Бахшҳо
12 июн 2012 06:13Гузориш

Кӯлоб: Теъдоди беморони сил коҳиш меёбад

Дар  семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 266 нафар барои аввалин бор гирифтори бемории сил гаштаанд. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 108 нафар кам будааст. Тули ҳамин муддат 14 бемори сил ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар навоҳии минтақа 11 ташхисгоҳи зидди силӣ ва 5 адад рентгени флюорографӣ фаъолият менамоянд. Ба андешаи Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, ошкор намудани гирифторони ин беморӣ маҳз аз ҳамин дастгоҳҳо вобастагӣ дорад. Дар натиҷаи ташхисҳои ахири флюорографӣ, ки 15519 сокини навоҳии минтақа аз он гузаштанд, 120 нафар бемори сил кашф гаштааст.
Тибқи иттилои манбаъ, сил дигар беҳудуд гашта, мубталоёни он дар ҳамаи навоҳии минтақа, гузашта аз ин дар ноҳияҳои кӯҳистони баланду хунук ҳам сироят гаштан дорад. Қисмати зиёди беморон дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб, Восеъ ва Ҳамадонӣ будаанд.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди гирифторони бемории сил дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 70 нафар коҳиш ёфтааст.  
Бино ба иттилои Аҳмадхон Олимов, директори Маркази мубориза зидди бемории сили шаҳри Кӯлоб, аз аввали сол ин ҷониб дар шаҳру ноҳия 120 нафар нахустин маротиба мубталои бемории сил гаштаанд. Аз ҷумла, 69 нафар дар ҳудуди шаҳр ва 51 каси дигар дар рустои ноҳия расман дар ҳамин Марказ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 70 нафар кам мебошад.

Аммо бояд гуфт, ки ин теъдоди дақиқи силзадагон дар ҳамаи шаҳру ноҳия буда наметавонад. Зеро тибқи иттилои манбаъ, дар Маркази мазкур то ҳанӯз таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ барои кашфи бемории сил тақрибан мавҷуд нест, ки барои ошкор намудани беморӣ мушкилӣ пеш меорад. «Ба Маркази мубориза бар зидди касалиҳои сил беморон зиёд муроҷиат мекунанд. Дар мо ҳанӯз таҷҳизоти даркорӣ нест. Ҳатто барои акси флюорографӣ маҷбурем беморонро ба марказҳои рентгенологӣ сафарбар кунем. Аз дигар лавозимоти тиббӣ низ танқисӣ дорем. Аз ин хотир, шояд бошанд бемороне, ки ҳанӯз дар қайди мо нагузаштаанд»,- мегӯяд Олимов.

Барои ҳали мушкил Маркази мубориза алайҳи сил ба ҳукумати шаҳр бо мактуби дархостӣ муроҷиат кардааст ва ба андешаи директори марказ, шояд дар мӯҳлати наздик ҳукумати маҳаллӣ кумак намояд. Дар ҳамин ҳол, кормандони марказ аз нарасидани мутахассисони соҳа ва шароити нохуби корӣ низ шикоят доранд.
Маркази мубориза бар зидди бемории сил дар шаҳри Кӯлоб тайи 2 солу 5 моҳ ин ҷониб фаолият дошта, аллакай миёни аҳолӣ бо хизматрасонии муфиду маслиҳатҳои саривақтӣ шинохта шудааст. Бо ташаббуси он дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва рустои ноҳия мунтаззам семинару вохӯриҳо бо аҳолӣ дар мавриди зарари сил ва пешгириву муолиҷаи саривақтии он гузаронида мешавад. Ба андешаи силшинос Олимов «яке аз сабабҳои кам гаштани ин беморӣ миёни аҳолӣ, вобаста ба доир намудани ин гуна вохӯриҳо ва риояи дурусти гигиенаи шахсӣ мебошад, ки кормандони марказ онро миёни ҷомеа фаҳмонда меоянд».

Дар ҳоли ҳозир инчунин Марказҳои зиддисилӣ дар ҳамаи навоҳии минтақа расман фаолият доранд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама масъулин фаъолияти софдилонаро ба роҳ мондаанд. Аммо, ин мавзӯи дигар аст, ки дар наздиктарин фурсат ба он рӯ хоҳем овард.

Аслиддин Достиев
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)