣ 5 сол ва ё беш аз он бошад, бо гузоштани сармоя дар биржа фоидаи хубе ба даст меояд. Инчунин ҳаҷми муомилоте, ки дар биржа анҷом мешавад, ба мизони тараққиёти иқтисодии як кишвар бастагӣ дорад. Дар биржа ҷуз ширкатҳои саҳомӣ инчунин бонкҳои шакли кушода фаъолият мебаранд. Аммо ба ҳар ҳол дар биржа имкононти бонкҳои давлатӣ аз бонкҳои хусусӣ бештар асту бонкҳои шахсӣ бо сармояҳои на чандон зиёд ва бо тавонмандиҳои бисёр заъиф ба якбора ба судҳои ончунонӣ даст намеёбанд. Ҷалби ҳар чи бештари харидорони саҳом ба биржа ҳам сармоягузориро афзоиш медиҳад ва ҳам иқтисодиётро тараққӣ медиҳад.
Бояд гуфт, ки бузургтарин маркази биржаи дунё дар Амрикост. Биржаи"New York" бузургтарин биржа аз назари мизони муомилот ва ҳаҷми сармоя дар Амрико ва ҷаҳон мебошад. Биржаи дигаре, ки дар худи "New York" ҷойгир асту "Маздак" ном дорад, бузургтарин бозори муомилаи электронии саҳмия дар Амрикост, ки бо ҳузури беш аз 3200 ширкат дар он, бештарин миқдори муомилаи саҳмияро нисбат ба ҳар биржаи дигаре дар ҷаҳон дорад. Дар зимн сохтмони биржаи "New York" дар хиёбони "Wall street" қарор дорад ва ҳамроҳи он маркази бузургтарин марокизи иқтисодии ИМА ва чанд биржаи муҳими иқтисодии ин кишвар минҷумла биржаи "New York" (NYSE), биржаи "Наздак" (NASDAQ), биржаи Амрико (AMEX), биржаи тиҷории "New York" (NYMEX) ва мизи бозаргонии "New York" (NYBOT), дар ин минтақа қарор дорад.
Дар навбати худ саҳмия ба ду намуд ҷудо мешавад, яъне оддӣ ва имтиёзнок. Саҳмияи имтиёзнок дар навбати аввал, ки харидорӣ мегардад, фоизаш дар болояш муъаян аст. Агар саҳмия 400 сомонӣ бошаду фоизаш 8, дар навбати тақсимоти фоида 8% аз он фоида гирифта мешавад. Аммо ба ҳамроҳи ин саҳмияи имтиёзнок дар шӯрои саҳҳомон ҳаққи овоздиҳӣ надорад. Танҳо саҳмияи оддӣ ҳуқуқи ин овоздиҳиро дорад. саҳмияи имтиёзнок танҳо то 25 рӯзи аввал ҳаққи овоздиҳӣ дорад. Агар ҳамон аввал 20 фоизи саҳмияи имтиёзнок фурӯхта шуда бошад, 20% даромади фурӯш байни ин 200 нафар тақсим гашта ва баъд боқимонда, ки 80 фоизи даромад аст, байни ин саҳҳомон баробар тақсим мегардад. Бидуни саҳмияи оддӣ маҷлиси шурои саҳомон баргузор намегардад.
Ҳама дар асри 21 Тоҷикистон дар асри миёна!
