Бахшҳо
12 июн 2012 04:30Гузориш

Исроил хостори мудохилаи низомии ҷомеаи байналмилал барои барандозии низоми Асад шуд

Дар ҳоле ки гузоришҳо аз интиқоли маҳмулаҳои таслиҳотӣ аз тариқи Курдистон ба Ироқ ба мухолифони сурӣ хабар медиҳанд, муовини Натаняҳу бо муттаҳам кардани Димишқ ба наслкушӣ, хостори мудохилаи низомии ҷомеаи  байналмилалӣ дар Сурия шуд.

Хабаргузории Форс навишта, ки Шоул Муфоз, муовини Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дар мусоҳибаи худ бо радиои артиши Исроил, дар сарзанише ғайри мунтазира аз ҳамсояи яҳудиён, давлати Башор Асад, раисҷумҳури Сурияро ба наслкушӣ дар ҷарёни  нооромиҳои 15 моҳаи Димишқ муттаҳам кард ва дархости Тел Авив дар бораи мудохилаи низомии байналмилалиро монанд ба он чӣ соли гузашта дар Либӣ иттифоқ афтод дар Сурия ҷиҳати сарнагун кардани Асад аз қудрат такрор кард.

Муовини Натаняҳу илова бар ин дар идомаи иддаоҳои зидди сурии худ, Русияро ба таҷҳизи Дамишқ муттаҳам кард ва бидуни ишора ба талоши гурӯҳҳои террористии таҳти ҳимояти молӣ ва таҷҳизотии Ғарб дар Сурия барои эҷоди нооромӣ дар ин кишвар ва куштору ҷиноёти зидди башарии онҳо, ки ба номи артиши Сурия амалӣ мекунанд, мудаъи шуд: «Он чи имрӯз дар Сурия иттифоқ меафтад, ҷурм ва ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ аст ва сукути қудратҳои ҷаҳонӣ дар баробари ин ҷиноятҳо дар тазод бо мантиқи башарӣ аст»,-изҳор дошт Шоул Муфоз.

Муовини нахуствазири Исроил ҳамчунин бо ин иддао, ки қудратҳои хориҷӣ ба ҷои ин ки барои барандозии Асад аз қудрат мудохила кунанд, танҳо ба маҳкумияти заифи ин низом басанда мекунанд, афзуд, ки  бадтар аз ҳама рафтори Русия аст: «Русия бо нотавонӣ ва заъф, қатли ом дар Сурияро маҳкум мекунад ва ин дар ҳолест, ки ин кишвар ба таҷҳизонидани низоми Асад идома медиҳад. Дар беҳтарин ҳолат ин амр нишондаҳандаи бемасъулиятии Русия ва дар бадтарин ҳолат, нишондиҳандаи шарикии ин кишвар бо куштор дар Дамишқ аст».

Дар идомаи ин хабар омада аст, ки Русия ба унвони яке аз муттаҳидони дерини Сурия, бо ҳар гуна мудохилаи низомии хориҷӣ алайҳи Дамишқ мухолифат карда ва дар айни ҳол ҳимоят аз давлати Сурия ва ё мухолифони ин кишвар ва ё таъмини таслиҳоти онҳоро рад кардааст. Русия дар ин байн эълом карда,  дар шароите, ки канорагирии Асад аз қудрат натиҷаи як раванди ҷомеи сиёсӣ дар миёни мардуми Сурия бошад, аз ин иддея истиқбол хоҳад кард.

Муфоз ба унвони фармондеҳи собиқи Исроил ва як чеҳраи миёнарави сиёсӣ, ки моҳи гузашта ба давлати эътилофӣ ва муҳофизакори Натаняҳу пайваст, дар идомаи мусоҳиба бо радиои артиши Исроил бо ишора ба ин ки гузинаҳои Исроил дар қиболи Сурия маҳдуд ҳастанд, эълом кард, Исроил маҷбур аст барои иқдоми байналмилал дар мавриди Сурия, ба лоббӣ кардан ва бакоргирии нуфуз бипардозад.

Муовини Натаняҳу дар ин робита гуфт: «Мо ба кӯмак талабидан аз Ғарб ва ин ки садои мо шунида шавад, ниёз дорем. Куштор дар Сурия дар фосилаи на чандон дуре аз марзи Исроил сурат мегирад, мо наметавонем ба хотири далелҳои ғайри қобили дарк, дар ин кушторҳо дахлдор бошем, аммо ман фикр мекунам ба нафъ Ғарб аст, ки таҳти раҳбароии Амрико ба ҳифозат аз остонае бипардозад, ки монеъ аз вуқуи наслкушӣ дар Сурия шавад».

Зимнан, Дани Оёлон, муовини вазири умури хориҷаи Исроил низ дар мусоҳибаи ҷудогона бо радиои Исроил, аз омодагии режими Тел Авив барои кӯмак ба мардуми Сурия ҷиҳати паноҳандагӣ ба Урдун ва кишварҳои дигаре, ки бо ҷомеаи яҳуд робита доранд, хабар дод.
Ин навъ жестҳои башардӯстонаи Исроил дар қиболи таҳаввулот ва нооромиҳои Сурия дар шароите матраҳ мешаванд, ки манобеи огоҳ эълом карданд, ки ҷангандаҳои исроилӣ ба дур аз назари умумӣ чандин маҳмула аслиҳаро ба Курдистони Ироқ мунтақил карданд ва ин силоҳҳо қарор аст дар ниҳоят ба Сурия минтақил шаванд ва ин иқдом бо маблағгузории давлати Қатар анҷом гирифта аст.

Аз сӯи дигар бархе иттилооти ироашуда нишон медиҳад, ки 400 узви Ал-Қоида пас аз сипарӣ кардани омӯзишҳои вижа зери назари Вашингтон дар яке аз кишварҳои аврупоӣ, аз тариқи Ироқ ба Сурия мунтақил шудаанд. Нерӯҳои амниятии Сурия низ ахиран чандин анбори аслиҳа ва маводи мунфаҷира кашф ва шиносоӣ карданд, ки аз сӯи террористҳо мавриди истифода қарор мегирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)