Зарифмо тавассути "Баргаи сабз" (GreenCard) ба Амрико рафтааст. Ӯ ҳарчанд хатмкардаи Донишгоҳи забонҳост, аммо орзуи журналист шуданро ҳамеша дар дил дошт.
Зарифмо Асламшоева, муддати 16- сол аст, ки ба ҳайси хабарнигори шабакаи ҷаҳонии маъруфу машҳури CNN-и Амрико, ки дар иёлоти Ҷорҷия, шаҳри Атланта ҷойгир аст, фаъолият мекунад. Бо ӯ мо бори аввал дар китобхонаи марказии шаҳри Атланта вохӯрдем. Дар машварат- тренингҳо, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ ва рӯзноманигорон барои гурӯҳи " Тадќиќоти журналистӣ" гузаронда мешуд, ӯ баъзан ба ҳайси тарҷумон кӯмак мекард. Аммо сабаби ифтихори мо чизи дигаре буд. Яъне мо дар як мамлакати хориҷӣ ва он ҳам абарќудрате мисли Амрико ҳамватане дорем, ки на танҳо муваффаќона фаъолият дорад, балки номашро ҳамчун соҳибкасб дар маъракаҳои гуногуни ин кишвар боифтихор зикр мекунанд.
Зарифмо тавассути "Баргаи сабз" (GreenCard) ба Амрико рафтааст. Ӯ ҳарчанд хатмкардаи Донишгоҳи забонҳост, аммо орзуи журналист шуданро ҳамеша дар дил дошт. Аз ин ҷост, ки пас аз хатми бахши филологияи руси ин донишгоҳ ба ҳайси хабарнигори шабакаи телевизионии вилояти Бадахшон фаъолияташро оѓоз кард. Зарифмо дар хусуси чи гуна ба Амрико омаданаш чунин наќл намуд:
-16- cол боз ман бо оилаам дар Амрико зиндагӣ мекунем. Мо замоне Тоҷикистонро тарк гуфтем, ки шароити сиёсӣ ва иқтисодии мардуми тоҷик хеле мушкил буд. Ман вақте ба Амрико сафар кардам на танҳо дар бораи "Варақаи сабз", балки ҳатто дар хусуси худи Амрико ва тарзи зиндагии мардуми он маълумоти кофӣ надоштам. Ман шухӣ ба шӯхӣ ба Амрико сафар кардаам, гӯям агар, хато намекунам. Ва қабл аз сафарам чун боварӣ надоштам, ки ба ягон муваффақият ноил мегардам, ман рухсатии меҳнатӣ гирифтаму то ҳанӯз аз ҷои кори қаблиам расман аз кор нарафтаам. Чун он вақт раводидро дар Душанбе не, балки аз Маскав мегирифтанд. Аз ҳамин сабаб ба тамоми ҳамкоронам гуфтам, ки агар рафтанам нашавад, ман боз ба ҷойи корам ҳатман бармегардам.- мегӯяд Зарифмо ва идома медиҳад:
- Қабл аз сафар ҳатто андеша мекардам, ки ман тамоми корҳои вазнин, ба монанди табақшӯиву дигар корҳои сиёҳро дар тарабхона ба зимма мегирам, муҳим аз ҳама як бурда нонро дар пеши фарзандонамон гузошта тавонам. Вале ман аз як чиз хеле афсӯс мехӯрам. Ман қабл аз сафарамба Амрико фикр мекардам, ки дар мамлакати хориҷӣ зиндагӣ кардан кори хеле осон асту ман метавонам зуд-зуд ба ватан баргардам. Он вақт ман ба қафо нигоҳ накардам, аз инаш каме пушаймонам. Фикр накардам, ки замоне, ки хеле сахт пазмони наздикону ҳамватанонам мешавам, онҳоро наметавонам бубинам. Ба ин ҳам бовар надоштам, ки ахиран дар чунин як шабакаи машҳури ҷаҳонӣ кор пайдо мекунам.
Баъд аз 8- моҳи зиндагониамон дар Амрико барномаҳои FOCUS, Фонди Оғохон, (AaKhanFoundation), RedCross, USAID чун ба фаъолият оғоз карданд, маро барои ҳамкорӣ даъват намуданд. Яъне дар бораи Тоҷикистон барояшон иттилоъ пешниҳод кунам, ройгон албатта. Ман ҳам даъвати онҳоро пазируфтам ва муддати 8- моҳ бо онҳо кор кардам. Барояшон маълумотномаи муфассал дар бораи Тоҷикистон омода мекардам. Баъдан ин иқдоми маро шавҳарам низ дастгирӣ карда гуфт, мебояд барои муаррифии ватани худ саҳм гузорем. Он вақт писарам 4- сола ва духтарам 8- сола буданд, якҷоя бо онҳо ба тамоми шаҳрҳои Амрико мегаштем. Аз ман вақте савол мекунанд, ки дар ИМА бештар аз чӣ мефахрӣ, ҷавоб медиҳам: "Аз рӯзҳое, ки мардуми моро касе ин ҷо намешинохту ман бо оилаам кори ифтихорӣ намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намудем".
Албатта ин корҳо бо кӯмаки донорҳо анҷом дода мешуд. Вале ҳарчанд он замон мо сахт ба пул ниёз доштем, аммо аз сари ватандӯстӣ ҳатто фикри пулкоркунӣ аз ин амалро надоштем. Маҳз дар ҳамон замон ба бисёр одамон барои ба Амрико омадан, кӯмаки худро дареғ надоштему имрӯз онҳо соҳиби кору зиндагии хубе ҳастанд, ки ин ҳам боиси ифтихори мост. Ба ёдам як ҳодисаи риққатовар меояд. Замоне як гурӯҳи калон аз Маскав ба ин ҷо омада бо ман ҳамкорӣ карданд. Ҳар чи ки аз дастам меомад, кӯмакашон намудам. Онҳо ҳини рафтан пурсиданд, ки ба ивази заҳматҳоям чӣ мехоҳам? Гуфтам ба ман чизе лозим нест, вале як хоҳиши самимона дорам: "Агар дар хиёбонҳои Русия ягон ҳамватани муҳоҷири моро мебинед, нисбаташон бадрафториву бадгумонӣ накунед. Сӯяшон табассум кунед, зеро онҳо муҳоҷиранду азияти сахт мекашанд". Бо шунидани ин суханонам ашк дар чашмони зани рус пайдо шуду гуфт: "Ман ҳатман ин хоҳишатро иҷро мекунам, Зарифамоҷон".
- Шумо гуфтед, ки аввал дар шаҳри Мичигано зиндагӣ мекардед?
- Бале, ман он ҷо зиндагонӣ мекардам. Соли 1996 аз шаҳри Мичигано ба Атланта омадам. Бо ҳамон барномаи Фокус. Вақте ба ин шаҳр омадам, бо дидани ин шаҳр ба табиати он ошиқ шудам. Чун ба Душанбе хеле монандӣ дошт, ҳам гармиаш ва ҳам ҳама ҷо сабз буд. Дар ҳамин сол ин ҷо Олимпиадаи варзишӣ баргузор мешуд. Мо ростӣ, барои мухлисӣ ба варзишгари ҳамватанамон Раимқул Малахбеков ин ҷо омадем, ки аз номи Руссия ин ҷо баромад дошт. Чанд муддат дар як меҳмонхона зиндагӣ мекардем. Ва рости ман каме пофишорӣ кардам, ки дигар ба Мичигано намеравам. Шавҳарам дар яке аз меҳмонхонаҳо ба кор даромад. Чун аллакай дӯстони зиёде ин ҷо пайдо кардам, ҳама мепурсиданд, ки қаблан дар Тоҷикистон ба ҳайси кӣ кор мекардед, ман чун дар посух рӯзноманигор мегуфтам ва онҳо маро тавсия карданд, то ба СНН равам. Маълумотномаи худро он ҷо пур кардам ва баъд аз ним сол ба ман аз ин шабакаи телевизионӣ занг зада, гуфтанд, ки бо ман сӯҳбат карданианд. Чун он вақт забони англисиро хуб намедонистам, фикр кардам, маро ба кор даъват кардаанд. Баъд аз 1- моҳи кориям фаҳмидам, ки маро на ба кор, балки барои таҷрибаомӯзӣ даъват кардаанд. Хуллас 7 моҳи дигар он ҷо бе пул кор кардам. Ман аз шавҳарам барои дастгирӣ дар он рӯзҳо хеле минатдорам, ки иҷозат доданд ҳатто кори бемуздро анҷом диҳаму малакаву маҳорати корӣ пайдо намоям. Баъд аз 1-сол онҳо маро ба ҳайси хабарнигори ғайришататӣ қабул карданд. Ниҳоят соле расид, ки ба ҳайси муҳаррири байналмилалӣ маро ба кор гирифтанд. Ҳоло ман СНН -ро як ҷузъи оилаи худ медонам ва коллективи 5- ҳазор нафараамонро хеле сахт, монанди оилаам, дӯст медорам.
- Пас забонро чӣ гуна аз худ кардед? Дар CNN ё ҷойи дигар?
- Забонро ман дар хона ёд гирифтам. Шавҳарам баъзан дар ду ва се ҷо кор мекард. Ман маҷбур будам бо кӯдаконам дар хона шинам, онҳоро нигоҳубин намоям. Дар солҳои аввал танҳо дар мағоза 2- моҳ кор кардам ва чун забонро хуб намедонистам, аз кор рафтам.
Дуввум ҳолате, ки барои ёд гирифтани забон ба ман кӯмак кард, ин нигоҳубини кӯдакони ҳамсояи амрикоиям буд. Вақте зани ҳамсояи амрикоӣ аз ман пурсид чанд маблағе барои нигоҳубини кӯдаконаш мехоҳам, гуфтам ба ман ягон маблағ лозим нест ва танҳо бар ивази маблағ ба хонаи ман биёед ва забони англисиро ба ман омӯзед. ӯ розӣ шуд. Ин кор ба манфиати ҳардуи мо анҷомид. Он зан нигоҳубини бепули атфолашро пайдо карду ман забонро дар муддати 6- моҳ хеле хуб ёд гирифтам.
…Зарифмо маънои зиндагии худро на танҳо дар фаъолияти касбиаш мебинад, ӯ ҳамчунин ифтихор аз фарзандаш Самандару Дилафрӯз ва набераи дӯстрӯякаш Калеб мекунад. Самандар ҳоло донишҷӯи донишгоҳи Флорида буда, ҳамзамон мутахассиси ИТ- барномасози муваффақи компютерии ширкати овозадори "Боинг" аст. Дилафрӯз бошад донишгоҳи "Mason"-и шаҳри Ҷорҷияро хатм намуда, ҳоло роҳбарии яке шӯъбаҳои USAID-ро дар шаҳри Вашингтон ба зима дорад. Шавҳараш Карамалишо Холиқбеков дар ширкати "Autozone Company" ба ҳайси муҳандис кор мекунад. Ин ширкате аст , ки тамоми таҷҳизоти мошинолотро ба ӯҳда дорад. Келини ин хонавода Бритней аз рӯи ихтисос мудсоз аст ва ҳоло дар хона ба нигоҳубини фарзандаш машғул аст.
Зарифмо мегӯяд, ки Тоҷикистон ва ҳамдиёронашро сахт пазмон шудааст. Ҳарчанд ӯ дар Амрико ба камоли муваффақият расидааст, вале ҳамеша дар фикру андешаи Ватан мебошад.
Ҷамила Мирбозхонова
Душанбе- Амрико- Атланта- Душанбе
Мӯҳр