Дар низоми иқтисодӣ ҳатто агар яке аз бахшҳои сиёсати пулӣ дуруст роҳандозӣ шуда бошаду яке аз қисмҳои сиёсати молӣ не, беназмӣ дар системаи иқтисодӣ пайдо мешавад. Низоми иқтисодӣ аз бахшҳои гуногуне иборат аст, ки яке аз муҳимтарини онҳо бозори молявист, ки аз ду бахши бозори пул ва биржа иборат аст. Бахши молиявӣ бо фароҳамоварии имконоти лозим барои пардохт, ғанӣ гардонидани пасандозҳо ва эҷоди абзорҳои лозим барои ҳал намудани бӯҳронҳои тиҷоратӣ ва пасту баландшавии нархҳо, дар амал фаъолиятҳои иқтисодиро осону сода карда дар ҷарёни ин фаъолиятҳо тағиру таҳаввул эҷод мекунад. Дар инҷо бояд гуфт, ки бозорҳои молӣ ба бозори пулу сармоя ҷудо мешавад. Дар бозори пул таъаҳуддоти қарзии кутоҳмуддат ва дар бозори сармоя коғазҳои қиматноки саҳмияҳо мубодила мешаванд. Инчунин бозори сармоя бозори доду гирифти дарозмуддати молӣ ба шумор меравад. Манзур аз дарозмуддат, мубодилоти молӣ бо фактураи беш аз як сол аст. Бозори сармоя ҳам ба биржаи ибтидоиву интиҳоӣ тақсим мешавад. Вазифаи биржаи ибтидоӣ ин содагардонии ташкили сармоя аст. Ширкатҳо саҳоми худро дар ивази пуле, ки пасандозкунандагон мепардозанд мубодила мекунанд ва баъд ширкат маблағи нақдро ба сармояи воқеӣ дар меоварард. Бозори биржаи ибтидоӣ ҷоест, ки ширкат дар онҷо дороиҳои молияшро бо манобеъи молии дарозмуддат иваз менамояд. Дар бозори ибтидоӣ саҳмияҳои ширкатҳо дар шакли коғазҳои қиматнок барои аввалин бор арза мешаванду ташкили сармояҳо оғоз мегардад. Барои ин кор ширкатҳо аз бонкҳои сармоягузорӣ истифода мекунанд. Бонкҳои сармоягузорӣ ба ширкатҳо кумак мекунанд то саҳмияҳои нашрнамудаи худро роҳаттар ба фурӯш расонанд. Аммо дар намуди интиҳоии биржа бошад, коғазҳои қиматноке, ки қаблан дар бозор арза шудаанд, мавриди доду гирифт қарор мегиранд. Вуҷуди ин бозор кафолати аслиро барои назму тартиб ва идома ёфтани бозори молӣ медиҳад. Вазифаи ин бозор ҷорӣ намудани имконот барои хариду фурӯши коғазҳои қиматнок ва густариши бештари моликияти коғазҳои қиматноки ба воситаи хариду фурӯши коғазҳо ва афзоиши тақозо барои саҳмияҳоро дар бозори ибтидоии пул ташкил медиҳад.
Имрӯз тибқи гуфтаи иқтисоддонон биржаи дуввум дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ва агарчи мардум саҳмияҳои Роғунро хариданду агар он ба кор дарояд, баробари ҳамон 100 ё 1000 сомонӣ саҳмияи харидорӣ шуда мардум фоида мебинанд. Агар ҳам то 5 соли дигар ин нерӯгоҳ ба фаъолият оғоз кунаду даромад гирад, он саҳмияҳои ашхос ба далели тағири қурби пул беқурб мешавад. Шояд ҳам дар оянда он 100 сомонӣ саҳмия, ба 10 сомонӣ ҳозира баробар шавад. Саҳмияҳои Роғунро мардум дар биржаи аввалӣ хариданд, аммо агар ҳоло биржаи дуввум мебуд, аҳолӣ метавонистанд саҳмияҳои худро фурӯшанд. Имрӯз дар кишвар ҳам саҳҳомон каманд ва дар сурате, ки биржаи дуввум ташкил гардад, саҳмияҳои Роғунро билофосила хориҷиҳо мехаранд. Ҳар касе, ки саҳмия мехарад худ онро идора карда дивиденти онро мегирад. Ҳамин Русия "Сангтудаи 2" - ро сохту 75 фоизашро аз худ карда мобақии онро ба Тоҷикистон дод ва инак ин 75 дарсадро ба фоидаи худ истифода мебарад.
Ба гуфтаи коршиносон давлат баъди маъракаи Роғун ваъда дода буд, ки соли 2012 биржаи дуввумро ташкил хоҳад кард то мардум тавонанд дар ин бозори дуввум саҳмияҳои худро хариду фурӯш намоянд. Зеро саҳмияҳо бидуни бозори дуввум маъное надораду он саҳмия сармояи фоқиди арзиш аст ва ин ваъда то ҳол амалӣ нашудааст. Агар касе хоҳад саҳмияи худро дар моҳи оянда, ки арзиши он баланд шуд, фурӯшаду аз он даромад гирад, ба далели мавҷуд набудани биржаи дуввум ба ин хостаи худ намерасад. Бозори аввале, ки дар Тоҷикистон ҳаст, бидуни бозори дуввум ба ҷое намерасад. Коршиносон мегӯянд, ки масъулини Тоҷикистон алоқаи зиёде ба фурӯхтани саҳмияҳои худ ба хориҷиҳо надоранду ин боиси кам воридшавии саҳмияҳо мегардад ва онҳо диди ҷаҳоние надоранду дидашон дар ҳадди колхоз маҳдуд шудааст, мегӯяд Зулфиқори Исмоилиён ва меафзояд, ки то ҳол сармоягузориҳои фаровони давлатӣ дар бахши энергетика ҳеч натиҷае надодааст, на аз бегазӣ раҳо ёфтаем ва на аз бебарқӣ ҳатто соҳиби сӯзишвории дохилӣ нагаштаем. Ба ҳамин хотир беҳтар аст то давлат дар фикри роҳандозии иржаи дуввум шавад.
Чаро биржа дар Тоҷикистон нест?
Иқтисоддонҳо адами биржаро дар Тоҷикистон гуногун ташреҳ мекунанд. Ҷамшед Ниёзов дар хусуси ин ки чаро монанди кишварҳои хориҷа биржа дар Тоҷикистон амал намекунад, мегӯяд, дар ҷумҳурӣ истеҳсолот вуҷуд надорад ва корхонаҳои муқтадире нест, то мардум саҳмияҳои онҳоро харанд: "Танҳо корхонаи алюминий дорем, ки он ҳам давлатист на саҳомӣ. Чун истеҳсолот надорем, корхонаи муқтадире ҳам ба монанди алюминий вуҷуд надорад. Масъалаи муҳим ин аст, ки ҳамин корхонаҳое ҳам ки ҳастанд он қадар маъруфу тавонманд нестанду саҳоми онҳо арзиши баланде надорад. Ҳозир агар корхонаи пичинбарорӣ ё тавлидоти шир саҳмияашро ба шумо барои харид пешниҳод намояд онро намехаред. Саҳмияи он корхонаеро дар биржа мехаранд, ки ҳама шароитро доро бошад".
Дар ҳамин маврид иқтисоддон Муқбил Мироншоев мегӯяд, имрӯз мардуми Тоҷикистон ба ин гуна муомилот боварӣ надорад ва ба ҳамин хотир ин бозор инкишоф наёфтааст. Аммо ба гуфтаи номбурда, набуди маблағи зарурӣ дар дасти мардум ва боварӣ надоштани онҳо аслитарин мушкил аст: "Мардум ҳатто ба бонкҳо ҳам боварӣ надоранд. Ҳарчанд қонуни Тоҷикистон дар бораи биржаи моливу фондӣ вуҷуд дорад имрӯз дар ҷомеа биржаи меҳнату пахта ҳаст, аммо боз ҳам ҳамон боварии мардум нест. Барои харидани саҳмияи корхонае дар биржа ибтидо бояд дар бораи он иттилоот дошт, ки он чи гуна фаъолият мекунаду кадом намуди маҳсулотро истеҳсол менамояд. Рақобат ҳам дар ин соҳа дида намешавад, ба ҳамин хотир фаъолияти биржа ба назар намерасад. Мардум маблағе барои харидории саҳмияҳои корхонаҳои дигар дар биржа надоранд, аммо чун дар давлатҳои тараққикарда биржаҳо рушд ёфтаанд, сатҳи зиндагии мардум дар он кишварҳо баланд асту аҳолии онҷо қудрати харидорӣ карданро доранд.
Дар Тоҷикистон имрӯз агар музди миёна 1000 сомонӣ ҳам бошад, мардум зиндагии худро пеш бурда наметавонанд. Вақте маблағи кофӣ нест онҳо аз куҷо рафта саҳмия мехаранд"?
Ҷаноби Мариншоев мегӯяд, имрӯз мардум ҳатто ба ояндаи давлати Тоҷикистон боварӣ надоранд, чӣ расад ба бонкҳо ва фаъолияти бонкҳо, ки аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирони меҳнатист. Аслан онҳо бо пули худ муомилоти пулӣ дар бонкҳоро ба гардиш медароранд. Вобаста ба масъалаи Роғун ҳам фурӯши саҳмияҳои он ба омилҳои гуногуне вобастагӣ дошт, ки мардум маҷбур шуданд онро харидорӣ намоянд, вагарна ҳаргиз онро намехариданд.
"Имрӯз бояд корхонаҳо худро таблиғ кунанд, то саҳмияҳои онҳо харидорӣ гардад. Вақте аз фаъолияти ин ё он корхона огоҳӣ надоред, чи гуна метавонед саҳмияҳои онҳоро харидорӣ намоед. Дар ҳоли ҳозир корхонаҳо бо маблағгузориҳои фаровон бунёд мегарданд, аммо баъди як ё ду сол аз фаъолият боз мемонанду варшикаста мешаванд. Зеро нақшагири дурусте надоранд. Ҳамин мушкилот мардумро аз ширкат дар ин бозорҳо маҳрум мекунад. Ҳоло биржаи меҳнат дар Тоҷикистон ҳаст, аммо фаъолияти дурусте намебарад. Барои оғоз гардидани ин бозор бояд корхонаҳо ба мардум итминон диҳанд, ки фаъолияти онҳо дар оянда фоидаовар хоҳад буд. Дар ин ҳолат мардум саҳмияҳои онҳоро мехаранд, ин ҷо ҳавасмандӣ бояд бошад. Агар донанд, ки аз харидани ин саҳмия даромад намегиранд, онро намехаранд",-афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол Баҳодур Дусматов, иқтисодшиноси дигари тоҷик паҳлӯи аҳамияти биржаро таҳлил кард. Ба гуфтаи ӯ, бозори коғазҳои қиматнок қисме аз сохторҳои иқтисодӣ ва таҷрибаи иқтисодиёти бозаргонӣ ба шумор меравад. Роҳандозии биржа дар Тоҷикистон ба далели он ки дар давраи гузариш қарор дорем, оҳиста-оҳиста суръат мегирад: "Дар мамолики пешрафта ҳам биржа тайи давраҳои гуногун тараққӣ ёфт, на яку якбора. Мо акнун чун дар ҳоли гузариш аз як сохтор ба сохтори дигар қарор дорем, набояд интизор дошт, ки замони кӯтоҳе биржаҳои муосир ва мутараққӣ дар мо пайдо мешаванд. Пешзаминаи инкишофи биржа дар мо ба таври пурра мутобиқат шудан бо низоми бозорист. Агар сохторҳои иқтисодии кишвар дуруст тараққӣ ёбанд, ин кор амалӣ мешавад".
Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев ҳам мегӯяд, ки ташкили ин ё он фаъолият вобаста аз зарурати пайдоиши он фаъолият аст. Имрӯз хоҳ нохоҳ ҷуз ташкили бозори коғазҳои қиматнок роҳи дигаре нест: "Дар ин бозор сармоягузорони калон иштирок мекунанд, ки теъдоди чунин ашхос дар Тоҷикистон хеле кам аст ва мумкин яке аз сабабҳи набуди биржа дар кишвар ҳамин бошад. Худи ҳамин бозори коғазҳои қиматнок як қатор шароитҳову омилҳое, ки фаъолиятро имконпазир мегардонанд, дорад. Аз қабили мавҷуд будани иттилооти ҳаррӯзаи ширкатҳое, ки коғазҳои қиматнок доранд, бозори он ва шаффофияти ҳисоботҳои онҳо. Ва низ набудани боварӣ ба ҳолати устувори корхонаҳову ташкилотҳо инчунин ба бӯҳрон дучор шудани корхонаҳо ва дар шакли озод фаъолият надоштани онҳо омилҳое ҳастанд, ки диққати сармоядоронро ба коғазҳои қиматбаҳо ва ё саҳмияҳои корхонаҳо дур мекунанд".
