Бахшҳо
18 июн 2012 10:02Гузориш

«Нуру зулмот» дар асри 21

Солҳои зиёд бе барқу рӯшанӣ будем, ҳеч баломон назад, боз сад соли дига ҳам бе рӯшанӣ монем, парво надорем ...

Расонаҳои Русия чандин бор навиштанд, ки дар ҷангалҳои Сибир қавму қабоиле зиндагӣ мекунанд, ки садсолаҳо даруни ҷангалистон ба сар бурдаву аз оламу одам бехабар мондаанд. Ман ба ин нигоштаҳо ростӣ, ки ба шубҳа менигаристам, зеро бовари кас намеомад, ки ҳанӯз ҳам дар замони сивилизатсия инчунин қавму оилаҳо бошанд. Аммо ҳақиқат собит аст, маълум мешавад, ки чунин халқҳо, агар зиёд ҳам набошанд, вале дар ҳама ҷо, аз ҷумла Тоҷикистон низ ҳастанд.

Дар ноҳияи Шурообод, ҳамагӣ дар масофаи на бештар аз 10 км аз «дунёи тамаддун» тоҷиконе ба сар мебаранд, ки то ҳол намедонанд барқ чист? Боварашон намеояд, ки метавон шабҳои зулмоти торик хонаро ба гунае рӯшан карду ба истилоҳ, роҳат кард. Воқеан, дар мавриди роҳату истироҳат, ин мардум на танҳо онро намедонанд, ҳатто дар бораи он тасаввурот надоранд.
Бино ба қавли раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов, 43 русто дар ҷамоати деҳоти ба номи Лангардара тамоми умр аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум будаанд: «Дар ин русто 6 мактаб ва 34 синфхона фаъолият доранд, ки бо дастгирии ҳукумати марказӣ онҳоро бо генератори барқдиҳанда таъмин намудаем. Аммо ҳоло қудрати кашидани хатҳои барқ барои ахолиро надорем»  

Соле пештар бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ ва раиси ноҳия, барои аҳолии 13 русто дар ҳамин ҷамоат хати барқ  кашида оварда шуд, вале боз ҳам беш аз 30 деҳаи дигар мӯҳтоҷ ба он мондаанд. Сокинони рустоҳои мазкур мегӯянд, барояшон он қадар муҳим нест барқ доштан ва ё надоштан: «Солҳои зиёд бе барқу рӯшанӣ будем, ҳеч баломон назад, боз сад соли дига ҳам бе рӯшанӣ монем, парво надорем».   
Аммо ҷавонону кӯдаконе, ки баъзан ба тагдашт фаромадаву барқу рӯшанӣ, телевизиону радиоро дидаанд, дар ҳасрати барқ мебошанд. Мегӯянд, вақте ба меҳмонӣ ба хонаҳои таборашон ба дигар шаҳру ноҳия мераванд, дар аввал аз тамошои телевизион ҳайбат мекунанд, яъне метарсанд. Ва чун омӯхта мегарданд, дигар лаҳзае аз назди телевизор дур намешаванд. Дар деҳот бошад, аз ин «мӯъҷиза» барои ҳамқишлоқиён нақл карда, ҳамаро ҳайрон мекунанд.
Сокинони ин рустоҳо мегӯянд, аз аҳволи эшон ҳокимони давр ҳамагӣ огаҳ будаанд, вале ҳеч ҳоким дар мавриди ҳалли мушкили рустоиён кӯшиш накардааст. Ба гуфтаи сокинон, аввали солҳои 2000-ум як раиси вақт -Шариф Қудрат ваъда дода буд, ки ҳатман барояшон хати барқ хоҳад кашид. Гӯё ҳамон ҳангом, раис бо ҳукумати вилоят ва «Барқи тоҷик» дар мавриди кашидани хати барқ барои деҳотиёни ин кӯҳистон, ба мувофиқа омада будаанд. Аммо раиси ноҳия иваз гашту дигар мушкили ин бечорагон низ ба фаромӯшӣ рафт.
Амирхон Икромов, раиси феълии ноҳия мегӯяд, бо кӯмаки сардори идораи минтақавии «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» Мирзо Исмоилов соли гузашта барои 13 рустои ин мавзеъ хати барқ кашида оварданд. Дар ояндаи наздик, бо ёрдами ҳамин идора ният доранд барои боқӣ хати барқ кашида ба истифода диҳанд.

Ватан ватан аст

Аснои боздиди корӣ аз Шӯрообод бо як сокини минтақа сӯҳбати сарироҳӣ  доштем. Аз ӯ пурсидем, ки бобо, мегӯянд, ки дар қишлоқҳои шумо барқ нест. Чӣ гуна дар ин шароит ба сар мебаред? Бигирем, ки шумо одат карда бошед ҳам, о дар замони таррақиёт, пешравӣ, ки дар ҷаҳони муттамаддин инсонҳо ба кайҳон мепаранд, оддитар карда гӯем, самолёту мошин месозанд, илм меомӯзанд, олим мешаванд, дигар корҳои муҳиму зарурӣ ба анҷом мерасонанд, фарзандони шумо бояд мисли падару бобоҳошон пушти подаву рамаву кӯҳу теппаву дашт бигарданд?  
Бобои қишлоқӣ (овардани исми эшон шарт нест) бо як хандаи таънаомез гуфт: «Бачам, Ватан, ватанай. Торикай, рӯшанай, шаҳрай, қишлоқай, кӯҳай пӯштаҳай, чизе, ки набоша, ватанай. Аку, ба фикри ту ҳами бачаи ма шаҳр бухамба, даррав Гагарин мешава, ё самолёту мошин месоза, ё олим мешава? Баъд, агар ҳама тагдашт бухамба, и ҷоҳора ба кира мемонем? Хай свет набудай, ҳеч гап не. Меган, Эмомалӣ Раҳмон гуфтаст, ки кӯҳистонам нигоҳ кунен. Яке ягон рӯз мора ҳам нигоҳ мекунан? Неким, ай и кӯҳистони биҳиштӣ ҳеч вақт ба поён намекӯчем».
Сухани мӯсафед росту дуруст аст, аммо ҳокимони вақтро зарур аст, то барои ободии манотиқи кӯҳистон ба мушкили сокинони он сари вақт расидагӣ кунанд, ҳарчанд ин мардум (кӯҳистониҳо) шикоятро дӯст намедоранд.

Аслиддин Достиев   
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)