Бахшҳо
25 июн 2012 12:22Гузориш

Омилҳои ваҳдатсоз ва ваҳдатшикан

Файласуф ва ҷомеашиноси  машҳур Эрих Фромм  хулқ ва шеваи андешаофари фард ва миллатро, ки дар истилоҳи имрӯзаи илмӣ чун  менталитет истифода мешавад, маҷмӯи фаъолияти бошуурона ва ғайришууронаи қавму миллат ба қалам дода, онро ҳосили хотираи таърихӣ медонад.

Ба андешаи ӯ, миллат шеваи зеҳнияти худро дар тӯли ҳаводиси иҷтимоию таърихияш тавассути оро ва фаъолияти нухбагони пешқадами худ эҷод намуда, ин арзишро зина ба зина ҳамчун афкори умум моликияти коллективӣ месозад. Маҳз ҳамин тарзи андеша ва фаъолияти коллективона дар лаҳзаҳои душвор ва тақдирсоз якбора рӯи кор омада ба одат ва ё омили хеле муассири ҳаёти ӣҷтимоии ӯ табдил меёбад.
ҶМо тоҷикон, ки имрӯз дар остонаи таҷлили 15-умин солгарди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиямон, чун саннаи ваҳдати миллӣ қарор дорем, ин ҷашнро яке аз чорабиниҳои муҳими хаёти фарҳангиву сиёсии ҷомеаамон қабул кардаем. Пас меарзад, сари он андеша кунем, ки ин чорабинӣ ва мафҳуми ваҳдати  миллӣ бо муҳтавои аслияш то кадом андоза дар фарҳангу маънавиёт, зеҳният ва билохира дар шуури мо ҷойгоҳ ёфтааст ва хусусияти коллективона пайдо кардааст? Оё мо ба ваҳдати воқеии фикрӣ расидаем ва ё дар ин  самт то ҳанӯз мушкилот дорем, ки пайи ислоҳу бартарафсозии он  боз чораҷӯӣ бояд кард. Вагарна дар ғайри ҳол тамоми дастовардҳо ва таҷрибаи мо беасар  буда, аз вожаи ваҳдат ҷуз шиорпартоии холӣ чизе ҳосил нахоҳем кард ва такрори он хаводиси фоҷеабор дар ин ва ё он шакл барои миллатамон боқӣ хоҳад монд. Дар айни ҳол нигоҳи таҳлилӣ ва воқеӣ ба ин арзиши бешак муҳими фарҳангию иҷтимоӣ метавонад паҳлуҳои мусбию манфии онро равшан намуда, дар роҳи мукаммал  намуданаш самарабахш бошанд.

Чун ҳама миллатҳои мутамаддин ва пешрафтаи дунё фақат тавассути баррасии воқеӣ ва ҳатто  интиқодии ҳуввият ва ҳастии хеш пешрафт кардаанд ва ба камолот расидаанд. Боиси хурсандист, ки дар ҷомеаи мо низ ҳама қишрҳои он аз сулҳу салоҳ ва ваҳдат ҷонибдорӣ намуда, пайи оромиву суббот ва пешрафти кишвар мехоҳанд саҳмгир бошанд. Воқеан, ҳама дастовардҳо ва пешравиҳои соҳаи иқтисоду иҷтимоъи мо,  ки тайи солҳои охир ба даст омадаанд, аз баракати ҳамин сулҳу салоҳ ва оромию  ваҳдат  мебошанд.
Вале  гоҳҳо  ба  ҳолатҳое рӯ ба рӯ меоем, ки ба мазмун ва ҳусни ваҳдати миллӣ созгор намеафтанд. Махсусан ҳангоме, ки дар маҳфилҳо ва ё  сӯҳбатҳои  алоҳида  андешаеро  мешунавем, ё дар рӯзномаю маҷалла нафароне  матолибе  ба табъ мерасонанд,  ки дар онҳо тарафҳои алоҳидаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум чун идеал ва мояи ибрат талқин меёбанд. Ва ё иштирокчиёну муҷримони алоҳидаи  он ҳаводисро чун қаҳрамони миллӣ муаррифӣ карданӣ мешаванд.

Дар баъзе аз навиштаҳо бошад, чун авали солҳои даргирӣ нафаронеро барои ибрози андешаи дигар  ва фикри нав  доштанашон, беасос ба душманиву иғвогарӣ муттаҳам карданӣ мешаванд. Аввал, мо бояд фарҳанги  муколама ва одоби гуфтугӯи байни ҳамдигариро риоя карда тавоноем, ки шарт ва омили асосии ваҳдат мебошад.   Агар ба андешае аз дигарон розӣ набошем бояд боадабона матлаби  худро баён намоем  ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷой оварем.
Баҳсу мунозираи фикрӣ аз адовату душманҷӯӣ ва душмансозӣ бояд фарқ кунад. Озодии баён ва маданияти муколама аз ҳамин иборат ҳаст, ки миллатҳои пешқадам бо ҳамин роҳ зина ба зина  афкори умуми иҷтимоӣ ва ягонагии идеявии аҳли ҷомеаашонро ба вуҷуд овардаанд. Бо ҳамин усул онҳо сари масоили гуногуне мунозираву баҳс ва ихтилофи назар дошта бошанд ҳам, дар ҳолати лозима муттаҳидиву инсиҷоми миллиашонро  нигоҳ доштаанд. Махсусан дар мавриди баррасии лаҳзаҳои таърихи гузаштаашон онро фақат аз нигоҳи манофеи милии авзои рӯз  роҳандозӣ  менамоянд. Ҳамагуна муноқиша ва ихтилофоташон  фақат  то он сатҳ мегузарад, ки ба ваҳдат ва ягонагии иҷтимоияшон халал ворид нагардад. Аз ҳамин сабаб ҷомеаи онҳо дар пешорӯи  хатароти  дохилӣ   ва берунӣ побарҷо ва осебнопазир аст. Ки инро дар нисбати ҷомеа ва миллати азизи мо мисол овардан хеле ғайри имкон аст.
Тааҷҷубовар он аст, ки дар чунин навиштаҳо муаллифони онҳо  бо ҳамон шева ва оҳангҳои душмансозии солҳои 90-ум, ки боиси бадбахтии ҳазорон нафар ҳамватанони мо ва фоҷеаи азими миллатамон шуда буд, суханронӣ намуда, гӯё айни ҳодисаҳо ва нафарони алоҳидаи "гунаҳгор" - ро ҷустуҷӯ доранд, аз аъзогӣ ва фаъолияти худ дар ҳайати ин ё он гурӯҳи ҷанганда  изҳори хушнудӣ менамоянд. Аз шеваи гуфтор ва ибрози андешаашон маълум мешавад, ки онҳо муқовиматҳои ҷанги шаҳрвандиро мояи ифтихор ва эпизодҳои алоҳидаи онро барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат ва идеал карданӣ ҳастанд. Инчунин омодаанд  бо ҳаёҳӯву такопӯ як бори дигар ин роҳро тай бикунанд.

Агар ин суханонро ягон нафари оддӣ ва шахсе аз манофеи миллӣ ва авзои   сиёсии  замона ноогоҳ ироа мекард, шояд чизе намегуфтем. Вале чун мебинӣ, нафаре бо  таҷрибаи тӯлонии ҳаёт ва бо қавли худаш  аз аҳли рӯшанфикрони ҷомеа бо ин сатҳ ва ченаки маънавӣ андешаҳоеро ба ин  тарз  иброз ва барои дигарон талаққӣ намуданӣ мешавад, ин воқеан боиси нигаргонӣ ҳаст. Боиси нигаронӣ ҳаст, ки мо аз ин таҷрибаи талху сангини худ то ҳанӯз чизе наомӯхтаем. Агар зиёиёни мо то ба ҳол дар мавриди ин ҳаводис ба ин сатҳ ва шева андешаронӣ кунанд, вой бар ҳоли мардуми  оддӣ  ва ҷавонони ноогоҳ ва аз мактабу маориф дур монда.

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ба иқтисодиёт, иҷтимооиёт ва маънавиёти миллати мо он қадар латмаи азим ворид кардааст, ки натиҷаашро боз солиёни зиёде фарзандонамон низ "нӯши ҷон" хоҳанд кард. Он обурӯй ва эътибори мардуми моро дар байни  дигарон  паст намуд. Ҳамаи  мушкилот  ва  даргириҳои  имрӯзаи  ҷомеаамон аз он солҳо об мехӯранд. Мувофиқи эъморҳои ғайрирасмӣ, агар он низои шаҳрвандӣ аз  аввал пешгирӣ  мешуд ва ё  ба  он роҳ дода намешуд, имрӯз сатҳи тараққиёти Тоҷикистон ва зиндагии мардуми мо дар Осиёи Марказӣ баъд аз Чумҳурии Қазоқистон бояд дар ҷои дуюм мебуд. Вале афсӯс, мебинем, ки чӣ шуд. Шукр, ки дер бошад ҳам хиради фитрии халқамон боло гирифт ва пайи сулҳу салоҳ омадем, ки онро қадр бояд кард.
Вале чун мавриди он ҳодисаҳо сухан меронем, бояд пеш аз ҳама андеша ронем, ки чаро чунин шуд ва чаро ба ин роҳ додем? Чаро миллати тамаддунофаре, ки дар тӯли таърих ба болои касе теғ накашидааст ва ситам накардааст, нисбати ҳам миллатон ва ҳамқавмони худ ин қадар ҷабру бедодгариро раво дид? Ба осонӣ ба сиёсатҳо ва фитнаву васвасаи бегонагон дода шуда, дар я ҷоягӣ бо онҳо пайи харобу  валангор  намудани  мулку  сарзаминамон   шудем. Аз ин ҷанг фақат кишварҳои бегона манфиатҳои гоеполитикиву сиёсии худро бардоштанду  халос. Ба гуфте  дасти  худро  дар  оташи он гарм намуданд, ки   мо  то  ба  имрӯз  гаравгони ин муносибатҳо боқӣ мондаем.

Ба таври аён мебинем, ки шайхони хориҷӣ ва эмиссарҳои онҳо, ки як тарафи даргириро пуштибонӣ мекарданду омода буданд дар он самт маблагғгузориҳо  кунанд, имрӯз як пули пучакашонро дар саҳмгирии иқтисоди мо гузоштанӣ нестанд. Он кишварҳое, ки фронти ҳалқиро таъсису дастгирӣ  карданду тонку  ҳавопаймоҳои  худро дар ихтиёри он монда буданд, имрӯз оби дари хонаамонро нӯшидан намемонанд. Пайваста роҳу иртиботи моро бо олами беруна маҳкам карданӣ мешаванд.

Тарафи дигар, ки худро шариқи  стратегӣ  ба қалам медиҳаду ҳамеша даъвои иншоотҳои  муҳими моро дорад, муҳоҷирони кориамонро   чун  гаравгонони  сиёсӣ  мавриди  муносибат  қарор додаст. Аз кафки болои сӯзишворияш,  ки онро тибқи шартнома ирсол менамояд, аз мо пул мерӯёнад.
Мутаассифона маданияти  заифи  сиёсии мардумамон ва худшиносии ба камол нарисидааш дар ин равандҳо айён мешавад, ки боиси нигаронӣ ҳаст ва аксари мушкилоти иҷтимоии мо дар он ниҳон мебошад. Бубинед, ҷомеаи   кишвари  Русия   дар пайи наҷот бахшидани ду халабони ҷинояткори худ, ки айби онҳо чун оби равон равшан буд, чӣ корҳоеро  анҷом дод. Аз шаҳрванди оддӣ то журналисту депутату раиси давлаташон дар якҷоягӣ ба муқобили мо  сари як мавқеъ муттаҳид шуданд. Дар мо бошад пайваста мебинем, ки муҳоҷиронамонро хорию зорӣ ва куштор мекунанд, шарафи миллиамонро дар образҳои "ҷамшудҳо" ва "равшанҳо"-и тахаюлиашон таҳқир мекунанд, сарвату иншоотҳоямонро бешармона аз они худ мекунанд, роҳи воситаҳои нақлиёту коммуникатсияамонро бе ягон асос мебанданд, аммо дар ҷомеамон аксуламалу ҳамбастагиеро  намебинем.

Вале "нафари рӯҳоние бо тарзи дигар намозашро адо  кардааст",  гуфта  иддае  аз  мо  омодаанд  аз риши  онҳо  бигиранд. Ва боз кишварро ба нобасомониҳои   нав  бикашанд, дар ҳоле ки бисёриҳо дар ҳориҷи  кишвар   чашминтизори ин гуна амалҳо мебошанд. Ватандӯстиву миллатдӯстӣ бо ҳай-ҳайаву ҳаймана ва синакӯбии хушку холӣ нест, он хирад, масъулият ва муҳаббат дар назди кишвару ҳаммиллатонро мехоҳад.
Дар мавриди баҳодиҳии маънавии ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки баъзеҳо аз ширкат варзиданашон дар он бо ифтихор ёд мекунанд, гуфтанием, ки он ҳаргиз мояи фахру ибрат нест. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон саҳифаи нангин ва шармандагии таърихи миллати мо бо шумор меравад. "Сари кал зери тоқӣ" гуфтаанд. Баҳои ниҳоии  ахлоқиро  ба он наслҳои ояндаи мо хоҳанд дод. Инро чанде аз қумондонҳои  ҳар ду тараф ҳам эътироф  намуда,  аз ширкат доштанашон дар он изҳори таассуф кардаанд. Агар аз чизе метавон ифтихор кунем, ин шартномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишварамон мебошад, ки хушбахтона ба ҳадафи ниҳоияш расида,  имрӯз ба истиқболи 15-умин солгарди он қадам мениҳем.

Ғаффор Мирзоев
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)