Бонкҳо ҳам вазъияташон хароб аст?Ба қавли иқтисоддон Муқбил Мариншоев бонкҳо ҳам дар Тоҷикитсон ояндаи хубе надоранд. Зеро мардум медонанд, ки ин ё он бонки фаъолиятдошта ба кӣ таъаллуқ дораду агар он шахс ба ҳодисае дучор шавад, он бонкро муфлисӣ таҳдид мекунад: "Мардум имрӯз саҳмия ва коғазҳои қиматнок намехаранду ба бонкҳову ширкатҳое, ки коғазҳои қиматнок ва саҳмия мехаранд боварӣ надоранд. Агар маблағе дошта бошанд ҳам, хонаву дигар чизҳо мехаранд. Вақте саҳмияҳои неругоҳи Роғун харидорӣ шуд, тибқи нақша то соли 2013 фоидаи он ба мардум баргардонида мешуд, аммо он нақшаҳо амалӣ нагашт. Чун медонистанд оянда надорад, маблағҳои доштаи худро бахшиданд. Дар қонуни коғазҳои қиматнок гуфта шудааст, ки дар кадом ҳолат шахс метавонад дивидент гирад. Корхонае, ки даромади хуб нагирифт дивидент дода наметавонад ".
Дар ҳамин ҳол Нозим Икромов, иқтисодшиноси дигар мегӯяд, дар биржаҳои кишварҳои хориҷӣ брокеру дилер ё ҳамон миёнаравон дар бозори коғазҳои қиматнок иштирок карда, ҳар дақиқа аз худ воқифанд. Дар ин кишварҳо нафароне ҳастанд, ки кор намекунанд, аммо миллиардеранд: "Онҳо барои худ 10-то миёнарав доранд, ки корашон дар биржа танҳо ба воситаи интернет сурат мегирад. Агар асъор 1 сомонӣ иваз гардад, боз ҳам онҳо фоида мебинанд ва ё ин ки саҳмияҳои корхонаро ҳифозат менамоянд. Масалан, Агроинвестбонк саҳмияҳои худро фурӯхтанӣ мешавад, брокерҳо саҳмияҳои онро ба музояда мегузоранду ба касе, ки болотарин нархро пешниҳод менамояд, мефурӯшанд. Ин миёнаравҳое, ки саҳмияҳои ширкатҳоро ба фурӯш мерасонанд, баробари ин ширкатҳо масъуланд".
Дар биржаҳои мамолики мутараққӣ ширкатҳо молу маҳсулоти худро пешниҳод менамоянду нархи он маҳсулот дар бозор муайян мегардад. Имрӯз ҳамон давлате, ки моли махсусеро истеҳсол менамояд, нархашро худ мушаххас мекунад. Аз 3,1 гандуми дунё дар ҳамон Амрикову Канада истеҳсол мегардад, онҳо худашон нархи ин молро мегузоранд. Дар Осиёи Миёна ҳам Русияву Қазоқистон ними маҳсулоти ордиро тавлид мекунанду нархи онро муаян менамоянд. Саҳмияи корхонае, ки пуриқтидор асту фаъолият мебарад, мардум мехаранд.
Ширкатҳои мобилӣ муваффақтар аз ҳукумати Тоҷикистон!
Дар биржа ширкатҳои гуногуне амал менамояд, минҷумла ҷамъиятҳои саҳомӣ. Ҷамъияти саҳомии масъулияташ маҳдуд (ҶСММ) аз 5 то 30 нафар корманд дорад ва он саҳмия бароварда наметавонад. Аз 30 то 50 нафар Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшида (ҶСШП) мешавад, аз 50 нафар зиёд Ҷамъияти саҳомии шакли кушода (ҶСШК) мешавад. Саҳмияҳои ҶСШП байни ҳамон 50 нафар фурӯхта мешаваду фоидаашон тақсим мегардад. Саҳмия инчунин имтиёзноку оддӣ мешавад. Дар саҳмия имтиёзнок ҳуқуқи фурӯхтан озод аст ва ҳар нафаре, ки хоҳад метавонад онро ба фурӯш гузорад. ҶСШК саҳмияҳои худро дар биржа мефурӯшанд.
Ҳамин ширкатҳои мобилӣ ҳам ҶСШП ба ҳисоб мераванд ва бонкҳо ба он хотир ҶСШК мебошанд, ки бо ҳар чи бештар фурӯхтани саҳмия фоидаи зиёдтаре мегиранду пули нақдии зиёдтаре ба бонк ворид мешавад ва дар ин ҳолат даромади бонк хеле афзун мегардад. Ва ҳар қадар гардиши пулӣ дар бонк кам бошад, ҳамон қадар даромад камтар мегардад. Аммо ба гуфтаи иқтисоддонҳо ширкатҳои мобилӣ имрӯз дар Тоҷикистон яке аз сердаромадтарин корхонаҳо ба шумор мераванд ва ҳатто бештар аз бонкҳо. Ҳарчанд гардиши пул дар бонкҳо зиёд асту онҳо бо миллиард кор мекунанд, вале даромадҳои ширкатҳои алоқа ҳам хеле зиёд аст. Ҳамин "Babilon" агар 2,5 миллион муштарӣ дошта бошаду аз ин шумора 1,5 миллионаш симкортҳояшон сухта бошаду кор накунад ва 1 миллиони дигараш дар як рӯз 500 ҳазорӣ супоранд, дар як рӯз 500 ҳазор доллар даромад ба даст меояд. Барои ҳамин ин гуна ширкатҳо худро ҶСШП мекунанд, зеро аз сабаби даромади зиёд дигар ниёзе ба фурӯши саҳмия надоранд. Аз берун омадану саҳмияи ин ширкатҳоро харидан суде барои ин корхонаҳои алоқа надорад. Пас ба назар мерасад, ки ширкатҳои мобилӣ аз ҳукумати Тоҷикистон муваффақтаранд. Аммо бо ҳамаи ин иқтисоддонҳо мегӯянд, ки барои кишвари фақире чун Тоҷикистон роҳи дигаре ҷуз роҳандозии дурусти сиёсатҳои иқтисодӣ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ бо ҳармоҳа гирифтани фоида саҳмияҳои ширкатҳо харидорӣ мегардад. Дар биржа бояд мушаххас бошад, ки ҳар ширкате дар ҳар як рӯз чӣ миқдор фоида мегирад, зеро танҳо дар ин сурат хариди саҳмияҳо афзоиш меёбад.
Биржаҳое ҳам ҳастанд, ки ба ин ё он намуди маҳсулот махсус гардонида шудаанд, монанди биржаи кофе. Биржаҳо ба биржаҳои махсусгардонидашуда, фондӣ ва молӣ ҷудо мешаванд. Ба биржаи махсусгардонидашуда як намуди маҳсулот бахшида мешавад. Аммо дар биржаи молӣ ҳама намуди маҳсулот пешкаш мегардад. Дар биржаи фондӣ бошад, коғазҳои қиматнок ва саҳмия фурӯхта мешавад. Имрӯз шароит барои харидани саҳмияҳои корхонаҳо фароҳам несту худи ширкатҳо ҳам шинохта нестанд, зеро шароиташон хуб нест. Агар мумкин бошад мардум саҳмияҳои ширкатҳои мобилиро харидорӣ менамоянд. Чун ояндаи онҳо хуб аст.
Бо ташкили биржа бояд шароите фароҳам гардад, то мардум дигар дар фикри амнияти маблағҳои худ набошанду ба хариди саҳмия алоқаманд гарданд. Роҳандозии бозори дуввуми биржа ба ӯҳдаи Вазорати молия ва Бонки миллист, ки ба гуфтаи масъулин иҷроиши ин тарҳ хазинаҳои зиёдеро металабад.
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр