Ин кишвар ҳамчунон дар сиёсати минтақаӣ ба унвони ҷое барои контроли неруҳои рақиби Ғарб монанди Русия, Чин ва Эрон матраҳ мебошад ва таъкид бар хурӯҷ аз Афғонистон бештар ба маънои ҳифзи инсиҷоми бештар барои вуруд ба арсаҳои дигар аст.
Тайи ду ҳафтаи ахир, сарони НАТО яке аз муҳимтарин нишастҳои худ дар Чикагоро баргузор карданд, то ба ду мавзӯи терроризм ва Афғонистон бипардозанд. Тақрибан ҳамаи кишварҳои узв аз вазъияти бӯҳрони иқтисодӣ осеб дида ва ранҷ мебарад ва ҳамин фурсати муносибе пеш оварда, то инсиҷоми бештаре дар миёни аъзо падид ояд. Ин ваҳдат ба вижа барои руёруйӣ бо вазъияти тозае аст, ки дар пеш мебошад.
Дар ҳақиқат, дар назар аст, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО аз Афғонистон халосӣ ёбад ва эҳтимолан дар Сурия ё ҷои дигар, иқдом намоянд. Аз ин рӯ, поёни мубориза бо терроризм дар Афғонистон, бештар ба маънои эҳтимоли омодагӣ барои оғози он дар ҷои дигар аст. Дар ин навишта, ибтидо то ҳадде баҳси мубориза бо терроризм ва сипас мавзӯи Афғонистон баррасӣ мешавад.
Инсиҷоми НАТО дар мубориза бар сари терроризм, ба вижа дар намоиш ӯҳдадорие буд, ки дар ҳадди моддаи 5 асосномаи НАТО матраҳ шуда аст. Дар ин нишаст, мафҳуми стротегии иттиҳод дар меҳвари мубориза бо терроризм матраҳ гардид, ки муқаррар дошта, итиҳодияи НАТО "мушкилоти амниятии дар ҳоли вуқӯъро, ки амнияти муттаҳидон ё кулли иттиҳодияро таҳдид мекунад, мутаваққиф намуда ва дар баробари онҳо аз худ дифоъ намояд."
ИМА, НАТО ва…Обама
НАТО дар ин нишаст, терроризмро бисёр густарда дар назар гирифта ва тасмим гирифт бо хурӯҷ аз набарди Афғонистон, ба он поён диҳад. Аз замони нишасти Лиссабон дар ноябри 2010, ин идея матраҳ буда, ки пардохтан ба мубориза бо терроризм ба сурате, ки дар Афғонистон ҳаст, мумкин аст ба омил ва ангезае барои тавлиди терроризм мунҷар шавад, то решакании он. Дар натиҷа, халосӣ аз он, мавзӯест, ки дар ин нишаст мавриди таъкид ва тавофуқ қарор гирифтааст.
Бахши дигаре аз баҳс дар мавриди мубориза бо терроризм, мутаваҷҷеҳи нигоҳҳои ба Яман, Эрон, Русия ва Чин аст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бар азми кишвараш барои муборизаи ҷиддитаре бо терроризм дар Яман, таъкид карда, ки дар рӯзҳои ахир саҳнаи нооромӣ ва куштори фаровон будааст. Ба ҳамин тартиб ва дар муҳимтарин иқдом, мақомоти дифоъии НАТО ва Иёлоти Муттаҳида ҳамзамон бо нишасти НАТО, эълом карданд, ки системи дифои мушакии НАТО дар Туркия амалиётӣ шуда ва омодаи дифоъ аз муттаҳидони аврупойи НАТО аст.
Ин навъе бакоргирии фишор бар Русия ва Эрон ва ҳамин тавр Чин аст, ки дар таҳаввулоти баъдӣ, мавриди назаранд. Иёлоти Муттаҳида ба ҳамроҳи НАТО муддате аст, ки ин ду қудратро таҳти фишор гузошта, то Ҷумҳурии исломӣ, Сурия ва Кореяи шимолиро барои иқдоми НАТО алайҳи онҳо, раҳо кунанд. Дар масир ин сиёсати тоза, раиси ҷумҳури Амрико таъкиди хосе бар иқдоми НАТО ва пештозии он дар муборизоти баъдӣ алайҳи терроризм дошта аст.
Аз ҷумла вай эълом намуд, ин системи дифоӣ дар ихтиёри НАТО хоҳад буд ва Иёлоти Муттаҳида омодааст, ки таҷҳизот ва имконоти бештаре дар ихтиёри муттаҳидонаш дар НАТО, дар шарқи Аврупо қарор диҳад, то мавқеъяти дифоии худро тақвият намоянд. Исрори Обама бар ин мавзӯъ, баёнгари тамоюли Иёлоти Муттаҳида барои вогузории нақшҳои бисёр муҳимтар ва бесобиқатаре ба НАТО аст, ки метавонад муттаҳидони аврупоиро бештар дар канорашон қарор даҳад. Аз ин рӯ, Обама таъкид карда аст, ки Иёлоти Муттаҳида беш аз ҳар замони дигар ба мавзӯъи иттиҳодаш бо шарикнои аврупоӣ аҳамият медиҳад.
Шояд муҳимтарин таҳаввул, гузори НАТО аз Афғонистон ва тасмим ба поён додани мубориза бо терроризм дар Афғонистон аст. Заминаи, ин кор қаблан бо эъломҳое, ки Обама дар Вашингтон дар соли 2010 сурат дода, фароҳам аст. Дар нишасти Лиссабон ҳам ин мавзӯъ мавриди таъкид қарор гирифтааст. Тавофуқи амниятии стротегии чанде пеши Иёлоти Муттаҳида ва Афғонистон ҳам мавзӯъро қадре ба пеш бурда; аммо дар нишасти Чикаго, мавзӯъ ба куллӣ мавриди тавофуқ қарор гирифта аст.
Фарзи меҳв
арӣ барои ин тавофуқ, таъкиде аст, ки сарони НАТО ба вижа Обама бар нобудии бунёнҳои терроризм дар Афғонистон доранд.
Ба бовари Обама, зарфиятҳои террористии Толибон ва Ал-қоида дар Афғонистон то ҳадди зиёде ҳам дар шикаста аст. Дастури кори Чикаго, таммаркузи амалиётие бар Ал-қоида ва то ҳадди зиёде нодида гирифтани толибон аст. Дар ҳоле ки исрор бар ин аст, ки толибон неметавонанд хатаре эҷод кунанд, бархе аз мақомоти вазорати дифоъи Амрико эълом кардаанд, мумкин аст барои эҷоди бистарҳои беҳтари амниятӣ, бо дигар неруҳои толибон вориди гуфтугу шаванд. Дар ҳақиқат, ҳамон тавре ки дар замони интисоби Петроус матраҳ шуд, қарор аст Иёлоти Муттаҳида мубориза бо Ал-қоидаро аз тариқи неруҳои вижа ва бо фармондеҳии CIA дунбол намояд.
Тарҳи Петроус барои пирузӣ дар Афғонистон, руй овардан ба амалиёти вижа аз тариқи анҷоми кори итилоотии бештар, ҷудо кардани Ал-қоида аз толибон, ва ҷазби толибон дар сиёсати Афғонистон, ва контроли Ал-қоида ва омодагӣ барои заработи ниҳоӣ бар он буд, ки то кунун муваффақиятомез нишон додааст. Ба ин тартиб, ҳамон тавр ки бархе аз таҳлилгарони Афғонистон исрор доранд " толибон таҳдиди нахусти Иёлоти Муттаҳида нест."
Дар ин ҳолат, неруҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида ҳамон тавр ки Обама ҳам дар суханони ифтитоҳияи нишаст таъкид кард, омодаанд то ба набард бо боқимондаи Ал-қоида дар ҷануби Афғонистон ва Яман, бипардозад. Эҳтимолан умдаи таммаркузи Иёлоти Муттаҳида бар Яман аст ва ҳамон тавре ки қаблан ҳам матраҳ шуда, мубориза бо Ал-қоида заъиф шуда дар ҷануби Афғонистон бо пешгомии неруҳои CIA мебошад.
Аммо дар мавриди тавофуқҳои сурат гирифта дар ин нишаст, муқаррар шуда, ки неруҳои посдори сулҳ аз миёнаҳои соли 2013 аз мавқеияти амалиётӣ хориҷ шуда ва ин мавқеиъятро дар ихтиёри неруҳои афғонӣ қарор диҳанд. Дар муддати шаш моҳ, ки озмуне барои ин кор аст, неруҳои посдори сулҳ охирин бор қобилиятҳояшонро дар ихтиёри неруҳои афғонӣ мегузоранд. Дар ин ҳолат, неруҳои посдори сулҳ сирфан ба умури омузишӣ ва пуштибонӣ рӯй меоваранд. Ба ҳамин тартиб, 33 ҳазор неруҳои амрикоӣ фурсати богашт ба Амрикоро доранд. Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 75% хоки Афғонистон таҳти контроли неруҳои афғон аст, ки дар поёни 31 декабри 2014 ин неруҳо кулли Афғонистонро дар контрол хоҳанд дошт.
Дар хусуси мавзӯи Афғонистон, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида бо Покистон дар моҳҳои ахир ихтилофоте пайдо карда, Амрико эълом кард, ки бар худи давлати Афғонистон ва шарики муҳиме чун Покистон такя мекунад. Манзури Обама аз ҳамкорӣ бо Покистон , на таъкиди ҷиддӣ бар ҳамоҳангии қаблӣ бар сари ин мавзуъ, балкӣ исрор бар ин мавзуъ аст ки мақомоти покистонӣ боз ҳам фурсат доранд, дар канори Иёлоти Муттаҳида қарор гиранд ва аз имтиёзоти иттиҳод бо ин кишвар, баҳраманд шаванд.
Афғонистон худро ҳимоя карда метавонад
Дар мавриди давлати Афғонистон, нишасти Чикаго исрор намуд, ки неруҳои амрикоӣ ва НАТО дар поёни соли 2014, Афғонистонро тарк мекунанд ва давлати Афғонистон масъулияти кулли амнияти ин кишварро тақаббул менамояд. Барои ин кор, исрор шуда, ки заминаҳои ноамнӣ бисёр камшиддат шуда ва неруҳои толибон ва Ал-қоида дигар дар мавқеияти нестанд, ки Афғонистонро дубора ба хатар андозад. Зимни ин ки таъкид шуда, НАТО ва Иёлоти Муттаҳида дар ҳар таҳдиде дигар алайҳи Афғонистон, дар канори ин кишвар ҳастанд.
Дар мавриди қобилиятҳои худ давлати Афғонистон таъкид шуда, ин давлат дар оғози масъулияти амниятии миллияш дар соли 2015, неруе дар ҳадди 230 ҳазор нафар, бо буҷаи солиёна беш аз 4 миллиард доллар дар ихтиёр хоҳад дошт. НАТО ва Иёлоти Муттаҳида ҳатто ибрози умедворӣ карданд, ки бо пешратфи авзоъи иқтисодӣ дар Афғонистон, солиёна 500 миллиюн доллар аз кумакҳояшон ба ин кишвар бикоҳанд.
Дар пешбурди ин сиёсати тоза Ғарб, чанд нукта қобили мулоҳиза аст. Аввал, ин нукта аҳамият дорад ки муқаррар аст НАТО ба бозигари муҳими Ғарб дар мубориза бо терроризм, бадал шавад ки ин, ҳам Амрикоро ба танҳоӣ даргири набард намекунад ва ҳам ин ки бо кори бештар бо аврупойён, инсиҷоми бештаре миёни Ғарб эҷод мекунад.
Дуюм ин ки Афғонистон ҳамчунон дар сиёсати минтақаӣ ба унвони ҷое барои контроли неруҳои рақиб монанди Русия, Чин ва Эрон матраҳ мебошад ва таъкид бар хуруҷ аз Афғонистон, бештар ба маънои ҳифзи инсиҷоми бештар барои вуруд ба арсаҳои дигар аст. Сеюм, ин ки Иёлоти Муттаҳида ба таври куллӣ НАТО, бозигарони амалгаро ҳастанд ва сирфан дар мақоми натиҷагирӣ ки дарбаргирандаи бартарии Ғарб бошад, идеологӣ ҳастанд.
Ин амалгароӣ ба онҳо фурсат медиҳад, ки бо неруҳои толибон канор биёянд ва бо Ал-қоида дарафтанд. Чунон чи толибон дар сиёсати Афғонистон ҷазб шавад, ҳам матлуби Амрикост ва ҳам матлуби толибон; аммо агар толибон нахоҳад ҷазб шавад, муддате бо музокира ва гуфтугӯҳои пароканда саргарм мешавад, то фурсати муносиб барои иқдом алайҳи он ба даст ояд. Чаҳорум он ки онҳо дар масири амалгаройии бештар, пирузиро бисёр кӯчак ва камдомана таъриф мекунанд, то дар амал ҷорӣ шавад. Масалан, онҳо миёни аҳдофашон ҷудоӣ ва тафриқа эҷод мекунанд ва бо ба шикаст кашондани яке, фурсати пирузӣ ва усулан аз даст ёфтан ба пирузиҳои дигарро фароҳам меоваранд.
Мӯҳр