Дар ноҳияи Восеъ бахши нави «Тоҷиксодиротбонк» фаъолияти худро оғоз намуд.
Тайи як моҳ бахши мазкур тавонист, бо фаоълияти густарда муштариёни зиёдероро ҷалб кунад. Ба иттилои Ёқуб Сабуров, сардори бахши тозабунёди ин бонк, ҳамин бахш аз нимаи саввуми моҳи май ба фаоълият пардохта, дар ин муддат ба хоҹагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони алоҳида қарзҳои фоизнок ҷудо намудаст. Аз ҷумла 30-ҳазор сомонӣ барои 3-хоҷагии деҳқонӣ, 500-доллари амрикоӣ барои 4-муҳоҹири меҳнатӣ, ки ба Русия сафар кардаанд ва барои соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ.
Ҳамзамон, бахши мазкур аз аҳолӣ маблағи пулӣ ба амонат ё худ депозит мегирад. То имрӯз аллакай 10-нафар аз сокинони ноҳия ба маблағи 60-ҳазор сомонӣ бо фоизи 18-дарсади даромад маблағҳои худро ин ҹо амонат гузоштаанд.
Ҷаноби Сабуров мегӯяд, бахши онҳо дар самти қарздиҳӣ, ҷалби маблағи амонатӣ аз шаҳрвандон, корти маош ва нигаҳдории маблағҳои пулӣ барои ташкилоту корхонаҳо фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Амиршоев, муовини аввали раиси ноҳияи Муъминобод эълом дошт, ки дар ин ноҳияи кӯҳистон ҳам рўзҳои наздик сохтмони бинои бахши ҶСК «Тоҹиксодиротбонк» оғоз хоҳад ёфт.{jathumbnail off}
Мӯҳр