Пурсиш миёни 724 даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ гузаронида шудааст, ки аз миёни онҳо 189 нафар иқрор кардаанд, ки тариқи облава ба комиссариати ҳарбӣ оварда шудаанд. Ҷой доштани облава ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ҳоле исботи худро ёфт, ки қаблан масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ ва Вазорати мудофиа инро рад мекарданд. Ҳуқуқшинос Татяна Хатюхина мегӯяд, ки мафҳуми "облава" дар қонунгузории Тоҷикистон вуҷуд надорад ва он ҳамчун кирдори ғайриқонунӣ ба шумор рафта, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва тартиби даъват ба хизмати ҳарбиро, ки қонуни ҶТ "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" муқаррар кардааст, поймол менамояд.
Натиҷаи мониторинги соли 2011 оид ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ нишон дод, ки нисбати 26 дар сади пурсидашудагон облава истифода шудааст.Усули истифодаи "облава" гуногун арзёбӣ мешавад. Асосан масъулоне ба ин кор даст мезананд, ки бо либоси мулкӣ дар байни аҳолӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд. Аммо боз ҳастанд ҳолатҳое, ки ба хонаи одамон зада медароянд. Субҳи моҳи ноябри соли 2011 ба хонаи даъватшаванда Н. сокини яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд се нафар бо либоси мулкӣ зада даромадаанд ва худро кормандони прокуратура муаррифӣ кардаанд. Ба волидайни даъватшаванда гуфтаанд, ки писари онҳо барои содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста мешавад ва бо баҳонаи овардани "ҷинояткор" ба прокуратура даъватшавандаро ба комиссариати ҳарбии ноҳия овардаанд. Ҳама ҳуҷҷатҳои ӯро омода карда, даъватшавандаро ба хизмати ҳарбӣ фиристодаанд. Ба гуфтаи худи Н. ӯ ҳатто комиссияи даъватро нагузаштааст ва гирифтори захми меъдаву касалии дил мебошад.
Ба набудани "облава" кӣ бовар мекунад?
Солҳои ахир бархе аз шоҳидон дар мавриди истифодаи "облава" дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт, ба хусус "шикор" бо "тангем" хабар медоданд, аммо масъулин надоштани далели собиткунандаи ин амалро баҳона карда, иддао доштанд, ки "облава" нест ва касонеро, ки дар ин бора дар матбуот менавиштанд, ҳушдор медоданд, ки аз инъикоси мавзӯи бӯҳтону тӯҳмат даст кашанд. Аммо акнун мониторинге, ки бо ташаббуси Асотсиатсияи ҳукуқшиносони ҷавон "Ампаро" ва аъзоёни шабакаи ташкилоти "Ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ" гузаронида шудааст, истифода аз усули "облава" барои бурдан ба хизмати ҳарбиро собит мекунад. Мониторинг чанд гурӯҳи одамонро дар бар гирифтааст ва гурӯҳи мақсадноки мониторинг: даъватшавандагон (724 нафар), шахсони сини даъват (1580 нафар), волидони даъватшавандагон (1128 нафар) ва хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо мекунанд (364 нафар) будаанд. Ба ҳисоби умумӣ миёни 4087 нафар пурсиш гузаронида шудааст.
Натиҷаи ин мониторинг нишон додаст, ки кормандони милитсия ва кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ "облава"-ро дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда, шаҳрвандонро ғайриқонунӣ дастгир менамоянд. Дастгиркунӣ ба таври таваккалӣ анҷом мешавад, яъне на фақат аз хизмати ҳарбӣ саркашикардаҳо боздошт мегарданд, балки он нафароне, ки даъватнома нагирифтаанд ё ин ки умуман ҳуқуқи озод шудану ба таъхир гузоштани хизмати ҳарбиро доранд, бо зӯр ба комиссариати ҳарбӣ бурда мешаванд. Чунин ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шаҳрвандони ба сини даъват нолоиқ ва шаҳрвандони дигар ҷумҳуриҳо низ ҳангоми "облава" дастгир мешаванд.
"Облава" набошад, саркашҳоро чӣ гуна метавон ба хизмат бурд?Аз сӯи дигар "облава" як усули осони иҷро кардани нақшаи хизмати ҳарбӣ дониста мешавад. Зеро аз рӯи қонун аввал бояд даъватнома фиристода шавад ва даъватшаванда ба комиссияи ҳарбӣ ҳозир гардад. Бидуни фиристодани даъватнома ва бо усули "облава" ҷалб кардани ҷавонон ба артиш ғайриқонунӣ аст. Аммо мушкили дигар ин аст, ки бисёриҳо бо гирифтани даъватнома ҳам ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намегарданд, пас дар ин ҳолат "облава" набошад, чӣ механизме метавонад даъватшавандаҳоро водор созад то аз хизмати ҳарбӣ сар накашанд?
Ба андешаи Татяна Хатюхина шахс бояд дар асоси даъватномае, ки ба ӯ дода мешавад, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардад, на бо роҳи "облава" маҷбурӣ. Агар даъватшаванда бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ наравад, роҳи ҳалли қонунии масъала вуҷуд дорад. Масъулин метавонанд аз роҳи қонунӣ масъаларо ҳал кунанд, шарт нест, ки даст ба амали ғайриқонуние мисли "облава" зананд. Зеро дар сурати ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудани даъватшаванда бидуни сабабҳои узрнок қонун пешбинӣ мекунад, ки ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шавад. Аммо аз сабаби он ки "облава" ба иҷрои нақша сари вақт мувофиқ аст ва аз роҳи қонунӣ шояд даъво як моҳ кашол ёбад, масъулин ба амали ѓайриқонунӣ даст мезананд.
Ба сафи артиш бемуоинаи тиббӣ Дар ҳамин ҳол ба ғайр аз он ки ҷавононро тариқи "облава" ба хизмати ҳарбӣ иҷборӣ мебаранд, ҳолатҳои дигари ѓайриқонунӣ фаъолият намудани кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ низ фош шудааст. Масалан, дар ҳангоми гузаштан аз муоинаи тиббӣ поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон бештар ба назар мерасад. Аз рӯи мониторинг маълум шудааст, ки яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои паҳншудатарин ҳангоми гузаронидани маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ин муоинаи тиббӣ мебошад. Ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони беморе қобили хизмат дониста мешаванд, дар ҳоле, ки ба онҳо аз сабаби носолим будан ва беҳдошти саломатиашон ҳуқуқ ба таъхир ё озод шудан аз хизмат бояд дода шавад. Муоинаи тиббӣ маъракаи муҳим дар арафаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад, ки гузаштани он ҳатмӣ аст, аммо шаҳрвандон дар бораи асосҳои тиббии қобили хизмат ё ғайри қобили хизмат донистани даъватшаванда ба таври кофӣ маълумот надоранд. Аз он ҷумла дар бораи рӯйхати бемориҳое, ки яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ҳангоми муайянкунии қобили хизмат будани даъватшаванда аз рӯи вазъи саломатӣ ба хизмати ҳарбӣ ба шумор меравад. Аз рӯи қонун муоинаи тиббии ғоибона манъ аст, яъне дар сурати набудани даъватшаванда муайян кардани қобили хизмат будани ӯ ба хизмати ҳарбӣ мумкин нест. Даъватшаванда бояд дар вақти муоина аз назди духтури ҷарроҳ, амрози дарунӣ, асабшинос, рӯҳшинос, чашм, гӯшу гулӯю бинӣ, дандон ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз муоинаи дигар духтарон низ гузарад. Инчунин қонун муоинаи духтури дил, эндокринолог ва гастроэнтерологро пешбинӣ кардааст. Шумораи духтурон набояд аз ҳафт нафар кам бошад. Дар рафти пурсиш шумораи духтурон аз 6 то 11 нафар номбар шудаанд. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи пурсиши як соли қабл ҳатто бо муоинаи 3 духтур даъватшавандаро ба хизмат равон мекардаанд. Дар ҳамин ҳол аз рӯи пурсиши соли 2011 маълум шудааст, ки аз миёни 724 даъватшаванда 104 нафар иброз доштаанд, ки онҳоро камтар аз 6 нафар духтурон муоина кардаанд.
Аммо 1 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо тамоман аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд.
Даъватшавандагон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки муоинаи тиббӣ ба худ характери расмӣ касб кардааст ва духтурони комиссияи даъват ба шикояти даъватшавандагон дар мавриди беморӣ доштани онҳо эътибор намедиҳанд. Масалан, 18-уми сентябри соли гузашта волидайни даъватшаванда даъватнома оид ба хизмати ҳарбиро гирифтанд ва ба комиссияи ҳарбӣ ҳозир шуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои тибии фарзандашонро оид ба бемории ӯ супориданд. Аммо охири моҳи октябр фарзанди онҳо дастгир карда шуд ва худи ҳамон рӯз аз комиссияи даъвати шаҳрӣ гузашта, қобили хизмати ҳарбӣ дониста шуд. Даъвои даъватшаванда дар мавриди доштани беморӣ ва муоинаи иловагӣ беэътибор монд. Дар натиҷа саломатии ҷавон баъди фиристодан ба хизмат нисбатан бад шуда, ӯ дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ гашт. ӯ гирифтори бемории урологӣ будааст, аммо ҳангоми гузаштани комиссияи тиббӣ дар байни духтурон уролог набудааст.
Аз сӯи дигар сабаби ба хизмати ҳарбӣ фиристодани шахсони бемор дар он дониста мешавад, ки ҳангоми дар хона будан ба муолиҷа машѓул мешаванд, аммо дар вақти беморӣ ба духтурон муроҷиат намекунанд, ки дар натиҷа дафтарчаи тиббиашон холӣ мемонад. Дар ҳоле, ки дар асл онҳо гирифтори бемориянд ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои эшон хатарбор аст. Бо чунин сабабҳо ба сафи артиш нафароне бурда мешаванд, ки аслан қобили хизмати ҳарбӣ нестанд. Сафи артиш бо аскароне, ки наметавонанд ба таври кофӣ ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбиро иҷро намоянд, пур мегардад. Басёр вақт бемориҳои онҳо дар артиш хуруҷ мекунад ва ба он оварда мерасонад, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ на ҳама вақт ба хонаҳояшон солиму бардам бозмегарданд.
Хизмати алтернативӣ дар қонун ҳасту дар амал неМоддаи 1-и қонуни ҶТ "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" муқаррар кардааст, ки "Шаҳрванд ҳуқуқ дорад мутобиқи қонун ба ҷои адои хизмати ҳарбӣ хизмати алтернативӣ ба ҷо орад. Тартиби хизмати алтернативиро қонун муайян мекунад". Аммо то ҳол дар Тоҷикистон қонуне, ки бояд тартиби гузаштани хизмати алтернативиро ба танзим дарорад, мавҷуд нест. Масъалаи ҷорӣ набудани хизмати алтернативии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон яке аз муамммои рӯз дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Хизмати алтернативии шаҳрвандӣ ин даст кашидан аз хизмати ҳарбӣ аз рӯи ақида ё дин ба ҳисоб меравад. Бори чандум аст, ки Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милал дар мавиди ҷорӣ кардани хизмати алтернативӣ тавсияҳо гирифтааст. Соли 2011 Асостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" гурӯҳи кориро оид ба тартиб додани лоиҳаи қонун "Дар бораи хизмати алтернативии шаҳрвандӣ" таъсис дод. Аммо то ҳол аз ҷониби мақомоти дахлдор хулосаи зарурӣ дар ин маврид баён нашудааст.
Ин мониторинг дар беш аз 50 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гузаштааст. Аз ҷумла, дар навоҳии тобеи марказ миёни сокинони Душанбе (Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ), Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб, Турсунзода, Нуробод, Роғун ва Шаҳринав пурсиш анҷом шудааст. Дар Суѓд дар навоҳии Хуҷанд, Чкалов, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Қайроқум, Ашт, Бобоҷон ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, ғончӣ, Масчоҳи кӯҳӣ, Айнӣ, Шаҳристон, Зафаробод мониторинг гузаштааст. Дар Хатлон дар ноҳияҳои Қурѓонтеппа, Шаҳритӯс, Вахш, Бохтар, Данѓара, Қумсангир, Носири Хусрав, Қубодиён, Кӯлоб, Фархор, Панҷ, Ҷиликӯл ва Ҷалолиддини Румӣ гузаштааст. Дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон миёни сокинони навоҳии Хоруғ, Шуғнон, Мурғоб, Ванҷ ва Дарвоз мониторинг гузаронида шудааст.
Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр